Ҳусн ва қубҳ

Аз wikishia

Ҳусну қубҳ, як масъалаи каломие аст дар бораи инки хубӣ ё бадии амалу корҳо, зотӣ аст ё ҳарчӣ Худо ба он амр кардааст, некӣ аст ва аз ҳарчизе ки Худо манъ кардааст, бад аст!?.

Олимони мусулмон ба масъалаи ҳусну қубҳ, тавваҷуҳи бисёр карда ва баҳсҳои пурдоманае зайли он матраҳ кардаанд.

Дар заминаи ҳусну қубҳ, байни андешмандони мусулмон ихтилофи назар ҳаст: шиаён ва муътазила ба ҳусну қубҳи ақлӣ бовар доранд; яъне арзиши афъолро зотӣ дониста мегӯянд, ақл тавони дарки ҳусн ва қубҳи бархе афъолро дорад. Дар муқобил, ашоира бар онанд, ки ҳусну қубҳ, шаръӣ аст; яъне афъол ба худии худ, на хубанд, на бад; балки ончи Худо ба он дастур диҳад, ҳусн (некӯ) ва ончӣ аз он манъ дорад, қабеҳ аст.

Баҳс аз ҳусну қубҳ, ба илми усули фиқҳ низ роҳ ёфтааст, то дар сурати исботи ҳусну қубҳи ақл, ақл ҳам аз манобеи чаҳоргонаи шинохти аҳкоми шаръӣ бошад; чунонки усулиёни шиа ба он эътиқод доранд.

Ҷойгоҳи ҳусн ва қубҳ

Масъалаи ҳусну қубҳро аз мабоҳиси муҳими илми калом ва мабнои бисёре аз масоили он медонанд.[1] Олимони мусулмон ба он аҳамият бисёр дода ва дар хусуси он, бисёр баҳс кардаанд.[2] Дар навиштаҳои каломӣ, ин масъала дар баҳс аз афъоли Худованд ва барои исботи адли Илоҳӣ баррасӣ мешавад.[3]

Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, ҳусну қубҳ дар илмҳои дигаре чун ахлоқ ва усули фиқҳ ҳам корбурди муҳим дорад:[4]

Дар илми ахлоқ, пазириши ҳусн ва қубҳи ақлӣ ба маънои исботи мутлақ будани арзишҳои ахлоқӣ ва напазируфтани он ба маънои қабули нисбӣ будани онҳост.[5]

Дар усули фиқҳ ҳам дар боби «мулозимоти ақлия» аз он баҳс мешавад ва танҳо дар сурати исботи ҳусну қубҳи ақлӣ, ақл аз манобеи шинохти аҳкоми шаръӣ мешавад.[6]

Дар китобҳои каломӣ[7] ва усулии шиа ва аҳли суннат,[8] ба тафсил, аз ҳусну қубҳ баҳс шудааст.

Пурсиши аслӣ дар ҳусну қубҳ

Масъалаи ҳусну қубҳ аз ин баҳс мекунад, ки милоки «ҳусн» (некуӣ) ва «қубҳ» (зиштӣ ва бадии) афъол чист. Оё ҳусн (некӯ) ва қубҳи (бадӣ) воқеӣ вуҷуд дорад, ё ин ду эътиборианд ва ҳарчӣ Худо ба он амр кунад, некӯ ва ҳарчӣ аз он наҳй кунад, бад аст?[9]

Ҳолати нахустро ҳусну қубҳи ақлӣ ё зотӣ мегӯянд ва ҳолати дувумро ҳусну қубҳи шаръӣ.[10]

Ихтилофи назар дар бораи ҳусну қубҳ

Уламои мусулмон дар бораи инки ҳусну қубҳ ақлӣ аст, ё шаръӣ, ихтилофи назар доранд. Аз ин миён, шиаён[11] ва муътазила[12] ба ҳусну қубҳи ақлӣ эътиқод доранд ва ашоира[13] ҳусну қубҳро шаръӣ медонанд.

Мутакаллимони шиа ва муътазила мегӯянд, аъмол бо қатъи назар аз инки Худо ба ҳусн ё қубҳашон ҳукм кунад, аз назари ақлӣ, ба ҳасан ва қабеҳ тақсим мешаванд; яъне ақл ба некуӣ ва зиштии бархе корҳо ҳукм мекунад.[14]

Аммо ашоира муътақиданд, ҳусну қубҳ фақат аз шаръ фаҳмида мешавад.[15] Агар шореъ ба чизе амр кунад, ҳасан аст ва агар аз чизе наҳй кунад, қабеҳ аст. Бидуни тавваҷуҳ ба шаръ, ҳеҷ чизе на ҳасан аст, на қабеҳ![16]

Хостгоҳи масъала

Мегӯянд, баҳс дар бораи ҳусну қубҳи афъол, пеш аз Ислом, дар адёни дигар[17] ва низ андешаи бархе файласуфони Юнон[18] матраҳ будааст, аммо мусулмонон ба он аҳамияти хосс доштаанд.[19] Ҳусну қубҳ аз қарни дувуми қамарӣ, ба дасти муътазила, ба шакли масъала даромад.[20] Баъд аз он, ашоира, ки мухолифи ҳусну қубҳи ақлӣ буданд, вориди низоъ шуда, ҳусн ва қубҳи шаръиро матраҳ карданд.[21]

Далелҳои тарафдорони ҳусн ва қубҳи ақлӣ

Бархе аз далелҳои олимони шиа барои исботи ҳусн ва қубҳи ақлӣ, ба шарҳи зер аст:

  • Ҳусн ва қубҳи ақлӣ, як амри бадеҳӣ аст ва ақл бе инки ба шариат руҷуъ кунад ҳам ба хубии эҳсон ва бадии зулм ҳукм мекунад; зеро мо ба таври қатъӣ мефаҳмем, ки эҳсон кардан ба дигарон хуб аст ва анҷомдиҳандаи онро меситоем. Ҳамчунин бадӣ карданро зишт дониста анҷомдиҳандаи онро мазаммат мекунем.[22]
  • Агар ҳусн ва қубҳи чизҳоро бо ақл дарк накунем, бо шаръ ҳам наметавонем бифаҳмем; зеро ақли мо наметавонад дарк кунад дуруғгӯӣ қабеҳ аст. Бинобар ин, мумкин медонем, ки Худо дуруғ бигӯяд. Дар натиҷа агар Худо бигӯяд, чизе хуб ё бад аст, яқин пайдо намекунем, ки он чиз чунон аст.[23]
  • Агар ҳусну қубҳи ақлӣ набошад, наметавон ҳаққонияти дини Илоҳиро исбот кард; зеро дар ин сурат, анҷоми ҳеҷ коре аз Худо қабеҳ нест. Бинобар ин, қабеҳ нест, ки муъҷизаро дар ихтиёри касоне бигузорад, ки пайғамбар нестанд. Дар натиҷа аз тариқи муъҷиза, набуввати ҳеҷ пайғамбаре мумкин нест ва бинобар ин, ҳеҷ дини Илоҳиеро наметавон исбот кард.[24]

Далелҳои тарафдорони ҳусн ва қубҳи шаръӣ

Бархе аз истидлолҳои ашоира барои исботи ҳусн ва қубҳи шаръӣ иборат аст аз:

  • Агар дуруғгӯӣ, ба худии худ (бе дар назар гирифтани шаръ) қабеҳ бошад, аз он лозим меояд, ки ҳар дуруғе қабеҳ бошад; дар ҳоле ки бадеҳӣ аст, ки ингуна нест. Барои мисол, медонем дуруғе, ки сабаби наҷоти ҷони пайғамбаре шавад, қабеҳ нест.[25]
  • Фарз кунед касе ба дигаре бигӯяд, ки фардо ӯро хоҳад кушт. Дар ин сурат, агар бикушад, амали қабеҳ анҷом додааст ва агар накушад, дуруғ гуфтааст, ки он ҳам тибқи мабнои қоилон ба ҳусн ва қубҳи ақлӣ, дар ҳамаи ҳол қабеҳ аст. Аз онҷо ки ҳама мепазирем, ки раво нест ӯро бикушад, натиҷа ин мешавад, ки ингуна нест, ки дуруғгӯӣ мутлақан қабеҳ бошад.[26]
  • Қоилон ба ҳусн ва қубҳи ақлӣ, бар Худо воҷиб медонанд, ки феъли қабеҳ анҷом надиҳад. Барои мисол, мегӯянд, вақте инсон шукри Худоро ба ҷо оварад, додани савоб ба ӯ, бар Худо воҷиб аст; дар ҳоле ки бадеҳӣ аст, ки наметавонем чизеро барои Худо воҷиб бидонем; зеро ҳар воҷибе, воҷибкунандае дорад ва ҳеҷ мавҷуде болотар аз Худо нест, ки битавонад чизеро барои Худо воҷиб кунад.[27]

Китобшиносӣ

Олимони шиаю суннӣ аз масъалаи ҳусну қубҳ, дар миёни осори каломӣ[28] ва усулиашон[29] гуфтугӯ кардаанд, аммо осори мустақиле низ дар ин бора таълиф шудааст, ки бархе ба шарҳи зер аст:

  • Ҳусн ва қубҳи ақлӣ ё пояҳои ахлоқи ҷовидон, навиштаи Ҷаъфари Субҳонӣ
  • Ҳусн ва қубҳи зотӣ ва ақлӣ аз манзари донишмандони исломӣ, асари Ҳодии Ваҳдонифар
  • Қоидаи каломии ҳусну қубҳи ақлӣ, таълифи Ризо Биринҷкор ва Маҳдӣ Нусратиён
  • Ҳусн ва қубҳи зотӣ ва ақлӣ аз манзари ривоёти исломӣ, нигоштаи Ҳодии Ваҳдонифар ва Закиябегим Ҳусайнӣ.

Ҷусторҳои вобаста

Адли Илоҳӣ

Ашоира

Муътазила (усули мазҳаб)

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, Ҳусн ва қубҳи ақлӣ ё пояҳои ахлоқи ҷовидон, 1381ҳ.ш., саҳ.7 - 8.
  2. Ҳошимӣ, “Ҳусн ва қубҳ”, саҳ.364.
  3. Барои намуна, ниг.: Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, саҳ.279 - 280.
  4. Субҳонӣ, Ҳусн ва қубҳи ақлӣ ё пояҳои ахлоқи ҷовидон, 1381ҳ.ш., саҳ.7 - 8.
  5. Субҳонӣ, Ҳусн ва қубҳи ақлӣ ё пояҳои ахлоқи ҷовидон, 1381ҳ.ш., саҳ.7 - 8.
  6. Субҳонӣ, Ҳусн ва қубҳи ақлӣ ё пояҳои ахлоқи ҷовидон, 1381ҳ.ш., саҳ.7 - 8.
  7. Барои намуна, ниг.: Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, 1982м., саҳ.82 - 85; Фахриддини Розӣ, ал-Арбаъин, 1986м., ҷ.1, саҳ.348.
  8. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.271; Фахриддини Розӣ, ал-Маҳсул, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123 - 140.
  9. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.271; Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, саҳ.279 - 280.
  10. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.271; Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, саҳ.279 - 280.
  11. Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, 1982м., саҳ.82.
  12. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.58.
  13. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.115.
  14. Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, саҳ.280 - 281.
  15. Фахриддини Розӣ, ал-Арбаъин, 1986м., ҷ.1, саҳ.348.
  16. Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, саҳ.281.
  17. Покатчӣ, “Ҳусн ва қубҳ”, саҳ.644 - 645.
  18. http://www.bou.ac.ir/Portal/home/?news/4476/86678/108715/حسن-و-قبح-از-ديدگاه-آخوند-خراساني-1
  19. Ҳошимӣ, “Ҳусн ва қубҳ”, саҳ.364.
  20. Покатчӣ, “Ҳусн ва қубҳ”, саҳ.646.
  21. Раббонии Гулпойгонӣ, “Таърих ва татаввури қоидаи ҳусн ва қубҳи ақлӣ дар каломи исломӣ”, саҳ.22 - 23.
  22. Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, саҳ.281.
  23. Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, саҳ.281.
  24. Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, 1982м., саҳ.84.
  25. Фахриддини Розӣ, ал-Арбаъин, 1986м., ҷ.1, саҳ.348.
  26. Фахриддини Розӣ, ал-Арбаъин, 1986м., ҷ.1, саҳ.349.
  27. Исфароинӣ, ат-Табсир, 1403ҳ.қ., саҳ.171.
  28. Барои намуна, ниг.: Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, 1982м., саҳ.82 - 85; Фахриддини Розӣ, ал-Арбаъин, 1986м., ҷ.1, саҳ.348.
  29. Барои намуна, ниг.: Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.271; Фахриддини Розӣ, ал-Маҳсул, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123 - 140.

Сарчашма

  • Исфароинӣ, Тоҳир ибни Муҳаммад, ат-Табсир фи-д-дин ва тамйиз-ул-фирқат-ин-ноҷия ан-ил-фирақ-ил-ҳоликин, таҳқиқи Камол Юсуф ал-Ҳут, Лубнон, Оламул-кутуб, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, интишороти Исломӣ, Қум, чопи панҷум, 1430ҳ.қ.
  • Покатчӣ, Аҳмад, “Ҳусн ва қубҳ”, дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.20, Теҳрон, Маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи дувум, 1391ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, “Таърих ва татаввури қоидаи ҳусн ва қубҳи ақлӣ дар каломи исломӣ”, дар фаслномаи Каломи исломӣ, № 1, 1371ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Ҳусн ва қубҳи ақлӣ ё пояҳои ахлоқи ҷовидон, нигориши Алӣ Раббонии Гулпойгонӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, чопи аввал, 1381ҳ.ш.
  • Фахриддини Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Арбаъин фи усул-ид-дин, Қоҳира, Мактабатул-куллиётил-азҳарийя, чопи аввал, 1986.
  • Фахриддини Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Маҳсул, таҳқиқи Тоҳо Ҷобир Файёз ал-Алвонӣ, муассисатур-Рисолат, чопи сеюм, 1418ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, бе то.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, Дорул-китобил-лубнонӣ, 1982м.
  • Ҳошимӣ, Муҳаммадмансур, “Ҳусн ва қубҳ”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.13, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1388ш.
  • Ҳусн ва қубҳ аз дидгоҳи Охунди Хуросонӣ, http://www.bou.ac.ir/Portal/home/?news/4476/86678/108715/حسن-و-قبح-از-ديدگاه-آخوند-خراساني-1
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқи Амиралӣ Маҳно ва Алӣ Ҳасан Фоъур, Бейрут, Дорул-маърифат, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.