Бадоъ (форсӣ: بداء) ошкор шудани амре аз ҷониби Худост, бар хилофи он чи мавриди интизори бандагон буда. Бадоъро аз эътиқодоти махсуси мазҳаб шиа медонанд. Аз назари олимони имомия, бадоъ дар умури таквинӣ ба манзалаи насх дар умури ташреъӣ аст. Бадоъ ҷойгоҳи вижае дар эътиқодоти шиа дорад; ба сурате, ки дар ривоёти шиӣ бовар ба он аз бо арзиштарин боварҳои шиа дониста шудааст.
Бархе аз олимони аҳли суннат, эътиқоди шиаён ба бадоъро муҷиби нисбат додани ҷаҳлу пушаймонӣ ба Худо донистаанд. Аз назари онон бадоъ ба ин маъно аст, ки Худованд ба чизе илм дорад ва сипас барои ӯ хилофи он чизе ки илм дошта, зоҳир шавад. Дар муқобил, олимони имомия, дар эътиқоди худ ин маъно аз бадоъро рад мекунанд ва бо истинод ба ривоёти имомони шиа, нисбат додани он ба Худоро куфр медонанд. Онон мегӯянд нисбати бадоъ ба Худо ба ин маъност, ки ӯ аз рӯйи қудрат ва бо ихтиёри худ, он чи маврид интизор бударо маҳв ва амри ҷадидеро исбот мекунад ва ӯ ба ҳарду ҳодиса огоҳ аст.
Дар ривоёт, барои эътиқод ба бадоъ осоре ҳамчун эҷоди умед ба Худо дар дили муъминон, ҳиммати бандагон ба аъмоле ҳамчун дуову тавассул ва тақвияти бовар ба пазириши тавбаву омурзиши гуноҳон баён шудааст.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
«Бадоъ» истилоҳе аст дар илми калом, ба маънои ошкор шудани амре аз тарафи Худо, бар хилофи он чи дар зоҳир буда. Дар воқеъ, дар бадоъ, Худо амри аввалро маҳв ва дувумиро таҳаққуқ мебахшад ва албата ба ҳарду ҳодиса ҳам илм дорад.[1] Ба баёни Шайхи Муфид, бадоъ ошкор шудани чизе аз Худованд аст, бар хилофи он чи одатан интизорашро доштаем.[2]
Муқоисаи бадоъ бо насх
Мирдомод дар китоби Ниброс-уз-зиёъ гуфтааст бадоъ дар умури таквинӣ ба ҳамонанди насх дар аҳкоми шаръӣ аст.[4] Ба гуфтаи Муҳаммадҳусайни Кошифулғито дар китоби Асл-уш-шиъати ва усулиҳо, ҳамонгуна ки Худо бино ба бархе асрору маслиҳат, ҳукми шаръиеро насх ва ҳукми ҷадиде ба ҷои он вазъ мекунад, дар олами таквин низ гоҳе як ҳақиқати таквиниро ирода ва ошкор мекунад ва чи басо бархе малоикаи муқарраб ё паёмбаре аз паёмбарони Илоҳиро аз вуқуъи он ҳодиса дар оянда огоҳ кунад ва он паёмбар низ ба умматаш вуқуъи он ҳодисаро хабар диҳад; аммо баъд бо тавваҷуҳ ба маслиҳат ва авомиле, ки касе аз он огоҳ нест, он ҳодиса воқеъ намешавад ё ҳодисаи дигаре ошкор мегардад ва ин ҳамон бадоъ аст.[5]
Бинобар ин гуфта мешавад густараи бадоъ дар ривоёт, ҳам шомили умури таквинӣ мешавад, монанди таъхир дар марги касе ба хотири силаи раҳим ё таъҷил дар марги касе ба хотири гуноҳе ки анҷом додааст ва ҳам шомили умури ташреъӣ монанди насхи адёни гузашта ё бархе аҳком монанди тағйири қибла.[6]
Аҳамияти бадоъ назди шиа
Бадоъ ҷойгоҳи вижае дар эътиқодоти шиа дорад.[7] Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, камтар китоб ва таълифи каломӣ ва фалсафӣ назди шиа пайдо мешавад, ки дар бораи ин масаъла баҳс накарда бошад ва аз ҳамин рӯй китобҳо ва рисолаҳои мутааддиде дар ин мавзуъ аз сӯи олимони шиа ба нигориш даромадааст.[8] Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби аз-Зариъа наздик ба 25 китоб ё рисолаи мудавванро ном мебарад, ки дар заминаи баҳс аз бадоъ нигориш ёфтааст.[9]
Дар манобеи ривоии шиа, ривоёти марбут ба бадоъ дар бобҳои мустақиле дастабандӣ шудааст. Барои намуна Кулайнӣ дар китоби ал-Кофӣ, боби мустақиллеро бо унвони «Боб-ул-бадоъ» ба ривоёти он бахшида ва 16 ривоятро дар ин боб гирдоварӣ кардааст.[10] Шайх Садуқ низ дар китоби ат-Тавҳид боби мустақилле ба масаълаи бадоъ пардохта ва 11 ривоят зайли ин боб гирд оварда аст.[11] Аллома Маҷлисӣ дар китоби Биҳор-ул-анвор 70 ривоят дар ин боб зикр карда ва илова бар ривоёте, ки дар бораи бадоъ омада ва ба лафзи он тасреҳ шуда, ривоётеро низ дар боби истиҷобати дуо ва арзиши садақа зайли ҳамин боб гирдоварӣ кардааст, ки барои исботи бадоъ ба онҳо истинод мешавад.[12]
Бадоъ аз масоиле аст, ки бовар ба он дар бархе ривоёт низ боаҳамият дониста шуда ва ба он суфориш шудааст. Дар ривояте ки Зурора аз яке аз ду имом, яъне Имом Боқир (а) ё Имом Содиқ (а) нақл карда чунин омадааст: «مَا عُبِدَاللَّهُ بِشَيْءٍ مِثْلِ الْبَدَاءِ; касе Худоро бо чизе мисли ақида ба бадоъ парастиш накардааст.»[13] Ҳамчунин дар ривояте, ки Ҳишом ибни Солим аз Имом Содиқ (а) нақл карда омадааст: «مَا عُظِّمَ اللَّهُ بِمِثْلِ الْبدَاءِ; касе Худоро ба монанди ақида ба бадоъ, бузург нашумурдааст.»[14]
Эрод ба ақидаи бадоъ
Бархе ҳамчун Абдуллоҳ ибни Аҳмад Каъбии Балхӣ[15] (ваф.319ҳ.қ.) мутакаллим ва муфассири мӯътазилимазҳаб ва Фахри Розӣ[16] дидгоҳи шиа дар бораи бадоъро лозимаи нисбат додани ҷаҳл ба Худо ва тағйир дар илму иродаи ӯ донистаанд. Ин сабаб шуда бархе олимони ваҳҳобӣ ба таъни имомия бипардозанд.[17] Ба бовари инон, бадоъ аз назари имомия ба ин маъност, ки касе назаре дошта бошад ва тибқи он бихоҳад коре анҷом диҳад, баъд назараш тағйир кунад ва ба табаъи он, азму иродааш барои анҷоми он чиз низ тағйир ёбад ва ин ба сабаби ҷаҳл ба маслиҳати умур ё пушаймонӣ аз анҷоми амали собиқ ва сарфи назар кардан аз анҷоми он аст.[18]
Имомия дар посух мегӯянд ин тасаввур аз бадоъро қобили сидқ бар инсон асту нисбат додани он ба Худоро муҷиби куфр мешавад.[19] Дар ривоёте ки аз имомони шиа нақл шуда нисбат додани ин тасаввур аз бадоъ ба Худо рад шудааст.[20] Барои намуна, дар ривоёте, аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст:
- «Касе ки гумон кунад барои Худованд, чизе аз рӯйи пушаймонӣ ошкор шуда, назди мо кофар ба Худои бузург аст.»
- «Ҳеҷ чизе барои Худо ошкор намешавад, магари он ки пеш аз он, илмаш назд Худованд мавҷуд будааст».[21]
- «Барои Худованд, ҳеҷ чизе аз рӯйи ҷаҳл ба он, ошкор намешавад.»[22]
Ихтилофи фирқаҳои исломӣ дар бадоъ лафзӣ аст
Шайх Муфид бар ин бовар аст, ки ихтилофи дигар фирқаҳои исломӣ бо имомия дар масаълаи «бадоъ», ихтилофи лафзӣ аст; чароки ҳеҷ фирқае мункири ин маъно нест, ки Худованд адён ва аҳкомро ташреъ ва сипас насх мекунад ё касеро ки зинда карда мемеронад ё касеро ки сарват бахшида фақир месозад.[23] Ӯ муътақид аст ин умур ҳамон бадоъ ҳастанд, ки дар оёту ривоёт ба онҳо ишора шудааст ва ҳеҷ мусулмоне онҳоро инкор намекунад.[24] Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ низ ин ихтилофро лафзӣ дониста ва муътақид аст, ки агар дар ин масаъла тааммул ва диққат шавад, низоъе боқӣ намемонад ва худ ба худ низоъ аз байн меравад.[25]
Дар манобеи ривоии аҳли суннат низ ривоёте нақл шуда ки дар онҳо, ҳам ба масаълаи бадоъ тасреҳ шуда[26] ва ҳам ривоёте дар бораи силаи раҳим ва истиҷобати дуо нақл шуда ки бар масаълаи бадоъ далолат мекунанд.[27]
Оё бадоъ муҷиби тағйир дар илми Худованд аст?
إِنَّ لِلَّهِ عِلْمَیْنِ: عِلْمٌ مَکْنُونٌ مَخْزُونٌ لَا یَعْلَمُهُ إِلَّا هُوَ، مِنْ ذَلِکَ یَکُونُ الْبَدَاءُ و عِلْمٌ عَلَّمَهُ مَلَائِکَتَهُ وَ رُسُلَهُ وَ أَنْبِیَاءَهُ فَنَحْنُ نَعْلَمُهُ
Барои Худованд ду илм ҳаст: яке илми махзун, ки касе ғайр аз Ӯ ба он огоҳ нест ва бадоъ марбут ба ин илм аст ва дигарӣ илме, ки онро ба малоика ва паёмбаронаш таълим додааст ва мо низ онро медонем.
Аз назари имомия нисбат додани бадоъ ба Худо муҷиби тағйир дар илму иродаи Худованд нест.[29] Бархе олимони имомия ҳамчун Аллома Маҷлисӣ ва Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ бо истинод ба ояти 39 сураи Раъд[Ёддошт 1] ва ҳамчунин ривоёте, ки зайли ин оят аз имомони маъсум (а) нақл шудааст,[30] бар ин боваранд, ки Худованд ду лавҳ офарида ва ҳамаи он чи дар олами ҳастӣ иттифоқ меуфтадро дар онҳо сабт кардааст: яке лавҳ маҳфуз аст, ки ҳеҷ тағйиру табдиле дар он роҳ надорад; дигар лавҳи маҳву исбот аст, ки Худованд чизеро дар он сабт ва сипас бино ба масолеҳе онро маҳв ва амри дигареро сабт мекунад ва ба ҳамаи онҳо огоҳ аст. Барои мисол мумкин аст Худованд бино ба ҳикмате, ки худаш ба он олим аст, барои шахсе панҷоҳ сол умр сабт кунад ва вақте он шахс силаи раҳим кунад ё садақа бидиҳад, умри панҷоҳсолаи ӯро маҳв кунад ва ба ҷои он умри бештаре барои ӯ сабт кунад ё баръакс. Имомия тағйири воқеъшуда дар ин лавҳ, ки дар он Худо ҳам ба амри собиқ ва ҳам ба он чи ошкор шуда илм дорадро бадоъ гӯянд.[31]
Ҷаводии Омулӣ - муфассири Қуръон ва файласуф шиа, мегӯяд бадоъ дар илми зотии Худо рух намедиҳад; балки дар маҳдудаи илми феълии Худо воқеъ мешавад.[32] Ба гуфтаи ӯ илми зотӣ азалӣ, абадӣ ва тағирнопазир аст ва илми феълӣ айни феъл, ҳодис ва тағйирпазир.[33]
Бадо зарурати нисбати ҷаҳл ба Худо нест
Муллосолеҳи Мозандаронӣ - олими имомия, гуфта илми Худованд азалӣ аст ва аз ибтидо медониста, ки чизеро дар замони муайян ба сабаби тамом шудани маслиҳати он маҳв хоҳад сохт ё вақте маслиҳати он дубора баргардад, онро дар замони худаш эҷод хоҳад кард ва касе ки бар хилофи ин матлаб бовар дошта бошад ва масалан бигӯяд Худованд имрӯз чизеро медонад ки қабл аз он намедониста, ӯ ба Худованд кофар шудааст.[34]
Ба гуфтаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Худованд илми шуҳудӣ ба ашёъ аз азал то абад дорад ва аз сайри таҳаввули ҳамаҷонибаи ҳаводис огоҳӣ дорад ва медонад дар ҳар мақтаъ, чӣ падедае ҳодис мешавад ва чӣ падедае маҳв мешавад. Бинобар ин назд ӯ бадое матраҳ нест; балки ибдоъ аст; яъне он чиро барои инсонҳо ошкор нест ошкор ва ибдоъ мекунад.[35]
Намунаҳои таърихии вуқуи бадоъ
Бархе намунаҳои бадоъ, ки бар асоси гузориши бархе оёти Қуръон ва ривоёт, дар таърих воқеъ шуда ба шарҳ зер аст:
Бино ба ояти 98 сураи Юнус, нофармонии қавми Юнус сабаб шуд, ки муҷозоти Илоҳӣ ба суроғи онон биёяд ва ҳазрати Юнус низ ки ононро қобили ҳидоят намедонисту сазовори азоб медид таркашон кард; аммо яке аз донишмандони қавм ки осори азобро мушоҳида кард, ононро ҷамъ намуд ва ба тавба даъват кард. Онон низ тавба карданд ва муҷозоте, ки нишонаҳои он ошкор шуда буд бартараф шуд.[36]
Бар асоси оёти 102 то 107 сураи Соффот, вақте ҳазрати Иброҳим маъмур шуд фарзандаш Исмоилро забҳ кунад, барои анҷоми ин маъмурият, Исмоилро ба қурбонгоҳ бурд; аммо ҳангоме, ки омодагии худро нишон дод, бадоъ рӯй дод ва ошкор шуд, ки ин амре имтиҳонӣ буда то мизони итоату таслими вай ва фарзандаш Исмоил озмуда шавад.[37]
Бино ба ояти 142 сураи Аъроф, ҳазрати Мӯсо ибтидо маъмур шуд ки ба муддати 30 рӯз қавми худашро тарк кунад ва ба ваъдагоҳи Илоҳӣ барои дарёфти алвоҳ биравад; вале баъд, 10 рӯзи дигар илова шуд ва барои озмоиши Банӣ Исроил, бештар аз 30 рӯз дар миқот монад.[38]
Аз ҳаводисе ки дар таърихи имомия, бо мавзуи бадоъ пеш омада, яке марги Исмоил фарзанди бузургтари Имом Содиқ (а)[39] ва дигарӣ марги Муҳаммад фарзанди бузургтари Имом Ҳодӣ (а)[40] аст, ки ба гумони гурӯҳе аз шиаён, Исмоил имоми баъд аз Имом Содиқ ва Муҳаммад имоми баъд аз Имом Ҳодӣ буд; аммо ба воситаи маргашон дар замони ҳаёти падаронашон, бадоъ ҳосил шуд ва мушаххас гардид ки имоми баъдӣ фарзандони дигари он ду имом ҳастанд.[41]
Таъсири эътиқод ба бадоъ
Барои эътиқод ба бадоъ таъсироте зикр шуда ки бархе аз онҳо ба баёни зер аст:
- Эътиқод ба бадоъ мӯҷиби иқрор ба қудрати мутлақи Худо ва тақвияти эътиқод ба он мешавад; ба ин баён ки ҳатто агар машияти Илоҳӣ ба ҳодисаи хос дар замони муайяне таъаллуқ гирифта бошад, дар айни ҳол Худо метавонад онро тағйир диҳад, ба тавре, ки он ҳодисаи хос дар он замони муайян иттифоқ науфтад ё ҳодисаи дигарӣ иттифоқ биафтад.[42]
- Эътиқод ба бадоъ умедро дар дили муъминон мекорад ва сабаб мешавад бандагон барои истиҷобати дуо ва хостаҳояшон танҳо ба Худованд умед дошта бошанд ва аз ғайри ӯ қатъи умед кунанд.[43]
- Инкори бадоъ боиси эътиқод ба тақдиргароӣ ва бовар ба ин аст, ки он чи ба қалами тақдир омада бидуни истисно иттифоқ меуфтад ва лизо ин тасаввури иштибоҳ эҷод мешавад, ки вақте он чи муқаддар шуда ба таври ҳатмӣ иттифоқ меуфтад, пас дуо, тавассул, тазарруъ ва истиғфори бандагон аз Худованд суде надорад;[44] дар ҳоле ки ҳеҷ мусулмоне ба бефоида будани ин умур қоил нашудааст.[45]
- Эътиқод ба бадоъ мӯҷиби тақвияти ақида ба қабули тавба ва шафоат аз сӯи Худо ва пӯшондани гуноҳони сағира ба воситаи дурӣ аз гуноҳони кабира мешавад.[46]
Дидгоҳи мутафовити бархе олимони шиа дар бораи бадоъ
Хоҷа Насири Тӯсӣ дар посух ба Фахри Розӣ, ки омӯзаи бадоъро аз ибтикороти шиа дониста,[47] гуфтааст ки бадоъ аз эътиқодоти шиа нест ва дар бораи он танҳо як ривоят вуҷуд дорад, ки хабари воҳид аст ва ин гуна ахбор назди шиа ҳуҷҷият ва эътибор надоранд.[48] Муллосадро дар шарҳаш бар китоби Усули кофӣ ва Аллома Маҷлисӣ дар Миръот-ул-уқул ин дидгоҳи Хоҷа Насирро ношӣ аз камиттилоъии вай аз ривоёт донистаанд.[49]
Бо вуҷуди ин, Сайид Муҳаммадсодиқи Рӯҳонӣ муътақид аст ин дидгоҳи Хоҷа Насир нозир ба тафсири Фахри Розӣ аз бадоъ аст, ки онро муҷиби нисбат нодани ҷаҳлу пушаймонӣ ба Худо дониста ва Хоҷа Насир нисбати ин маъно аз бадоъ ба шиаро инкор кардааст.[50] Албата Фозили Миқдод, фақиҳ ва мутакаллими шиӣ (ваф.826ҳ.қ.), низ маншаи бадоъро ахбори воҳиде медонад, ки ба фарзи сиҳҳат, бар насх ҳамл мешаванд.[51] Ӯ эътиқод ба бадоъро ба зайдия нисбат додааст.[52]
Китобшиносӣ
Дар мақолаи «Омӯзаи бадоъ ва китобшносии он», беш аз 60 асар дар мавзуи «бадоъ» аз сӯи олимону муҳаққиқон муаррифӣ шудааст.[53] Бархе аз ин осор иборатанд аз:
- Рисолаи «Иҷобат-уд-дуои фи масъалат-ил-бадоъ», навиштаи Сайид Муҳаммадкозими Ассор: ин рисола ки шомили мабоҳисе фалсафӣ дар заминаи истиҷобати дуо ва мавзуи марбут бо он, яъне бадоъ аст, ба ҳамроҳи ду рисолаи дигар дар маҷмӯъае бо унвони «Салосу расоили фи-л-ҳикмат-ил-илоҳия», тадвин ва чоп шудааст.[54]
- Китоби «ал-Бадоъу инд-аш-шиъа», навиштаи Сайид Алӣ Аллома Фонии Исфаҳонӣ (1333 - 1409ҳ.қ.), фақиҳи шиа ва аз шогирдони Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ: ин китоб бо унвони «Бадоъ аз назари шиа» ба форсӣ тарҷума шудааст.
- Китоби «Рисолатони фи-л-бадоъ»: ин китоб шомили ду рисолаи мухтасар дар бораи масаълаи бадоъ аз ду фақиҳ ва қуръонпажӯҳи шиа, Муҳаммадҷаводи Балоғӣ ва Сайид Абулқосим Хуӣ аст.
- Китоби «ал-Бадоъу инд-аш-шиъат-ил-имомия», таълифи Сайид Муҳаммади Калонтар: ин китоб дар соли 1975м, дар Наҷаф чоп ва мунташир шуд.
- Китоби «ал-Бадоъу ала завъ-ил-китоби ва-с-сунна», таълифи Ҷаъфари Субҳонӣ.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.381
- ↑ Шайх Муфид, Тасҳеҳ-ул-эътқод, 1413ҳ.қ., саҳ.65 - 67
- ↑ Рӯҳонӣ, ал-Ҷабру ва-л-ихтиёр, 1426ҳ.қ., саҳ.169
- ↑ Мирдомод, Ниброс-уз-зиёъ, 1374ҳ.ш., саҳ.55 - 56
- ↑ Кошифулғито, Асл-уш-шиъати ва усулиҳо, 1413ҳ.қ., саҳ.152
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайх Садуқ, ат-Тавҳид, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, саҳ.335 - 336; Шайх Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.41
- ↑ Субҳонӣ, ал-Бадоъу ала завъ-ил-китоби ва-с-сунна, 1392ҳ.ш., саҳ.9
- ↑ Субҳонӣ, ал-Бадоъу ала завъ-ил-китоби ва-с-сунна, 1392ҳ.ш., саҳ.9
- ↑ Оқобзрги Теҳронӣ, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиъа, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.53 - 57
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.146 - 149
- ↑ Шайх Садуқ, ат-Тавҳид, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, саҳ.331 - 336
- ↑ Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.94 - 122; Зодҳуш, «Омӯзаи бадоъ ва китобшносии он», саҳ.68
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.146
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.146
- ↑ Каъбии Балхӣ, Тафсиру Абилқосим ал-Каъбӣ ал-Балхӣ, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.40
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.52
- ↑ Барои намуна ниг.: Илоҳӣ Заҳир, аш-Шиъату ва-с-сунна, 1396ҳ.қ., саҳ.63
- ↑ Кошифулғито, Асл-уш-шиъати ва усулиҳо, 1413ҳ.қ., саҳ.151; Музаффар, Ақоид-ул-имомия, 1429ҳ.қ., саҳ.48
- ↑ Музаффар, Ақоид-ул-имомия, 1429ҳ.қ., саҳ.48
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.148
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.148
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.148
- ↑ Шайх Муфид, Авоил-ул-мақолоти фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот, 1413ҳ.қ., саҳ.80
- ↑ Шайх Муфид, Авоил-ул-мақолоти фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот, 1413ҳ.қ., саҳ.80
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.381 - 382
- ↑ Барои намуна ниг.: Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.171; Аҳмад, Муснади Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.423
- ↑ Барои намуна ниг.: Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.5 ва 73
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.381
- ↑ Барои намуна ниг.: Баҳронӣ, ал-Бурҳону фи тафсир-ил-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.270
- ↑ Алломаи Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.132; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.381
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1389ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.110
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.358 - 361
- ↑ Мозандаронӣ, Шарҳу Усул-ил-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.246
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1389ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.109 - 110
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.166; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.247
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.248; Субҳонӣ, ал-Бадоъу ала завъ-ил-китоби ва-с-сунна, 1392ҳ.ш., саҳ.134
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.248; Субҳонӣ, ал-Бадоъу ала завъ-ил-китоби ва-с-сунна, 1392ҳ.ш., саҳ.134
- ↑ Садуқ, ат-Тавҳид, саҳ.336.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.50, саҳ.240
- ↑ Фонии Исфаҳонӣ, Бадоъ аз назари шиа, 1394ҳ.ш., саҳ.140 - 141
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.127 ва 131 - 132
- ↑ Субҳонӣ, ал-Бадоъу ала завъ-ил-китоби ва-с-сунна, 1392ҳ.ш., саҳ.59
- ↑ Субҳонӣ, ал-Бадоъу ала завъ-ил-китоби ва-с-сунна, 1392ҳ.ш., саҳ.59
- ↑ Субҳонӣ, ал-Бадоъу ала завъ-ил-китоби ва-с-сунна, 1392ҳ.ш., саҳ.60
- ↑ Субҳонӣ, ал-Бадоъу ала завъ-ил-китоби ва-с-сунна, 1392ҳ.ш., саҳ.59
- ↑ Фахри Розӣ, ал-Муҳассал, 1411ҳ.қ., саҳ.602
- ↑ Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, Талхис-ул-муҳассал, 1405ҳ.қ., саҳ.421
- ↑ Муллосадро, Шарҳу Усул-ил-Кофӣ, ҷ.3, саҳ.179; Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.123 - 124
- ↑ Рӯҳонӣ, ал-Ҷабру ва-л-ихтиёр, 1426ҳ.қ., саҳ.169
- ↑ Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.377
- ↑ Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.377
- ↑ Зодҳуш, «Омӯзаи бадоъ ва китобшносии он», саҳ.76 - 78
- ↑ Ассор, Салосу расоили фи-л-ҳикмат-ил-илоҳия, саҳ.48 - 49
Ёддошт
- ↑ «یَمْحُو اللَّهُ مَا یَشَاءُ وَیُثْبِتُ وَعِنْدَهُ أُمُّ الْکِتَابِ; Худо ҳарчиро хоҳад (аз аҳком ё ҳаводиси олам) маҳв ва ҳарчиро хоҳад исбот мекунад ва асли китоб(-и офариниш) назди ӯст.» (Илоҳии Қумшаӣ, тарҷумаи Қуръон ба форсӣ, саҳ.254)
Сарчашма
- Ассор, Сайид Муҳаммадкозим, Салосу расоили фи-л-ҳикмат-ил-илоҳия, бе ҷо, бе но, бе то.
- Ашъарӣ, Абулҳасан, Мақолот-ул-исломийин, Бейрут, 1405ҳ.қ.
- Аҳмад ибни Ҳанбал, Абуабдулло, Муснади Аҳмад, бе ҷо, Муассисат-ур-рисола, 1421ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, ал-Бурҳону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Муассисат-ул-биъса, 1415ҳ.қ.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, тасҳеҳи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир ан-Носир, бе ҷо, Дору тавқ-ин-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Зодҳуш, Муҳаммадризо, «Омӯзаи бадоъ ва китобшносии он», Китоби моҳ ва дин, №68 ва 69, хурдод ва тири 1382ҳ.ш.
- Ибни Асир, Абуссаодот, ан-Ниҳояту фи ғариб-ил-ҳадиси ва-л-асар, Бейрут, ал-Мактабат-ул-илмия, 1399ҳ.қ.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дору содир, 1414ҳ.қ.
- Ибни Форис, Абулҳусайн, Муъҷаму мақоис-ул-луға, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1399ҳ.қ.
- Илоҳии Заҳир, Эҳсон, аш-Шиъату ва-с-сунна, Лоҳур, Идорату тарҷумон-ус-сунна, 1396ҳ.қ.
- Каъбии Балхӣ, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, Тафсиру Абилқосим ал-Каъбӣ ал-Балхӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1428ҳ.қ.
- Кошифулғито, Муҳаммадҳусайн, Асл-уш-шиъати ва усулиҳо, Бейрут, ал-Мактабат-ул-илмия, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқули фи шарҳи ахбори оли-р-Расул (с), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
- Мирдомод, Муҳаммадбоқир, Ниброс-уз-зиёъ, Қум, интишороти ҳиҷрат, 1374ҳ.ш.
- Мозандаронӣ, Муллосолеҳ, Шарҳу Усул-ил-Кофӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1429ҳ.қ.
- Музаффар, Муҳаммадризо, Ақоид-ул-имомия, Қум, Ансориён, 1429ҳ.қ.
- Муттақии Ҳиндӣ, Алоуддин Алӣ ибни Ҳисомуддин, Канз-ул-аъмол, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1401ҳ.қ.
- Оқобзрги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиъа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
- Розӣ, Фахруддин Муҳаммад, Муҳассалу афкор-ил-мутақаддимина ва-л-мутааххирин, Қоҳира, 1411ҳ.қ.
- Розӣ, Фахруддин Муҳаммад, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадоту фи ғариб-ил-Қуръон, Димишқ, Дор-ул-қалам, 1412ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, тасҳеҳи Сайид Ҳошими Ҳусайнӣ, Қум, бе то.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Бадоъу ала завъ-ил-китоби ва-с-сунна, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1392ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, нашри Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Хоҷа Насируддин, Талхис-ул-муҳассал, тасҳеҳи Абдуллоҳи Нуронӣ, Теҳрон, 1359ҳ.ш.
- Фазлӣ, Абдулҳодӣ, Хулосату илм-ил-калом, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1414ҳ.қ.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавомеъ-ул-илоҳияти фи-л-мабоҳс-ил-каломия, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1422ҳ.қ.
- Фонии Исфаҳонӣ, Сайид Алӣ, Бадоъ аз назари шиа, тарҷумаи Сайид Муҳаммадбоқир Банӣ Саид Лангирӯдӣ, интишороти Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1394ҳ.ш.
- Фонии Исфаҳонӣ, Сайид Алӣ, Бадоъ аз назари шиа, тарҷумаи Сайид Муҳаммадбоқир банӣ Саиди Лангирӯдӣ, Қум, интишороти Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1394ҳ.ш.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолоти фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот, Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тасҳеҳ-ул-эътқод, Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, конгресси Шайх Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бе то.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири тасним, Қум, Маркази нашри Исро, 1388ҳ.ш.