Jump to content

Дуои Ваҳдат

Аз wikishia
Тасвире аз размандагони эронӣ дар ҷанги Ироқ бо Эрон, ки баъди намоз дуои ваҳдатро дар ҳоли даст ба даст додан хондаанд.

Дуои Ваҳдат (форсӣ: دعای وحدت) ишора ба зикрҳое дорад, ки Пайғамбар (с), пас аз намозҳои воҷиб ба хондани онҳо тавсия додаанд ва ҳамчун нишонаи ваҳдат хонда мешавад.[1] Бар асоси гузориши Шайх Садуқ (ваф.381ҳ.қ) аз Имоми Содиқ (а)Имоми Содиқ (а), Паёмбар Акрам (с) пас аз фатҳи Макка ва хондани намози пешин дар канори Ҳаҷар-ул-асвад, дастонро баланд бардошта ва се маротиба такбир гуфтанд. Сипас, ин дуоро хонда ва тавсия доданд, ки пас аз ҳар як намози воҷиб, се такбир ва хондани ин дуо анҷом шавад. Ҳар шахсе, ки пас аз саломи намоз ҳамин тавр амал кунад, вазифаи шукре, ки дар баробари Худованд барои тақвияти Ислом ва лашкариёни он дорад, ба ҷо овардааст.[2] Шайх Садуқ ин дуоро дар китоби ал-Муқниъ чунин нақл намудааст:

Қироати дуои ваҳдат дар ҳарами Имом Ризо (а)

Шайх Тӯсӣ дар китоби Мисбоҳ-ул-мутаҳҷҷид[4], ва дар Таҳзиб-ул-аҳком[5], ҳамчунин Қозӣ Нуъмон ал-Мағрибӣ дар китоби Даоим-ул-Ислом[6] низ ин дуоро бо андаке фарқият ривоят кардаанд.

Бар асоси гузоришҳо, дар даҳсолаи 60-и шамсӣ, мардум дар Эрон баъд аз намози ҷамоат ва намози ҷумъа, ин дуоро дар ҳолате мехонданд, ки дастҳои якдигарро гирифта буданд — ҳамчун рамзи ваҳдат ва тавҳидбоварӣ.[7]

Гуфта мешавад, ин дуо дар нахустин намози ҷумъаи Теҳрон пас аз Инқилоби исломии Эрон, дар моҳи мурдоди 1358ҳ.ш./1979, хонда шуд ва баъдан ривоҷ ёфт.[8] Дар ҷараёни ҷанги Ироқ бо Эрон низ, ин дуо аз ҷумлаи барномаҳои размандагони эронӣ пас аз намози ҷамоат ва пеш аз амалиётҳо ба ҳисоб мерафт.[9]

Эзоҳ

  1. Кумайлии Хуросонӣ, «مضامین دعای وحدت، وحدتی و توحیدی است», пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Кумайлии Хуросонӣ; «امام (ره) با خوشحالی فرمود عجب نماز جمعه‌ای شد!», сомонаи рӯзномаи Ҷавон.
  2. Шайх Садуқ, "Илал-уш-шароеъ", 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.360.
  3. Шайх Садуқ, "ал-Муқниъ", 1415ҳ.қ., саҳ.97.
  4. Шайх Тӯсӣ, "Мисбоҳ-ул-мутаҳҷҷид", 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50.
  5. Шайх Тӯсӣ, "Таҳзиб-ул-аҳком", 1365ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.106.
  6. Ибни Ҳайюн, "Даоим-ул-Ислом", 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.170.
  7. Кумайлии Хуросонӣ, «مضامین دعای وحدت، وحدتی و توحیدی است», пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Кумайлии Хуросонӣ.
  8. «امام (ره) با خوشحالی فرمود عجب نماز جمعه‌ای شد!», сайти рӯзномаи Ҷавон.
  9. «نماز جماعت رزمندگان دفاع مقدس به امامت فرمانده سپاه», хабаргузории Тасним; «فیلم/ قرائت دعای وحدت توسط فرماندهان قبل از عملیات «طریق‌القدس»», хабаргузории Дифои муқаддас.

Сарчашма