Jump to content

Иҳбот

Аз wikishia

Иҳбот (форсӣ: اِحباط) ба маънои аз байн рафтани савоби ибодат бар асари гуноҳ аст. Аз иҳбот дар илми калом баҳс мешавад. Уламои шиа ба иҳбот эътиқод надоранд ва онро танҳо дар сурати муртад шудани шахси муъмин мепазиранд. Аз миёни аҳли суннат низ ашоира чунин назар доранд; аммо муътазила бар ин бовар ҳастанд, ки гуноҳон метавонанд боиси нобудии савоби аъмоли неки инсон шаванд.

Дар Қуръон ва ривоятҳо, аз ҳабти аъмол сухан ба миён омада ва бархе намунаҳои он баён шудааст; аммо уламои шиа, умдатан, чун ба лиҳози ақлӣ иҳботро қабул надоранд, ин мавридҳоро ба гунае тафсир мекунанд, ки бо эътиқод ба адами иҳбот созгор бошад. Бархе аз онҳо барои радди иҳбот, ба оятҳое аз Қуръон низ истинод мекунанд.

Албатта аз миёни уламои шиа, шумори андаке, аз ҷумла Носир Макорими Шерозӣ, марҷаи тақлид ва муфассири Қуръон мегӯянд далели ақлӣ ё нақлӣ бар нафйи иҳбот вуҷуд надорад ва онро амре мумкин медонанд.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Иҳбот истилоҳи қуръонӣ аст[1] ки дар илми калом ба сурати густарда мавриди баҳс қарор гирифта ва дидгоҳҳои мухталифе дар бораи он баён шудааст.[2] Ин истилоҳ ба маънои аз байн рафтани савоби корҳои нек ба василаи гуноҳ аст.[3] Дар муқобили иҳбот, такфир қарор дорад, ки ба маънои аз байн рафтани гуноҳ бо анҷоми корҳои савоб аст.[4]

Вожаи иҳбот ва муштақоти он, шонздаҳ бор дар Қуръон омадааст.[5] Ин масъала дар илми калом, зери масоиле чун маод, савобу иқоб ё ваъда ва ваид матраҳ шудааст.[6]

Дидгоҳи муштараки уламои мусалмон дар бораи иҳбот ва ихтилофи назарҳо

Бар асоси дидгоҳи ҳамаи мактабҳои исломӣ, аз ҷумла шиаён, анҷом додани бархе гуноҳон боиси аз байн рафтани корҳои нек мешавад.[7] Масалан, ба бовари ҳамаи уламои мусалмон, ҳамаи аъмоли хуби муъмин, бо иртидоди ӯ (ва тӯба накардан баъд аз он) аз байн меравад.[8] Ихтилофи назари онҳо дар ин аст, ки оё иҳбот танҳо шомили иртидод ва куфр мешавад ё дар хусуси ҳамаи аъмол содиқ аст. Ашоира, монанди дидгоҳи машҳури шиаён, иҳбот ба маънои охирро ботил медонанд;[9] аммо муътазила бар ин бовар ҳастанд, ки иҳботи куллӣ амре саҳеҳ аст.[10] Инҳо барои исботи муддаои худ, ба истидлолҳои ақлӣ тамассук кардаанд[11] ки уламои шиа ва ашоира ба он истидлолҳо посух додаанд.[12]

Дидгоҳи шиаён

Дидгоҳе ки миёни шиаён машҳур аст, ин аст ки иҳбот саҳеҳ нест.[13] Шайхи Тӯсӣ, аз мутакаллимони шиа дар қарни чорум, иҳботро ба таври куллӣ нафй мекунад ва мегӯяд маънои зоҳирии оятҳое аз Қуръон ки бар иҳбот далолат доранд, қобили пазириш нест; зеро бунёди ақоид бар ақл устувор аст ва бояд оятҳоро ба гунае маъно кард ки бо ақл созгор бошад.[14] Ҷаъфари Субҳонӣ низ менависад нобуд шудани амали нек бо гуноҳ, навъе хулфи ваъда ва зулм аст, ва аз он ҷо ки Худо зулм намекунад, аъмоли хуби инсонро бо анҷоми гуноҳ ҳабт намекунад.[15] Ҳамчунин истинод мекунад ба оятҳое аз Қуръон (монанди ояти 7 сураи Зилзол ва ояти 40 сураи Наҷм) ки бар асоси онҳо, инсонҳо дар рӯзи Қиёмат натиҷаи ҳамаи аъмоле (хуб ва бад) ки анҷом додаанд хоҳанд дид ва ҳеҷ кадоме аз аъмоли хубу бади онҳо аз байн нахоҳад рафт.[16]

Албатта дар миёни уламои шиа, дидгоҳҳои дигаре низ ҳаст. Масалан, ба назари Носир Макорими Шерозӣ, муаллифи Тафсири намуна, иҳбот ба сурати ҷузъӣ мумкин аст ва далели ақлӣ ва нақлӣ бар ботил будани иҳбот вуҷуд надорад.[17] Ӯ бо тамсил кардани иҳбот ба умури дунявӣ мегӯяд ҳамон тавр ки мумкин аст сармояҳое ки инсон дар тӯли умраш бо заҳмат ба даст оварда бо як хато аз байн равад, имкон дорад ки корҳои хуби ӯ бо анҷоми як гуноҳ нобуд шавад. Ӯ ихтилоф дар ин мавзуъро низоъе лафзӣ медонад.[18] Аллома Маҷлисӣ, муаллифи китоби Биҳор-ул-анвор низ муътақид аст ки наметавон ҳар гуноҳеро боиси аз байн рафтани аъмоли нек донист; аммо мавридҳое ки дар оятҳо ва ривоятҳо зикр шудааст, аз масодиқи иҳботанд.[19] Бо ин ҳол, ӯ дар ҷои дигаре, ин мавридҳоро ба гунае тавзеҳ дода ки ҳабти амал маҳсуб нашаванд.[20]

Омилҳои иҳбот

Ба иттифоқи назари ҳамаи мусулмонон, дар сурате ки шахси муъмин муртад шавад, куфри ӯ ҳамаи аъмоли гузаштаашро ҳабт мекунад.[21] Дар оятҳои Қуръон, иртидоди баъд аз имон,[22] куштани амри ба маъруфкунандагон,[23] такзиби маод ва оятҳои Илоҳӣ[24] ва нифоқу дурӯягӣ[25] аз иллатҳои ҳабти аъмол дониста шудаанд.[26] Албатта Шайхи Тӯсӣ мегӯяд аз он ҷо ки маънои зоҳирии ин оятҳо ба лиҳози ақлӣ пазируфтанӣ нест, бояд онҳоро ба гунаи дигар маъно кард, ки бо ақл созгор бошад.[27]

Дар аҳодиси шиа низ аз ҷумлаи омилҳои ҳабт, ба гуноҳони зерин ишора шудааст: инкори вилоят имом Алӣ (а),[28] бесабрӣ дар баробари мусибат,[29] туҳмати зино задан ба зан ё марди оиладор,[30] сӯизан[31], риё[32] ва ҷидол кардан.[33] Аллома Маҷлисӣ кӯшиш кардааст ин ривоятҳоро бо дидгоҳи шиа дар бораи иҳбот созгор кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳабт дар ривоятҳо, дар маънои ҳабти воқеӣ ба кор нарафта; балки ба ин маъност ки шарти қабул шудани бархе аз аъмоли солеҳ, анҷом надодани бархе гуноҳон дар оянда аст, ва бо анҷом додани гуноҳон маълум мешавад ки ӯ аз ҳамон ибтидо амалеро бо ҳамаи шартҳояш анҷом надода ва асосан мустаҳаққи савоб набудааст.[34] Ӯ ин дидгоҳро назари машҳури шиаён донистааст.[35]

Баланд кардани садо дар ҳузури Пайғамбар

Дар ояти 2 сураи Ҳуҷурот, муъминон аз баланд кардани садои худ бар садои Пайғамбари акрам (с) ва низ аз баланд сухан гуфтан назди ӯ наҳй шудаанд, то мабодо аъмолашон ҳабт шавад. Муфассирони шиа дар тавҷеҳи ин оят, ки чӣ гуна мумкин аст амале ғайр аз куфр ва ширк, сабаби ҳабти аъмол шавад, посухҳои мухталифе додаанд:[36]

  • Баланд кардани садо бар садои Пайғамбар ё баланд сухан гуфтан назди ӯ, дар сурати он ки ба қасди беэҳтиромӣ ба Пайғамбар анҷом шавад, навъе куфр аст ва мувофиқи дидгоҳи ҳамаи мусалмонон, бо кофир шудан, ҳамаи аъмоли инсон ҳабт мешавад.[37]
  • Ҳузур дар маҳзари Пайғамбар, амале аст ки худ савоб дорад. Дар сурати он ки муъминон ба қасди беэҳтиромӣ, бо садои баланд назди Пайғамбар сухан бигӯянд, ин кор сабаб мешавад савоби ҳозир шудан дар маҳзари Пайғамбар аз байн равад.[38]
  • Ҳабти ҳамаи корҳои хуби муъмин ба василаи ҳатки ҳурмати Пайғамбар, амре мумкин аст ва далели ақлӣ бар хилофи он вуҷуд надорад.[39]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.467
  2. Шуҷоӣ, «Иҳбот ва такфир», саҳ.179
  3. Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.272; Ҳиммасии Розӣ, ал-Мунқизу мин-ат-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42
  4. Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.272; Ҳиммасии Розӣ, ал-Мунқизу мин-ат-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42
  5. Абдулбоқӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас, 1407ҳ.қ., саҳ.193
  6. Шуҷоӣ, «Иҳбот ва такфир», саҳ.179
  7. Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1378ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.195
  8. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.334
  9. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.140
  10. Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.422
  11. Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.423–426
  12. Нигоҳ кунед ба: Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.272–273; Ҳиммасии Розӣ, ал-Мунқизу мин-ат-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42–44; Иҷӣ, ал-Мавоқиф фи илм-ил-калом, Олам-ул-кутуб, саҳ.379
  13. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.140
  14. Шайхи Тӯсӣ, ал-Иқтисод, 1406ҳ.қ., саҳ.200
  15. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.509
  16. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.510
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.115
  18. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.115
  19. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.334
  20. Нигоҳ кунед ба: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.332–334
  21. Барои намуна ниг.: Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.142; Ҷаводӣ Омулӣ, Тасним, 1387ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.603
  22. Сураи Бақара, ояти 217
  23. Сураи Оли Имрон, оятҳои 21–22
  24. Сураи Аъроф, ояти 147
  25. Сураи Аҳзоб, ояти 19
  26. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.519–532
  27. Шайхи Тӯсӣ, ал-Иқтисод, 1406ҳ.қ., саҳ.200
  28. Саффор, Басоир-уд-дароҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.77
  29. Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.224
  30. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.285
  31. Ибни Ҳайюн, Даоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.352
  32. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.582
  33. Ибни Шуъба Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.309
  34. Нигоҳ кунед ба: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.332–334
  35. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.332
  36. Ҷаъфарӣ, «Ошноӣ бо чанд истилоҳи қуръонӣ (4): иҳбот ва такфир», саҳ.45
  37. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.138
  38. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.341; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.196
  39. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.115; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.522

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Абдулбоқӣ, Муҳаммад Фуод, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфоз-ил-Қуръон-ил-карим, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Шуъба Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, Қум, Дафтари Интишороти исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Ҳайюн, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даоим-ул-Ислом ва зикр-ил-ҳалол ва-л-ҳаром ва-л-қазоё ва-л-аҳком, Қум, Муассисату Оли-л-байт (а), 1385ҳ.қ.
  • Иҷӣ, Абдурраҳмон ибни Аҳмад, ал-Мавоқиф фи илм-ил-калом, Бейрут, Олам-ул-кутуб, бе таърих.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Қум, Ширкати чоп ва нашри байналмилалии Созмони таблиғоти исломӣ, 1384ҳ.ш.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дароҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ (р), 1404ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1390ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, Қум, Тавҳид, 1378ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Насир Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Тафтозонӣ, Масъуд ибни Умар, Шарҳ-ул-мақосид, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1412ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дор аш-Шариф ар-Разӣ, 1406ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқтисод фи мо ятааллақ би-л-эътиқод, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1406ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе таърих.
  • Шуҷоӣ, Аҳмад, «Иҳбот ва такфир», дар ҷилди 1 Донишномаи Каломи исломӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1387ҳ.ш.
  • Яздӣ, Ақдас ва Зайнаб Аббосии Оғавӣ, «احباط و تکفیر عمل», дар маҷаллаи Таҳқиқоти каломӣ, №14, поизи 1395ҳ.ш.
  • Қозӣ Абдулҷаббор, ибни Аҳмад, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи Таҷрид-ил-эътиқод, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1382ҳ.ш.
  • Ҳиммасии Розӣ, Маҳмуд, ал-Мунқизу мин-ат-тақлид, Қум, Дафтари Интишороти исломӣ, 1412ҳ.қ.
  • Ҷаводӣ Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Исро, 1387ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, «آشنایی با چند اصطلاح قرآنی (۴) احباط و تکفیر», дар маҷаллаи Дарсҳое аз мактаби ислом, №10, моҳи дайи 1372ҳ.ш.

Пайванд ба берун