Дуои Ҳазин

Аз wikishia

Дуои Ҳазин (форсӣ: دعای حزین), муноҷоте мансуб ба Имом Саҷҷод (а) аст, ки хондани он баъд аз намози шаб тавсия мешавад.[1] Дар ин муноҷот, ба мафоҳиме ҳамчун пушаймонӣ аз бадкорию гуноҳкории худ дар баробари бахшандагию бузургвории Худо, ҳарос аз танҳоии пас аз марг ва дархости бахшиш аз Худо ишора шудааст.[2] Бархе аз пажӯҳишгарон муътақиданд мазмуни ин дуо бозтобдиҳандаи бархе аз мафоҳими бунёдин дар ҷаҳонбинии шиа, ҳамчун ҳузну ранҷи инсон, танҳоӣ ва қатъи умед аз дигар инсонҳо ва паноҳҷӯӣ ба Худованд аст.[3]

Ба гуфтаи Ҳасан ибни Фазли Табарсӣ аз муҳаддисини қарни шашум, Имом Саҷҷод (а) ин дуоро баъд аз намози шаб мехонд,[4] аммо Шайхи Тӯсӣ (ваф.460ҳ.қ.) дар Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид сухане аз интисоби ин дуо ба Имом Саҷҷод (а) наовардааст.[5] Ин дуо дар Саҳифаи саҷҷодия наёмада ва ба гуфта бархе пажӯҳишгарон, дар ҳеҷ як аз мустадракҳои Саҳифаи саҷҷодия ки пеш аз қарни чордаҳуми шамсӣ нигошта шудаанд, низ зикр нашудааст.[6]

Шайхи Баҳоӣ дар Мифтоҳ-ул-фалоҳ, бахшҳое аз ин дуоро зимни одоби намози витр шарҳ додааст.[7] Сайид Аббоси Шуштарии Лакҳнуӣ фақиҳи ҳиндӣ (ваф.1306ҳ.қ.) низ дар ашъори худ муноҷоте баргирифта аз ин дуо овардааст.

Эзоҳ

  1. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, бахши Мулҳақот, дар зикри намозҳои мустаҳабӣ, саҳ.873
  2. Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.160
  3. Меҳрваш, «Ҳазин, дуо», саҳ.442
  4. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1379ҳ.ш., саҳ.295
  5. Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.160
  6. Меҳрваш, «Ҳазин, дуо», саҳ.442
  7. Шайхи Баҳоӣ, Мифтоҳ-ул-фалоҳ, 1415ҳ.ш., саҳ.701

Сарчашма

  • Меҳрваш, Фарҳанг, «Ҳазин, дуо» дар Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ.21, Теҳрон, маркази Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, 1391ҳ.ш.
  • Навшоҳӣ, Ориф, Китобшиносии осори форсии чопшуда дар Шибҳи Қорра (Ҳинд, Покистон, Бангладеш), Теҳрон, 1391ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1370ҳ.ш.
  • Шайхи Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Мифтоҳ-ул-фалоҳи фи амал-ил-явми ва-л-лайла, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, Муассисаи Фиқҳ-уш-шиъа, 1411ҳ.қ.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, чопи Маркази таҳқиқоти ҳаҷ.