Рӯзи ҷаҳонии Қудс
Иттилооти оинҳо | |
---|---|
Замони баргузорӣ | Охирин ҷумъаи моҳи Рамазон |
Маншаи таърихӣ | Паёми Имом Хумайнӣ |
Рӯзи Қудс (форсӣ: روز قدس) ё Рӯзи ҷаҳонии Қудс (форсӣ: روز جهانی قدس) охирин рӯзи ҷумъа дар моҳи Рамазон аст, ки Имом Хумайнӣ дар соли 1358ҳ.ш. (Рамазони 1399ҳ.қ.) онро рӯзи расмӣ барои ҳимоят аз мардуми Фаластин донист ва аз мусулмонони ҷаҳон хост, ки барои кӯтоҳ кардани дасти режими саҳюнистӣ ва пуштибонони он ба ҳам бипайванданд. Номгузории охирин ҷумъаи моҳи Рамазон ба унвони Рӯзи Қудс, бо ҳимояти бисёре аз равшанфикрон ва ҳунармандон мувоҷеҳ шуд ва имрӯза илова бар Эрон, дар кишварҳои мухталифе аз ҷаҳон, роҳпаймоӣ ва маросими Рӯзи Қудс баргузор мешавад, ки бинобар гузориши манобеи хабарӣ, ин теъдод ба 80 кишвар дар қорраҳои мухталифи ҷаҳон мерасад.
Ҷашнвораи байналмилалии Карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар солҳои 1393, 1397 ва 1401ҳ.ш. дар Эрон баргузор шудааст.
Таърихча ва ҷойгоҳ
«Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим. Ман тайи солиёни дароз, хатари Исроили ғосибро гӯшзад намудам, ки ин рӯзҳо ба ҳамалоти ваҳшиёнаи худ ба бародарону хоҳарони фаластинӣ шиддат бахшидааст ва ба вижа дар ҷануби Лубнон ба қасди нобудии муборизони фаластинӣ паёпай хонаву кошонаи онҳоро бомбаборон мекунад. Ман аз умуми мусулмонони ҷаҳон ва давлатҳои исломӣ мехоҳам, ки барои кӯтоҳ кардани дасти ин ғосиб ва пуштибонони он ба ҳам бипайванданд ва ҷамиъи мусулмонони ҷаҳонро даъват мекунам охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро ки аз айёми қадр аст ва метавонад таъйинкунандаи сарнавишти мардуми Фаластин низ бошад, ба унвон «Рӯзи Қудс» интихоб ва тайи маросиме ҳамбастагии байналмилалии мусулмононро дар ҳимоят аз ҳуқуқи қонунии мардуми мусулмони Фаластин эълом намоянд.
Аз Худованди мутаол пирӯзии мусулмононро бар аҳли куфр хосторам.»
Рӯзи Қудс ё Рӯзи ҷаҳонии Қудс, аз ҷониби Имом Хумайнӣ ба унвони як рӯзи расмӣ барои ҳимоят аз мардуми Фаластин номгузорӣ шуд; Имом Хумайнӣ, 13 Рамазони 1399ҳ.қ. (16 мурдоди 1358ҳ.ш.) дар паёме хитоб ба мусулмонони Эрон ва ҷаҳон, охирин ҷумъаи моҳи Рамазонро Рӯзи Қудс номид ва аз мусулмонони ҷаҳон ва давлатҳои исломӣ хост барои кӯтоҳ кардани дасти давлати Исроил ва пуштибонони он, ба ҳам бипайванданд.[2] Паёми мазкур дар вокуниш ба ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба Масҷидулақсо ва ҳамчунин бомбаборони ҷануби Лубнон содир шуд.[3]
Пас аз аввалин роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар соли 1358ҳ.ш. дар Теҳрон, сафири Фаластин дар Эрон, паёми Ёсир Арафотро қароъат кард. Ҳамчунин Маҳдии Бозаргон, нахуствазири давлати муваққати Эрон, Абдулҳалими Худдом, вазири хориҷаи Сурия, Сайид Алии Хоманаӣ ва Муҳаммад Муҷтаҳиди Шабистарӣ суханронӣ карданд.[4] Пеш аз баргузарии маросими Рӯзи Қудс, 25 тан аз нависандагон ва равшанфикрон, аз ҷумла Дориюши Ошӯрӣ, Дориюши Шойгон, Симини Донишвар, Дориюши Меҳрҷӯӣ ва Аҳмади Шомлӯ, дар баёнияе эълом карданд ки дар канори ҳамаи муборизони роҳи озодӣ ва демократӣ дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс ширкат хоҳанд кард.[5]
Рӯзи ҷаҳонии Қудс, дар суханони раҳбарони Ҷумҳурии исломии Эрон, Имом Хумайнӣ ва Сайид Алии Хоманаӣ, мароҷеъи тақлиди шиа ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ – дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҷойгоҳи вижае дорад. Имом Хумайнӣ Рӯзи Қудсро натанҳо рӯзи Фаластин, балки рӯзи Ислом ва рӯзи ҳукумати исломӣ дониста[6] ва онро муқаддимае барои басиҷи умумии исломӣ ва ташкили ҳизби мустазъафин дар тамоми дунё муаррифӣ кардааст.[7] Сайид Алии Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, бар ин бовар аст, ки гиромидошти Рӯзи ҷаҳонии Қудс, боис мешавад фаластиниёни мавриди таҳоҷуми давлати Исроил, эҳсоси танҳоӣ накунанд ва битавонанд муқовимат кунанд.[8]
Ба бовари Сайид Ҳасани Насруллоҳ – дабири кулли ҳизбуллоҳи Лубнон, Исроил на танҳо хатаре барои Фаластин, балки хатаре барои амният, сулҳ ва истиқлоли ҳамаи кишварҳои минтақа аст.[9]
Маросими Рӯзи Қудс
Роҳпаймои Рӯзи Қудс дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Малайзия, Ҳинд, Сингапур, Индонезия, Туркия, Амрико, Канада, Норвегия, Озарбойҷон, Судон, Англия, Баҳрайн, Босния, Тунис, Покистон, Австралия, Олмон, Руминия, Кувайт, Испания, Африқои Ҷанубӣ, Шветсия, Венесуэла, Албания, Яман ва Юнон баргузор мешавад;[10] бинобар гузориши манобеи хабарӣ, маросими Рӯзи Қудс дар беш аз 80 кишвари исломӣ ва ғайриисломӣ баргузор мегардад. [11]
Маросими Рӯзи Қудс дар охирин ҷумъаи моҳи Рамазон баргузор мешавад[12] расонаҳои ҷаҳон, онро пӯшиши расонаӣ медиҳанд.[13] Дар кишварҳои ғарбӣ, ба далели ин ки ҷумъа рӯзи корӣ аст, маросими Рӯзи Қудс дар таътилоти охири ҳафта (шанбе ё якшанбе) баргузор мешавад.[14] Албата баргузарии маросими Рӯзи Қудс дар бархе аз кишварҳо бо маҳдудиятҳое мувоҷеҳ мешавад.[15]
Рӯйдодҳои ҳунарӣ
Аввалин давраи Ҷашнвораи байналмилалии Карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудс, дар соли 1393ҳ.ш., дар ду бахши аслӣ: Рӯзи ҷаҳонии Қудс; ва вижа: Таҳаррукоти такфирӣ барои фаромӯшии Фаластин, баргузор шуд ва ҳудуди 200 нафар аз 33 кишвари ҷаҳон бо беш аз 500 асар дар он ширкат карданд.[16] Дар ин ҷашнвора, ниҳодҳо ва марокизе аз ҷумлаи Хабаргузории Абно, Дабирхонаи ҳимоят аз интифозаи Фаластин ва Фарҳангистони ҳунари Ҷумҳурии исломии Эрон мушорикат доштаанд.[17]
Дуюмин давраи Ҷашнвораи байналмилалии Карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудс, дар соли 1397ҳ.ш., бо иштироки беш аз 120 ҳунарманд аз 27 кишвари ҷаҳон баргузор шуд ва 316 асар дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва маҳкумияти иқдоми давлати Амрико дар эъломи шаҳри Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти давлати Исроил, дар ин ҷашнвора ширкат дода шуданд.[18]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.267
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.267
- ↑ Одамӣ, «Таъсири таҳдидҳои гурӯҳҳои салафӣ-такфирӣ бар амнияти ҳастишинохтии ҶИЭ», саҳ.13
- ↑ «Суханронони Рӯзи Қудс дар соли 1358ҳ.ш. чӣ касоне буданд?», сайти Таърихи эронӣ
- ↑ «Суханронони Рӯзи Қудс дар соли 1358ҳ.ш. чӣ касоне буданд?», сайти Таърихи эронӣ
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.278
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.28
- ↑ «Баёнот дар хутбаҳои намози ҷумъа», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «Суханронии Сайид Ҳасан Насруллоҳ - дабири кулли ҳизбуллоҳи Лубнон, дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс», сайти Муқовимати исломии Лубнон
- ↑ «Ҷаҳон ва Рӯзи ҷаҳонии Қудс», хабаргузории Тасним
- ↑ «Рӯзи Қудс аз нигоҳи расонаҳои дунё», сайти Шабакаи хабар
- ↑ «Маросими Рӯзи Қудс дар Лондон», сайти ВВС
- ↑ «Ҳузури 5000 расонаи хориҷӣ барои пӯшиши роҳпаймои Рӯзи Қудс дар Эрон...», сайти хабаргузории ал-Олам
- ↑ «Маросими Рӯзи Қудс дар Лондон», сайти ВВС
- ↑ «Маҳдудиятҳо ва мавонеъи баргузарии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар хориҷ аз кишвар», сайти Қудсуно; «Илали мухолифати бархе давлатҳои исломӣ...», сайти Қудсуно
- ↑ «Баёнияи ҳайати доварони аввалин ҷашнвора...», хабаргузории Абно
- ↑ «Баёнияи ҳайати доварони аввалин ҷашнвора...», хабаргузории Абно
- ↑ «Баргузидагони дуюмин Ҷашнвораи байналмилалии Карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудс муаррифӣ шуданд», сайти Ҳунаронлайн
Сарчашма
- «Баёнияи ҳайати доварони аввалин Ҷашнвораи байналмилалии карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудси + номи барандагон», хабаргузории Абно, санаи дарҷи матлаб: 15 меҳри 1393ҳ.ш., санаи боздид: 2 хурдоди 1398ҳ.ш.
- «Баёнот дар хутбаҳои намози ҷумъа», дар сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 16 фарвардини 1370ҳ.ш., санаи боздид: 2 хурдоди 1398ҳ.ш.
- «Баргузидагони дуюмин Ҷашнвораи байналмилалии Карикатури Рӯзи ҷаҳонии Қудс муаррифӣ шуданд», сайти Ҳунаронлайн, санаи дарҷи матлаб: 7 шаҳривари 1397ҳ.ш., санаи боздид: 2 хурдоди 1398ҳ.ш.
- «Беш аз 5000 расонаи хориҷӣ тазоҳуроти Рӯзи ҷаҳонии Қудсро дар шаҳрҳои мухталифи Эрон пӯшиш медиҳанд.», сайти ал-Олам, санаи дарҷи матлаб: 18 хурдоди 1397ҳ.ш., санаи боздид: 2 хурдоди 1398ҳ.ш.
- «Илали мухолифати бархе давлатҳои исломӣ дар баргузарии муносиби маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар кишварҳояшон чист? », сайти Қудсуно, санаи дарҷи матлаб: 1 хурдоди 1398ҳ.ш., санаи боздид: 2 хурдоди 1398ҳ.ш.
- «Маросими Рӯзи Қудс дар Лондон », сайт ВВС форсӣ, санаи дарҷи матлаб: 20 хурдоди 1397ҳ.ш., санаи боздид: 2 хурдоди 1398ҳ.ш.
- «Маҳдудиятҳо ва мавонеъи баргузарии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар хориҷ аз кишвар», сайти Қудсуно, 30 хурдоди 1396ҳ.ш., санаи боздид: 2 хурдоди 1398ҳ.ш.
- «Суханронии Сайид Ҳасан Насруллоҳ - дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс », сайти Муқовимати исломии Лубнон, санаи дарҷи матлаб: 11 мурдоди 1392ҳ.ш., санаи боздид: 2 хурдоди 1398ҳ.ш.
- Одамӣ, Алӣ, ва Ризо Некном, «Таъсири таҳдидҳои гурӯҳҳои салафӣ-такфирӣ бар амният ҳастишинохтии ҶИЭ», дар маҷаллаи Мутолиоти сиёсии ҷаҳони Ислом, №19, пойизи 1395ҳ.ш.
- Саҳифаи Имом, таҳияу танзим: Муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ, Теҳрон, Муассисаи танзими вншри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.