Асмо-ул-ҳусно
Асмо-ул-ҳусно (ба арабӣ: اسماءالحسنى) истилоҳи қуръонист, ба маънои номҳои зебои Худованд. Ин истилоҳ дар чаҳор сураи Қуръон ба кор рафтааст. Дар яке аз онҳо омадааст, ки Худоро бо ин номҳо бихонед. Ба эътиқоди олимони мусулмон, манзур аз номҳои зебо ва некуи Худо, сифоти Ӯ ҳастанд, ки ҳамагӣ неканд.
Ҳамчунин мегӯянд бар асоси ин оят, асмо-ул-ҳусно махсуси Худованданд. Дар бархе аз ривоёт, “Аҳли Байт” мисдоқи асмоулҳусно муаррифӣ шудаанд, ки бояд ба василаи онҳо ба Худо тақарруб ҷуст.
Асмо-ул-ҳусно, номҳои некӯи Худо
«Асмо-ул-ҳусно» иборате аст, баргирифта аз Қуръон, ба маънои номҳои некӯи Худованд.[1] Ин иборат дар чаҳор сураи Қуръон ба кор рафтааст: сураи Тоҳо ояти 8, сураи Ҳашр ояти 24, сураи Аъроф ояти 180 ва сураи Исроъ ояти 110. Дар ин оёт омадааст: «Худо номҳои некӯ дорад».[2] Дар сураи Аъроф баъд аз ин ҷумла, омадааст, ки Худоро бо ин номҳо бихонед.[3]
Бардоштҳо аз асмо-ул-ҳусно
Муффасирони мусулмон бардоштҳои мухталифе аз асмо-ул-ҳусно доштаанд. Ба эътиқоди Табарсӣ - нависандаи Маҷмаъ-ул-баён, аз он ҷиҳат номҳои Худованд некӯ дониста шудаанд, ки Худо номҳое дорад, ки маъноҳои некуе доранд; монанди ҷавод, раҳим, раззоқ ва карим.[4] Шайхи Тусӣ дар ат-Тибён, манзур аз номҳои Худоро сифоти Ӯ донистааст, ки ҳамагӣ неканд.[5] Нависандагони тафсири Намуна ҳам ҳамин тафсирро баргузидаанд.[6]
Аз дидгоҳи Аллома Таботабоӣ, манзур аз асмо-ул-ҳусно он даста аз номҳои Худованд аст, ки маънои васфӣ доранд; яъне бар вижагие аз Ӯ далолат мекунанд; монанди ҷавод, одил ва раҳим, на он даста аз номҳое ки фақат бар зоти Ӯ далолат мекунанд (бар фарз, ки чунин номҳое дошта бошад), монанди номҳои Зайду Амр, ки вижагие дар фардро нишон намедиҳанд ва фақат бар ӯ далолат доранд.[7]
Махсуси Худованд будани номҳои нек
Бархе аз муффасирони шиа ва суннӣ эътиқод доранд ояти لِلَّهِ الْأَسْماءُ الْحُسْنی «Лиллоҳ-ил-асмо-ул-ҳусно», тарҷума: "Ва номҳои неку махсуси Худост",[8] бар ин далолат дорад, ки номҳои нек хоси Худованд аст, чароки «лиллоҳ» дар аввали ҷумла омадааст ва ин дар забони арабӣ нишондиҳандаи таъкид бар ҳаср ва инҳисорӣ будани мафҳум аст. Илова бар он, дар ин оят, калимаи «асмоъ» , бо «алиф» ва «лом» омадааст, ки ин нишондиҳандаи умумияти асмоъ аст.[9]
Аз назари Аллома Таботабоӣ маънои оят ин аст, ки ҳар исми аҳсане ки дар олами вуҷуд бошад, мутаъаллиқ ба Худованд аст ва ҳеҷ кас дар он, бо Худованд шарик нест. Албатта ин сухан мунофоте надорад бо ин ки Худо бархе аз сифоташ монанди илму раҳматро ба ғайри худаш нисбат додааст; чароки мурод ин аст, ки ҳақиқати ин номҳо махсуси Худованд аст.[10]
Аҳли Байт, мисдоқи асмо-ул-ҳусно
Дар бархе аз ҳадисҳо, Аҳли Байт (а) мисдоқҳои асмо-ул-ҳусно муаррифӣ шудаанд. Барои намуна, Кулайнӣ дар хусуси оят «Худо номҳо некӯ дорад. Пас Ӯро бо он номҳо бихонед!», аз Имом Содиқ (а) ривоят кардааст: «Ба Худо қасам, мо асмо-ул-ҳусно ҳастем, ки Худо ҳеҷ амале аз бандагонро бидуни шинохтамон қабул намекунад!».[11]
Айёшӣ (ваф. 320ҳ.қ.) аз муффасирони шиа ҳам, зайли ҳамин оят, аз Имом Ризо (а) нақл кардааст: «ҳангоми сахтӣ, аз мо кумак бигиред ва ин ҳамон сухани Худост: Ва номҳои нек ҳамааш аз они Худованд аст, пас шумо Худоро бо онҳо бихонед!».[12]
Баъзеҳо бо тавваҷуҳ ба ин ривоёт, манзур аз «хондани Худо» дар ояти 180 сураи Аърофро тавассул ба Аҳли Байт тафсир кардаанд.[13]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1369 ҳ.ш., ҷ.4,саҳ.40.
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.15,саҳ.412.
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 180.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ш, ҷ.4,саҳ.773.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.5,саҳ.39 - 40.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374 ҳ.ш., ҷ.7,саҳ.23.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.8,саҳ.342 - 343.
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 180.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.15,саҳ.414/ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.8,саҳ.343/ Зуҳайлӣ, ат-Тафсир-ул-мунир, 1418ҳ.қ., ҷ.9,саҳ.175.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.8,саҳ.449.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1,саҳ.143 - 144.
- ↑ Айёшӣ, китоби ат-Тафсир, 1380ҳ.қ., ҷ.2,саҳ.42.
- ↑ Ниг.: Деҳкурдии Исфаҳонӣ, Лумаъот дар шарҳи дуои самот, 1385 ҳ.ш.,саҳ.28 - 35.
Сарчашма
- Деҳкурдии Исфаҳонӣ, Сайид Абулқосим ва Маҷиди Ҷалолии Деҳкурдӣ, Лумаъот дар шарҳи дуои самот, Қум, Бустони китоб, 1385 ҳ.ш.
- Зуҳайлӣ, Ваҳба, ат-Тафсир-ул-мунир фи-л-ъақидати ва-ш-шариъати ва-л-манҳаҷ, Бейрут, Дор-ул-фикр-ил-муъосир, 1418 ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Қасир Омилӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, китоби ат-Тафсир, таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, чопхонаи илмия, 1380 ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417 ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372 ҳ.ш.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420 ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407 ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Қум, Мадрасаи Амир-ул-муъминин, 1369 ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1374 ҳ.ш.