Дуои ё алию ё азим
Дуои ё алию ё азим (форсӣ: دعای یَا عَلِیُّ یَا عَظِیم) аз дуоҳои машҳур моҳи рамазон аст, ки ба хондани он баъд аз намозҳои рӯзона дар ин моҳи шариф тавсия шудааст. Ба ҳамин сабаб шиаён баъд аз намозҳои рӯзона ин дуоро ба шакли дастаҷамъӣ мехонанд. Ин дуо дар китобҳои Иқбол-ул-аъмол, Мисбоҳи Кафъамӣ ва Зод-ул-маод аз Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а) нақл шудааст. Дар ин дуо таълимоте дар бораи шинохти Худо, моҳи рамазон, Қуръон, шаби Қадр ва омӯзиши одоби дуо вуҷуд дорад.
Ҷойгоҳ
Дуои ё алию ё азим аз дуоҳоест, ки ба эътиқоди Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дорои мазмун ва муҳтавои бисёр баланд аст.[1] Бар асоси он чи Аллома Маҷлисӣ (ваф.1110ҳ.қ.) дар китоби Зод-ул-маод аз Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а) ривоят кардааст, ин дуо баъд аз ҳар намози воҷиб (намозҳои рӯзона) дар моҳи рамазон тавсия шудааст.[2] Ба ҳамин сабаб шиаён баъд аз намозҳои рӯзона ин дуоро ба шакли дастаҷамъӣ мехонанд. Ин дуо метавонад таъсироте аз ҷиҳати худошиносӣ, шинохти моҳи рамазон, шинохти Қуръон, шинохти шаби Қадр, ва одоби дуо кардан дар инсон бигузорад.[3]
Санади дуо
Дуои ё алию ё азимро аввалин бор Сайид ибни Тавус (ваф.664ҳ.қ.) дар китоби Иқбол-ул-аъмол нақл кардааст ва онро ба Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а) нисбат додааст.[4] Ҳамчунин Кафъамӣ (ваф.905ҳ.қ.) дар китоби Мисбоҳ[5] ва Аллома Маҷлисӣ (ваф.1110ҳ.қ.) дар китоби Зод-ул-маод ин дуоро нақл кардаанд.[6] Албатта дуое, ки дар китоби Мисбоҳ зикр шудааст, андаке фарқ дорад аз китобҳои Иқбол-ул-аъмол ва Зод-ул-маод. Ба унвони мисол ибораҳои «وَ هَذَا شَهْرٌ عَظَّمْتَهُ وَ كَرَّمْتَهُ وَ شَرَّفْتَهُ وَ فَضَّلْتَهُ عَلَى الشُّهُورِ» дар китобҳои Иқбол-ул-аъмол ва Зод-ул-маод,[7] ба сурати «وَ هَذَا شَهْرٌ شَرَّفْتَهُ وَ عَظَّمْتَهُ وَ كَرَّمْتَهُ وَ فَضَّلْتَهُ عَلَى الشُّهُورِ»[8] дар китоби Мисбоҳ омадааст. Ҳамчунин ибораи «يا عَلِيُّ يا عَظِيمُ يا غَفُورُ يا رَحيم...»[9] дар нусхаи қадимаи китоби Иқбол-ул-аъмол ба сурати «يَا عَلِيُّ يَا عَظِيمُ يَا غَفُورُ يَا شَكُورُ يَا رَحيم...»[10] оварда шудааст.
Муҳтаво
Ба эътиқоди Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ҳар кадоме аз форозҳои дуои «ё алию ё азим» дорои паёмест.[11] Ба гуфтаи ӯ фарози ибтидоии дуо ба худошиносӣ ва баёни сифоти Худо мепардозад ва дар фарози баъдӣ ба вижагиҳои моҳи рамазон ишора мекунад. Ҳузури се навъи ҳидоят дар Қуръон, ишора ба бартар будани шаби Қадр аз ҳазор моҳ ва омӯзиши одоби дуо аз дигар таълимоти ин дуо аст, ки Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ба он пардохтааст.[12]
Матн ва тарҷумаи дуо
يَا عَلِىُّ يَا عَظِيمُ، يَا غَفُورُ يَا رَحِيمُ، أَنْتَ الرَّبُّ الْعَظِيمُ الَّذِى لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَىْءٌ وَهُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ، وَهٰذَا شَهْرٌ عَظَّمْتَهُ وَكَرَّمْتَهُ وَشَرَّفْتَهُ وَفَضَّلْتَهُ عَلَى الشُّهُورِ، وَهُوَ الشَّهْرُ الَّذِى فَرَضْتَ صِيامَهُ عَلَىَّ، وَهُوَ شَهْرُ رَمَضانَ الَّذِى أَنْزَلْتَ فِيهِ الْقُرْآنَ هُدىً لِلنَّاسِ وَبَيِّناتٍ مِنَ الْهُدىٰ وَالْفُرْقانِ وَجَعَلْتَ فِيهِ لَيْلَةَ الْقَدْرِ وَجَعَلْتَها خَيْراً مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ، فَيا ذَا الْمَنِّ وَلَا يُمَنُّ عَلَيْكَ مُنَّ عَلَىَّ بِفَكاكِ رَقَبَتِى مِنَ النَّارِ فِى مَنْ تَمُنُّ عَلَيْهِ وَ أَدْخِلْنِى الْجَنَّةَ بِرَحْمَتِكَ يَا أَرْحَمَ الرَّاحِمِينَ.
Эй Баландмартаба, эй Бузург, эй Омурзанда, эй Меҳрубон, Туӣ Парвардигори бузург, ки чизе монанди Ӯ нест ва Ӯст шунавои бино. Ва ин моҳест, ки ба он азамату арзиш ва бартарӣ ва фазилат бахшидаӣ ва бар дигар моҳҳо бартариаш додаӣ. Ва моҳест, ки рӯзаашро бар мо воҷиб кардаӣ, ва он моҳи рамазон аст, ки Қуръонро дар он нозил кардаӣ, барои ҳидояти мардум ва баёни далелҳои равшан аз ҳидоят ва ташхиси ҳақ аз ботил, ва шаби Қадрро дар он қарор додаӣ ва онро аз ҳазор моҳ беҳтар сохтаӣ. Эй соҳиби меҳру муҳаббат, ки бар Ту миннате гузошта намешавад, бар ман ба озодӣ аз оташ миннат гузор, дар зумраи онҳое ки бар онҳо миннат гузоштаӣ, ва маро вориди биҳишт гардон, эй меҳрубонтарини меҳрубонҳо.
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Мафотиҳ Новин, 1395ҳ.ш., саҳ.716
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, 1423ҳ.қ., саҳ.84
- ↑ «شرح دعای «یا عَلِی یا عَظِیمُ» از منظر آیت الله العظمی مکارم», Хабаргузории дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
- ↑ Сайид ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.80
- ↑ Кафъамӣ, Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.630
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, 1423ҳ.қ., саҳ.84
- ↑ Сайид ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.80, Аллома Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, 1423ҳ.қ., саҳ.84
- ↑ Кафъамӣ, Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.630
- ↑ Сайид ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.80
- ↑ Сайид ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.24
- ↑ «شرح دعای «یا عَلِی یا عَظِیمُ» از منظر آیت الله العظمی مکارم», Хабаргузории дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
- ↑ «شرح دعای «یا عَلِی یا عَظِیمُ» از منظر آیت الله العظمی مکارم», Хабаргузории дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
Сарчашма
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Зод-ул-маод, таҳқиқи Алоуддини Аъламӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
- Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, Мисбоҳи Кафъамӣ, Қум, Дор-ур-разӣ, чопи дуюм, 1405ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Мафотиҳ Новин, тарҷумаи Муҳаммадризо Ҳомадӣ ва Масъуд Макорим, таҳқиқи Аҳмад Қудсӣ ва Саид Довудӣ, Қум, Нашриёти Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи чилум, 1395ҳ.ш.
- Сайид ибни Тавус, Алӣ ибни Мӯсо, Иқбол-ул-аъмол ал-ҳасана, таҳқиқи Ҷавод Қиёмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
- Сайид ибни Тавус, Алӣ ибни Мӯсо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дуюм, 1409ҳ.қ.
- «دعای «یا علی یا عظیم...» بعد از هر نماز واجب در ماه رمضان», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати устод Ҳусайни Ансориён, санаи боздид: 2 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
- «شرح دعای «یا عَلِی یا عَظِیمُ» از منظر آیت الله العظمی مکارم», Хабаргузории дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи нашр: 17 урдибиҳишти 1399ҳ.ш., санаи боздид: 2 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.