Ҳирз
Ҳирз (форсӣ: حرز) ё таъвиз (форсӣ: تَعْویذ) оёт, азкор ва дуоҳое аст барои дурӣ аз балоҳо. Дар манобеи ҳадисии шиа, ҳирзҳои дуоӣ, ба далели таъсироте ки барои онҳо зикр шуда, мавриди тавваҷуҳ будааст. Ояталкурсӣ ва ояти ва ин якод аз оётеанд, ки барои ҳирз корбурд дорад. Ҳирзи Имом Ҷавод (а) ва ҳирзи ямонӣ аз машҳуртарин ҳирзҳои дуоӣ аст. Дар китоби ал-Кофӣ ва Муҳаҷ-уд-даавот ҳирзҳои нақлшуда аз чаҳордаҳ маъсум дар боби мустақиле ҷамъоварӣ шудааст. Эътиқод ба таъвиз ва таъсири он, илова бар Ислом, дар дигар адёну миллатҳо низ вуҷуд дорад. Дар дини Ислом, бо радди таъвизҳои хурофӣ, таъвизҳое бар асоси оёт ва дуоҳои тавҳидӣ матраҳ шудааст. Ба гуфтаи бархе фақиҳон, таъвиз ба ашёи ношинохта ҷоиз нест.
Таърифи ҳирз ва ақсоми он
Ҳирз ё таъвиз ба оёт, азкор ва дуоҳое мегӯянд ки барои дурӣ аз балоҳо, шарри душманон, ҷонварон ё чашмзахм[1] хонда мешавад.[2] Дар мавориде ҳирзҳо бар чизе навишта мешавад ва ҳамроҳи шахс (бар бозӯ ё гардан) нигаҳдорӣ ё аз ҷое (монанди сардари хона) овехта мешавад.[3] Бархе таъвизҳо дуо ва зикр нестанд ва аз чизҳое монанди оҳан, пӯсти оҳӯ ё барги бархе дарахтон дуруст шудаанд.[4] Гуфта шуда умдатарин далел барои истифода аз таъвизҳо, ҷилавгирӣ аз чашмзахм будааст.[5]
Ба бовари бархе муҳаққиқон, ҳирз ва таъвиз тафовути чандоне бо ҳам надоранд ва ин ду вожа ба ҷои якдигар ба кор меравад.[6] Дар бархе китобҳои ҳадисӣ низ ҳирз ва таъвиз дар як боб ва дар як радиф зикр шудаанд.[7] Бо ин ҳол, бархе муътақиданд агарчи марзи ҳирз ва таъвиз чандон равшан нест, аммо наметавон онҳоро яксон донист.[8] Ҳамчунин гуфтаанд дар маънои ҳирз таҳаввулоте рух дода ва дар даврае, ҳам маънои таъвиз ва дар даврае ба маънои тилисм наздик шудааст.[9] «Тамима»,[10] «ҳайкал», «ҳамоил» ва «тумор» аз алфозу мафоҳими наздик ба маънои таъвиз аст, ки корбурди мушобеҳ дорад.[11]
Аҳамияти ҳирз дар мабоҳиси исломӣ
Ҳирзҳои дуоӣ бахше аз мироси дуоӣ аст, ки ба далели хавосу осори зикршуда барои онҳо, ҳамвора мавриди тавваҷуҳ будаанд.[12] Вожаи ҳирз дар Қуръон зикр нашуда; аммо дар ривоятҳои зиёде аз шиа ва суннӣ ба кор рафтааст.[13] Ояталкурсӣ ва ояти ва ин якод, аз оётеанд, ки барои ҳирз корбурд дорад ва ба ҳамин далел ба оётулҳирз маъруф шудаанд.[14] Кулайнӣ (ваф.329ҳ.қ.) дар китоби ал-Кофӣ[15] ва Сайид ибни Товус (ваф.664ҳ.қ.) дар китоби Муҳаҷ-уд-даавот ҳирзҳои нақлшуда аз чаҳордаҳ маъсумро дар боби мустақиле ҷамъоварӣ кардаанд.[16]
Бар асоси он чи Шайх Аббоси Қумӣ (ваф.1359ҳ.қ.) дар китоби Сафинат-ул-биҳор нақл карда, Пайғамбар (с) барои таъвизи ҳасанайн, муаввазатайнро мехонд.[17] Аз ҷумла ҳирзҳои машҳур метавон ба ҳирзи Имом Ҷавод (а), ҳирзи Ямонӣ, ҳирзи Абудаҷона ва ҳирзи Ёсин ишора кард.[18] Ба гуфтаи муҳаққиқон, тавваҷуҳ накардан ба муътабар будан ё набудани ҳирзҳо сабаби бурузи мушкилот мешавад. Аз ин рӯ гуфта шуда танҳо бояд аз ҳирзҳое истифода кард, ки дар ривоятҳои маъсумон зикр шудааст ва аз ҳирзҳое, ки сарчашмаи ривоӣ надорад, парҳез кард.[19] Китоби «Ҳирзҳои маъсумин» ба қалами Сайид Алӣ Лавосонӣ аз ҷумлаи китобҳое аст, ки дар мавзуи ҳирзҳои нақлшуда аз маъсумон навишта шудааст.[20] Ин китобро интишороти Дор-ус-сибтайн дар соли 1401ҳ.ш., дар 488 сафҳа мунташир кардааст.[21]
Пешина
Эътиқод ба ҳирзу таъвиз ва таъсири онро аз таълимоти мусаллами Ислом медонанд; аммо мегӯянд махсуси Ислом нест ва дар дигар адён[22] ва миллатҳо низ ин эътиқод вуҷуд дорад.[23] Дар ривоятҳое, хондани таъвиз дар адёни дигар низ гузориш шудааст.[24] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, дини Ислом таъвизҳои даврони ҷоҳилиятро ки ба хурофот олӯда шуда буд, рад кард ва ба ҷои онҳо таъвизҳоеро матраҳ сохт, ки ғолибан дарбардорандаи оёти қуръонӣ ва дуоҳои тавҳидӣ аст.[25]
Эътибори ҳирзҳо аз назари шаръӣ
Бархе муҳаққиқон бо баррасии теъдоде аз ривоёти марбут ба ҳирзҳову таъвизҳо, бархе аз онҳоро муътабар шумурда ва теъдоди мутааддиде аз онҳоро номуътабар донистаанд.[27] Ба гуфтаи Ҷаъфар Кошифулғито, таъвиз ба оёти Қуръон, зикрҳо ва ривоёти нақлшуда аз маъсумон ҷоиз аст; аммо таъвиз ба ашёи ношинохта ҷоиз нест.[28] Ҳирз ва таъвиз илова бар он ки дар мабоҳиси динӣ ва исломӣ матраҳ аст, дар улуми ғариба низ баҳс мешавад.[29] Бархе гуфтаанд ба далели нигоҳи ширколуд ва равишҳои ғайриилоҳии бакоррафта дар таъвизҳои улуми ғариба, ин таъвизҳо аз назари шаръӣ ҳароманд.[30]
Эзоҳ
- ↑ Моҳёр, «Таъвиз дар шеъри Хоқонӣ», саҳ.214
- ↑ Ибни Сино, Кунуз-ул-муаззамин, муқаддамаи Ҷалолуддини Ҳумоӣ, Анҷумани осори миллӣ, саҳ.76
- ↑ Ибни Сино, Кунуз-ул-муаззамин, муқаддамаи Ҷалолуддини Ҳумоӣ, Анҷумани осори миллӣ, саҳ.76
- ↑ Ниг.: Ибни Сино, Кунуз-ул-муаззамин, муқаддамаи Ҷалолуддини Ҳумоӣ, Анҷумани осори миллӣ, саҳ.74; Моҳёр, «Таъвиз дар шеъри Хоқонӣ», саҳ.219 - 222
- ↑ Арабистонӣ, «Таъвиз», саҳ.635
- ↑ Таботабоӣ, «Ҳирз», саҳ.11
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.568 - 573; Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.436
- ↑ Хонӣ, «Сайри таҳаввули мафҳуми ҳирз дар фарҳанги исломӣ», саҳ.67
- ↑ Хонӣ, «Сайри таҳаввули мафҳуми ҳирз дар фарҳанги исломӣ», саҳ.71 - 78
- ↑ Ибни Сино, Кунуз-ул-муаззамин, муқаддамаи Ҷалолуддини Ҳумоӣ, Анҷумани осори миллӣ, саҳ.82
- ↑ Моҳёр, «Таъвиз дар шеъри Хоқонӣ», саҳ.216 - 217
- ↑ Исботӣ, «Таҳлил ва баррасии ҳирзи мансуб ба Имом Ҷавод (а)», саҳ.11
- ↑ Таботабоӣ, «Ҳирз», саҳ.12
- ↑ Таботабоӣ, «Ҳирз», саҳ.12
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.568 - 573
- ↑ Ниг.: Сайид ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даавот, 1411ҳ.қ., саҳ.3 - 45
- ↑ Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.542
- ↑ Хонӣ, «Сайри таҳаввули мафҳуми ҳирз дар фарҳанги исломӣ», саҳ.66
- ↑ Масъудӣ, «Баррасии мақолаи ҳирз аз Доират-ул-маорифи Қуръони Лейден», саҳ.142
- ↑ Лавосонӣ, Ҳирзҳои маъсумин, 1401ҳ.ш., шиносномаи китоб
- ↑ Лавосонӣ, Ҳирзҳои маъсумин, 1401ҳ.ш., шиносномаи китоб
- ↑ Оқогулизода, Баррасии санадӣ ва матнии ривоёти ҳирз ва таъвиз, 1390ҳ.ш., саҳ.19
- ↑ Ибни Сино, Кунуз-ул-муаззамин, муқаддамаи Ҷалолуддини Ҳумоӣ, Анҷумани осори миллӣ, саҳ.77
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.569
- ↑ Ибни Сино, Кунуз-ул-муаззамин, муқаддамаи Ҷалолуддини Ҳумоӣ, Анҷумани осори миллӣ, саҳ.78
- ↑ “Shi'iи talismanic piece“, Library of Congress.
- ↑ Оқогулизода, Баррасии санадӣ ва матнии ривоёти ҳирз ва таъвиз, 1390ҳ.ш., саҳ.215 - 218
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.460
- ↑ Оқогулизода, Баррасии санадӣ ва матнии ривоёти ҳирз ва таъвиз, 1390ҳ.ш., саҳ.25
- ↑ Оқогулизода, Баррасии санадӣ ва матнии ривоёти ҳирз ва таъвиз, 1390ҳ.ш., саҳ.25
Сарчашма
- Арабистонӣ, Меҳрдод, «Таъвиз», дар ҷилди 15 аз Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, Маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Ибни Сино, Ҳусайн ибни Абдуллоҳ, Кунуз-ул-муаззамин, муқаддамау тасҳеҳи Ҷалолуддини Ҳумоӣ, Теҳрон, Анҷумани осори миллӣ, бе то.
- Исботӣ, Исмоил, «Таҳлил ва баррасии ҳирзи мансуб ба Имом Ҷавод (а)», дар маҷаллаи улуми Қуръон ва ҳадис, №108, баҳору тобстон1401ҳ.ш.
- Кошифулғито, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариат-ил-ғарро, Қум, Бӯстони китоб, 1422ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Лавосонӣ, Сайид Алӣ, Ҳирзҳои маъсумин, Қум, 1401ҳ.ш.
- Масъудӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, «Баррасии мақолаи ҳирз аз Доират-ул-маорифи Қуръони Лейден», дар маҷаллаи Қуръонпажӯҳии ховаршиносон, №21, пойизу зимистони 1395ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Миръот-ул-уқули фи шарҳи ахбори оли-р-Расул, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
- Моҳёр, Аббос, «Таъвиз дар шеъри Хоқонӣ», дар маҷаллаи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ, №47 - 49, баҳору тобистони 1384ҳ.ш.
- Оқогулизода, Зайнаб, Баррасии санадӣ ва матнии ривоёти ҳирз ва таъвиз, Машҳад, Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломӣ, 1390ҳ.ш.
- Сайид ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даавоти ва манҳаҷ-ул-ибодот, Қум, 1411ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Козим, «Ҳирз», дар ҷилди 13 аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, 1388ҳ.ш.
- Хонӣ, Ҳомид, «Сайри таҳаввули мафҳуми ҳирз дар фарҳанги исломӣ», дар маҷаллаи Пжўҳшномаҳи таърихи тамаддуни исломӣ, №1, баҳору тобистони 1390ҳ.ш.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Сафинат-ул-биҳор ва мадинат-ул-ҳиками ва-л-осор, Қум, Усва, 1414ҳ.қ.