Jump to content

Шайтони бузург

Аз wikishia
Карикатураи "Шайтони бузург", офаридаи корикатуристи бразилӣ Карлос Латуф
Оташ задании рамзи шайтон, ки бо парчами Амрико сохта шуда буд, дар роҳпаймоии 22-юми баҳман дар Теҳрон

Шайтони бузург (форсӣ: شیطان بزرگ) васефаест, ки Имом Хумайнӣ дар суханронии баъд аз истилои сафорати Амрико дар Теҳрон ба ИМА нисбат додааст.[1] Вай дар суханронии худ ин масалро аз ривояте истифода бурдааст, ки калонтарин шайтонҳо (Иблис) баъд аз баъсати Пайғамбари акрам (с) онҳоро гирди худ ҷамъ кард ва аз душвортар шудани гумроҳии инсонҳо сухан гуфт.[2] [Ёддошт 1] Ҳамин тавр, мувофиқи адабиёти Имом Хумайнӣ, дар Инқилоби исломии Эрон низ шайтони калон, ИМА, шайтонҳои хурди дохилӣ ва хориҷиро гирди худ ҷамъ карда ва ҳаёҷон эҷод мекунад.[3]

Гуфта мешавад, ки ин тавсиф аз хусусиятҳои шайтон дар Қуръон гирифта шудааст; зеро Қуръон шайтонро кофир,[4] душмани инсон,[5] мутакаббир,[6] тафриқаандоз,[7] номуътамад,[8] фосиқ ва фосид,[9] соҳиби ҳизб[10] ва зинатдиҳандаи аъмоли бад[11] медонад, ки аз назари Имом Хумайнӣ ҳамаи ин сифатҳо дар сиёсатҳои ҳукмфармои Амрико дида мешавад.

Имом Хумайнӣ борҳо ибораи "Шайтони бузург"-ро истифода кардааст. Мақсади ӯ аз ин ибора дар мавзӯъҳои ахлоқӣ, қуръонӣ ва эътиқодӣ, Иблис ё нафси аммора, ва дар муҳокимаҳои сиёсӣ Амрико мебошад.[12] Ҳамчунин, ӯ дар суханҳое, ки дар бораи вододагии давлатҳои исломӣ нисбат ба режими сиҳюнистӣ эрод кардааст, аз ин режим бо ибораи "Шайтони кучак" ёд мекунад.[13]

Лақаби "Шайтони бузург" дар мавридҳои гуногун аз ҷониби Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари дувуми Ҷумҳурии Исломӣ низ истифода шудааст.[14] Аз назари ӯ, Иблис ҳарчанд сарвари ҳамаи шайтонҳо аст, вале танҳо метавонад васваса кунад; ҳамон тавре ки Амрико ҳам иғво мекунад ва ҳам қатлу ғорат ва фитнаангезӣ мекунад.[15] Инчунин ин васф дар роҳпаймоиҳои зиддиамрикоӣ ҳамчун шиор барои изҳори нафрат аз сиёсатҳои Амрико истифода мешавад.[16]

Эзоҳ

  1. Мусавии Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1378ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.489
  2. Мусавии Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1378ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.489
  3. Мусавии Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1378ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.489
  4. Рикобиён, «Мабонии қуръонии дидгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дар бораи Амрико "Шайтони бузург"», саҳ.94
  5. Рикобиён, «Мабонии қуръонии дидгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дар бораи Амрико "Шайтони бузург"», саҳ.94-96
  6. Рикобиён, «Мабонии қуръонии дидгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дар бораи Амрико "Шайтони бузург"», саҳ.96-98
  7. Рикобиён, «Мабонии қуръонии дидгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дар бораи Амрико "Шайтони бузург"», саҳ.98
  8. Рикобиён, «Мабонии қуръонии дидгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дар бораи Амрико "Шайтони бузург"», саҳ.98-99
  9. Рикобиён, «Мабонии қуръонии дидгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дар бораи Амрико "Шайтони бузург"», саҳ.99-100
  10. Рикобиён, «Мабонии қуръонии дидгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дар бораи Амрико "Шайтони бузург"», саҳ.100
  11. Рикобиён, «Мабонии қуръонии дидгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дар бораи Амрико "Шайтони бузург"», саҳ.101
  12. Тавоноӣ ва Рафеъӣ, «Вожаи "Шайтон" дар адабиёти инқилоби исломӣ ва каломи Имом Хумайнӣ (р)», саҳ.62
  13. Мусавии Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1378ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.265
  14. «فیش‌های شیطان بزرگ», сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хумайнӣ
  15. «بیانات در دیدار اقشار مختلف مردم», сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  16. Барои намуна нигаред: «خداحافظ ای داغ بر دل نشسته», портали хабарии Ҷаморон; «طنین شعار "الله الله اکبر آمریکا شیطان الاکبر"در سراسر عراق», портали хабарии Инқилоб-Ниюз; ««التحریر» علیه امریکا», рӯзномаи Эрон

Ёддошт

  1. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.258 و صاح إبلیس لعنه الله فی أبالسته فاجتمعوا إلیه

Сарчашма

  • «بیانات در دیدار اقشار مختلف مردم», сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи навишти матн 18 шаҳривари 1394ҳ.ш., санаи дидани матн 31 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • ««التحریر» علیه امریکا», рӯзномаи Эрон, санаи навишти матн 15 дайи 1399ҳ.ш., санаи дидани матн 31 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • Тавоноӣ, Муҳаммад Ҳусайн ва Ҳусайн Рафеъӣ, «Вожаи "Шайтон" дар адабиёти инқилоби исломӣ ва калами Имом Хумайнӣ (р)», маҷаллаи Пажуҳишҳои сиёсӣ, №15, зимистон 1394ҳ.ш.
  • «خداحافظ ای داغ بر دل نشسته», портали хабарӣ Ҷаморон, таърихи навишти матн 16 дайи 1398ҳ.ш., санаи дидани матн 31 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • Рикобиён, Рашид, «Мабонии қуръонии дидгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дар бораи Амрико "Шайтони бузург"», маҷаллаи Маърифат, №279, Исфанд 1399ҳ.ш.
  • «طنین شعار "الله الله اکبر آمریکا شیطان الاکبر"در سراسر عراق», портали хабарӣ Инқилоб-Нюз, таърихи навишти матн 11 Дей 1398ҳ.ш., санаи дидани матн 31 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • «فیش‌های شیطان بزرگ», сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хумайнӣ, санаи дидани матн 31 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • Мусавии Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (р), 1378ҳ.ш.