Ҳукми қатли Салмони Рушдӣ
Ҳукми қатли Салмони Рушдӣ (форсӣ: حکم قتل سلمان رشدی) фатвои Имом Хумайнӣ дар бораи иртидод ва ҳукми эъдоми Салмони Рушдӣ нависандаи китоби Оёти шайтонӣ ва ноширони огоҳ аз муҳтавои он буд. Ин фатво дар 25 баҳмани 1367ҳ.ш. содир шуд. Ин ҳукмро нишондиҳанда қудрати марҷаъияти шиа дар дифоъ аз Ислом донистаанд. Ҳамаи мазоҳиби исломӣ аз ин фатво ҳимоят карданд. Салмони Рушдӣ пас аз судӯри фатво, аз хонаи худ дар Лондон фирор кард ва дар тӯли панҷ моҳ, бо муроқибати милиса, 57 бор маҳалли зиндагияшро тағйир дод.
Пас аз интишори ҳукми қатли Салмони Рушдӣ, рӯзи 26 баҳмани 1367ҳ.ш. дар Эрон азои умумӣ эълом шуд. Мардум дар нуқоти мухталиф бо роҳпаймоӣ ва таҷаммуъ дар масоҷиду такоё хашму нафрати худ аз чопи китоби Оёти шайтонӣ нишон доданд ва аз ҳукми Имом Хумайнӣ ҳимоят карданд.
Мусулмонони кишварҳои мухталиф, бо судӯри баёнияҳо ва баргузарии таҷаммуъ, ҳимояти худ аз фатвои қатли Салмони Рушдӣ эълом карданд. Мустафо Мозиҳ, ҷавони лубнонӣ дар 14 мурдоди 1368ҳ.ш. ва Иброҳим Атоӣ дар соли 1368ҳ.ш. қасди куштани Салмони Рушдиро доштанд ки тавассути тими ҳифозати вай ба шаҳодат расиданд. Ҳодӣ Матар дар 1401ҳ.ш. бо ҳамла ба Салмони Рушдӣ дар Ню-Йорк мӯҷиби кӯр шудани чашми рост ва аз даст додани ҳисси ангуштони ӯ шуд.
Бархе аз фақиҳон мабоонии ҳукми қатли Салмони Рушдиро мутобиқ бо ҳукми дашномдиҳандаи Пайғамбар (с) ва муртади фитрӣ донистаанд.
Моҷарои ҳукми қатли Салмони Рушдӣ ва аҳамияти он
Дар соли 1988м/1367ҳ.ш. китобе ба номи Оёти шайтонӣ чопу нашр шуд ки дарбардорандаи тавҳинҳое ба Ислом ва ҳазрати Муҳаммад (с) буд. Имом Хумайнӣ, марҷаъи тақлид ва раҳбари Инқилоби исломии Эрон, дар 25 баҳмани 1367ҳ.ш., дар фатвое, Салмони Рушдӣ нависандаи китоби Оёти шайтонӣ ва ноширони огоҳ аз муҳтавои онро ба эъдом маҳкум кард.[1]
Матни фатвои ӯ ба ин шарҳ аст:
Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун. Ба итилоъи мусулмонони ғаюри саросари ҷаҳон мерасонам муаллифи китоби «Оёти шайтонӣ», ки алайҳи Ислом ва Пайғамбару Қуръон, танзиму чопу мунташир шудааст, ҳамчунин ноширини мутталеъ аз муҳтавои он, маҳкум ба эъдом мебошанд. Аз мусулмонон ғаюр мехоҳам то дар ҳар нуқта ки ононро ёфтанд, сариъан онҳоро эъдом намоянд, то дигар касе ҷуръат накунад ба муқаддасоти муслимин тавҳин намояд ва ҳар кас дар ин роҳ кушта шавад, шаҳид аст, иншоаллоҳ. Зимнан агар касе дастрасӣ ба муаллифи китоб дорад, вале худ қудрати эъдоми ӯро надорад, ӯро ба мардум муаррифӣ намояд то ба ҷазои аъмолаш бирасад. Вассаломи алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Рӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ
Аҳамият
Ҳукми Имом Хумайнӣ ба қатли Салмони Рушдиро ҳукмии таърихӣ ва нишонгари қудрату ҳӯшмандии марҷаъияти шиа дар баробари дасисаҳои мухолифони Ислом ва тавони дифоъ аз муқаддасот донистаанд.[3] Ин фатво ҳимояти ҳамаи мазоҳиби исломиро дар пай дошт.[4] Сайид Абдуллоҳи Бухорӣ, имоми ҷамоати аҳли суннати Деҳлӣ, онро нишондиҳанда огоҳӣ ва нубӯғи Имом Хумайнӣ донист. Аҳмад Кафтору, муфтии аъзами вақти Сурия низ дар 10 исфанди 1367ҳ.ш. фатвое мабнӣ бар лузуми муҳокима ва муҷозоти Рушдӣ содир кард.[5] Ба бовари Оятуллоҳ Хоманаӣ, ин ҳукм зарбае мутақобил ва қавӣ ба истикбору тарафдорони ғарбии китоби Оёти шайтонӣ буд ки ононро ба дифоъ водошту рӯҳияшонро тазъиф кард.[6] Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ дар Лубнон ҳам ин фатворо зарбаи бузурге ба ҷаҳони истикбор ва ғарб донист.[7]
Мабоонии фиқҳии ҳукми қатли Салмони Рушдӣ
Бархе аз фақиҳон ҳукми қатли Салмони Рушдиро баргирифта аз аҳкоми фиқҳ баршумурдаанд. Ба гуфтаи Сайид Ҳодии Хусравшоҳӣ, ҳукми эъдоми Салмони Рушдӣ ҳукми дашномдиҳанда Пайғамбар (с) ва муртад аст,[8] ки ҳамаи олимони мазоҳиби исломӣ дар хусӯси он иттифоқ назар доранд.[9] Мӯсавии Ардабилӣ низ дар табйини ин фатво, Салмони Рушдиро муртадди фитрӣ донист ки аз назари Ислом, тавбааш пазируфта намешавад.[10]
Вокуниши Салмони Рушдӣ
Бар асари судӯри ин ҳукм, хашми ҷаҳони Ислом ба авҷ расид ва Салмони Рушдӣ, дар санаи 29 баҳмани 1367ҳ.ш., ба иллати тарс аз ояндаи худ, дар баёнияе аз мусулмонон узрхоҳӣ кард.[11] Ӯ пас аз судури фатво, аз хонаи худ дар Лондон фирор кард ва дар тӯли панҷ моҳ, бо муроқибати полис, 57 бор маҳалли зиндагиашро тағйир дод.[12] Вай дар мусоҳибае бо рӯзномаи англисии Daily Mail дар бораи аввалин эҳсосаши пас аз шунидани ҳукми эъдоми худ гуфт: «Ҳисси хубе набуд. Ҳис кардам ки ман як марди мурдаам.... Қадам задан бидуни як муҳофизи шахсӣ, рафтан ба харид, дидани хонавода, парвоз бо ҳавопаймо ва тамоми инҳо дар он замон барои ман ғайримумкин буд.»[13]
Бозтоб
Тасвири роҳпаймои мусулмонони Лубнон алайҳи Салмони Рушдӣ, пас аз фатвои Имом Хумайнӣ
Ҳукми эъдоми Салмони Рушдӣ дар дохилу хориҷ аз Эрон бозтоби густардае дошт:
Бозтоби дохили Эрон
Пас аз интишори ҳукми қатли Салмони Рушдӣ, давлати вақти Эрони бинобар дастури Имом Хумайнӣ, рӯзи 26 баҳмани 1367ҳ.ш.-ро дар Эрон азои умумӣ эълом кард. Мардум дар нуқоти мухталиф бо роҳпаймоӣ ва таҷаммуъ дар масҷидҳо ва дигар ҷоҳои ҷамъиятӣ нафрати худ аз чопи китоби Оёти шайтонӣ бар алайҳи Ислом ва ҳимоят аз ҳукми Имом Хумайниро иброз карданд.[14]
Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо қайди ду фаврият, қатъи комили равобит бо Англияро тасвиб кард ва 170 намоянда бо имзои номае, хоҳони бархӯрди муносиби Конфаронси байнулмаҷолис бо интишори китоби Оёт шайтонӣ шуданд.[15] дар 27 баҳмани 1367ҳ.ш. Ҳасани Сонеъӣ, масъули Бунёди 15 хурдод, барои қотили эронии Салмони Рушдӣ, маблағи 20 миллион тӯмон ва барои қотили хориҷии вай, маблағи як миллион доллар ҷоиза таъйин кард. Рақами ин ҷоизаи борҳо афзоиш ёфт ва дар шаҳривари соли 1391ҳ.ш. ба сею ним миллион доллар расид.[16]
Бозтоби байналмилалӣ
Ҳукми қатли Салмони Рушдӣ аз сӯи Имом Хумайнӣ бозтоби васеъе дар ҷаҳон дошт.[17] Пас аз бозтоби густардаи ин паём дар расонаҳои ҷаҳон, Салмони Рушдӣ ва ҳомиёну ноширони китобаш дар кишварҳои мухталифи мавриди таҳдиду ҳамла қарор гирифтанд.[18] Мусулмонони кишварҳои мухталиф ҳамчун Англия, Малайзия, Италия, Франсия, Гвинея, Туркия, Аргентина, Сӯдон, Австралия, Ҳонгконг, Дания, Канада, Испания, Финланд ва Иттиҳодияи мусулмонони Амрико, Ҳайати уламои Ҷабаломил, Конгресси мусулмонони Шри-Ланка, Шӯрои исломии Уганда, Шӯрои олии умури исломии Нигерия бо судӯри баёнияҳо ва баргузарии таҷаммуъ, ҳимояти худ аз фатвои қатли Рушдиро эълом карданд.[19] Дар Алҷазоир китобе бо унвони «Шайтони ғарб» алайҳи Оёти шайтонӣ мунташир шуд. Ин китоб бо инъикоси ҳукми қатли Салмони Рушдӣ ба тамҷид аз Имом Хумайнӣ пардохт.[20] Фурӯши китоби Оёти шайтонӣ дар Ҳинд, Африқои ҷанӯбӣ, Танзания, Малайзия, Миср ва Арабистон мамнуъ шуд. Нашриёти Пингвин ки китоби Оёти шайтониро дар Англия нашр дода буд бар тадобири амниятии худ афзуд. Ҳамчунин дафотири бархе ноширони ин китоб дар кишварҳое монанди Амрико ва Англия мавриди ҳамла қарор гирифт.[21] Чин низ дар 28 мурдоди 1368ҳ.ш. интишори китоби оёти шайтониро мамнуъ кард.[22]
Тасвири Мустафои мозҳи аввалин, касе ки иқдом ба иҷрои ҳукми Имом Хумайнӣ кард
Аз сӯи дигар, Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳӯри вақти Амрико дар сеюми исфанди 1367ҳ.ш. бо эъломи ҳимоят аз Салмони Рушдӣ, таҳдид ба марги вай аз сӯи Эронро таҳдиде алайҳи манофеи Амрико донист.[23] Ҷефри Ҳов, вазири хориҷаи вақти Англия, бо интишор ва таъсири ҳукми эъдоми Рушдӣ дар тағйири мавзеъе аз эҳтироми давлати Англия ба Ислом ва ҷудоии он аз китоби Оёти шайтонӣ сухан гуфт.[24] Дувоздаҳ кишвар аз кишварҳои узви бозори муштараки Аврупо сафирон ё руасои ҳайатҳои дипломасии худро аз Эрон фаро хонданд ва ҳар гуна тамосу мусофирати мақомоти баландмартаба ба Эронро лағв карданд.[25] Давлати Амрико ба таври расмӣ хостори маҳкум кардани ҳукми Имом Хумайнӣ аз сӯй Шуравӣ шуд; вале Шеварднадзе, вазири хориҷаи вақти Шуравӣ, дар вокунише гуфт ғарб бояд барои арзишҳои Эрони эҳтиром қоил шавад.[26]
Мустафо Мозеҳ, ҷавони лубнонӣ[27] ва Иброҳим Атоӣ[28] дар соли 1368ҳ.ш. қасди куштани Салмони Рушдиро доштанд ки тавассути тими ҳифозатии ӯ шаҳид шуданд. Салмони Рушдӣ дар 21 мурдоди соли 1401ҳ.ш. дар Ню-йорк дар ҳангоми суханронӣ тавассути як ҷавони аҳли Ню-Ҷерсӣ бо корд мавриди ҳамла қарор гирифт ва аз гардан захмӣ шуд.[29] Зориби Салмони Рушдӣ, Ҳодӣ Матар, ҷавонии 24-сола буд, ки бо ин ҳамла, мӯҷиби кӯр шудани чашми рост ва аз даст додани ҳиси ангуштони Рушдӣ шуд.[30]
Эзоҳ
- ↑ Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, бахши 2, саҳ.263
- ↑ Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, бахши 2, саҳ.263
- ↑ «صدور حکم ارتداد سلمان رشدی، برگی از پاسداری و دفاع امام خمینی از مقدسات و آرمان های مسلمین است» Сайти Имом Хумайнӣ
- ↑ «فتوایی که هر ساله خرج روی دست انگلیس میگذارد», Сайти Тобнок
- ↑ «فتوایی که هر ساله خرج روی دست انگلیس میگذارد», Сайти Тобнок
- ↑ «عکسالعمل امام همه آنها را غافلگیر کرد», Сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «فتوایی که هر ساله خرج روی دست انگلیس میگذارد», Сайти Тобнок
- ↑ Хусравшоҳӣ, "Оёти шайтонӣ" ва исломситезии ғарб, 1398ҳ.ш., саҳ.121
- ↑ Хусравшоҳӣ, "Оёти шайтонӣ" ва исломситезии ғарб, 1398ҳ.ш., саҳ.114 ва 118
- ↑ Воъиззодаи Хуросонӣ, «Семинари муқаддамоти табйини ҳукми Имом (раҳ) дар бораи нависандаи китоби "Оёти шайтонӣ"», саҳ.4
- ↑ Муассисаи фарҳангии қадари вилоят, Оёти шайтонӣ; боризтарин ҷилваи душмании истикбори ҷаҳонӣ бо Исломи ноби Муҳаммадӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.12
- ↑ «مبانی فقهی حکم ارتداد سلمان رشدی نویسنده آیات شیطانی», Хабаргузории Меҳр
- ↑ «فتوایی که هر ساله خرج روی دست انگلیس میگذارد», Сайти Тобнок
- ↑ «حکم ارتداد و اعدام سلمان رشدی», Сайти Имом Хумайнӣ; Муассисаи фарҳангии қадри вилоят, оёти шайтонӣ - боризтарин ҷилваи душмании истикбори ҷаҳонӣ бо Исломи ноби Муҳаммадӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.45 - 46
- ↑ Муассисаи фарҳангии қадри вилоят, Оёти шайтонӣ; боризтарин ҷилваи душмании истикбори ҷаҳонӣ бо Исломи ноби Муҳаммадӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.45
- ↑ Хоркӯҳӣ, «Тааммуле бар тавтеаи Оёти шайтонӣ ва вокунишҳои ҷаҳонии он», саҳ.212
- ↑ «تأکید بر اجرای حکم تاریخی امام خمینی(ره) دربارهی سلمان رشدی», Сайти Дафтари ҳифзу нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоркӯҳӣ, «Тааммуле бар тавтеаи Оёти шайтонӣ ва вокунишҳои ҷаҳонии он», саҳ.209 - 210
- ↑ «تیری که بر هدف خواهد نشست», Сайти Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «قضیه آیات شیطانی و فتوای تاریخی امام», Сайти Инқилоби исломӣ
- ↑ «تیری که بر هدف خواهد نشست», Сайти Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Муассисаи фарҳангии қадри вилоят, Оёти шайтонӣ; боризтарин ҷилваи душмании истикбори ҷаҳонӣ бо Исломи ноби Муҳаммадӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.50
- ↑ Муассисаи фарҳангии қадри вилоят, Оёти шайтонӣ; боризтарин ҷилваи душмании истикбори ҷаҳонӣ бо Исломи ноби Муҳаммадӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.47
- ↑ Хоркӯҳӣ, «Тааммуле бар тавтеаи Оёти шайтонӣ ва вокунишҳои ҷаҳонии он», саҳ.216
- ↑ Муассисаи фарҳангии қадри вилоят, Оёти шайтонӣ; боризтарин ҷилваи душмании истикбори ҷаҳонӣ бо Исломи ноби Муҳаммадӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.47
- ↑ Хоркӯҳӣ, «Тааммуле бар тавтеаи Оёти шайтонӣ ва вокунишҳои ҷаҳонии он», саҳ.215 - 216
- ↑ «تیری که بر هدف خواهد نشست», Сайти Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «سلمان رشدی و کتاب آیات شیطانی», Вебсайти Росхун
- ↑ «حمله به سلمان رشدی در آمریکا» Хабаргузории Тасним; «حمله با چاقو به سلمان رشدی» Хабаргузории Еврониюз
- ↑ «چشمِ راست «سلمان رشدی»، کور شد», Хабаргузории Меҳр
Сарчашма
- «تأکید بر اجرای حکم تاریخی امام خمینی(ره) دربارهی سلمان رشدی», Сайти Дафтари ҳифзу нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи интишор: 5 дайи 1369ҳ.ш., санаи боздид: 25 исфанди 1402ҳ.ш.
- «چشمِ راست سلمان رشدی کور شد», Хабаргузории Меҳр, санаи интишор: 18 баҳмани 1401ҳ.ш., санаи боздид: 21 исфанди 1402ҳ.ш.
- «حکم ارتداد و اعدام سلمان رشدی», сайти Имом Хумайнӣ, санаи боздид: 26 исфанди 1402ҳ.ш.
- «حمله با چاقو به سلمان رشدی», Хабаргузории Еврониюз, санаи интишор: 21 мурдоди 1401ҳ.ш., санаи боздид: 20 исфанди 1402ҳ.ш.
- «حمله به سلمان رشدی در آمریکا», Хабаргузории Тасним, санаи интишор: 21 мурдоди 1401ҳ.ш., санаи боздид: 21 исфанди 1402ҳ.ш.
- Хоркӯҳӣ, Ғуломризо, «Тааммуле бар тавтеаи Оёти шайтонӣ ва вокунишҳои ҷаҳонии он», дар маҷаллаи понздаҳи хурдод, шумораи 46, зимистони 1394ҳ.ш.
- Хусравшоҳӣ, Сайид ҳодӣ, "Оёти шайтонӣ" ва исломситезии ғарб, Қум, кулбаи шрўқ, 1398ҳ.ш.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, беҷо, муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
- «صدور حکم ارتداد سلمان رشدی، برگی از پاسداری و دفاع امام خمینی از مقدسات و آرمان های مسلمین است», сайти Имом Хумайнӣ, санаи интишор: 21 мурдоди 1401ҳ.ш., санаи боздид: 22 исфанди 1402ҳ.ш.
- «عکسالعمل امام همه آنها را غافلگیر کرد», Сайти Дафтари ҳифзу нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи интишор: 15 хурдоди 1369ҳ.ш., санаи боздид: 23 исфанди 1402ҳ.ш.
- «فتوایی که هر ساله خرج روی دست انگلیس میگذارد», Сайти Тобнок, санаи интишор: 25 баҳмани 1395ҳ.ш., санаи боздид: 20 исфанди 1402ҳ.ш.
- «قتل سلمان رشدی», Пойгоҳи итилоърасонии Дафтари Оятуллоҳи Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 20 исфанди 1402ҳ.ш.
- «قضیه آیات شیطانی و فتوای تاریخی امام», Сайти Инқилоби исломӣ, санаи боздид: 21 исфанди 1402ҳ.ш.
- Муассисаи фарҳангии қадри вилоят, Оёти шайтонӣ; боризтарин ҷилваи душмании истикбори ҷаҳонӣ бо Исломи ноби Муҳаммадӣ, Теҳрон, муассисаи фарҳангии қадари вилоят, чопи нуҳум, 1388ҳ.ш.
- «مبانی فقهی حکم ارتداد سلمان رشدی نویسنده آیات شیطانی», Хабаргузории Меҳр, санаи интишор: 25 баҳмани 1399ҳ.ш., санаи боздид: 23 исфанди 1402ҳ.ш.
- Воъиззодаи Хуросонӣ, Муҳаммад, «Семинари муқаддамоти табйини ҳукми Имом (раҳ) дар бораи нависандаи китоби "Оёти шайтонӣ"», дар маҷаллаи Микот, №30, баҳори 1370ҳ.ш.