Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шаҳодат дар қиёмат

Аз wikishia
Мақолаи Шаҳодат дар қиёмат бо мақолаҳои иртибот дорад.

Шаҳодат дар қиёмат (форсӣ: شهادت در قیامت) аз мавоқифи қиёмат ва ба маънои гувоҳӣ бар аъмоли инсон дар растахез бар асоси мушоҳида ва огоҳии пешакӣ аст. Ин мавзуъ дар оятҳои Қуръон ва дигар сарчашмаҳои динӣ матраҳ шудааст.

Шоҳидони аъмол дар қиёмат Худо, пайғамбарон, авлиёи илоҳӣ, фариштагон ва унсурҳое монанди аъзои бадан ва замин ҳастанд. Ин ҳама шоҳидон барои тақвияти муроқибати дарунӣ ва итминон аз сиҳҳати ҳисобрасии аъмол дар назар гирифта шудааст.

Адои шаҳодат дорои мароҳили мушаххасе аст: ибтидо ироаи номаи аъмол, сипас шаҳодати фариштагон ва аъзои бадан дар сурати инкори шахс, ва дар ниҳоят гувоҳии Худованд ба унвони охирин шоҳид. Шаҳодат шомили зоҳир ва ботини аъмол, аз ҷумла ният ва мизони ихлоси амал мешавад. Мақоми шаҳодат махсуси авлиёи илоҳӣ аст.

Дар бораи чигунагии сухан гуфтани шоҳидон, дидгоҳҳои мухталифе матраҳ шудааст; бархе такаллумро ҳақиқӣ ва бархе тамсилӣ донистаанд. Вокуниши инсон дар баробари шаҳодати аъмол, ба вижа шаҳодати аъзои бадан, шомили ҳайрат, эътироз ва сарзаниши худ аст ва муҷримон орзу мекунанд, ки хок шаванд, то расво нашаванд.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Шаҳодат дар қиёмат ба маънои гувоҳӣ бар аъмоли инсон дар рӯзи қиёмат бар асоси мушоҳида ва огоҳии пешакӣ,[1] аз мавоқифи қиёмат аст.[2]

Барои таҳаққуқи он, шоҳидон бояд дар дунё таҳаммули шаҳодат дошта бошанд;[3] яъне амалро мушоҳида карда ва фоили онро бишносанд,[4] сипас дар қиёмат ба изни Илоҳӣ[5] ва бар асоси илм[6] шаҳодат диҳанд.[7]

Гувоҳии аъмол дар 28 ояти Қуръон,[8] аз ҷумла ояти 17 сураи Ҳаҷ, ояти 89 сураи Наҳл ва ояти 20 сураи Фуссилат[9] матраҳ шудааст. Ин мавзуъ дар китобҳои эътиқодӣ матраҳ шудааст.[10] Дар китобҳои ахлоқӣ низ аз он ба унвони ёдоварӣ ва муроқибат дар ёди Худо мавриди таъкид қарор гирифтааст.[11]

Аърофӣ дар китоби Гувоҳони аъмол, бовар ба ҳузури шоҳидонро аз муштаракоти адёни осмонӣ донистааст.[12] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, мақоми гувоҳии аъмол шомили шахсони оддӣ намешавад ва махсуси авлиёи пок аст.[13] Ӯ анбиё, имомони маъсум (а)-ро аз соҳибони ин мақом муаррифӣ кардааст.[14]

Бар асоси манобеи динӣ, шоҳидон, зоҳир ва ботини рафтори инсон, кайфият ва мизони ихлоси амалро гузориш медиҳанд.[15] Ҳамчунин тибқи ривояте ки Аллома Маҷлисӣ аз Пайғамбари акрам (с) нақл карда, гувоҳии онон шомили аъмоли нек ва бад мешавад.[16]

Ин мавзуъ дар осори ахлоқӣ ба унвони омили ёдоварӣ ва муроқибати нафс баррасӣ шуда[17] ва дар дуоҳое монанди Муноҷоти шаъбония ва Дуои Кумайл низ омадааст.[18] Ҳамчунин дар зайли оёт ва ривоёти марбут ба маод ва низ дар зимни мавзуоте монанди ҳаё ба он пардохтаанд.[19] Ин баҳс дар осори олимоне монанди Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ,[20] Ҷаъфар Субҳонӣ,[21] Носир Макорими Шерозӣ ва дар китоби Маодшиносӣ асари Сайид Муҳаммадҳусайн Теҳронӣ баррасӣ шудааст.[22]

Шоҳидони аъмол

Макорими Шерозӣ, бо дастабандӣ кардани оятҳои Қуръон Худо, пайғамбарон, фариштагон, аъзои бадан (даст, по, гӯш, чашм ва пӯст) ва заминро аз шоҳидони қиёмат муаррифӣ кардааст.[23] Бархе муфассирон номаи аъмол[24] ва таҷассуми аъмолро[25] низ ҷузви шоҳидон зикр кардаанд.[26]

Фалсафаи тааддуди шоҳидон

Тааддуди шоҳидон ба тақвияти муроқибати нафс ва истодагӣ дар баробари гуноҳ ба инсон кумак мекунанд.[27] Шаҳодат дар қиёмат ба унвони итмоми ҳуҷҷат ва исботи ҳақоиқи аъмол тарроҳӣ шуда ва бояд бар асоси мушоҳидаи комили аъмол на танҳо зоҳири онҳо бошад, то ҳисобрасӣ бадурустӣ анҷом шавад.[28] Табарсӣ, муҳаддиси шиа, аз Имом Содиқ (в) ривоят кардааст, ки бо вуҷуди илми Худо ба умури пинҳон, фариштагон ба унвони шоҳидони инсон қарор дода шудаанд, то итоат аз Худо мустаҳкам шавад ва аз гуноҳ дурӣ гардад.[29]

Тафовутҳои шоҳидон

Шоҳидони аъмол тафовут доранд. Бархе даруни инсон ҳастанд, монанди аъзо ва ҷавориҳ ва бархе берун, монанди Худованд ва пайғамбарон.[30] Фариштагон вазифаи сабт ва забти аъмолро доранд, дар ҳоле ки ин амр ҷузви вазифаҳои пайғамбарон ва имомон (а) нест ва онон бо мақомоти маънавии худ ба мақоми шаҳодати аъмол даст ёфтаанд.[31] Шаҳодати аъзо ва ҷавориҳ, замин ва замон бозтоби табиӣ ва сабти осори аъмоли онҳо маҳсуб мешавад.[32]

Мароҳили шаҳодат

Бар асоси ривоёт, адои шаҳодати гувоҳон бо тартиби хоссе анҷом мепазирад. Дар бораи мароҳили шаҳодати пайғамбарон ва имомон гузорише нақл нашудааст.[33] Аммо дар Тафсири Қумӣ тартиби шаҳодат чунин баён шудааст: пас аз пешкаши номаи аъмол, агар шахс онро инкор кунад, фариштагон барои шаҳодат фарохонда мешаванд. Дар сурати инкори гувоҳии фариштагон ва савганди шахс бар анҷом надодани он аъмол, даҳони ӯ мӯҳр мешавад ва аъзову ҷавориҳаш ба унвони шоҳид бар аъмоли ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Сипас забони ӯ кушода мешавад ва ӯ пӯсти бадани худро ба сабаби шаҳодаташон маломат мекунад.[34] Дар бархе манобеъ, Худованд охирин шоҳиди қиёмат муаррифӣ шуда ва пас аз ӯ шоҳиде вуҷуд нахоҳад дошт.[35]

Чигунагии сухан гуфтани шоҳидон

Дар бораи чигунагии сухан гуфтани замин, замон, Қуръон ва аъзои бадан дар қиёмат дидгоҳҳои мухталифе матраҳ шудааст.[36]

Бархе муфассирон, такаллуми заминро ба маънои ошкор шудани осори аъмоли инсон бар он донистаанд.[37] Бархе дигар сухан гуфтани аъзои баданро ҳақиқӣ талаққӣ карда ва муътақиданд ба делили тафовути низоми дунё ва охират, чигунагии ин такаллум барои инсон ба таври комил қобили дарк нест.[38] Дар тафсире дигар, такаллуми даст ба маънои анҷоми ҳамон амале дониста шуда, ки дар дунё аз он сар задааст; ба ин маъно, ки худи инсон бо дастҳояш машғули анҷоми ҳамон амал мешавад.[39]

Сайид Муҳаммадҳусайни Теҳронӣ дар китоби Маодшиносӣ, бо истинод ба ривояте аз Имом Боқир (с)[40] муътақид аст, ки Қуръон дар қиёмат ҳангоми шаҳодат додан ба сурати инсони зебо зоҳир мешавад ва сухан мегӯяд.[41] Дар ҳамон ривоят барои намоз низ сурате бо қобилияти такаллум ва амру наҳй гузориш шудааст.[42]

Вокуниши инсон дар баробари шаҳодати аъзои бадан

Муҷримон ҳангоми шаҳодати аъзо, ки ба зарарашон гувоҳӣ медиҳанд, дучори шигифтӣ ва ваҳшат шуда[43] ва бо эътироз, пӯсти бадани худро ба далели шаҳодат додан сарзаниш мекунанд.[44] Пас аз шаҳодат орзу мекунанд, ки кош хок буданд, то расво нашаванд.[45]

Эзоҳ

  1. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.321.
  2. Нурӣ, «Гувоҳони рӯзи қиёмат», саҳ.18.
  3. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., саҳ.72.
  4. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.418.
  5. Ҳусайнии Теҳронӣ, Маодшиносӣ, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.97.
  6. Ҳусайнии Теҳронӣ, Маодшиносӣ, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.99.
  7. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., сaҳ.72.
  8. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.473 - 476.
  9. Собунӣ, Сафват-ут-тафосир, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.260; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.359 ва ҷ.3, саҳ.392, Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.378.
  10. Ризоӣ, «Манозили охират», саҳ.36.
  11. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1370ҳ.ш., саҳ.457.
  12. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., саҳ.15.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.321.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.321.
  15. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., саҳ.76.
  16. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.315.
  17. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1370ҳ.ш., саҳ.457.
  18. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ ли-л-Кафъамӣ, 1405ҳ.қ., саҳ.559; Ибни Товус, ал-Иқбол б-ил-аъмол-ил-ҳасана, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.297.
  19. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., саҳ.16.
  20. Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.411-421.
  21. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.472- 498.
  22. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., саҳ.16.
  23. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.256.
  24. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.492.
  25. Ҳусайнии Теҳронӣ, Маодшиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.155.
  26. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, сaҳ.584; Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.416.
  27. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., саҳ.65.
  28. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.322 ва 323.
  29. Табарсӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.348ҳ.ш.
  30. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., саҳ.63.
  31. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., саҳ.66 ва 67.
  32. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., саҳ.66 ва 67.
  33. Аърофӣ, Гувоҳони аъмол, 1397ҳ.ш., саҳ.70.
  34. Қумӣ, Тафсир ал-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.264.
  35. Солеҳии Ҳоҷиободӣ, Инсон ва шоҳидони содиқ, 1387ҳ.ш., саҳ.29.
  36. Солеҳии Ҳоҷиободӣ, Инсон ва шоҳидони содиқ, 1387ҳ.ш., саҳ.116-117.
  37. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.225; Ҳусайнии Теҳронӣ, Маодшиносӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.267 ва 268.
  38. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1398ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.118.
  39. Ҳусайнии Теҳронӣ, Маодшиносӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.187 - 192.
  40. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.596.
  41. Ҳусайнии Теҳронӣ, Маодшиносӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.7, сaҳ.275.
  42. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.598.
  43. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.431.
  44. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.379.
  45. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.138.

Сарчашма

  • Аърофӣ, Алиризо, Гувоҳони аъмол, Қум, Муассисаи фарҳангӣ ҳунарии Ишроқ ва Ирфон, 1397ҳ.ш.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқбол б-ил-аъмол-ил-ҳасана, муҳаққиқ: Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Мисбоҳ ли-л-Кафъамӣ (Ҷаннат-ул-амон ал-воқия), Қум, Дор-ур-Разӣ (Зоҳидӣ), чопи дувум, 1405ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ, Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир ал-Қумӣ, таҳқиқ: Сайид Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1363ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, муҳаққиқ: ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн, «Гувоҳони рӯзи қиёмат», маҷаллаи Посдорони ислом, №111, исфанди 1369ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Ризоӣ, Ғуломризо, Донишномаи каломи исломӣ, ҷ.1, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1387ҳ.ш.
  • Собунӣ, Сафват-ут-тафосир, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Солеҳии Ҳоҷиободӣ, Инсон ва шоҳидони содиқ, Қум, Гулҳои биҳишт, 1387ҳ.ш.
  • Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1390ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Иҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-лиҷоҷ, мусаҳҳеҳ: Муҳаммад Боқир Хурсон, Машҳад, Нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳ: Фазлуллоҳ Яздӣ, Лубнон, Бейрут, 1408ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, аш-Шариф-ур-Разӣ, 1370ҳ.ш.
  • Таботабоӣ ва Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Носир Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Муҳаммадҳусайн, Маодшиносӣ, Машҳад, Нури малакути Қуръон, 1427ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Маод дар Қуръон, Қум, Исро, чопи ёздаҳум, 1395ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Тафсири Кавсар, Қум, Ҳиҷрат, 1398ҳ.ш.