Қоидаи лутф

Аз wikishia

Қоидаи лутф, қоидае дар илми калом, ба маънои лузуми анҷоми коре аз ҷониби Худо аст, ки ба сабаби он, мукаллаф ба итоат наздик ва аз гуноҳ дур мешавад; бе онки ин лутф, таъсире дар қудрати мукаллаф дошта бошад ва ё ӯро маҷбур бисозад.

Бештари мутакаллимони муътазила ва имомия бар хилофи мутакаллимони ашоира, ин қоидаро пазируфтаанд. Мутакаллимони имомия аз ин қоида дар исботи ақлии бисёре аз эътиқодоти исломӣ монанди лузуми ташреъи таклифҳои динӣ, лузуми ирсоли пайғамбарон, лузуми таъйин ва насби имом ва ғ. - баҳра бурдаанд.

Бархе аз фақеҳони имомия аз ин қоида барои эътиборбахшӣ ба иҷмоъ истифода кардаанд.

Мафҳумшиносӣ

Қоидаи лутф ба ин маъно аст, ки ҳар коре, ки ба наздик шудани инсонҳо ба итоат ва ё дур шудани онҳо аз гуноҳ бианҷомад, анҷоми он кор бар Худованд лозим аст ва Худо ҳатман он корро анҷом медиҳад;[1] монанди ташреъи таколифи динӣ ва ирсоли пайғамбарон, ки инсонҳо аз ин роҳ, бо таколифи диниашон ошно мешаванд.[2]

Дар каломи исломӣ, латиф будан аз сифоти феъли Худо[3] ва ба маънои анҷом додани коре аст, ки ба василаи он, мукаллаф ба итоат наздик ва аз гуноҳ дур мешавад; бе онки ин лутф, таъсире дар қудрати мукаллаф дошта бошад, ё ӯро маҷбур созад.[4]

Дар оёти Қуръон ва ривоёт, латиф будани Худо ба маъноҳои дигаре ҳам ба кор рафтааст;[5] аз ҷумла: илми нофизи Худо,[6] номаҳсус будан ва нафйи ҷисмоният аз Худо,[7] дарк ношуданӣ будани кунҳи Худо,[8] зарофат дар офариниш ва тадбири Илоҳӣ,[9] эҳсон ва ҷӯд.[10]

Ақсоми лутф

Лутфро бар ду қисм донистаанд: лутфи муҳассил ва лутфи муқарриб.[11] Лутфи муҳассил коре аст, ки лузуман бояд анҷом шавад то итоат ва бандагии Худо ҳосил шавад; яъне бидуни он, инсон наметавонад Худоро бандагӣ кунад, аммо лутфи муқарриб танҳо, сабаби тақарруб ва наздикӣ ба итоату бандагӣ аст.[12]

Тарафдорон ва мухолифон

Мутакаллимони мусулмон дар пазириши қоидаи лутф ихтилофи назар доранд. Муътазила ва имомия бо истинод ба далелҳои ақлӣ ва нақлӣ, ба қоидаи лутф муътақиданд, аммо ашоира бо ин қоида мухолифанд, ишколоте ба он доранд ва муътақиданд, бар Худованд лозим нест ҳар лутферо анҷом диҳад.[13]

Далели ақлии қоидаи лутф

Далели ақлии қоидаи лутф реша дар сифати ҳаким будани Худо дорад ва инки ҳаким нақзи ғараз намекунад; яъне коре анҷом намедиҳад, ки бо ҳадафаш мунофоту зиддият дошта бошад. Бинобарин, агар аз инсон бихоҳад, ки Ӯро итоат кунад, заминаи итоати Ӯро ҳам фароҳам мекунад. Ин истидлол ба шарҳи зер аст:

  • Худо ҳаким аст.
  • Ҳаким нақзи ғараз намекунад.
  • Худо ирода кардааст, ки инсонҳо аз Ӯ итоат кунанд.
  • Итоати инсонҳо аз Худо бидуни лутф мумкин нест.
  • Таклиф додан ба инсонҳо бидуни лутф нақзи ғараз аст.
  • Бинобарин, лутф бар Худо воҷиб аст.[14]

Ишколи ашоира

Ашоира мегӯянд, аз ин сухан, ки лутф бар Худо воҷиб аст, лозим меояд, ки ақл бар Худо ҳоким бошад, дар ҳоле ки Худо ҳокими мутлақ аст.[15]

Ҷавоби тарафдорони қоидаи лутф ин аст, ки манзур аз лузуми анҷоми лутф, мукаллаф сохтани Худованд ба анҷоми лутф нест, балки он аст, ки ақли инсон бо дар назар гирифтани сифоти Худо аз ҷумла илму ҳикмат ва адолати Ӯ, зарурати анҷоми лутф аз сӯи Худовандро дарк мекунад.[16]

Коркардҳои каломӣ

Қоидаи лутф дар илми калом, масодиқ ва коркардҳои мухталифе доштааст. Тарафдорони қоидаи лутф мавориди зерро аз мисдоқҳои ин қоида медонанд:

  • Ташреъи таколифи динӣ: таколифи динӣ (монанди ҳаром будани зулм ва фарз будани намоз) аз он ҷиҳат, ки инсонҳоро ба анҷоми таколифи ақлӣ (монанди бадии зулм ё хубии ташаккур аз Худованд) наздик месозанд, лутф ба шумор меоянд.
  • Ирсоли пайғамбарон: ирсоли пайғамбарон аз боби лутф бар бандагон, бар Худо лозим аст; чароки инсонҳо аз тариқи пайғамбарон, ба таколифи динӣ дастрасӣ меёбанд ва ба анҷоми таколифи ақлӣ ва дастёбӣ ба аҳдофи офариниш наздик мешаванд.
  • Исмати пайғамбарон: мардум бо дидани гуноҳ ва рафтори зишт аз пайғамбарон, аз онҳо дур мешаванд, аммо бо дидани исмату покӣ, ба итоату пайравӣ аз онҳо наздик мешаванд ва ба онҳо тамоюл меёбанд.
  • Таъйини имоми маъсум: имомия иттифоқи назар доранд, ки таъйин ва насби имоми маъсум бар Худованд лозим аст; чароки онҳоро ба итоат наздик ва аз гуноҳ дур месозад.
  • Ваъдаи савобу азоб: ваъда додан ба савобу азоб (ваъду ваъид) бар Худо лозим аст; зеро аз ин тариқ, мардум ба ахлоқи нек ва анҷоми таколифи динӣ савқ меёбанд.[17]
  • Насби валии фақиҳ: ба бовари имом Хумайнӣ ва Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аз мутакаллимон ва фақеҳони шиа, ҳикмат ва лутфи Худо иқтизо мекунад, ки мардум дар асри Ғайбат аз вилояти инсонҳои шоиста маҳрум набошанд.[18] Аз ин рӯ, фақеҳони ҷомеъуш-шароитро дар давраи Ғайбат ба ниёбат аз Имом Маҳдӣ (аҷ) ба сарпарастии ҷомеъаи исломӣ мансуб кардааст.[19]

Корбурд дар усули фиқҳ

Дар усули фиқҳ низ гуруҳе аз олимон, аз ҷумла Сайиди Муртазо, Шайхи Тусӣ ва Кароҷакӣ аз қоидаи лутф барои исботи ҳуҷҷияти иҷмоъ истифода кардаанд. Истидлолашон ин аст, ки агар олимон бар як дидгоҳи нодурусте иттифоқи назар дошта бошанд, вазифаи имоми маъсум аз боби лутф ин аст, ки монеъ аз шаклгирии ин иҷмоъ шавад; ва чун назаре бар хилофи иҷмоъ вуҷуд надорад, равшан мешавад, ки имоми маъсум низ бо ин дидгоҳ мувофиқ аст. Аз ин рӯ, вуҷуди иҷмоъ бар як дидгоҳ, аз ризояти маъсум аз он хабар медиҳад.[20]

Бо ин ҳама, бархеҳо аз ҷумла: Шайх Ансорӣ,[21] Муҳаммадҳусайни Ноинӣ,[22] ва Охунди Хуросонӣ[23] ин суханро қабул накардаанд.

Китобшиносӣ

Тасвири ҷилди китоби Қоидаи лутф ва исботи вуҷуди имоми ҳай, асари Маҳдӣ Юсуфиён

Илова бар баҳс аз қоидаи лутф дар китобҳои каломӣ ва усулӣ, китобҳои ҷудогонае ҳам дар ин замина навишта шудааст, ки бархе ба шарҳи зер аст:

  • Баррасии татбиқии қоидаи лутф дар имомия ва омузаи файз дар масеҳияти котулик, навиштаи Ҳасан Динпаноҳ. Нависанда ба ин натиҷа расидааст, ки ҳарчанд лутф дар имомия бо файз дар масеҳият ҳар ду мӯҷиби дурии инсон аз гуноҳ ва растагории ӯ мешаванд, аммо дар мабонӣ ва пешфарзҳо бо якдигар фарқҳои бунёдин доранд. Ин китоб дар соли 1396ҳ.ш., тавассути интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ дар 370 саҳифа чоп шуда аст.[24]
  • Қоидаи лутф ва исботи вуҷуди имоми ҳай, навиштаи Маҳдии Юсуфиён: ин китоб ба баррасии қоидаи лутф ва коркарди он дар исботи имом ва имомат мепардозад ва дар соли 1395ҳ.ш., тавассути интишороти маркази тахассусии Маҳдавияти ҳавзаи илмияи Қум дар 210 саҳифа чоп ва мунташир шудааст.[25]

Ҷусторҳои вобаста

Ҳусн ва қубҳи ақлӣ

Адлия

Сифоти Худо

Эзоҳ

  1. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоъид-ул-каломийя, 1418ҳ.қ., саҳ.104 - 105; Фахриддини Розӣ, ал-Муҳассал, 1411ҳ.қ., саҳ.481 - 482.
  2. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоъид-ул-каломийя, 1418ҳ.қ., саҳ.114 - 116.
  3. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоъид-ул-каломийя, 1418ҳ.қ., саҳ.120 - 124.
  4. Аллома Ҳиллӣ, Миноҳҷ-ул-яқин, 1415ҳ.қ., саҳ.387; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1427ҳ.қ., саҳ.444; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.276; Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнӣ, 1962 - 1965м., ҷ.13, саҳ.9; Ибни Навбахт, ал-Ёқут фи илм-ил-калом, 1413ҳ.қ., саҳ.55.
  5. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоъид-ул-каломийя, 1418ҳ.қ., саҳ.120 - 124.
  6. Сураи Мулк, ояти 14. “أَلَا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ”, “оё касе ки офарида аст намедонад? бо инки ӯ худ борикбини огоҳ аст».
  7. Сураи Анъом, ояти 103. “لَا تُدْرِكُهُ الْأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الْأَبْصَارَ ۖ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ”, “Ӯро ҳеҷ чашме дарк нанамояд ва Ӯ ҳамаи бинандагонро мушоҳида мекунад ва Ӯ латифу номаръӣ ва (ба ҳамаи чизи халқ) огоҳ аст!».
  8. Дуои Ҷавшани кабир, фақараи 31. “یَا لَطِیفاً لا یُرَامُ”, “Эй латифе, ки дастандози касе қарор нагирад!”.
  9. Дуои Ҷавшани кабир, фақараи 34. “یَا لَطِیفَ الصُّنْعِ”, «эй сунъат чашмнавоз!».
  10. Сураи Шуро, ояти 19. “اللَّهُ لَطِيفٌ بِعِبَادِهِ يَرْزُقُ مَنْ يَشَاءُ ۖ وَهُوَ الْقَوِيُّ الْعَزِيزُ”.
  11. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоъид-ул-каломийя, 1418ҳ.қ., саҳ.97 - 98.
  12. Сайиди Муртазо, аз-Захирату фи илм-ил-калом‏, 1411ҳ.қ., саҳ.186.
  13. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоъид-ул-каломийя, 1418ҳ.қ., саҳ.104 - 105; Фахриддини Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.348; Фахриддини Розӣ, ал-Муҳассал, 1411ҳ.қ., саҳ.481 - 482.
  14. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоъид-ул-каломийя, 1418ҳ.қ., саҳ.106.
  15. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоъид-ул-каломийя, 1418ҳ.қ., саҳ.110.
  16. Тусӣ, Нақд-ул-муҳассал, 1405ҳ.қ., саҳ.302.
  17. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоъид-ул-каломийя, 1418ҳ.қ., саҳ.114 - 119.
  18. Калонтарӣ, «Имкон ё адами имкони тасарраии қоидаи лутф ба мавзӯи вилояти фақиҳ дар асри Ғайбат», саҳ.15.
  19. Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ вилояти фақоҳату адолат, 1389ҳ.ш., саҳ.213.
  20. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоъид-ул-каломийя, 1418ҳ.қ., саҳ.119; Субҳонӣ, ал-Мабсут фи усул-ил-фиқҳ, 1432ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.183 - 186; Раҷоӣ ва Муъминӣ, “Корбурди қоидаи каломии «лутф» дар усули фиқҳ”, саҳ.222 - 223.
  21. Шайхи Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.84.
  22. Ноинӣ, Фавоид-ул-усул, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.150.
  23. Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., саҳ.291.
  24. “Баррасии татбиқии қоидаи лутф дар имомия ва омӯзаи файз дар масеҳияти котулик”, шабакаи ҷомеъи китоби гесум.
  25. “Қоидаи лутф ва исботи вуҷуди имоми ҳай”, шабакаи ҷомеъи китоби Гесум.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1427ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Миноҳҷ-ул-яқин фи усул-ид-дин, Теҳрон, Дорул-усва, 1415ҳ.қ.
  • “Баррасии татбиқии қоидаи лутф дар имомия ва омӯзаи файз дар масеҳияти котулик”, шабакаи ҷомеъи китоби Гесум, мушоҳида: 17 хурдоди 1400ҳ.ш.
  • Ибни Навбахт, Абуисҳоқ Иброҳим, ал-Ёқут фи илм-ил-калом, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, 1413ҳ.қ.
  • Калонтарӣ, Иброҳим, «Имкон ё адами имкони тасарраии қоидаи лутф ба мавзӯи вилояти фақиҳ дар асри Ғайбат», Қабасот, № 81, поизи 1395ҳ.ш.
  • Қозӣ Абдулҷаббор, Абдулҷаббор ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ фи абвоб-ит-тавҳиди ва-л-адл‏, Қоҳира, ал-Дорул-мисрия, 1965 - 1962м‏.
  • “Қоидаи лутф ва исботи вуҷуди имоми ҳай”, шабакаи ҷомеъи китоби Гесум, мушоҳида: 17 хурдоди 1400ҳ.ш.
  • Ноинӣ, Муҳаммадҳусайн, Фавоид-ул-усул, Қум, интишороти Исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Қум, Олулбайт, чопи аввал, Кифоят-ул-усул.
  • Раҷоӣ, Фотима ва Мустафо Муъминӣ, «Корбурди қоидаи каломии лутф дар усули фиқҳ», дар маҷаллаи Фиқҳи Аҳли Байт, № 85 ва 86, баҳор ва тобистони 1395ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аз-Захирату фи илм-ил-калом‏, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Тусӣ, Насируддин, Нақд-ул-муҳассал, Дорул-азвоъ, 1405ҳ.қ.
  • Фахриддини Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Муҳассал, Аммон, Дорул-Розӣ, 1411ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Иршод-ут-толибин ило наҳҷ-ил-мустаршидин, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, 1405ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Вилояти фақиҳ вилояти фақоҳату адолат, Қум, маркази нашри Исро, чопи ёздаҳум, 1389ҳ.ш.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Қум, интишороти Исломӣ, чопи панҷум, Фароид-ул-усул, 1416ҳ.қ.