Тавҳиди афъолӣ
Тавҳиди афъолӣ (арабӣ: التَّوحيد الأفعالي) бовар ба ин ки ҳар чизе дар ҷаҳон иттифоқ меафтад, ҳатто афъоли дигар мавҷудот, феъли Худост. Бар тибқи ин бовар ҳар амале, ки аз ҳар мавҷуде сар мезанад, бо нерӯву иродаи Худо анҷом мешавад. Уламои мусулмон бар тавҳиди афъолӣ далоили ақлӣ ва қуръонӣ матраҳ кардаанд. Аз ҷумлаи онҳо оёте аст ки дар онҳо Худованд офаринандаи ҳамаи чиз муаррифӣ шудааст.
Ашоира бо истинод ба тавҳиди афъолӣ, инсонро мавҷудӣ мухтор намедонанд. Мӯътазила тавҳиди афъолиро мепазиранд; аммо афъоли ихтиёрии инсонро феъли Худо намедонанд ва фақат ба худи инсон нисбат медиҳанд. Шиаёни имомия ҳардуи дидгоҳро нодуруст медонанд ва бар ин боваранд, ки тавҳиди афъолӣ бо ихтиёри инсон созгор аст. Онҳо афъоли ихтиёрии инсонро дар тӯли феъли Худованд медонанд ва онҳоро ҳам ба Худо ва ҳам ба инсон нисбат медиҳанд.
Тавҳид дар холиқият ва тавҳид дар рубубият аз ақсоми тавҳиди афъолӣ ва таваккул бар Худо ва тавҳид дар ибодат аз осори тавҳиди афъолӣ ба шумор мераванд.
Маънои тавҳиди афъолӣ
Уламои мусулмон тавҳидро ба тавҳиди зотӣ, тавҳиди сифотӣ, тавҳиди ибодӣ ва тавҳиди афъолӣ тақсим кардаанд.[1] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, тавҳиди афъолӣ ба маънои бовар ба ин масаъла аст, ки ҳамаи низомҳои иллию маълулии мавҷуд дар ҷаҳон ва ҳар чизе ки дар ҷаҳон иттифоқ меафтад, феъл Худост. Ҳамчунин ҳеҷ мавҷуде ба сурати мустақил наметавонад феъле анҷом диҳад ва ҳамаи мавҷудот дар анҷоми корҳои худ ба феъли Худо ва иродаи Ӯ вобастаанд.[2]
Бар асоси тавҳиди афъолӣ ҳамон тавр ки Худованд дар зоташ шарике надорад, дар фоилият ҳам шарик надорад; яъне ҳар коре ки ҳар махлуқе анҷом медиҳад феъли Худост.[3] Тавҳиди афъолӣ монанди тавҳиди зотӣ ва сифотӣ аз маротиби назарии тавҳид аст; яъне ба ҳавзаи боварҳои инсон таъаллуқ дорад; бар хилофи тавҳиди ибодӣ ки ба ҳавзаи аъмол марбут мешавад.[4]
Гуфта шуда дар манобеи каломии қадимӣ ва бархе манобеи мутааххир, унвонҳое ҳамчун тавҳиди афъолӣ ё тавҳид дар холиқият ва рубубият мушоҳида намешавад ва ин масаъла таҳти унвонҳое монанди халқи аъмол, сонеъи олам, қодири мурид ва ғайра матраҳ шудааст; аммо дар бархе аз осори муосир, тавҳиди афъолӣ дар канори тавҳиди зотӣ ва сифотӣ баҳсу баррасӣ шудааст. Дар бархе аз осор низ тавҳиди афъолӣ, дар зимни тавҳид дар холиқият, рубубият, ҳокимият ва ташреъ ва монанди он матраҳ шудааст.[5]
Ақсоми тавҳиди афъолӣ
Дар бархе аз китобҳои каломӣ бо унвонҳои тавҳид дар холиқият ва тавҳид дар рубубият аз тавҳиди афъолӣ баҳс мешавад.[6] Тавҳид дар холиқият ба ин маъност, ки ҳамаи мавҷудоти ҷаҳонро Худованд офаридааст;[7] ҳатто онҳо ки ба василаи мавҷудоти дигар ба вуҷуд омадаанд, махлуқи Худованданд.[8] Тавҳид дар рубубият ба маънои он аст, ки Худованд тадбиркунандаи ҷаҳон ва ҳамаи мавҷудоти он аст; яъне назме дар ҷаҳон барқарор мекунад ки ҷаҳону мавҷудоти он ба ғояте ки барои онҳо дарназар гирифта шудааст, барисанд.[9]
Ба гуфтаи Алӣ Раббонии Гулпойгонӣ аз ҷумла оёте ки бар тавҳиди Худо дар холиқият далолат доранд, оёти 16 сураи Раъд, 62 сураи Зумар ва 62 сураи Ғофир аст, ки дар онҳо Худованд «خالقُ کلِّ شیءٍ» (офаридагори ҳама чиз), муаррифӣ шудааст.[10] Бархе аз оёти баёнкунандаи тавҳид дар рубубият ҳам иборат аст аз ояти 54 сураи Аъроф: «أَلَا لَهُ الْخَلْقُ وَالْأَمْرُ; огоҳ бошед ки офариниш ва тадбир махсуси Ӯст». Ҳамчунин ояти 50 сураи Тоҳо: «رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَىٰ كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَىٰ; Парвардигори мо касест ки ҳамаи чизро офарид; он гоҳ ҳидоят кард».[11] Ду ояти ахир ҳам тавҳид дар холиқият ва ҳам тавҳид дар рубубиятро баён кардааст.[12]
Далоили ақлии тавҳиди афъолӣ
Яке аз далелҳои файласуфони мусулмон бар тавҳиди афъолӣ ин аст, ки аввалан, ҳамаи мавҷудоти ҷаҳони бовосита ё бевосита махлуқи Худованданд. Сониян, иллати иллати чизе иллати он чиз аст. Бинобар ин Худованд иллати ҳамаи махлуқот дар олами ҳастӣ аст.[13]
Ба бовари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, бар асоси андешаи Садрулмутааллиҳин ва мабонии ҳикмати мутаолия, далели муҳкамтаре барои ин масаъла метавон матраҳ кард; ба ин наҳв ки ҳамаи иллатҳову маълулҳо ҳеҷ истиқлоле дар вуҷуди худ надоранд ва дар ҳамаи шуъунашон ба Худованд вобастаанд. Бинобар ин мумкин нест мавҷуде битавонад кореро ба сурати мустақил ва бениёз аз Худо анҷом диҳад. Дар натиҷа ҳар офаринише кор Худост.[14]
Шавоҳиди қуръонӣ
Барои исботи тавҳиди афъолӣ, ба бархе оёти Қуръон ва ривоёт ҳам чанг зада мешавад. Муртазо Мутаҳҳарӣ дар баҳс аз тавҳиди афъолӣ, ояти 111 сураи Исроро шоҳид гирифтааст.[15] Дар ин оят омадааст: «وَقُلِ الْحَمْدُ لِلَّـهِ الَّذِي لَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَمْ يَكُن لَّهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ وَلَمْ يَكُن لَّهُ وَلِيٌّ مِّنَ الذُّلِّ» (бигӯ: «ситоиш Худоеро ки на фарзанде гирифта ва на дар ҷаҳондорӣ шарике дорад ва на хор буда ки [ниёз ба] дӯсте дошта бошад). Ӯ ҳамчунин иборат «لاحَوْلَ وَلا قُوَّةَ الّا بِاللَّهِ»(Ҳеҷ нерӯ ва тавоне ҷуз ба василаи Худованд нест)-ро аз муаййидоти тавҳиди афъолӣ донистааст.[16]
Ба бовари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, дар ояти 22 сураи Анбиё (لَوْ کَانَ فِیهِمَا آلِهَةٌ إلاَّ اللّٰهُ لَفَسَدَتَا; Агар дар онҳо [замину осмон] ҷузи Худо, худоёни дигар вуҷуд дошт, қатъан [замину осмон] табоҳ мешуд) бурҳоне дар исботи тавҳиди афъолӣ омадааст.[17] Вай далели ақлӣ дар ин оятро ба шакли зери сурат бандӣ кардааст:
Агар ҳастӣ беш аз як иллат медошт, мумкин набуд миёни аҷзоъи он иртиботи иллию маълулӣ барқарор шавад; чароки ҳар маълуле танҳо ба иллати худаш вобаста аст ва аз иллатҳои дигар таъсир намегирад.
Ҳастӣ аз назми воҳиде пайравӣ мекунад ва миёни ҳамаи аҷзоъи он иртибот барқарор аст.
Бинобар ин ҳастӣ иллати воҳиде дорад ва офаридаи офаридагорӣ воҳид аст.[18]
Ду натиҷаи тавҳиди афъолӣ
Дар бархе китобҳои каломӣ, натоиҷе барои тавҳиди афъолӣ баён шудааст, ки тавҳид дар ибодату таваккул бар Худо аз ҷумлаи онҳост. Ба бовари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, касе ки ба тавҳиди афъолӣ эътиқод дорад, ҳеҷ мавҷудеро ҷуз Худо шоистаи парастиш намедонад; зеро танҳо мавҷуде метавонад парастиш шавад, ки холиқу рабби инсон бошад.[19]
Ҳамчунин ба гуфтаи вай, аз он ҷо ки дар тавҳиди афъолӣ, танҳо Худованд дар ҷаҳони ҳастӣ ба сурати мустақил таъсиргузор аст, танҳо ба ӯ мешавад такя кард.[20] Ӯ мегуяд: дар ояти 4 сураи Ҳамд, ки мегуяд: اِیّاکَ نَعبُدُ وَ اِیّاکَ نَستَعین» (Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем), ин ду натиҷаи тавҳиди афъолии баён шудааст.[21]
Нисбати тавҳиди афъолӣ бо ихтиёри инсон
Фирқаҳо ва мазоҳиби исломӣ гарчи тавҳиди афъолиро мепазиранд, дар хусуси робитаи он бо ихтиёри инсони иттифоқи назар надоранд.[22] Ашоира мегӯянд: аз он ҷо ки иллате ҷуз Худо вуҷуд надорад, инсон иллати афъоли худ нест ва афъоли ӯ дар воқеъ афъоли Худованданд.[23] Муътазила муътақиданд Худованд афъоли инсонро ба худи онҳо вогузор кардааст. Бинобар ин афъоли ихтиёрии инсон махлуқ Худованд нест.[24] Шиаёни имомӣ бар ин боваранд, ки инсон мухтор асту афъоли ӯ воқеан корҳои ӯ ҳастанд; аммо ӯ дар анҷом додани онҳо иллати мустақил нест ва Худованд иллати мустақилли ҳамаи афъоли ӯст.[25]
Ба бовари мутакаллимони шиъа, назарияи ашоира мусталзими ин аст, ки инсон мавҷуде мухтор набошад ва ин бо масоиле чун таклифҳое, ки Худованд бар ӯҳдаи инсон гузошта ва азобу подоши ухравӣ созгорӣ надорад.[26] Ҳамчунин дидгоҳи муътазила бо тавҳид дар холиқият ва фарогир будани қудрати Худованд мунофот дорад.[27] Ба ақидаи шиаён тавҳиди афъолӣ аз он рӯ бо ихтиёри инсон дар таъоруз қарор намегирад, ки афъоли инсон дар тӯли феъл Худованд аст. Бинобар ин онҳоро ҳам метавон феъли Худо донист ва ҳам феъли инсон.[28]
Китобшиносӣ
Дар бораи тавҳиди афъолӣ осоре чанд ба сурати мустақил чоп шудаанд, ки бархе аз онҳо аз ин қарор аст:
«Тавҳиди афъолӣ аз нигоҳи мазоҳиб ва фирақи исломӣ» навиштаи Ҳасани Туркошванд. Ин китоб бо баёни маънои дақиқи тавҳиди афъолӣ ва гузоришу арзёбии дидгоҳи фирақу мазоҳиби исломӣ, ба нақди дидгоҳи ваҳҳобият дар ин замина пардохтааст.[29]
«Тавҳиди афъолӣ дар осори содиқайн (а)» асари муштараки Маҳдӣ Иртиқоӣ ва Маҳдӣ Сафоиасл. Нависандагон, мабоҳиси китобро дар чор фасли мафоҳим, мароҳили тавҳиди афъолӣ, робитаи тавҳиди афъолӣ бо масаълаи иллият, ихтиёр ва шурур ва осору натоиҷи тавҳиди афъолӣ ва бар мабнои осори Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) табйину баррасӣ кардаанд.[30]
«Тавҳиди афъолӣ дар Саҳифаи саҷҷодия» ба қалами Маҳдӣ Сафоиасл. Ин китоб мабоҳиси тавҳиди афъолӣ ва ақсоми онро бар мабнои Саҳифаи саҷҷодия табйин кардааст.[31]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Субҳонӣ, Ақоиди исломӣ дар партави Қуръон, ҳадис ва ақл, 1379ҳ.ш., саҳ.151
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.103
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.104
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.104
- ↑ Туркошванд, Тавҳиди афъолӣ аз нигоҳи мазоҳиб ва фирақи исломӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.31 ва 32
- ↑ Ниг.: Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши фалсафа, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.387; Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.77 ва 85
- ↑ Ниг.: Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.77
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши фалсафа, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.387 - 388
- ↑ Ниг.: Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.87
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.78
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.87
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.87
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши фалсафа, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.388 - 389
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши фалсафа, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.388
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.103
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.103
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши фалсафа, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.388
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши фалсафа, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.388 - 389
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.134
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.134
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.135
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.79
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.79
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.79
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.79
- ↑ Ниг.: Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.80
- ↑ Ниг.: Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.80
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Ақоиди истидлолӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.80
- ↑ Туркошванд, Тавҳиди афъолӣ аз нигоҳи мазоҳиб ва фирақи исломӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.9 ва 13
- ↑ Иртиқоӣ ва Сафоиасл, Тавҳиди афъолӣ дар осори содиқайн (а), 1397ҳ.ш., бахши феҳрист ва даромади китоб
- ↑ «توحید افعالی در صحیفه سجادیه», вебгоҳи Потуқи китоб
Сарчашма
- Иртиқоӣ, Маҳдӣ ва Сафоиасл, Маҳдӣ, Тавҳиди афъолӣ дар осори содиқайн (а), Теҳрон, интишороти мироси фарҳехтагон, 1397ҳ.ш.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Теҳрон, Ширкати чопу нашри байналмилали созмони таблиғоти исломӣ, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши фалсафа, Теҳрон, Ширкати чопу нашри байналмилали созмони таблиғоти исломӣ, чопи дувум, 1379ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, Садро, чопи ҳафтум, 1377ҳ.ш.
- Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Ақоиди истидлолӣ, Қум, Маркази нашри ҳоҷар, чопи шашум, 1393ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Ақоиди исломӣ дар партави Қуръон ва ҳадис, Қум, Бӯстони китоб, чопи дувум, 1386ҳ.ш.
- Туркошванд, Ҳасан, Тавҳиди афъолӣ аз нигоҳи мазоҳиб ва фирақи исломӣ, Теҳрон, интишороти машъар, чопи аввал, 1394ҳ.ш.