Дуои Ё ман арҷуҳу
| Иттилооти дуо ва зиёрат | |
|---|---|
| Маъсур/Ғайримаъсур | Маъсур |
| Содиршуда аз | Имом Содиқ (а) |
| Сарчашмаи шиа | Усули кофӣ • Иқбол-ул-аъмол • Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид |
| Замон | Моҳи раҷаб |
| Дуоҳо ва зиёратҳои машҳур | |
| Дуои Тавассул • Дуои Кумайл • Дуои Нудба • Дуои Самот • Дуои Фараҷ • Дуои Абуҳамзаи Сумолӣ • Зиёрати Ошӯро • Зиёрати Ҷомеаи кабира • Зиёрати Ворис • Зиёрати Аминуллоҳ • Зиёрати Арбаин | |
Дуои Ё ман арҷуҳу (форсӣ: دعای یا مَنْ اَرْجوه) дуоест аз Имом Содиқ (а) ки хондани он дар моҳи раҷаб тавсия шудааст. Дар ин дуо ҳамаи хайрҳои дунё ва охират ва боздоштани ҳамаи шаррҳои дунё ва охират барои инсон, аз Худо, хоста шудааст. Дуо аз тарафи чандин олими шиа, аз ҷумла Кулайнӣ, Кашшӣ, Шайх Тӯсӣ ва Ибни Тавус, нақл шудааст.
Бар асоси нақли Сайид ибни Тавус, Имом Содиқ (а) ҳангоми қироати ин дуо, дасти чапи худро бар риш мегузошт ва ангушти дасти ростро ҳаракат медод. Ҳарчанд дар бораи вақти анҷоми ин амал ихтилофи назар вуҷуд дорад; бархе онро аз оғози дуо ва бархе аз фарози поёнии он донистаанд. Бархе ҳаракати дасту ангуштро нишонаи тазарруъ ва изтирор донистаанд.
Дуои «Ё ман арҷуҳу» дар сарчашмаҳои гуногун бо тафовутҳое дар матн ва санад нақл шудааст ва барои хондан дар мавридҳои мухталиф, монанди пас аз намозҳои рӯзона ё намозҳои мустаҳаббии рӯзи ҷумъа, тавсия шудааст.
Санад
«Ё ман арҷуҳу», дуоест аз Имом Содиқ (а) ки Сайид ибни Тавус (ваф.664ҳ.қ.), дар китоби Иқбол-ул-аъмол онро нақл кардааст[1] ва Алома Маҷлисӣ эътибори санади онро таъйид кардааст.[2] Ин дуоро Муҳаммад ибни Умари Кашшӣ, риҷолшиноси шиа дар қарни чоруми ҳиҷрӣ, низ ривоят кардааст.[3] Аммо Сайид Абулқосим Хӯӣ, санади онро заиф шумурдааст.[4] Албатта бархе назарияи Оятуллоҳ Хӯиро нақд карда ва санади ривоятро саҳеҳ донистаанд.[5]
Нусхае аз дуо, бидуни фарози поёние ки бо иборати «Ё за-л-ҷалоли ва-л-икром» оғоз мешавад, дар китоби ал-Кофӣ низ омадааст;[6] Алома Маҷлисӣ санади ин нусхаро заиф донистааст.[7] Далели онро ҳузури афроди ношинохта монанди Ҳусайн ибни Амора ва Абуҷаъфар дар силсилаи санад зикр кардааст.[8]
Нусхаи дигаре аз ин дуо бо тафовутҳое дар ибораҳои он, дар китоби Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, навиштаи Шайх Тӯсӣ (ваф.360ҳ.қ.) низ омадааст.[9] Гуфта шуда нақли ин дуо аз тарафи Кулайнӣ, Кашшӣ, Шайх Тӯсӣ ва Сайид ибни Тавус ин итминонро эҷод мекунад ки мазмуни он аз Имом Содиқ (а) содир шудааст.[10] Ҳамчунин ҳамаи уламои ҷамъоварикунандаи ривоятҳои марбут ба дуоҳо, ин дуоро нақл кардаанд.[11]
Замони хондан
Бар асоси нақли Сайид ибни Тавус хондани дуои Ё ман арҷуҳу, дар моҳи раҷаб, субҳу шом ва пас аз ҳар яке аз намозҳои рӯзона тавсия шудааст.[12] Бо ин ҳол, бар асоси нақли Кулайнӣ дар китоби ал-Кофӣ[13] ва нақли Кашшӣ[14] замони мушаххасе барои хондани он зикр нашудааст.
Шайх Тӯсӣ дар китоби Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, дар бахши намозҳои мустаҳаббии рӯзи ҷумъа, намозеро барои бароварда шудани ҳоҷат нақл кардааст, ки дар одоби он, дуои «Ё ман арҷуҳу» дар зимни дуо хонда мешавад.[15] Ҳамчунин ин дуо дар одоби намози талаби фарзанд, ки дар рӯзи ҷумъа хонда мешавад, низ зикр шудааст.[16]
Матн ва тарҷумаи дуо
یَا مَنْ أَرْجُوهُ لِکُلِّ خَیْرٍ، وَ آمَنُ سَخَطَهُ عِنْدَ [من] کُلِّ شَرٍّ، یَا مَنْ یُعْطِی الْکَثِیرَ بِالْقَلِیلِ، یَا مَنْ یُعْطِی مَنْ سَأَلَهُ، یَا مَنْ یُعْطِی مَنْ لَمْ یَسْأَلْهُ وَ مَنْ لَمْ یَعْرِفْهُ تَحَنُّناً مِنْهُ وَ رَحْمَةً، أَعْطِنِی بِمَسْأَلَتِی إِیَّاکَ جَمِیعَ [الخیرات] خَیْرِ الدُّنْیَا وَ جَمِیعَ خَیْرِ الْآخِرَةِ، وَ اصْرِفْ عَنِّی بِمَسْأَلَتِی إِیَّاکَ جَمِیعَ شَرِّ الدُّنْیَا وَ [جمیع] شَرِّ الْآخِرَةِ، فَإِنَّهُ غَیْرُ مَنْقُوصٍ مَا أَعْطَیْتَ، وَ زِدْنِی مِنْ فَضْلِکَ یَا کَرِیمُ، یَا ذَا الْجَلَالِ وَ الْإِکْرَامِ یَا ذَا النَّعْمَاءِ وَ الْجُودِ، یَا ذَا الْمَنِّ وَ الطَّوْلِ، حَرِّمْ شَیْبَتِی عَلَی النَّارِ[17]
Эй он ки ҳар хайрро аз ӯ умед дорам ва аз хашмаш дар ҳар шарре эминӣ меҷӯям, эй он ки дар баробари ибодати андаки банда подоши бисёр медиҳад, эй он ки ба ҳар касе ки аз ӯ бихоҳад мебахшад, эй он ки ба ҳар касе ки нахоҳад ва ӯро нашиносад низ мебахшад, атояш аз рӯи меҳрубонӣ ва раҳмат аст, бо дархостам аз Ту, ҳамаи хайри дунё ва хайри охиратро ба ман ато кун ва бо дархостам аз Ту ҳамаи шарри дунё ва шарри охиратро аз ман бозгардон, зеро он чи Ту ато кардӣ костӣ надорад, ва аз эҳсони худ бар ман биафзо, эй карим. Эй соҳиби бузургӣ ва эҳтиром, эй соҳиби бахшиш ва ҷуд, эй соҳиби ато ва каромат, ришамро бар оташи дӯзах ҳаром гардон.[18]
Мазмун
Дар дуои Ё ман арҷуҳу, дуокунанда аз Худо дархост мекунад, ки ҳамаи хубиҳои дунё ва охиратро ба ӯ ато кунад ва ҳамаи бадиҳои дунё ва охиратро аз ӯ дур созад. Дар оғоз ва поёни ин дуо, Худованд бо сифати ҷуд ситоиш мешавад; барои мисол дар яке аз фарозҳои дуо омадааст, ки Худованд ҳатто ба касе ки аз ӯ дархосте накарда ва ӯро намешиносад низ аз рӯи меҳрубонӣ ато мекунад.[19] Бархе, аз гузораи «Ё ман арҷуҳу ли-кулли хайр» тафвиз (вогузории умур ба Худо) бардошт кардаанд.[20]

Ҳаракати даст ва ангушт дар дуои «Ё ман арҷуҳу»
Бар асоси нақли китоби Иқбол-ул-аъмол, Имом Содиқ (а) ибтидо дуои «Ё ман арҷуҳу»-ро бидуни анҷоми ҳаракати хоссе то фарози «ва зиднӣ мин фазлика ё карим» қироат кард ва сипас бо гузоштани дасти чап бар риш ва ҳаракати ангушти сабоба, дуоро аз оғоз такрор карда ва то поён идома дод.[21] Алома Маҷлисӣ, муҳаддиси шиа, ба нақл аз Сайид ибни Тавус гузориш кардааст, ки ин амал аз фарози «Ё за-л-ҷалоли ва-л-икром» то поёни дуо анҷом мешуд.[22] Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, муфассири шиа, бар асоси ривояти китоби Иқбол муътақид, аст ки Имом (а) ин амалро аз ибтидои дуо анҷом медод.[23] Шайх Аббоси Қумӣ низ анҷоми онро аз ибтидои дуо нақл кардааст.[24] Муҳаммадалӣ Исмоилпури Қумшаӣ анҷом додани ин амал аз ибтидои дуоро мустаҳаб донистааст.[25]
Ҷаводӣ Омулӣ гузоштани дастро бар манаҳ, на бар риш, дониста ва онро нишонаи изтирор тафсир кардааст.[26] Турайҳӣ, нависандаи Маҷмаъ-ул-баҳрайн, иборати «ялузу би-саббобатиҳ» -ро ки дар ривоят омадааст[27] ба ҳаракат додани ангушт барои изҳори аҷз ва тазарруъ маъно карда[28] ва Алома Маҷлисӣ онро ба ҳаракати ангушт ба чапу рост тафсир кардааст.[29] Баръакс, бархе ин таъбирро ба ҳаракатҳои кӯтоҳи болову поёни ангушти саббоба нисбат додаанд.[30]
Бархе пажӯҳишгарон муътақиданд ҳаракатҳои гузоришшуда ҳамроҳ бо дуо танҳо баёни ҳоли Имом Содиқ аст ва ҷанбаи маносикӣ (пайравӣ) надорад.[31] Бар асоси нақли Кашшӣ, Имом ҳангоми қироати дуо даст бар риш нагузошт ва ангуштро ҳаракат надод, балки пас аз поёни дуо дасти худро бар риш гузошт;[32] ҳолате ки нишонаи тазарруъ ва гиристан тафсир шудааст.[33]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.644
- ↑ Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, 1423ҳ.қ., саҳ.16
- ↑ Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.667
- ↑ Хӯӣ, Маъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1372ҳ.ш., саҳ.230
- ↑ Пешгар, «Гунаҳо, эътибор ва сохтори дуои ё ман арҷуҳу», саҳ.70
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.559
- ↑ Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.458
- ↑ Пешгар, «Гунаҳо эътибор ва сохтори дуои ё ман арҷуҳу», саҳ.69
- ↑ Шайх Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353 ва саҳ.356
- ↑ Ғафуринажод, «Матнковӣ, эътиборсанҷӣ ва далолатпажӯҳии ривоёти дуои ё ман арҷуҳу ли-кулли хайр», саҳ.50
- ↑ «شرح دعای ماه رجب», пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
- ↑ Ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.644
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.559
- ↑ Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.667
- ↑ Шайх Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353 ва саҳ.356
- ↑ Шайх Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.378
- ↑ Ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.644
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1388ҳ.ш., саҳ.229
- ↑ Ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.644
- ↑ «شرح دعای ماه رجب», пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
- ↑ Ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.644
- ↑ Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, 1423ҳ.қ., саҳ.16
- ↑ Ҷаводӣ, درس خارج فقه مبحث بیع، ۱۱ خرداد ۱۳۹۰ش, мадрасаи Фақоҳат
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1388ҳ.ш., саҳ.229
- ↑ Исмоилпури Қумшаӣ, ад-Далоил-уз-зоҳирот, 1394ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.120
- ↑ Ҷаводӣ, درس خارج فقه مبحث بیع، ۱۱ خرداد ۱۳۹۰ش, мадрасаи Фақоҳат
- ↑ Ибни Тавус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.644
- ↑ Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.188
- ↑ Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, 1423ҳ.қ., саҳ.16
- ↑ Пешгар, «Гунаҳо, эътибор ва сохтори дуои ё ман арҷуҳу», саҳ.70
- ↑ Пешгар, «Гунаҳо, эътибор ва сохтори дуои ё ман арҷуҳу», саҳ.70
- ↑ Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.667
- ↑ Пешгар, «Гунаҳо, эътибор ва сохтори дуои ё ман арҷуҳу», саҳ.71
Сарчашма
- Ибни Тавус, Алӣ ибни Мӯсо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1409ҳ.қ.
- Исмоилпури Қумшаӣ, Муҳаммадалӣ, ад-Далоил-уз-зоҳирот, Теҳрон, Роё фарҳанг, 1394ҳ.ш.
- Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, ба тасҳеҳи Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммад Мирдомод, хулосакунанда Муҳаммад ибни Ҳасан Тӯсӣ, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт (а) ли-эҳё-ит-турос, 1404ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, ба тасҳеҳи Дор-ул-ҳадис, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1429ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Зод-ул-маод, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Алоуддин Аъламӣ, Бейрут, Муассисаи Аъламӣ ли-л-матбуот, 1423ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Ол-ир-Расул, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайид Ҳошим Расулӣ Маҳаллоти, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
- Пешгар, Умед, «گونهها اعتبار و ساختار دعای یا من ارجوه», дар маҷаллаи Мубаллиғон, №225, исфанди 1396 ва фарвардини 1397.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ва тафсилу табақот-ир-рувот, Қум, Маркази нашри ас-Сақофат-ул-исломия фи-л-олам, 1372ҳ.ш.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутааббид, Бейрут, Муассисаи фиқҳ-уш-шиа, 1411ҳ.қ.
- Ғафуринажод, Муҳаммад, «متن کاوی، اعتبارسنجی و دلالت پژوهی روایات دعای یا من ارجوه لکل خیر», дар фаслномаи илмии Улуми ҳадис, санаи дарҷи матлаб: 11 обони 1399ҳ.ш., санаи боздид: 23 баҳмани 1399ҳ.ш.
- Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, тарҷумаи Ҳусайн Ансориён, Қум, Дор-ул-ирфон, 1388ҳ.ш.
- Ҷаводӣ, Абдуллоҳ, صادقیه درس خارج فقه مبحث بیع، ۱۱ خرداد ۱۳۹۰ش, мадрасаи Фақоҳат, санаи боздид: 23 баҳмани 1399ҳ.ш.
- «شرح دعای ماه رجب», пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи дарҷи матлаб: 17 исфанди 1397ҳ.ш., санаи боздид: 27 баҳмани 1399ҳ.ш.