Jump to content

Таклифи шаръӣ

Аз wikishia

Таклифи шаръӣ (форсӣ: تکلیف شرعی) вазифаҳоеанд, ки дин бар ӯҳдаи бандагон мегузорад. Фақеҳон барои таклиф, шартҳое монанди ақл, булуғ ва тавоноиро зарурӣ медонанд ва агар касе яке аз ин шартҳоро надошта бошад, таклифи шаръӣ бар ӯҳдааш намеояд. Таклифи шаръӣ ба панҷ қисми воҷиб, ҳаром, мустаҳаб, макруҳ ва мубоҳ тақсим мешавад.

Бархе фақеҳон бар ин боваранд, ки мусалмон будан ва огоҳ будан аз шартҳои таклиф нест ва таклиф ба ғайр аз ин ду гурӯҳ (яъне ғайри мусалмон ва ҷоҳил) низ тааллуқ мегирад; аммо ҷоҳили қосир агар таклифро риоя накунад, маъзур аст ва муҷозот намешавад; ғайри мусалмон низ лозим нест пас аз мусалмон шудан, таклифҳое, ки дар замони куфр анҷом надода, анҷом диҳад.

Мутакаллимон таклифи бандагонро аз сӯи Худо медонанд ва бар инанд, ки ҳадаф аз он расидан ба манфиатҳо ва масолеҳест, ки мутаваҷҷеҳи бандагон аст.

Бархе хонаводаҳои мусалмон дар ҷаҳон барои фарзандонашон, ки ба синни таклиф мерасанд, маросиме бо унвони ҷашни таклиф баргузор мекунанд. Маросими ҷашни таклиф дар маконҳои умумӣ монанди мактабҳо, масҷидҳо ва маконҳои зиёратии муқаддас низ баргузор мешавад.

Мафҳум ва ҷойгоҳ

«Таклифи шаръӣ» ба маънои вазифаҳои шаръист. Таклифи шаръӣ бар ӯҳдаи касоне аст, ки шартҳои он монанди булуғ, ақл ва тавоноӣ бар анҷом ё тарки он доранд.[1] Ба касе, ки таклифи шаръӣ ё дастурҳои ҳатмии шаръӣ бар ӯҳдааш аст, «мукаллаф» гуфта мешавад[2] Таклифҳои шаръӣ ё аҳкоми таклифӣ ба панҷ қисми воҷиб, ҳаром, мустаҳаб, макруҳ ва мубоҳ тақсим мешаванд.[3]

Аз масъалаи таклиф, ҳам дар фиқҳ, ҳам дар усули фиқҳ ва ҳам калом баҳс мешавад: фақеҳон дар ҷойҳои мухталифи фиқҳ, ба муносибат, дар бораи шартҳои таклиф, чи дар ибодот ва чи дар муомилот, сухан гуфтаанд.[4] Масъалаи таклиф ҳамчунин бо масъалаи ҳукми шаръӣ ва ақсоми он, яъне ҳукми таклифӣ ва ҳукми вазъӣ марбут аст; бинобар ин аз он дар илми усули фиқҳ низ баҳс мекунанд.[5] Дар илми калом низ таҳти ин унвон, ки таклифи бандагон, амале аз аъмоли илоҳист ва маслиҳату манфиате барои онҳо дорад, аз он баҳс мешавад.[6]

Шартҳои таклиф

Аз назари фақеҳон шартҳое монанди ақл, булуғ ва қудрат ё тавоноии анҷоми таклиф, аз ҷумлаи шартҳоеанд, ки дар ҳамаи таклифҳо бояд вуҷуд дошта бошанд ва ба онҳо шартҳои умумии таклиф гуфта мешавад.[7] Ҳар шахсе, ки ин се шартро дошта бошад, ба анҷоми аҳкоми шаръӣ вазифадор мегардад.[8] Бинобар ин, таклиф ва вазифаи шаръӣ барои кӯдакон ё касоне, ки ба сини булуғ нарасидаанд, девона ва афроди нотавон аз анҷоми таклиф, нест.[9]

Бархе низ илтифот ё таваҷҷӯҳ доштанро аз шартҳои умумии таклиф ба шумор овардаанд.[10] Бар ин асос, касе ки илтифот надорад, монанди шахсе ки беҳӯш ё дар хоб аст, модоме ки дар ин ҳолат аст, таклифе надорад.[11]

Ҳамчунин аз назари фақеҳон, бархе шартҳо низ вуҷуд доранд, ки фақат барои аҳком ё таклифҳои хоссанд;[12] барои мисол, фақеҳон бар ин назаранд, ки дар ҳуҷҷи воҷиб, илова бар шартҳои умумии таклиф монанди булуғ, ақл ва қудрат, шарт аст, ки мукаллаф замони кофӣ барои анҷоми сафари ҳуҷҷ ва ҳамчунин барои анҷоми маносики он дошта бошад. Фақеҳон аз ин шарт бо унвони «иститоати замонӣ» (тавонманди замонӣ) ёд кардаанд.[13]

Оё таклиф шомили ҷоҳил мешавад?

Ба гуфтаи Муҳаммадризо Музаффар, олими шиаи қарни чордаҳуми ҳиҷрии қамарӣ, уламои имомия иҷмоъ доранд бар он ки аҳкоми Илоҳӣ барои ҷоҳил ва огоҳ яксон аст ва ҳар ду гурӯҳ бояд ба вазифаҳои шаръии худ амал кунанд.[14] Барои мисол, намоз бар ҳама воҷиб аст; чи касоне ки медонанд намоз воҷиб аст ва чи касоне ки намедонанд;[15] аммо ин уламо бар инанд, ки ҷоҳили қосир, дар сурати мухолифат бо таклиф ё анҷом надодани он, маъзур аст ва уқубат намешавад.[16]

Оё таклиф шомили ғайри мусалмон низ мешавад?

Ба нақл аз китоби ал-Ановин, дидгоҳи машҳур миёни уламои имомия ин аст, ки таклифҳои шаръӣ, барои мусалмон ва ҳам ғайри мусалмон яксон аст;[17] аммо мувофиқи қоидаи ҷаб ниёзе нест, ки кофир ибодатҳое, ки дар ҳолати куфраш анҷом надода, пас аз мусалмон шудан қазо кунад.[18] Дар муқобили дидгоҳи машҳур, Соҳибҳадоиқ ва Сайид Абулқосим Хуӣ, аз фақеҳони шиа, бар ин назаранд, ки таклифҳои шаръӣ, асосан шомили кофирон намешавад.[19]

Синни таклиф

Бар асоси назари машҳури фақеҳони шиа, синни таклиф барои писар понздаҳ соли комили қамарӣ аст; яъне муодили тақрибан поёни 14 солу 6 моҳу 12 рӯзи шамсӣ. Синни таклиф барои духтарон ҳам поёни нӯҳсолагии қамарӣ, яъне муодили тақрибан поёни 8 солу 8 моҳу 20 рӯзи шамсӣ аст.[20]

Ҳадафи Худованд аз таклифи мардум чист?

Аз назари мутакаллимон, таклифи бидуни ҳадаф кори абас аст ва кори абас аз Худованди ҳаким содир намегардад; аз сӯи дигар, ғараз аз таклиф мутаваҷҷеҳи Худованд нест; балки маслиҳат ва манфиатест, ки сирфан ба худи мукаллаф бармегардад ва бидуни он таклифҳо, ба даст намеояд;[21] аз ҳамин рӯ гуфтаанд, таклиф истилоҳан «ҳасан» ё некӯст.[22]

Бархе ҳадаф аз таклифро дастёбии мукаллафон ба савоб ва подоши Илоҳӣ донистаанд.[23] Бархе низ гуфтаанд, ғараз аз таклиф метавонад умуре чун имтиҳони мукаллафон, шукри неъматҳои фаровон ва таҳзиби ахлоқӣ бошад.[24]

Аллома Ҳиллӣ, мутакаллими қарни ҳаштуми қамарӣ, дар китоби Кашф-ул-мурод гуфтааст, амал ба таклиф се манфиат барои мардум дорад, ки иборатанд аз:

  1. Риёзат додани нафс ва боздоштани он аз майлҳо ва шаҳватҳо;
  2. Одат додани нафс ба тааммул дар умури Илоҳӣ, мисли андешидан дар умури марбут ба мабдаъ ва маод;
  3. Ёдоварии хайр ва шарри охиратӣ, ки шореъ ба онҳо ваъда додааст.[25]

Ҷашни таклиф ва булуғ

Гуфта мешавад Сайид ибни Товус нахустин касест, ки оини ҷашни таклифро дар миёни мусалмонон бунёд ниҳод ва дигаронро ба гиромидошт ва бузургдошти он ташвиқ намуд.[26] Ӯ дар китобе бо унвони Кашф-ул-маҳаҷҷа ли самарат-ил-муҳҷа, ба фарзандаш тавсия кардааст, ки ин рӯзро бузург шуморад, таърихи онро сабт кунад ва ҳар сол, монанди рӯзҳои шодӣ ва идҳо, шукр ва мадҳи Худоро ба ҷо оварад ва ба ниёзмандон садақа диҳад.[27]

Муҳаммад Муҳаммадии Райшаҳрӣ низ дар китобе, ки дар бораи ҷашни таклиф навиштааст, рӯзи таклифро явмуллоҳ ном ниҳода ва бузург шуморидани ин рӯзро таъзими шаоири Илоҳӣ ба шумор овардааст.[28] Ӯ ҳамчунин бар ин аст, ки барпоии маросими ҷашни таклиф хотираи ширини маънавӣ ва созандаеро дар зеҳни духтар ё писар эҷод мекунад ва ин хотира фаромӯш намешавад ва роҳнамои ӯ дар зиндагии ибодияш мешавад.[29]

Дар кишвари Эрон, бархе хонаводаҳои диндор барои фарзандонашон, ки ба синни таклиф мерасанд, маросиме бо унвони ҷашни таклиф барпо мекунанд ва марсум аст, ки ширкаткунандагон ба касе, ки ба синни таклиф расидааст, туҳфаҳо медиҳанд;[30] оини ҷашни таклиф, баъзан ба сурати умумӣ, дар мактаб, масҷид ва ҳарамҳо ҳам баргузор мегардад.[31]

Таклифи молоютоқ

Таклифи молоютоқ, таклиф кардани инсон ба коре аст, ки хориҷ аз тоқат ва тавоноии ӯст.[32] Дар ин ки оё Худованд метавонад бандагонашро ба амре, ки хориҷ аз тавон ва тоқати онҳо аст, таклиф кунад ё на, чанд дидгоҳ аз сӯи мутакаллимон ворид шудааст. Аз назари муътазила ва имомия таклифи молоютоқ қабеҳ аст ва кори қабеҳ аз Худованди ҳаким содир намегардад,[33] вале ашоира бар ин назаранд, ки Худованд метавонад инсонро ба амре, ки хориҷ аз тавони ӯст, таклиф кунад.[34]

Эзоҳ

  1. Баҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.571; Абдулмунъим, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ул-фиқҳия, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.488
  2. Барои намуна ниг.: Қудсӣ, Анвор-ул-усул (тақрироти дарси усули фиқҳи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ), 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.229
  3. Ҳаким, Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, 1418ҳ.қ., саҳ.57
  4. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.774
  5. Барои намуна ниг.: Садр, Дурус фи илм-ил-усул, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.52–53
  6. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1430ҳ.қ., саҳ.437
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.472; Мунтазирӣ, Ниҳоят-ул-усул, 1415ҳ.қ., саҳ.174
  8. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.472; Мунтазирӣ, Ниҳоят-ул-усул, 1415ҳ.қ., саҳ.174
  9. Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.256
  10. Мишкинӣ, Истилоҳот-ул-усул, 1370ҳ.ш., саҳ.12
  11. Барои намуна ниг.: Мусавии Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, Муассисаи Оли Байт (а), ҷ.5, саҳ.16
  12. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.178–179; Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.610
  13. Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.416
  14. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.29
  15. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.29
  16. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.31
  17. Ҳусайнӣ, ал-Ановин, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.714
  18. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.6
  19. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.39–40; Хӯӣ, Мавсуъат-ул-Имом ал-Хӯӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.119–121
  20. Барои намуна ниг.: Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.348
  21. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1430ҳ.қ., саҳ.438
  22. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1430ҳ.қ., саҳ.437–438
  23. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1430ҳ.қ., саҳ.438
  24. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.305
  25. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1430ҳ.қ., саҳ.440–441
  26. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҷашни таклиф вижаи писарон, 1385ҳ.ш., саҳ.13–14
  27. Сайид ибни Товус, Кашф-ул-маҳаҷҷа, 1370ҳ.қ., саҳ.142
  28. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҷашни таклиф вижаи писарон, 1385ҳ.ш., саҳ.29–30
  29. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҷашни таклиф вижаи писарон, 1385ҳ.ш., саҳ.34
  30. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҷашни таклиф вижаи писарон, 1385ҳ.ш., саҳ.63
  31. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҷашни таклиф вижаи писарон, 1385ҳ.ш., саҳ.13
  32. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи усули фиқҳ, 1389ҳ.ш., саҳ.355
  33. Барои намуна ниг.: Ҳусайнӣ, ал-Ановин, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.284–285; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.296
  34. Барои намуна ниг.: Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.296

Сарчашма

  • Абдулмунъим, Маҳмуд Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ул-фиқҳия, Қоҳира, Дор-ул-фазила, 1419ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Юсуф ибни Мутаҳҳар, Кашф-ул-мурод, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1430ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Муҳаммад Алӣ Санқур, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, Қум, Интишороти Нақш, 1426ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1363ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Алӣ, Истилоҳот-ул-усул, Қум, Нашри Ҳодӣ, 1371ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, Нашри дониши исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Ниҳоят-ул-усул (тақрироти дарси усули Оятуллоҳ Буруҷердӣ), Теҳрон, Интишороти Тафаккур, 1415ҳ.қ.
  • Мусавии Омилӣ, Сайид Муҳаммад, Мадорик-ул-аҳком, Қум, Муассисаи Оли Байт (а), бе таърих.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Ҷашни таклиф вижаи писарон, Қум, Муассисаи илмӣ фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1385ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Мулло Аҳмад, Мустанад-уш-шиа, Қум, Муассисаи Оли Байт (а), 1415ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, Дурус фи илм-ил-усул, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-лубнонӣ, 1406ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, Кашф-ул-маҳаҷҷа фи самарат-ил-муҳҷа, Наҷаф, Маншуроти Матбааи Ҳайдария, 1370ҳ.қ.
  • Табатабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Тафтозонӣ, Умар ибни Масъуд, Шарҳ-ул-мақосид, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1409ҳ.қ.
  • Хонсорӣ, Сайид Аҳмад, Ҷомеъ-ул-мадорик фи шарҳи мухтасар-ун-нофиъ, Теҳрон, бе ношир, 1405ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъат-ул-Имом ал-Хӯӣ, Қум, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, 1418ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, Муассисаи маорифи исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Қудсӣ, Аҳмад, Анвор-ул-усул (тақрироти дарси усули фиқҳи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ), Қум, Мактаби Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1428ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳаммадтақӣ, Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, Қум, Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), 1418ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ, Сайид Мир Абдулфаттоҳ, ал-Ановин, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, чопи дувум, 1417ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улуми фарҳанги исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳия ал-кувайтия, Кувайт, Дор-ус-салосил, 1404–1427ҳ.қ.