Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ

Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ (форсӣ: مجلس خبرگان رهبری) ниҳоди сиёсӣ-мазҳабӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки баъд аз инқилоби исломӣ, дар 1983 таъсис ёфт ва вазифаи асосии он интихоби Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ва назорат бар амали ӯ мебошад.
Намояндагони ин Маҷлис бо раъйи бевоситаи мардум интихоб мешаванд. Аз шартҳои асосии намояндагӣ, доро будани дараҷаи иҷтиҳод аст. Теъдоди намояндагони он бар асоси ҷамъияти ҳар устон (вилоят) муайян мешавад.
Ин Маҷлис дар июни соли 1989 Сайид Алии Хоманаиро ҳамчун дувумин Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва дар марти соли 2026 Сайид Муҷтабо Хоманаиро ҳамчун севумин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб кард.
Ҷойгоҳи қонунӣ
Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ ниҳоди сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки бар асоси моддаҳои 107, 108 ва 111 Қонуни асосии Эрон, масъулияти интихоб ва назорат бар амали Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эронро бар ӯҳда дорад. Таъсиси ин Маҷлис ба соли 1983 бозмегардад.
Маҷлиси хубрагон як муҳибати Илоҳӣ буд, ки Худованди мутаол ба низоми Ҷумҳурии Исломӣ ато кард.[1]
Бар асоси моддаи 108, шумора ва шароити хубрагон, чигунагии интихоби онҳо бар ӯҳдаи худи хубрагон аст. Албатта, нахустин қонуни интихоботи хубрагон шомили таъини шумора ва шароити интихобшавандагон, дар 2-юми октябри соли 1980 тавассути Шӯрои нигаҳбон тадвин шуд ва ба тасвиби Имом Хумайнаӣ, Раҳбари вақти Эрон, расид.[2] Охирин ислоҳияи он марбут ба 2-юми сентябри соли 2015 аст.
Шароити намояндагони Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ
Намояндагони ин Маҷлис бо раъйи бевоситаи мардум ва ба сурати устонӣ барои даврае ҳаштсола интихоб мешаванд. Бар асоси моддаи 3 қонуни интихоботи Маҷлиси хубрагон, намояндагон бояд дорои шароити зер бошанд: иҷтиҳод дар ҳадди таҷаззӣ (тавони истинбот дар баъзе абвоби фиқҳӣ), шуҳрат доштан ба диёнат ва шоистагии ахлоқӣ, биниши сиёсӣ ва иҷтимоӣ, эътиқод ба низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва надоштани ҷурми сиёсӣ ва иҷтимоӣ.[3]
Интихоби дувумин ва севумин Раҳбар
Интихоби дувумин Раҳбар дар давраи аввал
Пас аз даргузашти Имом Хумайнаӣ, Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ дар 4-уми июни соли 1989, Сайид Алии Хоманаиро ҳамчун дувумин Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ интихоб кард. Ин интихоб муваққат буд. Пас аз бознигарии ва ворид кардани тағиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ва анҷоми раъйпурсии марбут ба он, дар 6-уми августи соли 1989 бори дигар ин маҷлис Оятуллоҳ Хоманаиро ҳамчун Раҳбари доимии Ҷумҳурии Исломӣ баргузид.

Интихоби қоиммақоми Раҳбарӣ дар давраи аввал
Маҷлиси хубрагони аввал дар соли 1985, Ҳусайналӣ Мунтазириро ба унвони қоиммақоми Раҳбарӣ баргузид, то дар сурати даргузашти Имом Хумайнаӣ, ҷонишини ӯ шавад. Мунтазирӣ дар соли 1989 ду моҳ пеш аз даргузашти Имом Хумайнаӣ аз симати худ истеъфо кард.[4] Маҷлиси хубрагон дар 4-уми июни соли 1989 бо истеъфои ӯ мувофиқат намуд.
Интихоби севумин Раҳбар дар давраи шашум
Дар пайи террори Оятуллоҳ Хоманаӣ, Маҷлиси хубрагон дар 8-уми марти соли 2026, Сайид Муҷтабо Хоманаиро ҳамчун севумин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб кард.[5]
Тахриби биноҳои Маҷлиси хубрагон дар ҳамлаи Амрико ва Исроил
Дар пайи террори Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 28-уми феврали соли 2026, Амрико ва Исроил бо ҳадафи пешгирӣ аз баргузории нишасти хубрагон ва интихоби Раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ, биноҳои ин ниҳодро дар Теҳрон ва Қум мавриди ҳамла қарор дода ва тахриб карданд.[6] Дар ин ҳамлаҳо шуморае аз кормандони Маҷлиси хубрагон ба шаҳодат расиданд. Ҳамчунин ин ду режим, намояндагони хубрагонро таҳдид карда ва нисбат ба интихоби Сайид Муҷтабо Хоманаӣ ба унвони севумин Раҳбари Эрон ҳушдор доданд. Бо ин ҳол дар 8-уми марти соли 2026 нишасти Маҷлиси хубрагон баргузор шуд ва севумин Раҳбари Эрон интихоб гардид.[7]
Гузориши даврҳо

- Интихоботи нахустин давра дар 10-уми декабри соли 1982 баргузор шуд. Нахустин ҷаласаи он дар 14-уми июли соли 1983 ташкил шуд ва раёсати ин давра бо Алии Мишкинӣ буд.[8]
- Интихоботи дувумин давра дар 8-уми октябри соли 1990 баргузор шуд. Нахустин ҷаласаи он дар 21-уми феврали соли 1991 ташкил шуд ва раёсати ин давра бо Алии Мишкинӣ буд.
- Интихоботи севумин давра дар ноябри соли 1998 баргузор шуд. Нахустин ҷаласаи он дар 23-юми феврали соли 1999 ташкил шуд ва раёсати ин давра бо Алии Мишкинӣ буд.
- Интихоботи давраи чорум дар декабри соли 2006 баргузор шуд. Ба далели тасвиби ҳамоҳангсозии интихоботҳо, ин давра, даҳ сол давом кард. Нахустин раиси ин давра Мишкинӣ буд. Пас аз даргузашти ӯ ба тартиб Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Муҳаммадризо Маҳдавии Канӣ ва Муҳаммади Яздӣ ба раёсати он интихоб шуданд.
- Интихоботи панҷумин давра дар 26-уми феврали соли 2016 баргузор шуд. Нахустин ҷаласаи он дар 24-уми майи соли 2016 ташкил шуд ва Аҳмади Ҷаннатӣ ба раёсат интихоб шуд.[9]
- Интихоботи шашумин давра дар 1-уми марти соли 2024 баргузор шуд. Нахустин ҷаласаи он дар 22-уми майи соли 2024 ташкил шуд[10] ва Муҳаммадалии Муваҳидии Кирмонӣ ба раёсати он интихоб шуд.[11]
Теъдоди хубрагон
Теъдоди намояндагон бар асоси ҷамъияти устонҳо (вилоятҳо) муайян мешавад ва дар маҷмуъ 88 намоянда дорад.[12]
- Устони Теҳрон 16 намоянда;
- Устонҳои Хуросони Разавӣ ва Хузистон ҳар кадом 6 намоянда;
- Устонҳои Исфаҳон, Озарбойҷони Шарқӣ ва Форс ҳар кадом 5 намоянда;
- Устонҳои Гелон ва Мозандарон ҳар кадом 4 намоянда;
- Устонҳои Озарбойҷони Ғарбӣ ва Кирмон ҳар кадом 3 намоянда;
- Устонҳои Ардабил, Албурз, Систону Балучистон, Қазвин, Курдистон, Кирмоншоҳ, Гулистон, Луристон, Марказӣ ва Ҳамадон ҳар кадом 2 намоянда;
- Устонҳои Илом, Бушеҳр, Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ, Хуросони Ҷанубӣ, Хуросони Шимолӣ, Занҷон, Симнон, Қум, Куҳгилуя ва Буйир-Аҳмад, Ҳурмузгон ва Язд ҳар кадом 1 намоянда.
Ҷустори вобаста
Эзоҳ
- ↑ Хоманаӣ, «بیانات در دیدار رئیس و اعضای مجلس خبرگان رهبری», Сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Ҳошимӣ, Ҳуқуқи асосӣ, 1386, саҳ.44.
- ↑ «قانون انتخابات مجلس خبرگان رهبری», Сомонаи иттилоърасонии Шӯрои нигаҳбон.
- ↑ Ниг.: Имом Хумайнаӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.333-335.
- ↑ «رهبر جدید انقلاب اسلامی توسط مجلس خبرگان رهبری تعیین و معرفی شد», Сайти Дабирхонаи Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ.
- ↑ «حمله موشکی جنایتکاران آمریکایی-صهیونی به دفتر مجلس خبرگان در قم», Хабаргузории Тасним.
- ↑ Ниг.: «رهبر جدید انقلاب اسلامی توسط مجلس خبرگان رهبری تعیین و معرفی شد», Сайти Дабирхонаи Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ.
- ↑ «آغاز به كار نخستین دوره مجلس خبرگان رهبری», Вебгоҳи Маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ.
- ↑ «آیتالله جنتی رئیس مجلس خبرگان شد», Хабаргузории ИРНА.
- ↑ «دوره ششم مجلس خبرگان رهبری آغاز شد», Сайти Тобнок.
- ↑ «آیتالله موحدی کرمانی رئیس مجلس خبرگان شد», Хабаргузории Тасним.
- ↑ Қонуни интихобот ва оинномаи дохилии Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ, Фасли аввал-Теъдоди хубрагон, моддаи 2
Сарчашма
- Дабирхонаи Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ, Хубрагони миллат: шарҳи ҳоли намояндагони Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ, дафтари аввал, 1379ҳ.ш.
- Қонуни интихобот ва оинномаи дохилии Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ, Фасли аввал-Теъдоди хубрагон, моддаи 2, Ҷаласаи муваррахаи 10/07/1359ҳ.ш.
- Ҳошимӣ, Сайид Муҳаммад, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1386ҳ.ш.
- «آیتالله جنتی رئیس مجلس خبرگان شد» («Оятуллоҳ Ҷаннатӣ раиси Маҷлиси хубрагон шуд»), Хабаргузории ИРНА, санаи дарҷи матлаб: 24 майи 2016, санаи боздид: 16 марти 2026.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار رئیس و اعضای مجلس خبرگان رهبری» («Баёнот дар дидори раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ»), Сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 24 августи 2016, санаи боздид: 16 марти 2025.
- «رهبر جدید انقلاب اسلامی توسط مجلس خبرگان رهبری تعیین و معرفی شد» («Раҳбари нави инқилоби исломӣ тавассути Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ таъин ва муаррифӣ шуд»), Сомонаи Дабирхонаи Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ, санаи дарҷи матлаб: 9 марти 2026, санаи боздид: 16 марти 2026.
- «آغاز به كار نخستین دوره مجلس خبرگان رهبری» («Оғоз ба кори нахустин давраи Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ»), Вебгоҳи Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 14 июни 2014, санаи боздид: 16 марти 2026.
- «قانون انتخابات مجلس خبرگان رهبری» («Қонуни интихоботи Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ»), Сомонаи иттилоърасонии Шӯрои нигаҳбон, санаи боздид: 16 марти 2026.
- «دوره ششم مجلس خبرگان رهبری آغاز شد» («Давраи шашуми Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ оғоз шуд»), Сайти Тобнок, санаи дарҷи матлаб: 22 майи 2024, санаи боздид: 16 марти 2026.
- «آیتالله موحدی کرمانی رئیس مجلس خبرگان شد» («Оятуллоҳ Муваҳидии Кирмонӣ раиси Маҷлиси хубрагон шуд»), Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 21 майи 2024, санаи боздид: 16 марти 2026.
- «حمله موشکی جنایتکاران آمریکایی-صهیونی به دفتر مجلس خبرگان در قم» («Ҳамлаи мушакии чинояткорони амрикоӣ-саҳюнӣ ба дафтари Маҷлиси хубрагон дар Қум»), Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 2 марти 2026, санаи боздид: 7 апрели 2026.