Маод

Аз wikishia

Маод (арабӣ: المعاد) аз усули дини Ислом ва адёни Илоҳӣ ва дар истилоҳи мутакаллимон ба маънои бозгашти рӯҳ ба ҷисми пас аз марг ва зиндагии дубораи инсон дар рӯзи қиёмат аст. Бинобар ин асл, ҳамаи инсонҳо дар рӯзи қиёмат дубора зинда мешаванд, аъмоли онҳо дар пешгоҳи Илоҳӣ санҷида мегардад ва ба кайфар ё подоши дурусткорӣ ё бадкорӣ худ мерасанд.

Маод дар дини Ислом, пас аз тавҳид, муҳимтарин эътиқод ва имон ба он шарти мусулмонӣ шумурда шудааст. Дар 1400 то 2000 оят аз Қуръон перомуни маод ва зиндагии ухравӣ сухан гуфта шудааст. Эътиқод ба маодро омили иҷрои адолат, саломати ҷомеъа, ноумед нашудан дар сахтиҳои зиндагӣ, риояти ҳуқуқи дигарон ва... баршумурдаанд.

Мусулмонон дар пазириши асли маод ихтилофе надоранд; аммо дар чигунагии он ихтилофи назар доранд ва дар ин бора се дидгоҳ ироа додаанд: бисёре аз олимони мусулмон аз ҷумлаи файласуфон, ба маоди ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ эътиқод доранд, бештари мутакаллимон маодро фақат ҷисмонӣ донистаанд ва маоди рӯҳонии маҳзро низ ба файласуфони машшоъ нисбат додаанд. Албата Ибни Сино, бузургтарин файласуфи машшоӣ, маоди ҷисмониро аз тариқи шаръӣ пазируфта буд.

Тарафдорони рӯҳонӣ-ҷисмонӣ будани маод дар табйини бадани ухравӣ, дидгоҳҳои гуногуне ироа додаанд: бозгашти рӯҳ ба бадани моддии дунявӣ, бозгашти рӯҳ ба бадани мисолӣ, бозгашти рӯҳ ба бадани осмонӣ аз ҷумлаи ин дидгоҳҳо ба шумор меравад.

Файласуфони мусулмон барои исботи яке будани инсони дунявӣ ва ухравӣ, ба масаълаи нафас ва таҷарруди он рӯ оварда нафасро омили ваҳдату айнияти инсони дунявӣ ва ухравӣ шумурдаанд.

Барои исботи имкону вуқуъи маод ба далелҳои зиёде истинод шудааст. Имкони маодро аз тариқи оёти Қуръон ҳамчун оёте ки ишора ба дубора зинда шудани замину намунаҳое аз зинда шудани инсонҳо монанди асҳоби Каҳф ва Узайр доранд, исбот кардаанд. Барои исботи зарурату вуқуъи маод низ ба далелҳое ҳамчун ростгӯ будани Худо дар хабар додан аз вуқуъи маод, вуҷуди майл ба ҳаёти ҷовдонагӣ дар фитрати инсон, сифати адолату ҳикмати Худованд истинод шудааст.

Бо вуҷуди далелҳои мутаъаддид барои имкон ва вуқуъи маод, бархе ба инкори маод пардохтаанд. Ҷаҳолат, ғафлат аз қудрати Илоҳӣ, майли бебандуборӣ ва бемасъулиятиро аз ҷумлаи авомили инкори маод шумурдаанд. Шубаҳоти гуногуне ҳамчун шубҳаи окилу маъкул, шубҳаи иъодаи маъдум ва шубҳа дар илму қудрати Худо дар вуқуъи маод аз сӯи мункирон ироа шуда ва олимони мусулмон посухҳои мухталифе ба онҳо додаанд.

Маод, аз боварҳои эътиқодии адёни осмонӣ

Эътиқод ба маод ва зинда шудани инсон дар олами охират, аз усули эътиқодӣ[1] ва ҷузви аслитарин боварҳои ҳамаи адёни осмонӣ[2] дониста шудааст. Дар китоби «Адёни зиндаи ҷаҳон», зиндагии пас аз марги ҷузви эътиқодот ва таълимоти ҳамаи адён аз ҷумла адёни Илоҳӣ, ҳиндӯ, будо, тоу ва шинту шумурда шудааст.[3]

Ба бовари олимони шиа, маоди пас аз асли тавҳид, муҳимтарин асле аст, ки паёмбарони Илоҳӣ, мардумро ба имон ба он фарохондаанд.[4] Имон ба маод ва зиндагии ухравӣ шарти мусулмонӣ ва мункири он, хориҷ аз зумраи мусулмонон шумурда шудааст.[5]

Ба гуфтаи Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, дар Қуръон, бовар ба маод ҳамсанги эътиқод ба Худо дониста шуда ва дар беш аз бист оят, калимаи «Аллоҳ» ва «ал-явм-ил-охир» бо ҳам ба кор рафтаанд.[6] Дар дувозда оят низ пас аз имон ба Худо, имон ба рӯзи охират омадааст.[7] Мисбоҳи Яздӣ муътақид аст, ки аз диққат дар оёти Қуръон, ба даст меояд, ки бахши умдае аз суханони паёмбарон ва баҳсу ҷадалҳои онон бо мардум, дар бораи маод буда то ҷое ки метавон гуфт паёмбарон барои исботи маод, бештар аз исботи тавҳид талош кардаанд; зеро мардум ба ҷиҳати инкори умури ғайбӣ ва майл ба бебндборӣ ва бемасъулиятӣ дар пазириши асли маод, сарсахтии бештаре аз худ нишон медоданд.[8]

Гуфта шуда вожаи маод дар оёти Қуръон, танҳо як бор[9] ва он ҳам ба маънои луғавӣ (макони бозгашт) ба кор рафтааст;[10] аммо дар беш аз 1400[11] ё ду ҳазор оят аз Қуръон (ҳудуди сеяк ҳиссаи оёти Қуръон)[12] перомуни маоду зиндагии ухравӣ сухан гуфта шудааст. Оёти вобаста ба маод дар чанд гурӯҳ дастабандӣ шуда ки иборатанд аз:

  • Оёти марбут ба зарурати имон ба охират;[13]
  • Оёте ки ба пайомадҳои инкори маод пардохтааст;[14]
  • Оёти роҷеъ бо неъматҳои абадии биҳишт;[15]
  • Оёте ки перомуни азобҳои ҷовдонаи ҷаҳаннам аст;[16]
  • Оёте ки ба робитаи аъмоли неку бад бо натиҷаи он дар қиёмат ишора дорад;
  • Оёти марбут ба имкон ва зарурати растохез, ки ба саволоту шубаҳоти мункирон посух додааст.[17]

Масеҳиён низ бо зикри растохези Исо (а) ва намунаҳои таърихӣ аз зинда шудани одамон пас аз марг,[18] ба вуқуъи маод эътиқод доранд.[19] Бар асоси Аҳди Атиқ[20] ва Ҷадид,[21] ҳамаи мардум пас аз марг ба «Ҳовия» ё олами амвот мераванд, ки ду бахш дорад: як қисмат барои ашхоси шарур ки маҳалли азоб асту қисмате дигар барои одилон ки Фирдавс (биҳишт) ном дорад.[22] Дар Эътиқодномаи расулон ва Эътиқодномаи ниқия низ ки ду эътиқодномаи ҷаҳонӣ ва мавриди қабули ҳама масеҳиён аст, эътиқоду имон ба маод ва растохез зикр шудааст.[23]

Гуфта шуда дар Аҳди Атиқ (тнх), китоби муқаддаси яҳудён, эътиқод ба маод зикр нашудааст; вале дар китоби Талмуд, китобе дарбардорандаи аҳодису аҳкоми яҳуд, бисёр аз маод сухан гуфта шудааст.[24] Эҳтимол додаанд ки дар асари таҳрифи Аҳди Атиқ, иборатҳои марбут ба маод ҳазф шудааст.[25] Бо ин вуҷуд, дар як фақара аз Аҳди Атиқ омадааст: «Яҳува мемиронад ва зинда мекунад, ба қабр фурӯд меоварад ва бармехезанд».[26]

Бар асоси дини Зартушт низ рӯҳ пас аз марг, аз тан ҷудо шуда ва боқӣ мемонад то дар рӯзи растохез барои ҳисобу китоб бархезад.[27] Гуфта шуда биҳишти зартуштиён монанди биҳишти тавсифшуда дар Ислом аст; аммо дар дини зартушт, ҷаҳаннам, оташин ва сӯзон нест; балки ҷое бисёр сард, торик ва ваҳшатнок аст.[28] Онон ба «пули чинут» (пули сироту ҷудокунанда) низ эътиқод доранд.[29]

Осори эътиқод ба маод дар зиндагии дунявӣ

Тавваҷуҳ ба маод, ба вижа ҷузъиёти онро дорои таъсири равонӣ ва тарбиятии созанда дар рӯҳу ҷони инсон ва дар тамоми зиндагии ӯ донистаанд.[30] Ба бовари Мисбоҳи Яздӣ, касе ки муътақид ба маод асту маргро поёни зиндагӣ намедонад барномаи зиндагиашро тавре тарҳ ва иҷро мекунад ки барои зиндагии абадиаш судманд бошад. Аз сӯи дигар, сахтиҳову нокомиҳои зиндагии дунявӣ ӯро дилсард ва ноумед намекунад ва аз талош барои касби саодати камоли абадӣ боз намедорад. Аз дидгоҳи ӯ, таъсири эътиқод ба маод фақат дар зиндагии шахсӣ нест; балки бовар ба он нақши муҳимме дар зиндагии иҷтимоӣ монанди риояти ҳуқуқи дигарон, эҳсос ва исор нисбат ба ниёзмандон дорад. Дар ҷомеъае ки эътиқод ба маод зинда бошад, барои иҷрои қавонину муқаррароти одилонау ҷилавгирӣ аз зулму таҷовуз ба дигарон, камтар ниёз ба зӯру фишор хоҳад буд.[31] Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, муфассиру файласуфи шиъӣ, муҳимтарин асари ёди маодро иҷрои адолат ва барподории адолати шахсию иҷтимоӣ ва муҳимтарин асари фаромӯшии онро табаҳкорӣ ва ситамгарии шахсию иҷтимоӣ зикр кардааст.[32]

Инсони муътақид ба маод, дунёро мазраъа ва киштзори охират мебинаду аъмолашро дар ҳукми базре менигарад ки мевааш дар охират хоҳад чид. Аз ин рӯ дар зиндагии дунявӣ ба таври ҳисобшуда рафтор мекунад ва дар баробари дастуроти Илоҳӣ ва анҷоми вазифа кӯтоҳӣ намекунад.[33] Ҳамчунин бовар ба маод, наҳваи нигариш ба маргро тағйир дода ва онро аз маънои фанову нестӣ, ба дарича ва пуле ба сӯи ҷаҳоне зебову бартар дигаргун мекунад.[34] Раҳоӣ аз пучӣ ва хулоса нашудани ҳамаи дунё дар моддиёт аз дигар осори бовар ба маоди шумурда шудааст.[35]

Гуфта шуда бовар ба маод дар сурате метавонад дар зиндагии дунявӣ таъсиргузор бошад, ки миёни зиндагии дунявӣ ва ухравӣ робитаи иллату маълулӣ бошад ва неъматҳову азобҳои ухравӣ ба унвони подошу кайфари рафторҳои шоиставу ношоистаи ин ҷаҳон пазируфта шавад.[36]

Аз назари бархе, эътиқод ба маод омили саломати ҷомеъа, омили амнияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ва омили ислоҳи иртиботи инсонҳо бо якдигар аст.[37]

Мафҳумшиносӣ

Маод дар истилоҳи мутакаллимон бозгашти рӯҳ ба ҷисм дар қиёмат ва зинда шудан дубораи ӯст то ба аъмоли ӯ расидагӣ шавад ва некӯкорон ба биҳишту неъматҳои ҷовдонӣ ва бадкорон ба кайфару азоби худ барисанд.[38] Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ маодро бозгашти инсон ба Худо маъно кардааст.[39] Саъдуддини Тафтозонӣ, аз олимони аҳли суннат дар қарни ҳаштуми қамарӣ, чор маъно барои маод зикр кардааст: бозгашт ба вуҷуди пас аз фано, ҷамъ шудани аҷзои бадан пас аз парокандагии онҳо, бозгашт ба ҳаёти пас аз марг ва бозгашти рӯҳ ба бадан пас аз ҷудои онҳо.[40] Бархе маодро маҷмуъаи сайру зиндагии инсон дар олами дигаре пас аз марг донистаанд.[41] Ба гуфтаи Алломаи Маҷлисӣ, маод дар луғат ё масдари мимӣ аст ё исми замон ва ё исми макон. Бар ин асос ба се маъно омадааст: бозгашти чизе ба ҷое ё ба ҳоле ки аз он мунтақил шуда, замони бозгашт, макони бозгашт.[42]

Мафҳумҳои марбут ба маод

Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, муфассир ва фақиҳ, дар Қуръон таъбироти гуногуне аз маод омадааст, ки қиёмат маъруфтарин таъбир аз маод аст ва ҳафтод бор дар Қуръон аз растохез ба явмулқиёма таъбир шудааст.[43] Аз назари ӯ, ҳар кадом аз ин номҳо ва сифот яке аз вижагиҳои маоду қиёматро баён мекунад.[44] Аз дидгоҳи Ҷаъфари Субҳонӣ, муфассир ва мутакаллим, номҳову сифотҳои мутаъаддиди маод дар Қуръон нишон аз аҳаммияти маод дар Қуръон аст. Вай қиёматро яке аз номҳои маод дар Қуръон донистааст.[45]

Бархе аз номҳоу авсофи гуногуни маод дар Қуръон иборатанд аз:

ном ном
1 الآخِرة /یوم الآخِر (Ҷаҳони дигар) 11 یَومً مَجْموعً له النّاس (Рӯзе ки дар он мардум гирд оварда мешаванд)
2 یوم الجَمْع (Рӯзе ки ҳамаи мардум ҷамъ мешаванд) 12 یوم مُحیط (Рӯзи фарогир)
3 یوم القِیامَة (Рӯзи растохез) 13 یوم عَظیم (Рӯзи бузург)
4 یوم الدّین (Рӯзи ҷазо) 14 یَومً یَجْعَلُ الوِلْدانَ شِیْباً (Рӯзе ки кӯдаконро пир мегардонад)
5 یوم البَعْث (Рӯзи барангехтан) 15 الْيَوْمُ الْمَوْعُودُ (Рӯзи ваъдашуда)
6 یوم الحَسْره (Рӯзи ҳасрат) 16 يَوْمٌ أَلِيمٌ (Рӯзе дарднок)
7 یوم الفَصْل (Рӯзи ҷудоӣ) 17 یوْمُ التَّغَابُنِ (Рӯзи ошкор шудани зиёнҳо)
8 یوم الخُلود (Рӯзи ҷовидона) 18 یوْمَ التَّلَاق (Рӯзи дидор)
9 یوم الخُروج (Рӯзи берун шудан аз гӯр) 19 یَوْمَ لاتَجْزى‌ نَفْسٌ عَنْ نَفْسٍ شَیْئاً (Рӯзе ки касе кайфари дигариро ба гардан нагирад)
10 یوْمِ الْحِسَابِ (Рӯзи муҳосиба) 20 يَوْمَ تُبْلَى السَّرَائِرُ (Рӯзе ки розҳо фош шавад)[46]

Барои иттилооти бештар, инро ҳам бубинед: Феҳристи номҳои қиёмат дар Қуръон

Рӯҳонӣ ё ҷисмонӣ будани маод

Мақолаи аслӣ: Маоди ҷисмонӣ

Ба гуфтаи Файёзи Лоҳиҷӣ, дар пазириши асли маод миёни мусулмонон ихтилофе вуҷуд надорад;[47] аммо онон дар бораи ҳақиқати маод ва чигунагии таҳаққуқи он ва ин ки оё ҷисмонӣ аст ё рӯҳонӣ ё ҷисмонӣ-рӯҳонӣ ихтилоф доранд.[48] Маншаи ин ихтилофи назарҳоро ихтилоф дар ҳақиқати инсон донистаанд.[49] Дидгоҳи олимони мусулмон дар бораи чигунагии маод иборатанд аз:

  • Маоди ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ: Бисёре аз олимони мусулмон муътақиданд, ки маод ҳам ҷисмонӣ аст ва ҳам рӯҳонӣ.[50]
  • Ин дидгоҳ ба ҳамаи ҳукамои мусулмон ва балки ҳамаи ҳукамои Илоҳӣ нисбат дода шудааст.[51] Алломаи Маҷлисӣ низ онро дидгоҳи бештари мутакаллимон донистааст.[52] Аз назари Носир Макорими Шерозӣ, муфассири Қуръон, маод дар Қуръон танҳо ба сурати маоди ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ арза шудааст; ба ин маъно ки ба ҳангоми растохез, ҳам ҷисм бозмегардад ва ҳам рӯҳу ҷон.[53] Ҳар кас ки ҳақиқати инсонро таркибе аз нафси муҷаррад ва бадан медонад, қоил ба маоди ҷисмонӣ-рӯҳонист.[54]
  • Маоди ҷисмонӣ: Ба гуфтаи Фахриддини Розӣ ва Файёзи Лоҳиҷӣ, бештари мутакаллимон[55] ва бархе аз фақиҳону ҳадиснигорон[56] танҳо ба маоди ҷисмонӣ эътиқод доштанду мункири маоди рӯҳонӣ буданд. Иллат ин буд, ки ин гурӯҳ ҳақиқати инсонро бадани моддӣ медонистанд.[57] Аз назари онҳо, рӯҳ воқеияте моддӣ аст, ки монанди оташ дар ангишт ё монанди об дар баргҳои гул, дар бадан ҷараён дорад ва дар натиҷа, бо нобудии бадан пас аз марг, нобуд мешавад[58] ва ҳангоми қиёмат, бадани азҳампошида бо тавваҷуҳ ба илму қудрати мутлақи Худованд бозсозӣ мешавад ва боз мегардад.[59]
  • Маоди рӯҳонӣ фақат: Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, бештари файласуфони машшоъ, танҳо маоди рӯҳонӣ ва ақлиро мепазируфтанду мункири маоди ҷисмонӣ буданд; зеро аз назари онон, бадан пас аз марг нобуд мешаваду чизе аз он боқӣ намемонад то дар қиёмат иъода шавад (баргардад); вале нафс чун муҷаррад аст, нобуд намешавад[60] ва пас аз ҷудоӣ аз бадан, ба олами муҷаррадот мепайвандад.[61] Ба эътиқоди Ибни Сино, бузургтарин файласуфи фалсафаи машшоъ, маоди ҷисмонӣ ва бозгашти бадан дар қиёмат фақат аз тариқи шаръ ва хабар додани Пайғамбари Акрам (с) исбот ва пазируфта мешавад.[62] Алломаи Маҷлисӣ инкори маоди ҷисмониро ба сароҳат, куфру мусталзими инкори Қуръон ва Пайғамбар (с) ва имомон донистааст.[63] Вай файласуфонро ҷузви мункирони маоди ҷисмонӣ шумурдааст; зеро онҳо иъодаи маъдумро маҳол медонанд.[64] Ба назари Файёзи Лоҳиҷӣ, касоне ки ҳақиқати инсонро нафси муҷаррад ва баданро сирфан абзоре ҷудо аз нафс ва барои нафс медонанд, фақат маоди рӯҳониро қабул доранд.[65]

Назариёт дар бораи чигунагии маоди ҷисмонӣ-рӯҳонӣ

Қоилон ба маоди рӯҳонӣ-ҷисмонӣ назари худро ба чанд сурат ироа кардаанд:

  • Бозгашти рӯҳ ба бадани моддии дунявӣ: Тибқи ин назар ки машҳуртарин назария шумурда ва ба мутакаллимони мусулмон нисбат дода шуда,[66] Худованд дар охират, аҷзои парокандаи баданҳоро гирд оварда ва аз онҳо бадане ҳамонанди бадани дунявӣ меофаринаду рӯҳро ба он бозмегирдонад.[67] Бархе аз мутакаллимон бар онанд ки аҷзои аслии бадани ҳар инсоне ки тағирнопазиранд, дар маод бозмегирданд. Ин аҷзо ҳангоми марг аз бадан ҷудо мешаванд ва ба ҳамон ҳол боқӣ мемонанди ва дар маод бозтаркиб мешаванд.[68]
  • Бозгашти рӯҳ ба бадани мисолӣ: Тибқи ин назар, рӯҳ дар маод ба бадани мисолӣ тааллуқ мегирад.[69] Оятуллоҳ Субҳонӣ ин назарияро ба ҳукамои ишроқ ва Муллосадро нисбат дода ва ин тафовутро миёни ин ду гурӯҳ баён карда, ки файласуфони ишроқ натавонистанд айнияти бадани мисолии ухравӣ ва бадани моддии дунявиро собит кунанд; вале Муллосадро онро собит кард ва тафовути он ду баданро ба нақсу камол бозгардонд.[70]
  • Тааллуқи рӯҳ ба бадани фалакӣ (осмонӣ) ё бадани муташаккил аз дуд ё ҳаво: Тибқи ин назар ки ба Форобӣ ва Ибни Сино нисбат додаанд, нафсҳои ашхосе, ки ба такомул нарасидаанд ва алоқаи худро аз бадан ва ҷаҳон қатъ накардаанд, ба нафси фалакӣ ё муташаккил аз дуду ҳаво тааллуқ мегирад; аммо афроде ки ба такомул расидаанд, бидуни бадан ба зиндагии худ идома медиҳанд.[71]

Бозгашти бадани унсурӣ ба рӯҳи муҷаррад (назарияи Оқоалии Мударрис), бозгашти рӯҳ ба бадани унсурии такомулёфта (дидгоҳи Сайид Абулҳасан Рафиъии Қазвинӣ) ва бозгашти рӯҳ ба бадани ҳуварқилёӣ (назарияи Шайх Аҳмади Эҳсоӣ) аз дигар дидгоҳҳо дар ин бора аст.[72]

Вобастагии маод ба масаълаи нафс

Гуфта шуда исботи маод ва бозгашти арвоҳу нуфус ба баданҳо вобаста ба таҷарруди нафс ва бақои он аст.[73] Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ муътақид аст дар сурате метавон ҳаёти пас аз маргро ба сурати саҳеҳ тасаввур кард, ки нафсро муҷаррад ва ғайр аз бадану хавосси он донист.[74] Аз назари вай, дар сурати нобоварӣ ба таҷарруди нафс, фарзи маод ва ҳаёти дубора маъқул нахоҳад буд.[75] Бар ин асос, тасаввури саҳеҳу маъқули маод вобаста ба пазириши ин умур аст: вуҷуди рӯҳ (нафас), ҷавҳар будани рӯҳ, истиқлоли рӯҳ аз бадан ва бақои он пас аз марги бадан, ва пазируфтани ин ки рӯҳ бахши аслӣ ва ҳақиқати инсон аст ва то ҳангоме, ки боқӣ бошад, инсонияти инсон маҳфуз хоҳад буд.[76]

Масеҳиён низ ғолибани ҳаёти пас аз маргро бо эътиқод ба нафси муҷаррад ва мустақил аз бадан имконпазир медонанд, то ҷое ки гуфта шуда ҳамаи андешмандони муҳим дар таърихи масеҳият ин дидгоҳро пазируфтаанд.[77]

Масаълаи инҳамонии инсони дунявӣ ва ухравӣ

Бовар ба маодро вобаста ба ин ҳақиқат донистаанд, ки инсоне ки дар охират зинда мешавад, ҳамон инсонест, ки дар дунё зиндагӣ мекард. Аз ин масаъла бо унвон «ҳуҳувият» ё инҳамонӣ ёд шудааст.[78] Мурод аз инҳамонии шахсӣ дар баҳси маод ин аст, ки оё шахсе, ки пас аз марг боқист, ба лиҳози ададӣ ва на ба лиҳози чигунагӣ ва вижагиҳо, ҳамон касе аст, ки пеш аз марг зиндагӣ мекард?[79] Бештари илоҳидонон ва файласуфони мусулмон[ниёзманди манбаъ] ва масеҳӣ[80] инҳамонии шахсии ададиро пазируфтаанд. Гуфта шуда китоби муқаддаси масеҳиён низ ин назарро таълим додааст.[81]

Дар ин ки омили ваҳдат ва инҳамонии инсони дунявӣ (пеш аз марг) бо инсони ухравӣ (пас аз марг) чист ва ба чӣ далел, шахси пас аз марг ҳамон шахси пеш аз марг аст, файласуфони мусулмон нафсро меъёру омили яке будани инсони дунявӣ ва ухравӣ донистаанд. Аз назари онон, модда ва бадан ба далели тағйир ва дигаргунӣ наметавонад меъёри инҳамонии инсони дунявӣ ва ухравӣ бошад.[82] Аз назари Муллосадро, милоки бақои инсон бақо ва ҳифзи нафси ӯст. Модоме ки нафси як шахс боқист, ӯ низ боқист, ҳарчанд аҷзову аъзои баданаш дигаргун шавад. Ҳангоме ки масалан аз шахсе ба номи Зайд савол мешавад ки оё Зайди ҷавон ҳамон Зайд дар ҳоли кӯдакӣ ва перӣ аст ё хайр, Муллосадро, Зайдро ба ҷиҳати бақои нафсаш дар тамоми тӯли умр, як шахс медонад. Дар охират низ ба далели бақои нафс, Зайд дар дунёи ҳамон Зайд дар охират хоҳад буд.[83]

Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ низ бо пазириши милоки нафс муътақид аст бидуни пазириши нафси муҷарраду мустақил аз бадан, фарзи ҳаёти дубора барои шахс пеш аз марг маъқул нахоҳад буд.[84] Ба бовари ӯ чун нафс муҷаррад асту пеш ва пас аз марг тағйир намекунад, метавонад баъд аз марги бадан боқӣ бимонад ва ҳангоме, ки дубора ба бадан тааллуқ мегирад, ваҳдат ва инҳамонии шахсро ҳифз кунад; аммо агар касе вуҷуди инсонро фақат дар ҳамин бадани моддии маҳсус бипиндорад, бо азҳампошии андомҳои бадан, нобуд мешавад. Аз ин рӯ, тасаввури саҳеҳе аз маод наметавон ироа дод.[85]

Ояти 11 сураи Саҷдаро аз шавоҳиди ин дидгоҳ шумурдаанд ки бар асоси он, асоси инсоният ва шахсияти ҳар касе ҳамон чизест, ки малакулмавт онро қабз мекунад, на бадан ки пароканда ва пӯсида мешавад.[86]

Милоки бадан ё мағз (доштани бадан ё мағзи ягона дар тӯли замон), милоки ҳофиза (давоми ҳофиза ва ёдоварии хотирот дар тӯли замон) аз дигар милокҳо ва назарияҳое аст, ки аз сӯи мункирони нафс дар масаълаи инҳамонии шахсӣ матраҳ шудааст.[87]

Имкони маод

Барои исботи имкони маод ва баид нашумурдани он ба се,[88] панҷ[89] ё шаш даста[90] аз оёти Қуръон истинод кардаанд. Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ин оётро дар панҷ даста чунин баён кардааст:

  1. Оёте ки далолат бар офариниши оғозини инсон доранд; монанди оёти 79 сураи Ёсин, 27 сураи Рум ва 19 сураи Анкабут. Дар ояти 27 Рум омадааст, ки Худованд офаринишро оғоз мекунад ва онро дубоар меофаринад ва хилқати дубора бар ӯ осонтар аст.
  2. Оёте ки дар онҳо Худованд ҷараёни офариниши ҷаҳони ҳастӣ ба вижа осмонҳоро баён ва қудрати худро бозгӯ мекунад; ҳамчун оёти 99 сураи Исро, 57 сураи Ғофир ва 33 сураи Аҳқоф. Дар ояти 81 сураи Ёсин омадааст: оё касе ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад инсонҳоро дар рӯзи қиёмат зинда кунад?
  3. Оёте ки дар бораи зинда шудани замин аст, ки намунае ҳиссӣ бар имкони зинда шудани мурдагон ба шумор меравад; аз ҷумла ояти 19 ва 50 сураи Рум, ояти 9 сураи Фотир ва ояти 57 сураи Аъроф.
  4. Оёте ки оғози офариниши инсон ва мароҳили шаклгирӣ ва такомули ҷанин ба сурати инсонро намунае бар имкони маод баён кардаанд; мисли ояти 5 ва 6 сураи Ҳаҷ, оёти 12 то 16 сураи Муъминун ва оёти 37 то 40 сураи Қиёмат. Дар оёти 37 - 40 Қиёмат гуфта шуда худованде, ки инсонро аз нутфа ва алақа халқ кард, оё қодир нест ки мурдагонро зинда кунад?
  5. Оёте ки бархе аз намунаҳои айнии зинда шудани мурдагонро ба тасвир кашидаанд.[91]

Баъзе аз намунаҳои айнии зинда шудани мурдагон ки дар Қуръон зикр шуда аз ин қароранд:

Далелҳои зарурат ва вуқуъи маод

Барои исботи зарурат ва вуқуъи маод буроҳну далелҳои бисёре ироа шудааст. Барои намуна Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, файласуф ва муфассири Қуръон, нӯҳ бурҳон,[93] Ҷаъфари Субҳонӣ шаш далел[94] ва Носир Макорими Шерозӣ ҳафт бурҳон[95] зикр кардаанд. Бароҳини Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ иборатанд аз: бурҳони тавҳид, бурҳони сидқ, бурҳони фитрат, бурҳони ҳаракату ҳадафдорӣ, бурҳони ҳикмат, бурҳони раҳмат, бурҳони ҳақиқат, бурҳони адолат ва бурҳони таҷарруди рӯҳ.[96]

Бурҳони тааббудии сидқ

Яке аз далелҳои зарурати маод, далел тааббудист. Ҳангоме ки донистем ва пазируфтем, ки Қуръон каломи Худост, вақте Худованд дар Қуръон борҳо гуфтааст, ки маоде ҳаст ва инсонро маҳшур мекунад, пас маод воқеъ хоҳад шуд.[97] Аз назари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, ҳудуди ду ҳазор оят аз Қуръон бевосита ё бо восита бар вуқуъи қиёмат далолат доранд.[98] Ба гуфтаи Ҷаводии Омулӣ, ҳангоме ки Худованд ки ростгӯтарини ростгӯён аст, аз таҳаққуқи маод сухан гуфта, яқинан маод воқеъ хоҳад шуд.[99]

Гуфта шуда ашоира вуқуъи маодро аз тариқи Қуръон ва суннат исбот мекунанд, на ақлу далелҳои ақлӣ.[100]

Далели фитрат

Фитрат ба маънои офариниш, сиришт, хамира ва гавҳарест, ки ҳар мавҷуде дар оғози хилқаташ дорад.[101] Нукоте аз ин далел ба даст омадааст:

  • Дар фитрати инсон, муҳаббату майл ба ҷаҳону ҳаёти ҳамешагӣ ва танаффур аз нестӣ ва нобудӣ қарор дода шудааст.
  • Ҳарчи дар ниҳоду фитрати инсон қарор дода шуда, ҳақ ва саҳеҳ аст ва беҳуда нест.
  • Майлу муҳаббати инсон ба ҷовдонагӣ ва бақо, далел бар вуҷуди ҷаҳонии ҷовдона ва маҳфуз аз нобудиаст.
  • Ин ҷаҳони табиӣ шоистагӣ ва қобилияти бақо ва ҷовдонагӣ надорад.
  • Пас агар ҷаҳони дигаре ки қобилияти бақо дорад вуҷуд надошта бошад, ҷовдонталабӣ ва майли инсон ба ҷовдонагӣ ки дар фитрати инсон қарор дода шуда, ботил ва беҳуда хоҳад буд.
  • Дар ҷаҳони табиати ботил вуҷуд надорад; зеро махлуқи Худое ҳаким аст. Пас ҷаҳон ва ҳаёти ҷовдонае вуҷуд дорад.[102]

Далели ҳикмат

Ин бурҳон суратбандиҳои мутафовите дорад.[103] Яке аз тақрирҳо ва суратбандиҳои ин бурҳон бар асоси ҳадафмандии хилқати инсон ва ҷаҳон аст. Тибқи ин тақрир:

  • Ҳаёти ухравии ғоят ва ҳадаф аз хилқати инсон ва ҷаҳон аст.
  • Агар чунин ҷаҳоне вуҷуд надошта бошад, ҳаёти инсон ва ҷаҳони фақат дар ҳамин зиндагонии дунявӣ мебошад ва хилқати инсон абас ва ботил хоҳад буд; зеро ин ҷаҳон ва падидаҳои он нобудшуданӣ ҳастанд.
  • Худованд ҳаким буда ва муназзаҳ аз он аст кори абас ва беҳуда анҷом диҳад.
  • Пас бояд ҷаҳони дигаре пас аз ин ҷаҳони моддӣ бошад, то ҳадафи ин зиндагонии дунявӣ ва хилқати инсон бошад.[104]

Оёте ҳамчун ояти 115 сураи Муъминун, ояти 27 сураи Сод, ояти 38 ва 39 сураи Духонро ишоракунанда ба ин далел донистаанд.[105]

Далели адолат

Ин далел ки бар асоси адли Илоҳист, аз ин қарор аст:

  • Яке аз сифоти Худованд адолат аст ва ин ҷаҳон бар асоси адолат ниҳода шудааст.
  • Инсон дар ин дунё дар интихоб ва анҷоми корҳои хубу бад озод ва мухтор аст.
  • Дар асари ихтиёр, дастае аз инсонҳо тавоноиҳои худро дар роҳи Худову хайр ва гурӯҳе тамоми тавоноии худро дар роҳи расидагӣ ба шаҳавоту гуноҳ ба кор мебаранд.
  • Ин дунё зарфият надорад, то инсонҳо натиҷаи аъмоли худро ба сурати комил бубинанд; на подоши комили солеҳон мумкин асту на муҷозоту кайфари бадкорон муяссар.

Бинобар ин адолати Худованд ҳукм мекунад, ки ҷаҳони одилонаи дигаре пас аз ин ҷаҳони моддӣ вуҷуд дошта бошад, то дар он, адолат иҷро ва ҳисоби ҳамагон ба сурати комил тасвия шавад.[106] Ояти «أَمْ نَجْعَلُ الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَالْمُفْسِدِینَ فِی الأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِینَ كَالْفُجَّارِ; Ё [магар] касонеро ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд монанди муфсидон дар замин қарор медиҳем ё парҳезгоронро бо табаҳкорони яксон қарор медиҳем?»[107] ва ояти 21 ва 22 сураи Ҷосия, ояти 58 сураи Муъмин, ояти 35 ва 36 сураи Қаламро аз оёти далолаткунанда бар ин бурҳон шумурдаанд.[108]

Инкори маод

Ба назари Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, инкор дар масоили ҷаҳонбинӣ ва эътиқодӣ, аз ҷумла маод, ғолибан бархоста аз нашинохтани он масоил аст. Мункирони маод тасаввури амиқу дақиқе аз маънои маод надоштанд ва далелу мантиқи онон баид шумурдани маод буд. Онон ҳеҷ гоҳ ҳатто як далел бар нафй ва инкори маод иқома накарданд.[109]

Ҷаҳолат, ғафлат аз қудрати Илоҳӣ,[110] майли бебандуборӣ ва бемасъулиятӣ[111] ва майл ба султагарӣ ва қудратталабиро[112] аз ҷумлаи асбоби инкори маод шумурдаанд. Дар ояти 24 сураи Ҷосия ба ҷаҳолат,[113] дар ояти 3 - 5 сураи Қиёмат ба омили майл ба бебандуборӣ ва бемасъулиятӣ[114] ва дар ояти 33 - 38 сураи Муъминун[115] ба қудратталабӣ ва султагарӣ ишора шудааст.

Файласуфони табиатгароро мункири аслии маод шумурдаанд.[116] Аз дидгоҳи ин гурӯҳ, инсон иборат аст аз ҷисми моддӣ, ки ба воситаи марг бакуллӣ нобуд мешавад. Аз сӯи дигар, иъода(баргашт)-и маъдум маҳол аст. Пас иъодаи инсон пас аз марг, маҳол хоҳад буд.[117] Нақл шуда бархе ҳамчун Ҷолинус ва пайравонаш дар асли маод шак доштанд;[118] зеро онон тардид доштанд, ки нафси инсонӣ, мизоҷи моддии баданӣ аст ки бо марг нобуд мешавад ё ҷавҳаре аст, ки пас аз марг боқӣ мемонад.[119]

Шубаҳоти маод

Шубаҳоти гуногуне дар бораи имкон ва вуқуъи маод аз сӯи мункирон зикр шудааст, ки бархе аз онон иборатанд аз:

Шубҳаи окилу маъкул

Мақолаи аслӣ: Шубҳаи окилу маъкул

Бар асоси ин шубҳа, агар инсоне ғизои инсони дигар шавад, оё аҷзои маъкул (хӯрдашуда) дар маод, дар бадани окил (шахсе ки аҷзои бадани дигариро хӯрда) бозмегардад ё дар бадани маъкул (шахсе ки баданаш хӯрда шуда)? Ба ҳар сурат, ки фарз шавад, бадани яке аз он ду ба сурати комил, дар рӯзи растохез маҳшур нахоҳад шуд.[120] Ин шубҳа ба ин сурат низ матраҳ шуда ки агар кофаре бадани инсони муъминро бихӯрад, дар сурати ҳашари баданҳои дунявӣ, лозим меояд шахси муъмин азоб шаваду кофар подош бигирад.[121]

Посухҳои гуногуне ба ин шубҳа дода шудааст. Бархе аз мутакаллимон монанди Аллома Ҳиллӣ бо фарқ қоил шудан байни аҷзои аслӣ ва ғайриаслии бадан муътақиданд аҷзои аслии бадани ҳар шахс аз аввал то охири умр боқӣ мемонад ва ба ҷузъи аслии бадани шахси дигар табдил намешавад. Ҳамин аҷзои аслӣ низ дар маод бозгардонда мешаванд.[122] Муллосадро муътақид аст, ки ҳуввият ва ҳақиқати инсон ба нафси ӯст, на баданаш. Ба ҳамин ҷиҳат, бадане ки дар охират маҳшур мешавад лозим нест айнан ҳамон бадани дунявӣ бошад, ки ғизои инсон ё ҳайвони дигарӣ шудааст; балки ҳар бадане, ки нафс ба он тааллуқ гирад, он бадан айнан бадани ҳамон шахс хоҳад буд. Аз назари вай, он чи дар ҳашри баданҳо лозим аст, ин аст ки ҳар касе шахси ҳашршударо дид, бигӯяд ин ҳамон шахси дунявӣ асту баданаш низ ҳамон бадани дунявист.[123]

Ин шубҳа дар масеҳият низ бо унвони масаълаи одамхорӣ матраҳ буда ва ҳаст.[124]

Шубҳаи иъодаи маъдум

Мақолаи аслӣ: Иъодаи маъдум

Маҳол будани иъодаи маъдум яке аз дастовезҳои мункирони маод шумурда шудааст.[125] Бар асоси ин шубҳа, мункирони маод мепиндоштанд инсон ҳамин бадани моддист ва бо марг нобуд мешавад. Агар дубора зинда шавад, инсони дигаре хоҳад буд; зеро баргардондани мавҷуде, ки маъдум ва нобуд шуда маҳол аст.[126]

Дар посух ба ин шубҳа, бо тавваҷуҳ ба ояти 10 ва 11 сураи Саҷда гуфта шуда ҳуввияту ҳақиқати инсон бастагӣ ба рӯҳи ӯ дорад, на бадану андомҳои моддӣ. Бинобар ин маод, иъода маъдум нест; балки бозгашти рӯҳ аст.[127] Бархе аз мутакаллимон дар посух ба ин шубҳа, иъодаи маъдумро мумкин донистаанд. Аз назари онон, бар фарзи маҳол будани иъодаи маъдум, мурод аз маод, иъода ва бозгашти аҷзо ба ҳолат ва ҳаёте аст, ки пеш аз марг доштанд.[128]

Шубҳа дар бораи илму қудрати Худованд

Яке аз шубаҳот дар бораи маод ин аст, ки зинда кардани дубораи мурдагон, бар илму огоҳӣ аз тамоми аҷзои парокандаи баданҳои инсонҳо вобаста аст, то аҷзои ҳар инсоне ба бадани ҳамон инсон бозгардонда шавад. Чунин шинохту илме ғайримумкин аст. Чӣ гуна мумкин аст баданҳое ки хок шуда ва зарроти онҳо дарҳам омехта шударо аз якдигар бозшинохт?[129] Дар посухи ин шубҳа, дар ояти 3 сураи Сабаъ омадааст: «عَالِمِ الْغَيْبِ لَا يَعْزُبُ عَنْهُ مِثْقَالُ ذَرَّةٍ فِي السَّمَاوَاتِ وَلَا فِي الْأَرْضِ وَلَا أَصْغَرُ مِنْ ذَلِكَ وَلَا أَكْبَرُ إِلَّا فِي كِتَابٍ مُبِينٍ; Ӯ олими ғайб аст, ки ҳатто ба андозаи вазни заррае, дар осмонҳо ва замин аз ӯ пӯшида нест, ва на кучактар аз он зарра, ва на бузургтар аз он, магар он ки дар китоби мубин сабт аст.»[130] Ин шубҳа аз сӯи касоне матраҳ шуда, ки илми номаҳдуди Худоро нашинохтаанд ва онро бо улуми маҳдуди худ муқоиса мекунанд; аммо илми Худо ҳадду марзе надорад ва Худованд бар ҳамаи чиз иҳота дорад.[131]

Аз дигари шубаҳоти маод ин аст ки аз куҷо маълум ки Худованд қудрат бар зинда кардани мурдагонро дошта бошад. Дар посух ба ин шубҳа гуфта шуда ки қудрати Худо ҳадду марз надорад ва ба ҳар чизи мумкинулвуқуъе тааллуқ мегирад; чунонки дар Қуръон омадааст: «وَ اللَّهُ‏ عَلى‏ كُلِ‏ شَيْ‏ءٍ قَدِير; Худо бар ҳар коре тавоност».[132] Афзун бар он, офариниши дубора агар осонтар аз офариниши нахуст набошад, сахттар аз он нахоҳад буд.[133] Дар оёти Қуръон низ тасреҳ шуда, ки ҳамон Худое ки шуморо нахустин бор офарид, дубора шуморо пас аз марг бозмегардонад.[134]

Китобшиносӣ

Китоби Манҳаҷ-ур-рашоди фи маърифат-ил-маод навиштаи Муҳаммад Наими Толиқонӣ

Масаълаи маод маъмулан бахше аз китобҳои каломӣ[135] ва тафсирӣ,[136] дар бар гирифтааст; аммо афзун бар он, китобҳои мустақилли бисёре низ перомуни он ба нигориш даромадааст. Дар китоби «Манбашиносии маод», 1098 китоб, 240 поённома ва 512 мақола бо меҳварияти мавзуи маод муаррифӣ шудааст.[137] Бархе аз китобҳо аз ин қарор аст:

Сабил-ур-рашоди фи исбот-ил-маод, асари Оқоалӣ Мударриси Теҳронӣ (1234 - 1307ҳ.қ.): нависанда дар ин асар назари хосси худро дар муқобили назарияи Муллосадро дар маоди ҷисмонӣ баён кардааст.

Манҳаҷ-ур-рашоди фи маърифат-ил-маод, навиштаи Муҳаммад Маими Толиқонӣ аз олимони шиа дар қарни 12ҳ.қ.

Маодшиносӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ: ин китоби даҳҷилдӣ, силсилаҷаласоти суханронии Аллома Теҳронӣ перомуни маод ва масоили марбут ба он аст. Баҳсҳои ӯ шомили оёти Қуръон, ривоёт, мабоҳиси фалсафӣ ва ирфонии маод аст.[138]

Маод дар Қуръон (тафсири мавзуии Қуръон, ҷилди чорум ва панҷум), Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ: ин китоб маҷмуъаи баёноти Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ дар ҷаласоти тафсири мавзуии Қуръон аст ки мабоҳиси маоди он дар қолаби ду ҷилд таҳия шудааст.

Маоди инсон ва ҷаҳон, Ҷаъфари Субҳонӣ: ин китоб ҷилди шашум аз маҷмуъаи шашҷилдии ақоид исломӣ аст ки нахустин бор дар 1358ҳ.ш. аз сӯи интишороти Садр мунташир шуд.[139] Китоби «Маодшиносӣ» низ мабоҳиси Оятуллоҳ Субҳонӣ дар бораи маод дар Китоб-ул-илоҳиёти ало ҳуда-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл ‏аст, ки бо ҳиммати Алии Шервонӣ тарҷума ва ба сурати китобии мустақил мунташир шудааст.

Маод дар Қуръон асари Ҳусайни Мазоҳирӣ, Маод ва ҷаҳони пас аз марг, таълифи Носир Макорими Шерозӣ, Маод дар Қуръон навиштаи Иброҳим Аминӣ, Маод таълифи Ғуломҳусайн Иброҳимии Динонӣ, Маод дар ал-Мизон, гирдоварии Шамсуддини Рабиъӣ (мабоҳиси Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон перомуни маод), Маод (матни пиёдашудаи суханрониҳои Муртазо Мутаҳҳарӣ),[140] Маод аз назари рӯҳ ва ҷисм (сеҷилдӣ) аз Муҳаммадтақии Фалсафӣ, ал-Маъод; руъятун қуръония асари Сайид Камол Ҳайдарӣ ва Маод аз дидгоҳи оёт ва ривоёт асари Абдуннабӣ Намозӣ аз дигар осор дар бораи маод аст.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.158; Намозӣ, Маод аз дидгоҳи оёт ва ривоёт, 1385ҳ.ш., саҳ.11
  2. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.363
  3. Ҳиюм, Адёни зиндаи ҷаҳон, 1373ҳ.ш., саҳ.380 - 382
  4. Ниг.: Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.507; Субҳонӣ, Маодшиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.15
  5. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.507; Субҳонӣ, Маодшиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.15
  6. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.363
  7. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.507
  8. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.341 ва 342
  9. Сураи Қасас, ояти 82
  10. Субҳонӣ, Маодшиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.15
  11. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.164
  12. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.341 ва 363
  13. Ниг.: сураи Бақара, ояти 4; Сураи Намл, ояти 3
  14. Ниг.: сураи Исро, ояти 10; сураи Фурқон, ояти 11; сураи Сабо, ояти 8; сураи Муъминун, аяти 74
  15. Ниг.: сураи ар-Раҳмон, ояти 46 то охир; сураи Воқиъа, ояти 15 - 38; сураи Инсон, ояти 11 - 21
  16. Ниг.: сураи ал-Ҳоққа, ояти 20 - 27; Сураи Мулк, ояти 6 - 11; Сураи Воқиъа, ояти 42 ва 56
  17. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.341
  18. Барои намуна ниг.: Инҷили Юҳанно, боби 5, ояти 28 ва 29; Инҷили Луқо, боби 20, ояти 34 - 38; Инҷили Матто, боби 22, ояти 23 - 33
  19. Марӣ ва Рай, Даромаде ба фалсафаи дин, 1398ҳ.ш., саҳ.399 ва 400
  20. Барои намуна ниг.: Айюб, боби 24, фақараи 19; Мазомир, боби 9, фақараи 17 ва боби 49, фақараи 14 ва 15
  21. Барои намуна ниг.: Мукошифа, боби 9, фақараи 1 ва 2 ва боби 20, фақараи 1 - 3
  22. Тиссен, Илоҳиёти масеҳӣ, интишороти Ҳаёти абадӣ, саҳ.362 ва 363
  23. Мак Грос, Дарсномаи илоҳиёти масеҳӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.55 - 57; Петерсон ва дигарон, Ақл ва эътиқоди динӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.319
  24. Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1386ҳ.ш., саҳ.110
  25. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.160
  26. Аввали Самуил, боби 2, фақараи 6
  27. Иброҳимзода ва Алии Нурӣ, Адёни Илоҳӣ ва фирақи исломӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.119; Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1386ҳ.ш., саҳ.62
  28. Иброҳимзода ва Алии Нурӣ, Адёни Илоҳӣ ва фирақи исломӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.119 ва 120; Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1386ҳ.ш., саҳ.62
  29. Иброҳимзода ва Алии Нурӣ, Адёни Илоҳӣ ва фирақи исломӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.119 ва 120
  30. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.17
  31. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.339 - 340
  32. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.22
  33. Субҳонӣ ва Биринҷкор, Маориф ва ақоид 1 ва 2, 1397ҳ.ш., саҳ.358
  34. Субҳонӣ ва Биринҷкор, Маориф ва ақоид 1 ва 2, 1397ҳ.ш., саҳ.358
  35. Субҳонӣ ва Биринҷкор, Маориф ва ақоид 1 ва 2, 1397ҳ.ш., саҳ.358
  36. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.340 - 341; Мисбоҳи Яздӣ, Инсоншиносӣ дар Қуръон, 1401ҳ.ш., саҳ.173
  37. Намозӣ, Маод аз дидгоҳи оёт ва ривоёт, 1385ҳ.ш., саҳ.12 - 15
  38. Ниг.: Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.595; Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, интишороти исломия, ҷ.2, саҳ.369; Хотамӣ, Фарҳанги илми калом, 1370ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.204
  39. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.21 ва 137
  40. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.82
  41. Намозӣ, Маод аз дидгоҳи оёт ва ривоёт, 1385ҳ.ш., саҳ.15
  42. Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, интишороти исломия, саҳ.369
  43. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.29 ва 31
  44. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.44
  45. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.166
  46. Ниг.: Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.166; Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.45 - 102
  47. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.621
  48. Ниг.: Фахри Розӣ, ал-Арбаину фи усул-ид-дин, 1986м, ҷ.2, саҳ.55; Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.621; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.153
  49. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.621
  50. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.621; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.154
  51. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.622
  52. Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.370
  53. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.307
  54. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.621
  55. Фахри Розӣ, ал-Арбаину фи усул-ид-дин, 1986м, ҷ.2, саҳ.55; Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.621
  56. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.154
  57. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.621; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.156
  58. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.154
  59. Ниг.: Хушсуҳбат, «Маоди ҷисмонӣ аз манзари Аллома Таботабоӣ бо таъкид бар тафсири ал-Мизон», саҳ.38
  60. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.154
  61. Аллома Ҳиллӣ, ал-Боб-ул-ҳоди ашар, 1370ҳ.ш., саҳ.206
  62. Ибни Сино, аш-Шифо (илоҳиёт), 1404ҳ.қ., саҳ.423
  63. Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, интишороти исломия, ҷ.2, саҳ.369 ва 370
  64. Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, интишороти исломия, ҷ.2, саҳ.369
  65. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.621
  66. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.199
  67. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.199
  68. Баҳронӣ, Қавоид-ул-маром, 1406ҳ.қ., саҳ.144; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., 406
  69. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.188 ва 189
  70. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.188 - 190
  71. Ниг.: Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м, ҷ.9, саҳ.148 - 151; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.179 - 187
  72. Ниг.: Файёзӣ ва Шукрӣ, «Маоди ҷисми унсурӣ (далелҳои нақулӣ ва нақди дидгоҳҳои рақиб)», саҳ.75 - 85
  73. Оштиёнӣ, Лавомеъ-ул-ҳақоиқи фи усул-ил-ақоид, 1390ҳ.ш., саҳ.440
  74. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.349
  75. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.355
  76. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.349 - 350
  77. Baker, «Material Persons and the Doctrine of resurrection», p151, 152
  78. Мисбоҳи Яздӣ, Инсоншиносӣ дар Қуръон, 1401ҳ.ш., саҳ.174
  79. Маслин, Даромаде бар фалсафаи зеҳн, 1391ҳ.ш., саҳ.361
  80. Merricks, «The Resurrection of the Body and the Life Everlasting», p268
  81. Merricks, «The Resurrection of the Body and the Life Everlasting», p268
  82. Барои намуна ниг.: Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м, ҷ.9, саҳ.190; Оштиёнӣ, Шарҳ бар зод-ул-мусофир, 1381ҳ.ш., саҳ.19 ва 224; Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.348 ва 349 ва 355
  83. Оштиёнӣ, Шарҳ бар зод-ул-мусофир, 1381ҳ.ш., саҳ.19 ва 224 ва 225
  84. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.348 ва 355
  85. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.349
  86. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.350
  87. Ниг.: Ҳусайнии Шоҳрӯдӣ ва Фаххор Навғонӣ, «Инҳамонии шахсӣ», саҳ.28 - 32
  88. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.371
  89. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.109 - 126
  90. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.485 - 487
  91. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.109 - 120
  92. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.120 - 126; Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.373 - 375
  93. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.139 - 177
  94. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.167
  95. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.182
  96. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.139 - 177
  97. Мисбоҳи Яздӣ, Инсоншиносӣ дар Қуръон, 1401ҳ.ш., саҳ.213
  98. Мисбоҳи Яздӣ, Инсоншиносӣ дар Қуръон, 1401ҳ.ш., саҳ.213
  99. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.141 - 142
  100. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.620 - 621
  101. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.143 - 144
  102. Ниг.: Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м, ҷ.9, саҳ.241; Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.143
  103. Мисбоҳи Яздӣ, Инсоншиносӣ дар Қуръон, 1401ҳ.ш., саҳ.223
  104. Ниг.: Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.168; Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.192; Мисбоҳи Яздӣ, Инсоншиносӣ дар Қуръон, 1401ҳ.ш., саҳ.223
  105. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.155 - 158; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.168; Мисбоҳи Яздӣ, Инсоншиносӣ дар Қуръон, 1401ҳ.ш., саҳ.220 - 223
  106. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.165 ва 166; Мисбоҳи Яздӣ, Инсоншиносӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.227
  107. Сураи Сод, ояти 28
  108. Ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.167; Мисбоҳи Яздӣ, Инсоншиносӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.225 ва 226
  109. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон (1), 1395ҳ.ш., саҳ.95
  110. Субҳонӣ ва Биринҷкор, Маориф ва ақоид 1 ва 2, 1397ҳ.ш., саҳ.364 - 365
  111. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.342; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.73 - 74
  112. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.74
  113. Субҳонӣ ва Биринҷкор, Маориф ва ақоид 1 ва 2, 1397ҳ.ш., саҳ.364 - 365
  114. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.342; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.73 - 74
  115. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.75
  116. Фахри Розӣ, ал-Арбаину фи усул-ид-дин, 1986м, ҷ.2, саҳ.55; Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.621; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.153
  117. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.153 ва 154
  118. Фахри Розӣ, ал-Арбаину фи усул-ид-дин, 1986м, ҷ.2, саҳ.55; Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.621
  119. Фахри Розӣ, ал-Арбаину фи усул-ид-дин, 1986м, ҷ.2, саҳ.55; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.154
  120. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.406; Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м, ҷ.9, саҳ.199 ва 200; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.396
  121. Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м, ҷ.9, саҳ.200; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.396
  122. Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., 406 ва 407; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.95
  123. Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м, ҷ.9, саҳ.200
  124. See: Baker, «Death and the Afterlife», p377
  125. Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м, ҷ.9, саҳ.167; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.93 ва 94
  126. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.379
  127. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.379
  128. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.94 ва 95
  129. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.186; Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.381
  130. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.186
  131. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.381
  132. Ниг.: сураи Бақара, ояти 284; сураи Аҳқоф, ояти 33
  133. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.380 - 381
  134. Барои намуна ниг.: сураи Исро, ояти 51; сураи Рум, ояти 27
  135. Барои намуна ниг.: Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., Мақсади шашум, саҳ.297 - 310; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., Мақсади шашум, саҳ.399 - 427; Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.595 - 664; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, Фасли даҳум, саҳ.157 - 298
  136. Барои намуна ниг.: Субҳонӣ, Маншури ҷовид, кули ҷилди 5; Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., кули ҷилди 5
  137. Ихвони мақдам ва дигарон, Манбашиносии маод, 1395ҳ.ш., саҳ.8
  138. Ҳусайнии Теҳронӣ, Маодшиносӣ, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.8 - 9
  139. Субҳонӣ, Маоди инсон ва ҷаҳон, 1373ҳ.ш., саҳ.7 - 10
  140. Мутаҳҳарӣ, Маод, интишороти Садро, саҳ.9

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-муроди фи шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, тасҳеҳу таълиқаи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, Маркази ан-Нашр-ил-исломӣ, чопи чорум, 1413ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, ал-Боб-ул-ҳоди ашари маъа шарҳиҳ-ин-нофеъи явм-ил-ҳашри ва мифтоҳ-ил-боб, шарҳу тавзеҳ: Фозили Миқдод ва Абулфатҳ ибни Махдум, Теҳрон, Муассисаи мутолиъоти исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Ардабилӣ, Сайид Абдулғанӣ, Тақрироти фалсафаи Имом Хумайнӣ, Теҳрон, Муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1381ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Ибни Майсам, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, Қум, Мактабату Оятуллоҳ-ил-ъузмо Маръашӣ Наҷафӣ, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Сино, Ҳусайн ибни Алӣ, аш-Шифо (ал-Илоҳиёт), Қум, Мактабату Оятуллоҳ Маръашӣ, 1404ҳ.қ.
  • Иброҳимзода, Абдуллоҳ ва Алиризо Алии Нурӣ, Адёни Илоҳӣ ва фирақи исломӣ, Қум, интишороти Таҳсин, чопи дувум, 1383ҳ.ш.
  • Ихвонимуқаддам, Зуҳра ва дигарон, Манбашиносии маод, Теҳрон, донишёрони Эрон, чопи аввал, 1395ҳ.ш.
  • Мак Грос, Аллистар, Дарсномаи илоҳиёти масеҳӣ (ҷ.1/ вироиши сеюм), тарҷумаи Беҳрузи Ҳаддодӣ, Қум, Маркази мутолиъот ва таҳқиқоти адёну мазоҳиб, чопи аввал, 1384ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи нуҳум, 1386ҳ.ш.
  • Марӣ, Майкл Ҷай. Ва Майк Сӣ. Рай, Даромаде ба фалсафаи дин, тарҷумаи Саиди Обидӣ, Теҳрон, нашри Най, чопи аввал, 1398ҳ.ш.
  • Маслин, Кейт, Даромаде бар фалсафаи зеҳн, тарҷумаи Маҳдӣ Зокирӣ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улуму фарҳанги исломӣ, чопи дувум, 1391ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳаққ-ул-яқин, Теҳрон, Интишороти исломия, 1386ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Инсоншиносӣ дар Қуръон, тадвину танзими Маҳмӯди фатҳъалӣ, Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, чопи нуҳум, 1401ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Теҳрон, Муассисаи интишороти Амиркабир, чопи ҳаждаҳум, 1384ҳ.ш.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолияти фи-л-асфор-ил-арбаъат-ил-ақлия, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос, чопи сеюм, 1981м.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
  • Намозӣ, Абдуннабӣ, Маод аз дидгоҳи оёт ва ривоёт, Қум, Таҳсин, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Оштиёнӣ, Мирзо Аҳмад, Лавомеъ-ул-ҳақоиқи фи усул-ил-ақоид, таҳқиқи Муҳсини Оштиёнӣ, Қум, Конгресси Аллома Оштиёнӣ, 1390ҳ.ш.
  • Оштиёнӣ, Сайид Ҷалолуддин, Шарҳ бар зод-ул-мусофир, Қум, Бӯстони китоб, чопи аввал, 1381ҳ.ш.
  • Петерсон, Майкл ва дигарон, Ақл ва эътиқоди динӣ; даромаде бар фалсафаи дин, тарҷумаи Аҳмади Нароқӣ ва Иброҳим Султонӣ, Теҳрон, Тарҳи нав, 1376ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Муҳаммадтақӣ ва Ризо Биринҷкор, Маориф ва ақоид 1 ва 2 (вироиши сеюм), Қум, Маркази мудирияти ҳавзаҳои илмия, чопи панҷум, 1397ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маоди инсон ва ҷаҳон, интишороти Мактаби ислом, чопи дувум, 1373ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маодшиносӣ, муқаддамау тарҷумаи алии Ширвонӣ, Қум, Дор-ул-фикр, чопи чорум, 1387ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёту ало ҳуда-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1413ҳ.қ.
  • Тавфиқӣ, Ҳусайн, Ошноӣ бо адёни бузург, Теҳрон - Қум, САМТ - Тоҳо, чопи даҳум, 1386ҳ.ш.
  • Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-мақосид, таҳқиқи Абдурраҳмон Амира, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Тиссен, Ҳенрӣ, Илоҳиёти масеҳӣ, тарҷумаи т. Микоилён, Теҳрон, интишороти Ҳаёти абадӣ, бе то.
  • Тӯсӣ, Хоҷа Насируддин, Таҷрид-ул-эътиқод, таҳқиқи Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Файёзи Лоҳиҷӣ, Муллоабдураззоқ, Гавҳари мурод, Теҳрон, нашри Соя, чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Файёзӣ, Ғуломризо ва Маҳдӣ Шукрӣ, «معاد ‌جسم عنصری (دلایل نقلی و نقد دیدگاه‌های رقیب)», фаслномаи Маърифати каломӣ, соли сеюм, шумораи дувум, пойизу зимистони 1391ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Арбаину фи усул-ид-дин, Қоҳира, Мактабату ал-куллиёт-ил-Азҳария, чопи аввал, 1986м.
  • Хотамӣ, Сайид Аҳмад, Фарҳанги илми калом: шарҳи луғот ва истилоҳоту аъломи илми калом, Теҳрон, нашри Сабо, 1370ҳ.ш.
  • Хушсуҳбат, Муртазо, «Маоди ҷисмонӣ аз манзари Аллома Таботабоӣ бо таъкид бар тафсири ал-Мизон», Қум, маҷаллаи Маърифати каломӣ, №12, баҳору тобистони 1393.
  • Ҳиюм, Раберт, Адёни зиндаи ҷаҳон, тарҷумаи Абдурраҳими Гувоҳӣ, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Маодшиносӣ, Машҳад, Нури малакӯти Қуръон, 1427ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Шоҳрӯдӣ, Сайид Муртазо ва Фаххор Навғонӣ, Ваҳида, «اینهمانی شخصی», фаслномаи Андешаи динӣ, №29, зимистони 1387ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири мавзуии Қуръони Карим (ҷ.4): маод дар Қуръон (1), таҳқиқу танзими Алӣ Замонии Қумшаӣ ва Алии Исломӣ, Қум, Маркази нашри Исро, чопи ёздаҳум, 1395ҳ.ш.
  • Baker, Lynne Rudder, «Death and the Afterlife», The Oxford handbook of philosophy of religion, Edited by William J. Wainwright, New York, Oxford University Press, 2005.
  • Baker, Lynne Rudder, «Material Persons and the Doctrine of resurrection», Faith and Philosophy, Vol. 18, NO. 2, April 2001.
  • Merricks, Trenton, «the Resurrection of the Body and the Life Everlasting», In: Reason for the Hope Within, ed. Michael J. Murray, Wm. B. Eerdmans Publishing Co, 1999.