Руъёи содиқа
Руъёи содиқа (форсӣ: رؤیای صادقه) ё хоби мувофиқи воқеъ ҳамон кашфу шуҳуд аст, ки дар хоб рӯй медиҳад. Аз руъёи содиқа бо таъбирҳои "руъёи ҳасана" ва "руъёи солеҳа" низ ёд шудааст. Бар асоси аҳодис, ғайр аз пайғамбарон ва имомон, муъминон низ метавонанд руъёи содиқа бинанд ва ин яке аз башоратҳои Худо ба муъминон дар дунё аст.
Руъёи содиқаро ба се қисм тақсим кардаанд: 1) Хобе, ки ба таъвил ва таъбир ниёз надорад; монанди хоби ҳазрати Иброҳим дар бораи забҳи Исмоил; 2) Хобе, ки қисме аз он ба таъбир ниёз дорад ва қисми дигар ниёз надорад; мисли хоби ҳазрати Юсуф (а), ки дар он офтобу моҳ ва ситораҳо ниёзманди таъбир буданд; аммо саҷдаи онҳо таъбире ғайр аз худи саҷда надошт; 3) Хобе, ки ба таъбири комил ниёз дорад, монанди хоби подшоҳи Миср дар замони Юсуф (а).
Дар Қуръон чанд намуна аз руъёҳои содиқа баён шудааст, аз ҷумла хоби Пайғамбари Ислом (с) пеш аз фатҳи Макка, муттаалиқ ба он ки ӯ ва ёронаш ба Макка дохил мешаванд ва ҳаҷ иҷро мекунанд. Дар ояти 27 сураи Фатҳ, таҳаққуқи ин хоб ваъда дода шудааст. Хоби Пайғамбари Ислом (с) дар бораи "шаҷараи малъуна", ки дар ояти 60 сураи Исро аз он суҳбат ба миён омада, аз дигар намунаҳои руъёи содиқа аст. Дар ин хоб, Пайғамбар (с) дид, ки чанд маймун аз минбари ӯ болоу поин мераванд. Гуфтаанд, ки таъбири ин хоб, хилофати Банӣ Умайя пас аз Пайғамбар (с) будааст.
Покӣ ва риёзати нафсро аз омилҳои дидани руъёи содиқа ва гуноҳу пурхӯрӣ ва носолимии мизоҷро аз монеъҳои он донистаанд.
Мафҳумшиносӣ
Руъёи содиқа ба хобе гуфта мешавад, ки бо ҳақиқат мувофиқат дорад.[1] Дар ривоятҳо, аз руъёи содиқа бо таъбирҳои "руъёи ҳасана"[2] ва "руъёи солеҳа"[3] низ ёд шудааст. Файласуфон ва орифони мусулмон руъёи содиқаро навъе аз кашфу шуҳуд меҳисобанд, ки дар хоб рӯй медиҳад.[4]
Дар манбаъҳои ривоии шиа[5] ва суннӣ,[6] аз руъёи содиқа суҳбат ба миён омадааст. Руъёи содиқа дар ривоятҳо, башорате аз ҷониби Худо[7] ва яке аз аҷзои нубувват ба шумор рафтааст.[8]
Ҳамчунин дар навиштаҳои фалсафӣ ва ирфонии мусулмонон, аз он дар радифи макошифа ва ваҳй ёд шуда ва аз чистӣ ва иллати он баҳс шудааст.[9] Аллома Маҷлисӣ низ дар "Биҳор-ул-анвор" ба таври муфассал аз ин масъала суҳбат карда ва дидгоҳҳои файласуфонро дар ин маврид нақд кардааст.[10]
Рӯёҳои содиқае, ки аз умури махфӣ ё ҳодисаҳои оянда хабар медиҳанд, далели бар вуҷуди рӯҳ дониста шудаанд.[11]
Азғоси аҳлом
Зиғс дар луғат ба маънои дастае аз хору хошок аст.[12] Дар Қуръони карим ояти 44 сураи Юсуф ва ояти 5 сураи Анбиё, руъёи парешонро ба хору хошок ташбеҳ кардааст. Аллома Тобатобоӣ, файласуф ва муфассири Қуръон, муътақид аст, ки баъзе хобҳо сурате ошуфта аз рӯёҳои гуногун аст, ки ҳар кадоме барои худ таъбири ҷудогона дорад ва чун як-яки онҳо мушаххас нест ва бо ҳам омехта шудаанд, аз ин рӯ, вуқуф ба таъбири онҳо барои муаббир душвор гардидааст.[13]
Киҳо руъёи содиқа мебинанд?
Ба гуфтаи Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ дар "Биҳор-ул-анвор", пайғамбарон, имомон ва муъминон руъёи содиқа мебинанд. Ба бовари ӯ тамоми хобҳои пайғамбарон руъёи содиқа аст ва ин рӯёҳои содиқаи пайғамбарон дар ҳақиқат, навъе аз ваҳй ҳисоб мешавад. Маҷлисӣ муътақид аст, ки имомон низ руъёи содиқа мебинанд, ки агарчи ваҳй ном надорад; аммо дар ҳукми ваҳй аст.[14] Ӯ ҳамчунин бо нақли аҳодисе аз Пайғамбар (с) мегӯяд, ки пас аз пайғамбар, ҳамаи аҷзои нубуват, ғайр аз руъёи содиқа, аз байн мераванд.[15]
Маҷлисӣ бо истинод ба ривоятҳо қоил ба дидани руъёи содиқа аз ҷониби муъминон аст.[16] Дар баъзе тафсирҳои ривоии шиа ва суннӣ, зери ояти «لَهُمُ الْبُشْرى فِي الْحَياةِ الدُّنْيا وَ فِي الْآخِرَةِ» (...дар зиндагии дунё ва дар охират муждае барои онҳо аст.)[17] омадааст, ки мақсади мужда барои муъмин дар дунё, ҳамон руъёи солеҳае аст, ки ӯ дар хоб мебинад.[18]
Фарқи руъёи содиқа бо ваҳй
Ба эътиқоди Муҳйиддин ибни Арабӣ, руъёи содиқа фарқе бо ваҳй надорад ва аз як ҷо сарчашма мегиранд ва танҳо тафовуташ ин аст, ки ваҳй дар бедорӣ аст, вале руъёи содиқа дар олами рӯё ва хоб аст.[19] Руъёи содиқа ба таъбир ниёз надорад, монанди руъёи Пайғамбар дар Ҳудайбия мутталиқ ба дохил шудан ба Масҷиду-л-ҳаром пеш аз фатҳи Макка. Ба ҳамин далел, руъёи содиқа як ҷузъ аз 46 ҷузъи нубувват дониста шудааст. Касе метавонад ваҳй қабул кунад, ки баҳраманди нафси қавӣ бошад ва тавонад бо он ба олами муҷаррадот пайванд барқарор кунад. Ҳамин қуввати нафс сабаби судури каромот ва хориқи одат ва муъҷизот аз ӯ мегардад.[20]
Рӯёҳои содиқа дар Қуръон
Гуфтаанд, ки дар Қуръон дастикам ҳафт намунаи руъёи содиқа баён шудааст:
1. Хоби Пайғамбари Ислом (с) пеш аз фатҳи Макка, дар он хусус ки ӯ ва ёронаш ба Макка дохил мешаванд ва ҳаҷ иҷро мекунанд. Дар ояти 27 сураи Фатҳ, таҳаққуқи ин хоб ваъда дода шудааст.
2. Хоби Пайғамбари Ислом (с) дар бораи "шаҷараи малъуна", ки дар ояти 60 сураи Исро аз он суҳбат ба миён омадааст. Дар ин хоб, Пайғамбар (с) дид, ки чанд маймун аз минбари ӯ болоу поин мераванд. Гуфтаанд, ки таъбири ин хоб, ҳукумати Банӣ Умайя пас аз Пайғамбар (с) будааст.
3. Хоби ҳазрати Иброҳим дар хусуси забҳи фарзандаш - Исмоил, ки дар ояти 102 сураи Соффот баён шудааст. Дар оятҳои 104 ва 105 ин сура, дурустии ин хоб тасдиқ шудааст.
4. Хоби Юсуфи пайғамбар дар кӯдакӣ, ки мувофиқи он, ёздаҳ ситора ва офтобу моҳ барои ӯ саҷда мекарданд (сураи Юсуф, ояти 4). Бар асоси оятҳои Қуръон, ин хоб солҳо баъд, вақте ки Юсуф азизи Миср шуд ва ёздаҳ бародараш ва Яъқуб ва ҳамсараш, ба ӯ таъзим карданд, таҳаққуқ ёфт (сураи Юсуф, ояти 100).
5. Хобҳои ду ҳамзиндонии Юсуф, ки яке хоб дид, ки бо ангӯр май тайёр мекунад ва дигаре дид, ки нон бар сар дорад ва паррандагон аз он мехӯранд (сураи Юсуф, ояти 36). Бар асоси ояти 41 ҳамин сура, Юсуф ин ду хобро ин тавр таъбир кард, ки аввалӣ аз зиндон озод ва соқии подшоҳ мешавад ва дуюмӣ ба салиб баста мешавад ва паррандагон аз [мағзи] сараш мехӯранд.
6. Хоби подшоҳи Миср, ки дар он ҳафт гови лоғар, ҳафт гови фарбеҳро мехӯранд ва ҳафт хӯшаи хушкида ва ҳафт хӯшаи сабз вуҷуд дошт (сураи Юсуф, ояти 43). Бар асоси оятҳои 46 ва 47 ҳамин сура, Юсуф ин хобро пешомадани ҳафт сол пуроб, ки пас аз онҳо ҳафт сол хушксолӣ буд, таъбир кард.[21]
Ақсоми руъёи содиқа
Таҳонавӣ, истилоҳшиноси қарнҳои ёздаҳум ва дувоздаҳуми қамарӣ, руъёи содиқаро ба се қисм тақсим кардааст:
- Хобе, ки ба таъвил ва таъбир ниёз надорад; монанди хоби ҳазрати Иброҳим (а) дар бораи забҳи Исмоил.
- Хобе, ки қисме аз он ба таъбир ниёз дорад ва қисми дигар ниёз надорад; мисли хоби ҳазрати Юсуф (а), ки дар он офтобу моҳ ва ситораҳо ниёзманди таъбир буданд, аммо саҷдаи онҳо таъбире ғайр аз худи саҷда надошт.
- Хобе, ки ба таъбири комил ниёз дорад; монанди хоби подшоҳи Миср дар замони Юсуф Пайғамбар (а).[22]
Омилҳо ва монеъҳои дидани руъёи содиқа
Дар манбаъҳои исломӣ аз омилҳо ва монеъҳои руъёи содиқа низ суҳбат омадааст. Муллосадро, сафои нафс, безори аз дунё ва риёзати нафсро аз асбоби дидани руъёи содиқа зикр кардааст.[23] Аллома Тобатобоӣ, муроқибаи рӯзонаро боиси қабули рӯёҳои содиқа ва тамассулҳои ҳамроҳ бо латофат донистааст.[ниёзманди манбаъ] Гуноҳ, пархӯрӣ, носолимии мазоҷ ва мастӣ ҳам аз монеъҳои руъёи содиқа дониста шудаанд.[24]
Эзоҳ
- ↑ Ҷамъе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.573; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Паёми Қуръон, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.278
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.90-91; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуру-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133-134; Ибни Фаҳд Ҳиллӣ, Уддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.278.
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Абиҷумҳур, Аволи-ул-лаъолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162; Ибни Фаҳд Ҳиллӣ, Уддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.278; Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1374ҳ.ш., саҳ.41
- ↑ Саҷҷодӣ, Фарҳанги улуми исломӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.928
- ↑ Барои намуна, ниг.: Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.356; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.90-91; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133-134; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.584; Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Уддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.278; Ибни Абӣ Ҷамҳур, Авол-ил-лоёлӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162; Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Уддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.278; Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.41
- ↑ Барои намуна ниг.: Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1409ҳ.қ., саҳ.362-372
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.48, саҳ.192
- ↑ Ниг.: Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Уддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.277; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.584
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Сино, ал-Мабдаъ ва-л-маъод, 1363ҳ.ш., саҳ.117-119; Муллосадро, ал-Мабдаъ ва-л-маъод, 1354ҳ.ш., саҳ.467-469
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.58, саҳ.195-219
- ↑ Муҳсинӣ, Рӯҳ аз назари дин, ақл ва илми рӯҳии ҷадид, 1376ҳ.ш., саҳ.10
- ↑ Роғиб Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот фӣ ғариб-ил-Қуръон, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.459
- ↑ Таботобоӣ, ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.255
- ↑ Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.58, саҳ.210
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.58, саҳ.192
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.58, саҳ.190-192
- ↑ Сураи Юнус, оят 64
- ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.41; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.311
- ↑ Ибни Арабӣ, Тафсири Ибни Арабӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229
- ↑ Ибни Арабӣ, Тафсири Ибни Арабӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229
- ↑ Макорим Шерозӣ ва дигарон, Паёми Қуръон, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.278-287
- ↑ ат-Таҳановӣ, Кашшофу истилоҳот-ил-фунун ва-л-улум, 1996 м., ҷ.1, саҳ.886
- ↑ Муллосадро, ал-Мабдаъ ва-л-маъод, 1354ҳ.ш., саҳ.467
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.58, саҳ.209-210
Сарчашма
- Қуръони Карим
- Ибни Абиҷамҳур, Муҳаммад ибни Зинуддин, Аволи-л-лоёли-л-азизия фи-л-аҳодиси-д-диния, таҳқиқ ва тасҳеҳи Мӯҷтабо Ироқӣ, Дор Сиду-ш-шуҳадо ли-н-нашр, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
- Ибни Сино, Ҳусайн ибни Абдуллоҳ, ал-Мабдаъ ва-л-маъод, Теҳрон, Муассисаи мутоъилоти исломӣ, чопи аввал, 1363ҳ.ш.
- Ибни Шаҳрошӯб Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Аби Толиб алайҳиму-с-салом, Қум, Аллоҳма, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
- Ибни Арабӣ, Муҳйиддин, Тафсири Ибни Арабӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Шайх Абду-л-Ворис Муҳаммад Алӣ, Бейрут - Дор-ул-кутуби-л-илмия, 1422ҳ.қ.
- Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Уддату-д-доъӣ ва наҷоҳу-с-соъӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Аҳмад, Моваҳҳеди Қумӣ, Дор-ул-кутуби-л-исломӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Сайид Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсири-л-Қуръон, Қум, Муассисаи баъса, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Сюӯтӣ, Ҷалолуддин, ад-Дурру-л-мансур фи тафсири-л-маъсур, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ Наҷфӣ, 1404ҳ.қ.
- Таботобоӣ, Сайид Муҳаммад Ҳусайн, Тафсири ал-Мизон, тарҷумаи Муҳаммад Боқир Мусавӣ Ҳамадонӣ, Қум, Дар-ул-интишороти исломӣ, чопи 5, 1374ҳ.ш.
- Колинӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алӣ Акбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуби-л-исломия, 1407ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алӣ Акбар Ғаффорӣ, Қум, Дар-ул-интишороти исломӣ, чопи 2, 1413ҳ.қ.
- Роғиб Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадот фӣ ғариби-л-Қуръон, тарҷумаи Ғуломризо Хусравӣ Ҳусайнӣ, Теҳрон, Нашри Муртазовӣ, чопи 3, 1383ҳ.ш.
- Таҳановӣ, Муҳаммад Алӣ ибни Муҳаммад, Мусуъати кашшофи истилоҳоти-л-фунун ва-л-улум, Бейрут, Наширун, чопи аввал, 1996 м.
- Маҷлисӣ, Муҳаммад Боқир, Биҳору-л-анвор ал-ҷомиъа ли-дурари ахбори-л-аиммати-л-атҳор, Бейрут, Дор иҳёи-т-тураси-л-арабӣ, чопи 2, 1403ҳ.қ.
- Мулло Садро, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Мабдаъ ва-л-маъод, Теҳрон, Анҷумани ҳикмат ва фалсафаи Эрон, 1354ҳ.ш.
- Макорим Шерозӣ, Носир ва дигарон, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуби-л-исломия, 1368ҳ.ш.