Jump to content

Тафвиз

Аз wikishia
Порае аз хушнависии ояти «Уфаввизу амрӣ ила-л-лоҳ» [«Корамро ба Худо вогузор мекунам»], ба хатти настаълиқ, марбут ба даврони Усмонӣ ва Сафавӣ

Тафвиз (форсӣ: تفویض) истилоҳи серистеъмол дар ҳадисҳо, илми калом, ахлоқ ва ирфони назарӣ аст, ки дар ҳар як аз ин соҳаҳо маънои гуногун дорад. Тафвиз дар каломи исломӣ дар масъалаи ҷабр ва ихтиёр матраҳ шудааст ва муродиф бо ихтиёри мутлақи инсон дар аъмолаш аст, ки назарияи яке аз фирқаҳои исломӣ бо номи муътазила мебошад. Ин назария муқобили назарияи ҷабри мутлақи инсон аст, ки ашъария ба он эътиқод доранд.

Мутакаллимони шиа, бар асоси ҳадисҳои имомон, на тафвизро мепазиранд ва на ҷабрро; балки ба чизе миёни ин ду эътиқод доранд, ки дар ҳадисҳои шиа аз он ба «амрун байн-ал-амрайн» таъбир шудааст. Дар ахлоқ ва ирфони исломӣ, тафвиз яке аз манзилҳои сайру сулук шумурда мешавад ва маъное наздик ба таваккул дорад, яъне вогузории умур ба Худованд, таслим шудан дар баробари тақдирҳои Ӯ ва ризоият ба онҳо.

Дар баҳсҳои каломии шиа, тафвиз ду корбурди дигар низ дорад, ки аз ҳадисҳо гирифта шудааст: вилояти ташриъӣ ва вилояти таквинии Пайғамбар ва имомон. Уламо ва донишмандони шиа дар ин ду масъала бо якдигар ихтилофи назар доранд.

Тафвиз истилоҳи серистеъмол дар улуми исломӣ

Истилоҳи тафвиз дар бахшҳои гуногуни улуми исломӣ, аз ҷумла ҳадис, калом, ахлоқ ва ирфони исломӣ, бисёр корбурд дорад ва дар ҳар як аз ин заминаҳо маъное мутафовит дорад.[1] Ба вижа дар каломи исломӣ аз тафвиз бисёр баҳс шудааст[2] ва фирқае аз фирқаҳои каломӣ, яъне муътазила, ба далели эътиқод ба он дар баҳси ҷабр ва ихтиёр, «муфаввиза» (аҳли тафвиз) номида мешавад.[3] Тафвиз дар луғат ба маънои вогузор кардан аст.[4]

Маъноҳои гуногуни тафвиз дар фарҳанги исломӣ

Дар ҳадисҳои шиа, бар асоси фаҳмиши уламо, тафвиз ҳадди ақал дар чор маънои гуногун ба кор рафтааст, ки бархе аз онҳо арзишманд шумурда шудаанд ва бархеи дигар манфӣ дониста шудаанд: ихтиёри комили инсон дар аъмолаш (муқобили ҷабри мутлақ),[5] вогузории умур ба Худованд,[6] вилояти ташриии Пайғамбар ва имомон,[7] ва вилояти таквинии онҳо.[8]

Дар ахлоқ ва ирфони исломӣ, мафҳуми тафвиз, вогузории умур ба Худованд, бо маънии таваккул монанд ва марбут дониста мешавад.[9] Дар каломи исломӣ, тафвиз ба маънои ихтиёри комили инсон дар аъмолаш ба кор меравад.[10] Аммо дар китобҳои каломии шиа, илова бар ин маъно, ба табаи корбурди тафвиз дар маънои вилояти ташриӣ ва таквинӣ дар ҳадисҳо, тафвиз дар ин маъноҳо низ истифода шудааст.[11]

Ихтиёр

Дар каломи исломӣ, тафвиз дар баҳси ҷабр ва ихтиёр матраҳ мешавад.[12] Муътазила бар ин ақида буданд, ки Худованд дар аъмоли инсон дахолате надорад ва аъмоли инсонро ба ӯ тафвиз кардааст; яъне инсон дар ин замина ихтиёри комил дорад.[13] Ин назария муқобили назарияи ҷабри мутлақ аст, ки ашъария аз он дифоъ мекарданд.[14]

Шиа, бар асоси ҳадисҳои имомон, на ихтиёри комилро мепазирад ва на ҷабри мутлақро; балки «роҳе миёни ин ду»-ро[15] бовар дорад ва онро бо унвони «амрун байн-ал-амрайн» таъбир мекунад;[16] яъне мегӯяд инсон мавҷуди соҳибихтиёр аст, аммо аъмолаш ба Худо низ нисбат дода мешавад; зеро ҳамон тавр ки вуҷудаш аз Худо аст, дар аъмоле ки аз вуҷудаш содир мешавад низ вобаста ба Ӯст.[17]

Дар манобеи ҳадисӣ, монанди ал-Кофӣ,[18] Тавҳид,[19] ал-Эътиқодот[20] ва Биҳор-ул-анвор,[21] бахше ба мавзуи радди ҷабр ва тафвиз ва таъйиди «амрун байн-ал-амрайн» ихтисос ёфтааст. Дар китобҳои Кофӣ ва Тавҳид, дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) омадааст: «لَا جَبْرَ وَ لَا تَفْوِيضَ وَ لَكِنْ أَمْرٌ بَيْنَ أَمْرَيْن؛ на ҷабр дуруст аст ва на тафвиз; балки чизе миёни ин ду аст.»[22]

Вогузории умур ба Худованд

Пайғамбари Ислом (с):

Имони банда ба Худо комил намешавад, магар он ки дар ӯ панҷ хислат бошад: таваккул бар Худо, вогузории умур ба Худо, таслим дар баробари амри Худо, ризоият ба қазои илоҳӣ ва сабр дар озмоиши Илоҳӣ.

Дайламӣ, Аълом-уд-дин, 1408ҳ.қ., саҳ.334


Ба бовари муҳаддисон, дар шуморе аз ҳадисҳо тафвиз ба маънои вогузории умур ба Худо ба кор рафтааст. Дар бархе манобеи ҳадисӣ, бахше бо унвони «тафвиз ба Худо ва таваккул бар Ӯ» ба ин масъала ихтисос ёфтааст.[23]

Дар яке аз ин ҳадисҳо, ба нақл аз Имом Козим (а) омадааст: «Таваккул дараҷаҳое дорад. Аз ҷумлаи онҳо ин аст, ки дар ҳамаи умури худ бар Худо такя кунӣ ва аз ҳарчи бо ту кунад, розӣ бошӣ ва бидонӣ, ки Ӯ дар бораи ту аз ҳеҷ хайру фазле кӯтоҳӣ намекунад ва ҳукм дар ин замина махсуси Ӯст. Пас бо тафвиз(вогузорӣ)и умур ба Худо бар Ӯ таваккул кун ва дар умури худ ва дигарон бар Ӯ эътимод дошта бош.»[24]

Дар ҳадисе низ аз Имом Алӣ (а) омадааст: «Имон чаҳор сутун дорад: таваккул бар Худо, тафвизи умур ба Худо, ризоият ба қазои Илоҳӣ ва таслим шудан ба амри Худо.»[25]

Дар бархе аз китобҳои ахлоқӣ ва ирфонӣ низ қисмате аз баҳс ба мавзуи тафвиз бахшида шудааст.[26] Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, орифи қарни панҷуми қамарӣ, дар китоби «Манозил-ус-соирин», тафвизро яке аз манзилҳои сайру сулук шумурда, онро таслими комил ба Худо таъриф кардааст ва таваккулро шохае аз он донистааст.[27]

Ба гуфтаи ӯ, тафвиз се мартаба дорад:

  1. Бидонӣ, ки банда пеш аз анҷоми амал ҳеҷ тавоноие аз худ надорад. Пас худро аз макри Худо эмин надонӣ, аз ёрии Ӯ ноумед набошӣ ва бар нияти худ такя накунӣ;
  2. Ба фақр ва изтирори худ ба Худо яқин пайдо кунӣ. Ҳеҷ амалеро сабаби наҷот ва ҳеҷ гуноҳеро сабаби ҳалокат надонӣ ва ҳеҷ омилеро ҷуз Худо таъсиргузор набинӣ;
  3. Шоҳид бошӣ, ки танҳо Худованд омил аст дар ҳаракату сукун, қабзу баст дар ҳастӣ, ва бидонӣ, ки танҳо Ӯст, ки ҳаркиро бихоҳад ҳидоят мекунад ва ҳаркиро бихоҳад гумроҳ месозад.[28]

Тафвиз ба имомон

Тафвиз дар ташреъ

Дар ривоятҳое аз имомон омадааст, ки Худо умури динро ба Пайғамбар ва имомон «тафвиз» кардааст.[29] Дар бархе манобеи ҳадисии шиа, фасле бо унвони «тафвизи умури дин ба Пайғамбар ва имомон» ба ин мавзуъ бахшида шудааст.[30]

Уламо ва донишмандони шиа ин мавзуъро бо номи «вилояти ташриӣ» баррасӣ кардаанд. Мурод аз вилояти ташриӣ дар ин ҷо, ҳаққи қонунгузорӣ дар ҳавзаи дин аст; яъне ташреъи аҳкоми ибодӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, қазоӣ ва ғайра.[31]

Дар бораи вилояти ташриӣ миёни уламо ихтилоф вуҷуд дорад: гурӯҳе мегӯянд, ки дар Ислом ҳеҷ инсон ҳаққи қонунгузорӣ надорад. Ин ҳақ махсуси Худованд аст ва Ӯ онро ба таври мутлақ ба ҳеҷ кас тафвиз накардааст.[32] Танҳо дар мавридҳои маҳдуде, ки дар ривоятҳо омадааст, ки Худо ба Пайғамбар иҷозаи ташреъ додааст, вилояти ташриии Пайғамбарро мепазиранд.[33]

Дар муқобили ин гурӯҳ, бархеи дигар бар ин ақидаанд, ки Пайғамбар ва имомон бар тамоми умури дин вилояти ташриӣ доранд.[34]

Тафвиз дар умури таквинӣ

Дар ривоятҳое аз имомон нақл шудааст, ки Худованд умури ҳастӣ, монанди офаридан, рӯзӣ додан, зинда кардан ва миронданро ба Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) тафвиз накардааст.[35] Дар муқобил, бархе гуфтаанд, ки бар асоси ривоятҳои дигар, Пайғамбар ва имомон воситаи файзи Худо дар ҳастӣ ҳастанд.[36]

Уламо ва донишмандони шиа ин мавзуъро бо номи «вилояти таквинӣ» баррасӣ кардаанд ва дар ин замина ихтилофи назар доранд:

Гурӯҳе аз онҳо мегӯянд, ки вилояти таквинии Пайғамбар ва имомон фарогир нест ва танҳо дар мавридҳои истисноӣ рух медиҳад; ва ҳамаи умур ба онҳо тафвиз нашудааст. Муртазо Мутаҳҳарӣ, Софии Гулпойгонӣ ва Ҷаъфар Субҳонӣ аз ҷумлаи ин гурӯҳанд.[37]

Шайх Садуқ ва Шайх Муфид тафвизи умури махлуқот ба Пайғамбар ва имомонро аз суханони ғолиён дониста, онро рад кардаанд.[38]

Дар муқобили инҳо, гурӯҳе монанди Муҳаммадҳусайн Ғарвии Исфаҳонӣ ва Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ бар ин ақидаанд, ки Пайғамбар ва имомон вилояти таквинӣ бар ҳамаи умури олам доранд ва воситаи файзи Худо дар ҳастианд.[39]

Эзоҳ

  1. Райшаҳрӣ ва дигарон, Ҳикматномаи Паёмбари аъзам, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.194
  2. Барои намуна ниг.: Субҳонӣ, Ҷабр ва ихтиёр, 1381ҳ.ш./1423ҳ.қ., саҳ.359–360; Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.48–52
  3. Баҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1428ҳ.қ., саҳ.343–344
  4. Қурашии Банобӣ, Қомуси Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.212, зери «фавз»
  5. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160; Шайх Садуқ, Тавҳид, саҳ.362
  6. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.63; Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ./1965 м., саҳ.16
  7. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.268; Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи баҳсҳои имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.97
  8. Барои намуна ниг.: Шайх Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97
  9. Барои намуна ниг.: Кошонӣ, Шарҳи Манозил-ус-соирин, 1427ҳ.қ., саҳ.329
  10. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.628
  11. Барои намуна ниг.: Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.285–286; Софии Гулпойгонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташриӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.98–100; Субҳонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташриӣ аз дидгоҳи илм ва фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.51
  12. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.307
  13. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.628
  14. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.307
  15. Субҳонӣ, Ҷабр ва ихтиёр, 1381ҳ.ш., саҳ.411
  16. Субҳонӣ, Ҷабр ва ихтиёр, 1381ҳ.ш., саҳ.411
  17. Субҳонӣ, Ҷабр ва ихтиёр, 1381ҳ.ш., саҳ.431–432
  18. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.155
  19. Шайх Садуқ, Тавҳид, саҳ.359
  20. Шайх Садуқ, Иътиқодоти имомия, 1414ҳ.қ., саҳ.29
  21. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.2
  22. Ниг.: Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160; Шайх Садуқ, Тавҳид, саҳ.362
  23. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.63; Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ./1965 м., саҳ.16
  24. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.65
  25. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.47; Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ./1965 м., саҳ.18
  26. Барои намуна ниг.: Кошонӣ, Шарҳи Манозил-ус-соирин, 1427ҳ.қ., саҳ.329; Зайниддини Розӣ, Ҳадоиқул-ҳақоиқ, 1422ҳ.қ., саҳ.115; Жандапил, Кунунул-ҳикма, 1387ҳ.ш., саҳ.53; Файзи Кошонӣ, аш-Шофӣ, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.496
  27. Кошонӣ, Шарҳи Манозил-ус-соирин, 1427ҳ.қ., саҳ.329
  28. Кошонӣ, Шарҳи Манозил-ус-соирин, 1427ҳ.қ., саҳ.331–332
  29. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.268
  30. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.1
  31. Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи баҳсҳои имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.97
  32. Субҳонӣ, Мафоҳими Қуръон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.610; Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи баҳсҳои имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.99, 101
  33. Субҳонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташриӣ аз дидгоҳи илм ва фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.20–21; Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи баҳсҳои имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.101–102
  34. Ғарвии Исфаҳонӣ, Ҳошияту китоб-ил-макосиб, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379; Омилӣ, ал-Вилоят-ут-таквинӣ ва-т-ташриӣ, 1428ҳ.қ., саҳ.60–63; Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, ҷ.5, 1418ҳ.қ., саҳ.114, 179
  35. Барои намуна ниг.: Шайх Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97
  36. Раббонӣ Гулпойгонӣ, Алӣ, «Нақши фоилии имом дар низоми офариниш», саҳ.20–25
  37. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.285–286; Софии Гулпойгонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташриӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.98–100; Субҳонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташриӣ аз дидгоҳи илм ва фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.51
  38. Шайх Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97, 100; Шайх Муфид, Силсилату муллафот аш-Шайх ал-Муфид, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.134
  39. Ғарвии Исфаҳонӣ, Ҳошияту китоб-ил-макосиб, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379; Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, ҷ.5, 1418ҳ.қ., саҳ.114

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Муҳаммад Санқур Алӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, Қум, Нашриёти ат-Тайёр, чопи дуюм, 1428ҳ.қ.
  • Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Аълом-уд-дин фи сифот-ил-муъминин, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Муассисаи Оли Байт, Қум, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
  • Жандапил, Аҳад ибни Абулҳасан, Кунуз-ул-ҳикма, тасҳеҳ ва таълиқ: Ҳасан Насирии Ҷомӣ, Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеоти фарҳангӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Зайниддини Розӣ, Муҳаммад ибни Абубакр, Ҳадоиқ-ул-ҳақоиқ, таҳқиқ: Саид Абдулфаттоҳ, Қоҳира, Китобхонаи фарҳанги динӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Абдурраззоқ, Шарҳи Манозил-ус-соирин, тасҳеҳ: Маҳсини Бидорфар, Қум, Нашри Бидор, чопи сеюм, 1427ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осори устоди шаҳид Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, Садро, 1384ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайид Ҷаъфари Муртазо, ал-Вилоят-ут-таквинӣ ва-т-ташриӣ, Марказ-ул-исломӣ ли-д-диросот, чопи дуюм, 1428ҳ.қ.
  • Раббонӣ Гулпойгонӣ, Алӣ, «Нақши фоилии имом дар низоми офариниш», интизори Маъуд, шумораи 29, 1388ҳ.ш.
  • Райшаҳрӣ, Муҳаммад ва дигарон, Ҳикматномаи Паёмбари аъзам, Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1387ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Вилояти таквинӣ ва ташриӣ, Қум, Дафтари танзим ва нашри осори Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1393ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Силсилаи баҳсҳои имомат ва маҳдавият, Қум, Дафтари танзим ва нашри осори Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1391ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Вилояти таквинӣ ва ташриӣ аз дидгоҳи илм ва фалсафа, Қум, Муассисаи Имоми Содиқ, 1385ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мафоҳими Қуръон, ба қалами Ҷаъфар Ҳодӣ, Қум, Муассисаи Имоми Содиқ, 1421ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Ҷабр ва ихтиёр, танзим: Раббонии Гулпойгонӣ, Қум, Муассисаи Имоми Содиқ, 1381ҳ.ш./1423ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Алӣ ибни Ҳасан, Мишкот-ул-анвор фи ғурар-ил-ахбор, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-ҳайдария, чопи дуюм, 1385ҳ.қ./1965 м.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳмуртазо, аш-Шофӣ фи-л-ақоид ва-л-ахлоқ ва-л-аҳком, таҳқиқ: Маҳдӣ Ансории Қумӣ, Теҳрон, Лавҳи маҳфуз, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Силсилату муллафот аш-Шайх ал-Муфид, Бейрут, Дор-ул-муфид, 1414ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тавҳид, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Ҳошим Ҳусайнӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмии Қум, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Эътиқодот-ул-имомия, Қум, Конгресси Шайх Муфид, чопи дуюм, 1414ҳ.қ.
  • Ғарвии Исфаҳонӣ, Муҳаммадҳусайн, Ҳошият-ул-макосиб, Қум, Зави-л-қурбо, 1427ҳ.қ.
  • Қурашии Банобӣ, Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи шашум, 1412ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, Машҳад, Интишороти Аллома Таботабоӣ, 1418ҳ.қ.



Шаблон:Ирфони исломӣ