Ояти 1 сураи Қамар
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Қамар |
| Шумораи оят | 1 |
| Ҷузъ | 27 |
| Шаъни нузул | Шикофта шудани моҳ бо дуои Пайғамбар (с) |
| Макони нузул | Макка |
| Дар бораи | Муъҷизаи шаққ-ул-қамар |
| Оёти муртабит | Ояти 2, ояти 3 ва ояти 4 сураи Қамар |
Ояти 1 сураи Қамар (форсӣ: آیه ۱ سوره قمر) ба бовари бисёре аз муфассирони шиа[1] ва аҳли суннат[2] дар бораи воқеаи шаққ-ул-қамар нозил шудааст.[3] Ин рӯйдод аз муъҷизаҳои Пайғамбари акрам (с) шинохта мешавад.[4]
Ин оят ҳамчунин ба наздик шудани рӯзи қиёмат ишора дорад[5] ки беъсати Пайғамбар (с) ба унвони охирин пайғамбари Илоҳӣ аз нишонаҳои он дониста шудааст.[6] Зикри ҳамзамони ин ду воқеа нишон медиҳад, ки шикофта шудани моҳ намунае аз фурӯпошии эҳтимолии низоми сайёраҳо ва намунае хурд аз рӯйдодҳои бузург дар остонаи қиёмат аст.[7]
Бар асоси ривояте дар Тафсири Қумӣ, мурод аз «اقتربت الساعة» наздик шудани қиёми ҳазрати Маҳдӣ (а) аст.[8] Ин оят ва дигар оятҳои сураи Қамар аз оятҳои маккӣ маҳсуб мешаванд.[9]
| “ | Қиёмат наздик шуд ва моҳ аз ҳам шикофта гардид. |
” |
Тибқи гузориши манобеи тафсирӣ, гурӯҳе аз мушрикон ба Расули Худо (с) гуфтанд: «Агар рост мегӯӣ ва пайғамбари Худоӣ, моҳро барои мо пора кун!» Пайғамбар (с) фармуд: «Агар чунин кунам, имон меоваред?» Гуфтанд: «Оре.» Дар ҳамон шаб (шаби 14 зилҳиҷҷаи соли 5 биъсат)[10] Пайғамбар аз Худо хост то хостаашон бароварда шавад. Ногаҳон моҳ ба ду қисм пора шуд. Пайғамбар мушриконро як ба як фаро хонд ва фармуд: «Бингаред!»[11] Сипас онон хостанд моҳ ба ҳолати аввал бозгардад ва ин воқеа рух дод. Ин рӯйдод ба хости онон такрор шуд.[12]
Ба гуфтаи Шайх Тӯсӣ, мусалмонон дар бораи воқеияти ҳодисаи шаққ-ул-қамар иҷмоъ доранд.[13] Ҳамчунин Қозӣ Абдурраҳмони Иҷӣ ривоятҳои марбут ба ин воқеаро ҳадиси мутавотир медонад.[14] Гузоришҳое аз ин рӯйдод дар сарчашмаҳои дигар монанди ал-Бидоя ва-н-ниҳоя[15], ал-Фитан[16] ва ал-Хироҷ ва-л-ҷароиҳ[17] низ нақл шудааст.[18]
Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз онанд, ки шикофта шудани моҳ дар лаҳзаи ғуруби офтоб ва тулӯи моҳ рух дода ва фосилаи миёни шикофтан ва пайвастани он бисёр кӯтоҳ будааст. Аз ин рӯ, эҳтимол дорад шумори афроде, ки онро мушоҳида кардаанд, маҳдуд бошад, ба хусус бо дарназардошти тафовути уфуқ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон.[19]
Эзоҳ
- ↑ Барои намуна ниг.: Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.340; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.281
- ↑ Барои намуна ниг.: Абдурраззоқ Санъонӣ, Тафсири Абдурраззоқ, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.207; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.427
- ↑ Макорими Шерозӣ, Маъроҷ – шаққ-ул-қамар – ибодат дар қутбайн, 1385ҳ.ш., саҳ.95; Баҳромӣ, «Шаққ-ул-қамар дар тарозу», саҳ.33
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.443
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.7
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.8
- ↑ Деҳқон, Тафсири Насими раҳмат, 1392ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.9
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.340
- ↑ Ибни Аббос, Танвир-ул-миқбос, 1425ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.564
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1391ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.65
- ↑ Барои намуна ниг.: Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.341; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.282
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.341
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.443
- ↑ Иҷӣ, ал-Мавоқиф, аш-Шариф ар-Разӣ, ҷ.8, саҳ.256
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.146; ҷ.6, саҳ.82
- ↑ Марвазӣ, Китоб-ул-фитан, 1414ҳ.қ., саҳ.367
- ↑ Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.31
- ↑ Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.512; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.146
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1391ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.64–65
Сарчашма
- Абдурраззоқ Санъонӣ, Абубакр, Тафсири Абдурраззоқ, таҳқиқи Қалъаҷӣ, Абдулмуътӣ Амин, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Баҳромӣ, Муҳаммад, «Шаққ-ул-қамар дар тарозу», маҷаллаи Мутолиоти исломӣ, Улуми Қуръон ва ҳадис, №92, баҳор ва тобистони 1393ҳ.ш.
- Деҳқон, Акбар, Тафсири Насими раҳмат, Қум, Ҳарам, чопи дувум, 1392ҳ.ш.
- Ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Аббос, Танвир-ул-миқбос мин тафсири Ибни Аббос, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи дувум, 1425ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
- Иҷӣ, Абдурраҳмон ибни Аҳмад, ал-Мавоқиф, шарҳи Алӣ ибни Муҳаммад Ҷурҷонӣ, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, бетаърих.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Маъроҷ – шаққ-ул-қамар – ибодат дар қутбайн, Қум, Насли ҷавон, 1385ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Марвазӣ, Наъим ибни Ҳаммод, Китоб-ул-фитан, таҳқиқи Суҳайл Закор, Бейрут, Дор-ул-фикр ли-т-табоа ва-н-нашр, 1414ҳ.қ.
- Ровандӣ, Қутбуддин, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ, 1409ҳ.қ.
- Суютӣ, Ҷалолуддин, ад-Дурр-ул-мансур фи тафсир-ил-маъсур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Балағӣ, Муҳаммадҷавод, Теҳрон, Носир Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, 1391ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Ҳабиб Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Мусавии Ҷазоирӣ, Сайид Тайиб, Қум, Дор-ул-китоб, чопи севум, 1404ҳ.қ.
- Ҳокими Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.