Воҷиб-ул-вуҷуд

Аз wikishia

Воҷиб-ул-вуҷуд (арабӣ: واجِبُ الوجود) мавҷудест, ки бидуни ниёз ба дигарӣ вуҷуд дорад. Намунаи ягонаи воҷиб-ул-вуҷуд, Худованд аст. Файласуфони мусулмон бо далоиле чун бурҳони сиддиқин ва бурҳони имкону вуҷуб ба исботи вуҷуди воҷиб-ул-вуҷуд пархотаанд.

Бархе аз вижагиҳои воҷиб-ул-вуҷуд инҳоянд: надоштани моҳият, маҳдудият надоштан, басотат (мураккаб набудан), тавҳиди зотӣ, тавҳиди рубубӣ, ҳаёт доштан, олим будан, тавоно ва офаридгор будан.

Тақсими мавҷудот ба воҷиб-ул-вуҷуд ва мумкин-ул-вуҷуд

Аз дидгоҳи файласуфони мусулмон ҳар мавҷудеро нигоҳ кунем, аз ин ду ҳолат хориҷ нест: ё воҷиб-ул-вуҷуд аст, ё мумкин-ул-вуҷуд. Агар ҳастӣ барои зоти он мавҷуд, зарурӣ бошад, воҷиб-ул-вуҷуд ва агар ҳастӣ ё нестӣ барои зоти он зарурӣ набошад, мумкин-ул-вуҷуд номида мешаванд.[1] Аз дидгоҳи Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ - аз муҷтаҳидон ва файласуфони муосири шиа, воҷиб-ул-вуҷуд, мавҷуде аст, ки худ ба худ вуҷуд дорад ва ниёзе ба мавҷуди дигаре надорад. Дар муқобил, мумкин-ул-вуҷуд мавҷуде аст, ки худ ба худ вуҷуд надорад ва вуҷуд ёфтанаш вобаста ба мавҷуди дигаре аст.[2] Муллоҳодии Сабзаворӣ - ориф ва файласуфи шиъии қарни сездаҳуми қамарӣ, ва Муртазо Мутаҳҳарӣ - файласуф ва мутакаллими шиъии қарни чаҳордаҳуми шамсӣ, воҷиб-ул-вуҷуд ва мумкин-ул-вуҷудро бадеҳӣ ва бениёз аз таъриф донистаанд.[3]

Далелҳои исботи воҷиб-ул-вуҷуд

Дар фалсафаи исломӣ истидлолҳои фаровоне барои исботи воҷиб-ул-вуҷуд ё Худованд матраҳ шудааст.[4] Бархе бурҳони сиддиқинро муҳкамтарин далел бар вуҷуди воҷиб-ул-вуҷуд медонанд.[5] Албатта ин бурҳон ба шаклҳои мухталиф ва бо истидлолҳои мутааддиде баён шудааст.[6] Истидлолҳое, ки Ибни Сино, Муллосадро, Муллоҳодии Сабзаворӣ ва Аллома Таботабоӣ матраҳ кардаанд, аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.[7] [lower-alpha 1]

Тибқи бурҳони имкону вуҷуб, ҳар мавҷуде аз назари ақлӣ ё мумкин-ул-вуҷуд аст ё воҷиб-ул-вуҷуд ва ғайр аз ин ду ҳолат қобили фарз нест. Наметавон ҳамаи мавҷудоти ҷаҳонро мумкин-ул-вуҷуд донист; чароки мумкин-ул-вуҷуд барои вуҷуд ёфтан ба иллат ниёз дорад ва иллати он агар худи мумкин-ул-вуҷуд бошад, он низ ниёз ба иллат дорад. Агар ҳамаи иллатҳо мумкин-ул-вуҷуд ва ниёзманд ба иллат бошанд, ҳеҷ гоҳ ҳеҷ мавҷуде дар ҷаҳон таҳаққуқ пайдо нахоҳад кард. Бинобар ин, бояд мавҷуде бошад, ки ниёзманди мавҷуди дигар набошад ва он воҷиб-ул-вуҷуд аст.[8]

Вижагиҳои воҷиб-ул-вуҷуд

Дар китобҳои фалсафӣ вижагиҳои мутааддиде барои воҷиб-ул-вуҷуд баён шудааст. Бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  • Моҳият надоштан: воҷиб-ул-вуҷуд моҳият надорад. [lower-alpha 2]
  • Далел: моҳият он аст, ки ба худии худ на зарурати вуҷуд дорад ва на зарурати адам ва ин маъно мулозим бо мумкин-ул-вуҷуд будан аст. Аз ин рӯ, он чи моҳият дорад, мумкин-ул-вуҷуд аст ва ҳар чизе ки мумкин-ул-вуҷуд нест, моҳият надорад. Бинобар ин воҷиб-ул-вуҷуд моҳият надорад.[9] Муртазо Мутаҳҳарӣ - файласуфи шиъии муосир, муътақид аст, ки таъбири Амирулмуъминин (а) ки фармуд: «лайса лизотиҳи ҳад/لیس لذاته حدّ» баёнгари ин аст, ки ҳастии Худованд маҳдуд ба ҳадде нест, дар натиҷа фарзи моҳият барои Ӯ имконпазир нест ва ҳамин қадар, ки вуҷуде номаҳдуд шуд баробар аст бо ин, ки моҳияте надошта бошад.[10]
  • Маҳдудият надоштан: воҷиб-ул-вуҷуди ҳеҷ гуна маҳдудияте надорад ва ҳеҷ камоли вуҷудие нест, ки Ӯ надошта бошад.
  • Далел: аз он ҷо ки воҷиб-ул-вуҷуд моҳият надорад, маҳдудият низ надорад; зеро моҳият баёнгари маҳдудият ва таъйини мартабаи вуҷудӣ аст.[11] Муртазо Мутаҳҳарӣ маҳдуд набуданро ҳамон мутлақ будани воҷиб тафсир кардааст.[12]
  • Басотат: воҷиб-ул-вуҷуд мураккаб нест ва ҳеҷ гуна ҷузъи хориҷӣ, зеҳнӣ, билфеъл ва билқуввае надорад.
  • Далели аввал: аз он ҷо ки воҷиб-ул-вуҷуд моҳият надорад, ҳеҷ ҳадде намепазирад; бинобар ин, ҷинс ва фасл надорад. Ҳар чизе ки ҷинсу фасл надорад, ҷузъ надорад.[13]
  • Далели дуввум: ҳар мураккабе дар таҳаққуқаш ниёзманд ба аҷзои ташкилдиҳандааш аст. Бадеҳӣ аст, ки ниёзмандӣ бо воҷиб-ул-вуҷуди биззот будан мунофот дорад. Бинобар ин, ҳар мавҷуде, ки мураккаб аст, мумкин-ул-вуҷуд аст. Пас воҷиб-ул-вуҷуд мураккаб нест.[14]
  • Тавҳиди зотӣ: Воҷиб-ул-вуҷуд якест ва шарик надорад.
  • Далел: воҷиб-ул-вуҷуд моҳият надорад; бинобар ин ҷузъи адамӣ надорад; аз ин рӯ айни вуҷуд ва ба иборати дигар вуҷуди маҳз аст. Шарик доштан замоне маъно дорад, ки як шарик чизе дошта бошад, ки шарики дигар надорад; чароки агар ду шарик дар ҳамаи чиз муштарак бошанд, ду мавҷуд нестанд ва яке ҳастанд. Бинобар ин лозимаи шарик доштани воҷиб-ул-вуҷуд, ин аст, ки яке аз ду воҷиб-ул-вуҷуд, чизе дошта бошад, ки дигарӣ надорад ва ин бо айни вуҷуд будан ва набуди ҷанбаи адамӣ дар воҷиб-ул-вуҷуд, мунофот дорад.[15]
  • Тавҳиди рубубӣ: танҳо иллати рушд ва такомули мавҷудот ва ба иборати дигар танҳо тадбирдиҳандаи ҳастӣ Худованд аст.
  • Далел: ҷаҳони ҳастӣ маҷмуаест ба якдигар пайваста ва низомманд; яъне байни аҷзои он робитаи иллию маълулист. Бинобар ин, рушд ва такомули ҳар як аз мавҷудот дар он, иллате дорад, он иллат ҳам, худ иллате дорад, то бирасад ба воҷиб-ул-вуҷуд, ки иллати ҳамаи иллатҳост. Аз он ҷо ки иллати иллати ҳар чизе, иллати он чиз ҳам ҳаст, воҷиб-ул-вуҷудро бояд иллати аслии рушду такомул ва тадбиркунандаи ҳамаи мавҷудот донист.[16]

Ҳай будан (ҳаёт доштан), олим будан, қодир будан, холиқияту розиқият аз дигар сифоти воҷиб-ул-вуҷуд аст.[17] Гуфта шудааст, бар асоси қоидаи «воҷиб-ул-вуҷуди биззот аз ҷамиъи ҷиҳот воҷиб-ул-вуҷуд аст», ҳамаи сифоти ҷамол ва ҷалоли Худованд қобили истинтоҷ аст.[18] Аллома Ҳиллӣ дар Кашф-ул-мурод ба пайравӣ аз Муҳаққиқи Тусӣ дар матни Таҷрид-ул-эътиқод бисёре аз сифоти Илоҳиро аз воҷиб-ул-вуҷуд будани Худо истинбот кардааст.[19]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ниг.: Ибни Сино, аш-Шифо (Илоҳиёт), 1404ҳ.қ., саҳ.37; Ҷаводии Омулӣ, Табйини бароҳини исботи Худо, 1378ҳ.ш., саҳ.143.
  2. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.58
  3. Мутаҳҳарӣ, Шарҳи манзума, 1394ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.232 - 234; Мутаҳҳарӣ, Тавҳид, интишороти Садро, саҳ.182.
  4. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1041.
  5. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.58; Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1041.
  6. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1042.
  7. Ниг.: Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1042 - 1054.
  8. Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.57 ва 58.
  9. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1165; Субҳонӣ, Мадхали масоили ҷадиди каломӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.60 ва 61.
  10. Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.136.
  11. Субҳонӣ, Мадхали масоили ҷадиди каломӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.61.
  12. Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, ҷ.8, саҳ.138.
  13. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, 1073 - 1075.
  14. Субҳонӣ, Мадхали масоили ҷадиди каломӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.62; Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши фалсафа, 1391ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.439
  15. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1085.
  16. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1091 - 1094.
  17. Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, 1386ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1108, 1109.
  18. Раббонии Гулпойгонӣ, «Бурҳони имкон дар андешаи файласуфон ва мутакаллимон», саҳ.36.
  19. Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.290 - 301; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, 1404ҳ.қ., саҳ.61.

Ёддошт

  1. Файласуфони мусулмон дар хусуси ин ки кадом як аз ин истидлолҳо қавитар аст ихтилофи назар доранд. Ба бовари бархе, содатарин ва муҳкамтарин бурҳон бар исботи воҷиб-ул-вуҷуд, бурҳони имкону вуҷуби Ибни Сино аст, ки ба ҳеҷ муқаддимаи ҳиссӣ ва таҷрибӣ вобаста нест. (Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.58). Бархеи дигар тақрири Аллома Таботабоӣ аз бурҳони сиддиқинро қавитар дониста, гуфтаанд: ин истидлол афзун бар он ки муқаддимаи ҳиссӣ ва таҷрибӣ надорад, аз усули фалсафӣ низ бениёз аст. (Ҷаводии Омулӣ, Табйини бароҳини исботи Худо, 1378ҳ.ш., саҳ.216).
  2. Моҳият аз назари фалосифа ду истилоҳ дорад: 1 - моҳият ба маънои аъам, ки баёнгари ҳақиқати ҳар чизе аст. Моҳият дар ин истилоҳ «мо биҳи-ш-шайъ ҳува ҳува» аст. Бинобар ин истилоҳ воҷиб низ моҳият дорад; яъне чизе ки ҳақиқати ӯро ташкил медиҳад, чунончи Муллоҳодии Сабзаворӣ низ дар Манзумааш гуфта: «ал-ҳақ моҳиятуҳу инниятуҳ». (Муллоҳодии Сабзаворӣ, Манзума, ҷ.2, саҳ.96). 2 - Моҳият ба маънои ахас, ки баёнгари ҳадди том(таърифи комил)-и як чиз аст, ки ҳамон ҷинс ва фасли як мавҷуд аст. Моҳият дар ин истилоҳ «мо юқолу фи ҷавоби мо ҳува» аст. Худованди Мутаол ҳақиқаташ ҳамон вуҷуди воҷиби Ӯст, ки бо вижагиҳояш боис мешавад аз соири мавҷудот ҷудо шавад; ин ҳақиқат ҳамон моҳияти Ӯст. Дар натиҷа Худованд дорои моҳият бар тибқи истилоҳи аввал аст. Ва чун ҳеч гуна маҳдудияте дар вуҷуд (ва ё ҳадди адамӣ) надорад, дорои моҳият бар тибқи истилоҳи дуввум нест. (Таботабоӣ, Ниҳоят-ул-ҳикмат, ҷ.4, саҳ.1103 ва Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.147.)

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳар, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, тасҳеҳ ва таҳқиқи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
  • Ибни Сино, Ҳусайн ибни Абдуллоҳ, аш-Шифо (Илоҳиёт), тасҳеҳи Саид Зоид ва Алоб Қанавотӣ, Қум, интишороти Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Теҳрон, Ширкати чоп ва нашри байналмилали Созмони таблиғоти исломӣ, чопи ҳабдаҳум, 1384ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, Садро, 1390ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Тавҳид, Теҳрон, Садро, бе то.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Шарҳи манзума, Теҳрон, Садро, чопи бисту якум, 1394ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, «Бурҳони имкон дар андешаи файласуфон ва мутакаллимон», фаслномаи Каломи исломӣ, №97, баҳори 1395ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мадхали масоили ҷадиди каломӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1375ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Ниҳоят-ул-ҳикмат, тасҳеҳ ва таълиқи Ғуломризо Файёзӣ, Қум, Маркази интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, чопи чаҳорум, 1386ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Табйини бароҳини исботи Худо, Қум, интишороти Исро, 1378ҳ.ш.