Дуои дувуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои дуюми Саҳифа)

Дуои дувуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای دوم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки ба дуову дуруд бар Пайғамбари Ислом (с) ва баёни талошҳои ӯ дар роҳи даъвати мардум ба сӯи ҳақ пардохтааст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо Худоро ба далели беъсати охирин расули Илоҳӣ дар миёни мусулмонон шукр карда ва аз Худо ҷойгоҳе воло барои Пайғамбари Ислом (с) ба далели талошҳояш дар роҳи густариши Ислом дархост мекунад. Дар ин дуо ҳамчунин ба тавсифи ҳазрати Муҳаммад (с) пардохта шудааст.

Дуои дувум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён ба забони форсӣ ва Риёз-ус-соликина фи шарҳи Саҳифати Сайидиссоҷидин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ дода шудааст.

Омӯзаҳо

Мавзуи аслии дуои дувуми Саҳифаи саҷҷодия дуруд бар Пайғамбари Ислом (с), баёни вижагиҳои ӯ ва ҳамчунин ишора ба талошҳову таҳаммули сахтиҳои ӯ дар роҳи даъвати мардум ба сӯи ҳақ ва дини Ислом аст. Бархе аз омӯзаҳои ин дуо иборатанд аз:

  • Ҳамди Худо ба далели миннат ниҳодан бар мусулмонон бо беъсати охирин расули Илоҳӣ
  • Қудрати Худо бар анҷом ҳар коре ҳарчанд бурузг бошад ва пинҳон набудани ҳеҷ чизе аз Ӯ ҳарчанд кучак бошад.
  • Паёмбари Ислом (с) хотами паёмбарон ва Ислом хотам адён аст.
  • Шаҳодати имом бар аъмоли уммат
  • Тавсифи ҳазрати Муҳаммад (с) (амини ваҳй, бузургвортар аз тамоми халқ, баргузида дар миёни бандагон, пешвои раҳмат, қофилаи солори хубиҳоу калиди баракат)
  • Кӯшиши Пайғамбар (с) дар даъвати мардум ба сӯи ҳақу иҷрои фармони Худо ва таҳаммули сахтиҳо дар ин роҳ (ба хатари афтодани ҷонаш, даргирӣ бо наздикону қабилааш ба иллати инкори ҳақ, наздик кардани дуртарини мардум ба худро ба хотири қабули дин, ҳиҷрат ба диёри ғурбат, ҷанг бо душманони Худо ва...);
  • Дархости ҷойгоҳе воло дар биҳишт барои Пайғамбар (с)
  • Қабулии шафоати Пайғамбар (с) барои аҳли байти покизааш ва муъминони умматаш
  • Қатъӣ будани ваъдаи Илоҳӣ ба муъминон.[1]
  • Худованд табдилкунандаи бадӣ ба хубиҳост.

Шарҳҳо

Дуои дувум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия монанди Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[2] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ,[3] Асрори хомӯшон[4] навиштаи Муҳаммадтақии Халаҷӣ ба забони форсӣ шарҳ шудааст. Ҳамчунин ин дуо дар китоб «Симои Паёмбари аъзам дар Саҳифаи саҷҷодия» ва китоби «Муҳаммади рози офариниш» баррасӣ шудааст.

Дуои дувуми Саҳифаи саҷҷодия дар китобҳое монанди Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[5] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[6], Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[7] ва Риёз-ус-соликина фи шарҳи Саҳифати Сайидиссоҷидин асари Сайид Али‎хон Маданӣ[8] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди китоби Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ,[9] тавзеҳ дода шудааст.

Матни дуо

وَ كَانَ مِنْ دُعَائِهِ عَلَيْهِ السَّلَامُ بَعْدَ هَذَا التَّحْمِيدِ فِي الصَّلَاةِ عَلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَ آلِهِ

وَ الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي مَنَّ عَلَيْنَا بِمُحَمَّدٍ نَبِيِّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَ آلِهِ دُونَ الْأُمَمِ الْمَاضِيَةِ وَ الْقُرُونِ السَّالِفَةِ، بِقُدْرَتِهِ الَّتِي لَا تَعْجِزُ عَنْ شَيْ‌ءٍ وَ إِنْ عَظُمَ، وَ لَا يَفُوتُهَا شَيْ‌ءٌ وَ إِنْ لَطُفَ

فَخَتَمَ بِنَا عَلَى جَمِيعِ مَنْ ذَرَأَ، وَ جَعَلَنَا شُهَدَاءَ عَلَى مَنْ جَحَدَ، وَ كَثَّرَنَا بِمَنِّهِ عَلَى مَنْ قَلَّ

اللَّهُمَّ فَصَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ أَمِينِكَ عَلَى وَحْيِكَ، وَ نَجِيبِكَ مِنْ خَلْقِكَ، وَ صَفِيِّكَ مِنْ عِبَادِكَ، إِمَامِ الرَّحْمَةِ، وَ قَائِدِ الْخَيْرِ، وَ مِفْتَاحِ الْبَرَكَةِ

كَمَا نَصَبَ لِأَمْرِكَ نَفْسَهُ

وَ عَرَّضَ فِيكَ لِلْمَكْرُوهِ بَدَنَهُ

وَ كَاشَفَ فِي الدُّعَاءِ إِلَيْكَ حَامَّتَهُ

وَ حَارَبَ فِي رِضَاكَ أُسْرَتَهُ

وَ قَطَعَ فِي إِحْيَاءِ دِينِكَ رَحِمَهُ

وَ أَقْصَى الْأَدْنَيْنَ عَلَى جُحُودِهِمْ

وَ قَرَّبَ الْأَقْصَيْنَ عَلَى اسْتِجَابَتِهِمْ لَكَ

وَ وَالَى فِيكَ الْأَبْعَدِينَ

وَ عَادَى فِيكَ الْأَقْرَبِينَ

و أَدْأَبَ نَفْسَهُ فِي تَبْلِيغِ رِسَالَتِكَ

وَ أَتْعَبَهَا بِالدُّعَاءِ إِلَى مِلَّتِكَ

وَ شَغَلَهَا بِالنُّصْحِ لِأَهْلِ دَعْوَتِكَ

وَ هَاجَرَ إِلَى بِلَادِ الْغُربَةِ، وَ مَحَلِّ النَّأْيِ عَنْ مَوْطِنِ رَحْلِهِ، وَ مَوْضِعِ رِجْلِهِ، وَ مَسْقَطِ رَأْسِهِ، وَ مَأْنَسِ نَفْسِهِ، إِرَادَةً مِنْهُ لِإِعْزَازِ دِينِكَ، وَ اسْتِنْصَاراً عَلَى أَهْلِ الْكُفْرِ بِكَ

حَتَّى اسْتَتَبَّ لَهُ مَا حَاوَلَ فِي أَعْدَائِكَ

وَ اسْتَتَمَّ لَهُ مَا دَبَّرَ فِي أَوْلِيَائِكَ

فَنَهَدَ إِلَيْهِمْ مُسْتَفْتِحاً بِعَوْنِكَ، وَ مُتَقَوِّياً عَلَى ضَعْفِهِ بِنَصْرِكَ

فَغَزَاهُمْ فِي عُقْرِ دِيَارِهِمْ

وَ هَجَمَ عَلَيْهِمْ فِي بُحْبُوحَةِ قَرَارِهِمْ

حَتَّى ظَهَرَ أَمْرُكَ، وَ عَلَتْ كَلِمَتُكَ، «وَ لَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ»

اللَّهُمَّ فَارْفَعْهُ بِمَا كَدَحَ فِيكَ إِلَى الدَّرَجَةِ الْعُلْيَا مِنْ جَنَّتِكَ

حَتَّى لَا يُسَاوَى فِي مَنْزِلَةٍ، وَ لَا يُكَافَأَ فِي مَرْتَبَةٍ، وَ لَا يُوَازِيَهُ لَدَيْكَ مَلَكٌ مُقَرَّبٌ، وَ لَا نَبِيٌّ مُرْسَلٌ

وَ عَرِّفْهُ فِي أَهْلِهِ الطَّاهِرِينَ وَ أُمَّتِهِ الْمُؤْمِنِينَ مِنْ حُسْنِ الشَّفَاعَةِ أَجَلَّ مَا وَعَدْتَهُ

يَا نَافِذَ الْعِدَةِ، يَا وَافِيَ الْقَوْلِ، يَا مُبَدِّلَ السَّيِّئَاتِ بِأَضْعَافِهَا مِنَ الْحَسَنَاتِ إِنَّكَ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ

Эзоҳ

  1. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.17 - 356; Халаҷӣ, Асрори хомӯшон, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.16 - 131
  2. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.17 - 356
  3. Мамдуҳӣ, Китоби шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.267 - 287
  4. Халаҷӣ, Асрори хомӯшон, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.16 - 131
  5. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.73 - 82
  6. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.49 - 64
  7. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55 - 67
  8. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.415 - 505
  9. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.20 - 22

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1373ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-мулк, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Халаҷӣ, Муҳаммадтақӣ, Асрори хомӯшон, Қум, Партави хуршед, 1383ҳ.ш.