Тавҳиди сифотӣ
Тавҳиди сифотӣ (форсӣ: توحید صفاتی) аз ақсоми тавҳид аст ва ба маънои эътиқод ба ягонагии мисдоқии сифатҳои зотии Худованд бо якдигар ва бо зоти Худо мебошад. Бар асоси тавҳиди сифотӣ, сифатҳои зотӣ танҳо як мисдоқ (зоти Худованд) доранд ва ихтилофи онҳо танҳо аз лиҳози мафҳум аст. Ин дидгоҳ, ки ба «айнияти сифот бо зот» машҳур аст, дидгоҳи ҳамаи файласуфони мусалмон ва мутакаллимони имомия ва гурӯҳе аз аҳли суннат шумурда мешавад. Дар муқобил, ашоира ва мотуридия, аз мазҳабҳои каломии аҳли суннат, ба яке набудани сифот бо зот ва қадим будани сифатҳои Илоҳӣ қоил ҳастанд.
Эътиқод ба ҷудо будани сифот аз зотро «ширки сифотӣ» номидаанд; аммо гуфта шудааст, чун тавҳиди сифотӣ масъалаи бисёр дақиқ аст ва бештар дар миёни уламо ва донишмандони калом матраҳ мешавад, ширк дар сифот ширки хафӣ шумурда шуда ва боиси хориҷ шудан аз Ислом намешавад.
Мутакаллимони шиа барои исботи тавҳиди сифотӣ ба далелҳои ақлӣ ва нақлӣ истинод кардаанд. Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, мутакаллими шиа, парҳез аз эътиқод ба тааддуди зот ва дурӣ аз қоил шудан ба ниёзмандии Худо ба махлуқоташ, айнияти сифот бо зотро исбот мекунад. Аз ҷумлаи далелҳои нақлиро низ сухани Имом Алӣ (а) дар хутбаи нахустини Наҳҷ-ул-балоға донистаанд, ки дар он нафйи сифот аз Худованд, камоли ихлос муаррифӣ шудааст.
Ҷойгоҳи масъала ва тавзеҳи он
Тавҳиди сифотӣ аз усули маорифи исломӣ ва олитарин андешаи башарӣ шумурда мешавад, ки ба вижа дар мактаби шиа таҷаллӣ ёфтааст.[1] Уламо ва донишмандони шиа дар тақсими тавҳид ба назарӣ ва амалӣ, тавҳиди сифотиро ҷузъи шохаҳои тавҳиди назарӣ донистаанд.[2]
Мурод аз тавҳиди сифотӣ, эътиқод ба ягона будани сифатҳои зотии Худо бо зоти Илоҳӣ ва ҳамчунин сифот бо якдигар аст ва нафйи ҳар гуна касрат ва таркиб аз зоти Худовандро дар бар мегирад.[3] Бар асоси ин дидгоҳ, сифатҳои Илоҳӣ масодиқи ҷудогона аз якдигар ва аз зоти Илоҳӣ надоранд; балки ҳамаи онҳо мафҳумҳое ҳастанд барои мисдоқи воҳиди басите, ки ҳамон зоти Худованд аст.[4] Тибқи ин назар, ҳамаи сифоте, ки ба Худо нисбат дода мешаванд, монанди илм, қудрат ва ҳаёт, айни зоти Худо ва айни якдигар ҳастанд ва танҳо дар мафҳум бо ҳам ихтилоф доранд.[5]
Аз назари Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, файласуф ва фақеҳи шиа, мақсуд аз айният ва ягона будани сифот бо зот ин аст, ки зоти Худо дар айни басотат (яъне мураккаб набудан), ҳамаи сифоти камолро бидуни ниёз ба чизи дигар дорост; бар хилофи сифоти махлуқот, ки айни зоти онҳо нестанд ва қобили ҷудо шудан аз зоти онҳо мебошанд.[6]
Ба гуфтаи Алӣ Раббонии Гулпойгонӣ, каломпажӯҳ, мавзуи баҳс дар тавҳиди сифотӣ, чигунагии иртибот ва нисбати сифатҳои зотӣ бо зоти Илоҳӣ аст. Ӯ қоил шудан ба айнияти сифот бо зоти Худоро «тавҳиди сифотӣ» ва эътиқод ба зиёдат ва ҷудоиро «ширки сифотӣ» меномад.[7]
Дидгоҳи мазҳабҳои исломӣ дар бораи тавҳиди сифотӣ
Ҳамаи файласуфони мусалмон ва мутакаллимони имомия[8] ва гурӯҳе аз аҳли суннат[9] муътақид ба айнияти сифот бо зот, яъне ҳамон тавҳиди сифотӣ ҳастанд. Дар муқобил, ашоира[10] ва мотуридия[11] аз фирқаҳои аҳли суннат бар ин ақидаанд, ки сифатҳои Худо ғайр аз зоти Ӯ ҳастанд ва албатта монанди зот, қадим мебошанд.
Дар бораи фирқаи каломии муътазила ихтилофи назар вуҷуд дорад: Муртазо Мутаҳҳарӣ ва Ҷаводии Омулӣ мегӯянд, муътазила муътақид ба танзеҳ(нафй)-и сифот буданд;[12] яъне сифотро аз Худо нафй мекарданд. Аммо Алӣ Раббонии Гулпойгонӣ, каломпажӯҳ, мегӯяд, ки онҳо низ мисли имомия муътақид ба айнияти сифот бо зот буданд.[13]
Аз назари Ҷаводии Омулӣ, чун тавҳиди сифотӣ масъалаи бисёр дақиқ аст ва бештар дар миёни уламо ва донишмандони калом матраҳ мешавад ва мардумони оддӣ аз он огоҳ нестанд, напазируфтани он ширки хафӣ шумурда шуда ва боиси хориҷ шудан аз Ислом намешавад.[14]
Далелҳо
Уламо ва мутакаллимони шиа барои исботи тавҳиди сифотӣ ва айнияти сифот бо зот, далелҳое баён кардаанд. Бархе аз ин далелҳо ақлӣ ва бархеи дигар баргирифта аз ривоятҳо мебошанд:
Далелҳои ақлӣ
Ҷаъфари Субҳонӣ, мутакаллими шиа, яке аз далелҳои ақлии тавҳиди сифотиро чунин тавзеҳ додааст: ягона будани сифот бо зот муҷиби бениёзии Худованд дар сифоташ аз ғайри Ӯ мешавад; аммо лозимаи эътиқод ба як набудани сифот бо зот, ниёзмандии Худованд ба умуре ғайр аз зоти Ӯст. Дар ин сурат, Худованд илм ё қудрат дорад, вале ба ёрии илму қудрате ки ғайр аз зоти Ӯст. Бинобар ин, аз он ҷо ки Худованд бениёзи мутлақ ва поку муназзаҳ аз эҳтиёҷ ба ғайр аст, сифоташ бо зоти Ӯ якест.[15]
Тавзеҳи Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ ва Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ низ чунин аст: агар ҳар яке аз сифатҳои Илоҳӣ мисдоқи ҷудогона дошта бошад, аз ду ҳол хориҷ нест: ё масодиқи онҳо дар дохили зоти Илоҳӣ фарз мешаванд, ки лозимааш ин аст, ки зоти Илоҳӣ мураккаб аз аҷзо бошад ва ин бо тавҳиди зотӣ носозгор ва маҳол аст; ё масодиқи онҳо хориҷ аз зоти Илоҳӣ фарз мешаванд. Дар ин сурат, ё он сифот воҷибулвуҷуд ва бениёз аз офаринанда тасаввур мешаванд, ки муҷиби тааддуди зот ва ширк аст; ё мумкинулвуҷуд ва офаридаи Худо фарз мешаванд. Лозимаи ин фарз он аст, ки зоти Худованд, ки тибқи фарз ин сифотро надорад, онҳоро биёфарад ва сипас ба онҳо мавсуф шавад. Ин сурат низ маҳол аст; зеро маҳол аст ки иллати ҳастибахш зотан камолоти махлуқоти худро надошта бошад. Бо ботил шудани ҳамаи ин фарзҳо, тавҳиди сифотӣ ва айнияти сифот бо зот исбот мешавад.[16]
Далелҳои ривоӣ
Ба назари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, файласуф ва муфассири шиа, тавҳиди сифотӣ дар аҳодис бо унвони «нафйи сифот» матраҳ шудааст.[17] Дар хутбаи нахустини Наҳҷ-ул-балоға аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст: «وَ كَمَالُ تَوْحِيدِهِ الْإِخْلَاصُ لَهُ وَ كَمَالُ الْإِخْلَاصِ لَهُ نَفْيُ الصِّفَاتِ عَنْهُ [...ва камолу тавҳидиҳи ал-ихлосу лаҳу ва камол-ул-ихлоси лаҳу нафй-юс-сифоти анҳу...]» (тарҷума: ...Камоли тавҳиди Худо ихлос ба Ӯст ва камоли ихлос ба Ӯ нафйи сифот (зиёда бар зот) аз Ӯст...).[18] Оятуллоҳ Субҳонӣ ин каломро тасриҳ бар айнияти сифот бо зот шумурдааст.[19]
Аллома Маҷлисӣ гуфтааст, бештари ривоятҳое, ки дар бораи сифатҳои Худо нақл шудааст, бар нафйи зиёдат далолат доранд; аммо тасриҳе бар айнияти сифот бо зот надоранд.[20] Аллома Таботабоӣ ин суханро аҷиб шумурда, гуфтааст, ки ривоятҳо бар айнияти сифот бо зоти Ӯ далолат доранд.[21]
Эзоҳ
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.101
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Ҷаҳонбинии тавҳидӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.41; Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1393ҳ.ш., саҳ.201; Харрозӣ, Бидоят-ул-маориф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53–54
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.136; Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.101
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.136
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Худошиносӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.269
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.298
- ↑ Раббонӣ Гулпойгонӣ, Каломи татбиқӣ (1), 1399ҳ.ш., саҳ.59
- ↑ Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1372ҳ.ш., саҳ.241
- ↑ Раббонӣ Гулпойгонӣ, Каломи татбиқӣ (1), 1399ҳ.ш., саҳ.59
- ↑ Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт ало ҳуда-л-китоб ва-с-сунна ва-л-ақл, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.35; Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.299–302
- ↑ Раббонӣ Гулпойгонӣ, Каломи татбиқӣ (1), 1399ҳ.ш., саҳ.59
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.98; Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.303–304
- ↑ Раббонӣ Гулпойгонӣ, Каломи татбиқӣ (1), 1399ҳ.ш., саҳ.60–62
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.579
- ↑ Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт ало ҳуда-л-китоб ва-с-сунна ва-л-ақл, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.38
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.136; Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.305–306
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1384ҳ.ш., саҳ.136
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи аввал, саҳ.39
- ↑ Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт ало ҳуда-л-китоб ва-с-сунна ва-л-ақл, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.41
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.62
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.62, ёддошти поини саҳифаи 1
Сарчашма
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, بحار الأنوار الجامعة لدرر أخبار الأئمة الأطهار(ع) Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Теҳрон, Ширкати чоп ва нашри Созмони таблиғоти исломӣ, чопи ҳабдаҳум, 1384ҳ.ш.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Худошиносӣ, таҳқиқ ва бознигарӣ: Амирризо Ашрафӣ, Қум, Интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ (рҳ), чопи сеюм, 1396ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, Нашри Садро, 1390ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ҷаҳонбинии тавҳидӣ, Интишороти Садро, Теҳрон, 1389ҳ.ш.
- Наҳҷ-ул-балоға, гирдоваранда: Сайид Ризӣ, таҳқиқ: Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Раббонӣ Гулпойгонӣ, Алӣ, Каломи татбиқӣ (1): Тавҳид, сифот ва адли Илоҳӣ, Қум, Ҷомеат-ул-Мустафо (с), чопи панҷум, 1399ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ало ҳуда-л-китоб ва-с-сунна ва-л-ақл, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1413ҳ.қ.
- Файёзи Лоҳиҷӣ, Муллоабдурраззоқ, Гавҳари мурод, Теҳрон, Нашри Соя, 1383ҳ.ш.
- Харрозӣ, Сайид Маҳсон, Бидоят-ул-маорифи илоҳӣ, Муассисаи нашри исломӣ, Қум, 1417ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тавҳид дар Қуръон: Тафсири мавзуии Қуръони карим, таҳқиқ ва танзим: Ҳайдаралӣ Айюбӣ, Қум, Маркази нашри Исро, чопи ҳаштум, 1395ҳ.ш.