Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Саломи намоз

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи саломи намоз аст. Барои ошноӣ бо салом аз одоби муошират, мақолаи Саломро бубинед.

Саломи намоз (форсӣ: سلام نماز) аз воҷиботи ғайрирукнии намоз аст,[1] ки пас аз ташаҳҳуди охир хонда мешавад.[2] Дар фиқҳи шиа, се ибора барои саломи намоз ворид шудааст:

  • «Ассалому алака айюҳаннабию ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ»; Салом бар ту эй Пайғамбар (с) ва раҳмат ва баракоти Худо бар ту бод.
  • «Ассалому алайно ва ало ибодиллоҳ-ис-солиҳин»; Салом бар мо ва бар бандагони шоистаи Худо.
  • «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ»; Салом бар шумо ва раҳмату баракоти Худо.

Дар фиқҳи шиа, саломи якум ва дувум мустаҳаб ва саломи севум воҷиб аст ва намозгузор метавонад ба саломи севум иктифо кунад.[3] Дар баъзе ривоёт, саломи намоз нишонаи амон аз азоби илоҳӣ ва поёни намоз дониста шудааст.[4] Агар намозгузор саломи намозро фаромӯш кунад ва пеш аз анҷоми коре, ки намозро ботил мекунад, монанди пушт кардан ба қибла, огоҳ шавад, бояд саломро бигӯяд ва намозаш саҳеҳ аст.[5]

ҳолати бадани намозгузор ҳангоми саломи намоз

Дар бораи хитоби ибораи «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ» дидгоҳҳои мухталифе матраҳ шудааст; аз ҷумла фариштагони муваккали инсон, ҳамаи фариштагон ва пайғамбарон.[6] Ин салом ҳамчунин ба таври умум хатооб ба пайғамбарон, муъминон ва фариштагон низ дониста шудааст.[7] Дар ҳадисе дар бораи меъроҷ низ омадааст, ки Худованд ба Пайғамбар (с) фармон дод, аввал бар худ ва аҳли байташ салавот бифиристад ва сипас ба фариштагон, анбиё ва расулон салом кунад ва Пайғамбар (с) ибораи «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ»-ро бар забон ҷорӣ кард.[8]

Дар ривояте аз Имом Ризо (а), поён ёфтани намоз бо салом ба хуруҷи намозгузор аз ҳолати намоз ва ҷоиз шудани дубора сухан гуфтан бо дигарон марбут дониста шудааст. Бар асоси ин ривоят, намозгузор бо такбират-ул-эҳром сухан гуфтан бо дигаронро бар худ ҳаром мекунад ва бо салом аз ин ҳолат берун мешавад.[9]

Эзоҳ

  1. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), ҷ.1, саҳ.530.
  2. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), бахши воҷиботи намоз, масъалаи 1105.
  3. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, ҷ.1, саҳ.624.
  4. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.6, саҳ.417.
  5. واجبات نماز - ذکر؛ تشهد؛ سلام؛ ترتیب؛ موالات؛ قنوت و تعقیب, Сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ.
  6. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.82, саҳ.306.
  7. «در نماز می‌خوانیم «السلام علیکم و رحمة الله و برکاته» مورد خطاب سلام، کیانند؟», Самонаи Маркази мутолиот ва посухгӯӣ ба шубаҳот.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.3, саҳ.486.
  9. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.82, саҳ.306; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, абвоби таслим, боби 1, ҳадиси 11.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор иҳёъ ат-турос ал-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа ило таҳсили масоилиш-шариъа, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт алайҳимуссалом ли эхё-ит-турос, 1416ҳ.қ. 1409ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, Қум, Мактабатуд-Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • واجبات نماز - ذکر؛ تشهد؛ سلام؛ ترتیب؛ موالات؛ قنوت و تعقیب, (Воҷиботи намоз - зикр; ташаҳҳуд; салом; тартиб; муволот; қунут ва таъқиб), Сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 21 августи 2014, санаи боздид: 16 феврали 2025.
  • «در نماز می‌خوانیم «السلام علیکم و رحمة الله و برکاته» مورد خطاب سلام، کیانند؟» («Дар намоз мехонем «ал-салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ» мавриди хитоби салом киҳоянд?»), Сомонаи Маркази мутолиот ва посухгӯӣ ба шубаҳот, санаи дарҷи матлаб: бетаърих, санаи боздид: 4 сентябри 2023.