Шаҳрибону

Аз wikishia
Тасвире аз буқъаи мансуб ба Бибӣ Шаҳрибону дар шаҳри Рей

Шаҳрибону ба форсӣ: شهربانو, модари Имом Саҷҷод (а). Ба гузориши таърихнигорон ва муҳаддисон, Шаҳрибону духтари Яздгерд, охирин подшоҳи сосонӣ буд, ки пас аз вуруди Ислом ба Эрон ба ҳамсарии Имом Ҳусайн (а) даромад ва Имом Саҷҷод (а)-ро барои ӯ ба дунё овард.

Албатта, дар бораи ном, насаб, замони вафот, замони вуруд ба Мадина ва низ чигунагии издивоҷи ӯ бо Имом Ҳусайн (а) ихтилофи назарҳое вуҷуд дорад. Бино ба ривояте, ки дар Далоил-ул-имомат (навишташуда дар қарни сеюми қамарӣ) нақл шудааст, ӯ дар футуҳоти давраи Умар ибни Хаттоб асир шуда, ба Мадина оварда шуд ва дар онҷо баъд аз озодӣ, ба ақди Имом Ҳусайн (а) даромад.

Бино ба гузоришҳои торихӣ, Шаҳрибону ҳангоми таваллуди Имом Саҷҷод (с) аз дунё рафтааст. Бо ин ҳол, гуфта шудааст, ӯ дар воқеаи Карбало ҳузур дошта ва пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ба Рей рафта, дар онҷо дар кӯҳе нопадид шудааст. Аз ин рӯ, буқъаи Бибӣ Шаҳрибону, воқеъ дар наздикии Рей, ба ӯ мансуб аст.

Достони сафари ӯ аз Карбало ба Рей аз таҳрифоти Ошӯро дониста шудааст. Ҳамчунин бархе аз муҳаққиқон интисоби зиёратгоҳи мансуб ба ӯ дар Рейро рад кардаанд.

Насаб

Шаҳрибону, модари Имом Саҷҷод (а) аст. Ба гуфтаи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ (зодаи 1327ҳ.ш.) муаррихон[1] модари Имом Саҷҷод (а)-ро духтари Яздгерди сеюм медонанд, аммо дар бораи номи ӯ ихтилофи назар доранд.[2]

Ҳамчунин ба гуфтаи Ибни Шаҳрошӯб (даргузаштаи 588ҳ.қ.) модари Имом Саҷҷод (а), Шаҳрибонуя духтари Яздгерд аст бо ин ҳоли номи ӯро Шоҳизанон, Ҷаҳон, Сулофа, Хула, Барра, Марям ва Фотима низ гуфтаанд.[3] Дар манобеъ номи ӯ Салома,[4] Шаҳриноз,[5] Ҳарор ва Ғаззола[6] низ зикр шудааст. Ҳамчунин номи падарашро Субҳон[7] ва Нушҷон[8] низ гуфтаанд. Дар нақле, модари Имом Саҷҷод (а) канизе, аз аҳли Кобул муаррифӣ шудааст.[9]

Ба гуфтаи Ҷоруллоҳ Замахшарӣ (вафоти 538ҳ.қ.) олими аҳли суннат ба Имом Саҷҷод (а) «Ибну-л-хияратайн»[Ёддошт 1] мегуфтанд, чароки модараш аз насли Яздгерд будааст.[10]

Вуруд ба Мадина ва ҳамсарии Имом Ҳусайн (а)

Дар бораи замони вуруди Шаҳрибону ба Мадина ва ҳамсарии ӯ бо Имом Ҳусайн (а) чанд назар вуҷуд дорад:

  • Дар ҳукумати ҳазрати Алӣ (а): бар пояи ривояте, ки дар ал-Иршод,[11] Эълом-ул-варо,[12] Равзат-ул-воъизин,[13] Тоҷ-ул-маволид[14] ва Кашф-ул-ғумма[15] нақл шудааст, коргузори Имом Алӣ (а) дар машриқ ду духтари Яздгердро ба сӯи ӯ фиристод. Имом Алӣ (а) Шаҳрибонуро ба Ҳусайн (а) ва дигариро Муҳаммад ибни Абубакр бахшид.
  • Дар ҳукумати Умар ибни Хаттоб:[16] бино ба ривояте, ки дар Далоил-ул-имомат (навишташуда дар қарни сеюми қамарӣ) нақл шудааст, Шаҳрибону каниз буд. Умар ибни Хаттоб мехост духтари Яздгердро бифурӯшад, аммо Имом Алӣ (а) бо истинод ба ривояти «афроди карими ҳар қавмеро гиромӣ бидоред, агарчӣ бо шумо мухолифат кунанд!» аз Пайғамбар (с), монеъи ӯ шуд. Сипас саҳми худро аз ӯ дар роҳи Худо озод кард ва пас аз ӯ Банӣ Ҳошим ва дигар мусулмонон чунин карданд. Аз ин рӯ, ӯро мухайяр гузоштанд, ки фардеро ба ҳамсарӣ баргузинад ва ӯ Имом Ҳусайн (а)-ро интихоб кард ва ба издивоҷи ӯ даромад.[17] Бино ба ривояте, ки дар ал-Кофӣ нақл шудааст, Умар ибни Хаттоб мехост ӯро барои худ ихтиёр кунад, аммо Имом Алӣ (а) монеъ шуд.[18] Албатта, Муртазо Мутаҳҳарӣ (вафоти 1358ҳ.ш.) назарияпардози шиа, ривояти ал-Кофиро мӯътабар надонистааст; чароки ду тан аз ровиёни он аз назари риҷолиён қобили эътимод нестанд.[19]
  • Дар хилофати Усмон: бино ба ривояте, ки дар Уюну ахбор-ир-Ризо нақл шудааст, ин моҷаро дар замони хилофати Усмон рух дода ва Усмон ибни Афон ӯро ба Имом Ҳусайн (а) бахшидааст.[20] Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ (мутаваллиди 1327ҳ.ш.) дар китоби ал-Мавсуъат-ут-торих-ул-исломӣ низ ҳамин нақлро пазируфтааст.[21]

Тардидҳо

Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон, издивоҷи духтари Шаҳрибону бо Имом Ҳусайн (а) аз назари мадорики торихӣ машкук аст ва бархе аз муҳаққиқон нисбат ба он тардид карда, достонро сохтагӣ медонанд.[22]

Сайидҷаъфари Шаҳидӣ (вафоти 1386ҳ.ш.) дар китоби Зиндагонии Алӣ ибни Ҳусайн (а), ношинохта будани Шаҳрибонуро дар қарни дувум назди Банӣ Ҳошим аз шавоҳиди ин тардид зикр кардааст. Ӯ барои исботи ин иддао, ба гузоришии торихӣ истинод кардааст. Бар асоси ин гузориш, Мансури Давониқӣ (ҳукумат: 136 - 158ҳ.қ.) аз хулафои аббосӣ дар посухи номаи Муҳаммад ибни Абдуллоҳ машҳур ба Нафси Закия, ки фазилати хонадони худро баршумурда буд, модари Имом Саҷҷод (а)-ро Уммувалад (каниз) зикр карда буд.[23]

Ба гуфтаи Сайидҷаъфари Шаҳидӣ, ӯ калимаи уммуваладро барои таҳқири Нафси Закия ба кор бурдааст ва агар достони Шаҳрибону воқеият дошт, Мансур ин таъбирро ба кор намебурд ва агар дурӯғ навишта буд, Нафси Закия посухи ӯро медод, ки модари Имом Саҷҷод (а) каниз набудааст.[24]

Вафот

Ба гуфтаи бархе аз муаррихон, модари Имом Саҷҷод (а) ҳангоми таваллуди ӯ аз дунё рафтааст.[25] Пас аз вафоти ӯ, Вашика дояи Имом Саҷҷод (а) шуд аз ин рӯи Имом ӯро модар хитоб мекард.[26] Ба гуфтаи Алӣ ибни Ҳусайни Масъудии (вафот 346ҳ.қ.) таърихнигор, вақте Имом бузург шуд Вашикаро ба издивоҷи ғуломи худ дар овард. Бар ҳамин асос, Банӣ Умайя Имомро сарзаниш карда мегуфтанд: Алӣ ибни Ҳусайн модари худро ба издивоҷи ғуломаш даровардааст.[27] Бо ин ҳол, дар китоби ат-Табақот-ул-кубро (навишташуда дар қарни сеюми қамарӣ), нақл шудааст, ки Шаҳрибону пас аз Имом Ҳусайн (а) бо Зубайд ғуломи Имом, издивоҷ карда, фарзанде ба номи Абдуллоҳ барои ӯ ба дунё овардааст.[28]

Ҳамчунин гузориш шудааст, ки Шаҳрибону пас аз воқеаи Карбало аз Карбало ба Эрон рафт ва дар кӯҳе дар наздикии Рей нопадид шуд.[29] Аз ин рӯ, таъзияҳое дар бораи ӯ хонда мешавад.[30] Муҳаддиси Нурӣ (вафоти 1320ҳ.қ.) муҳаддиси шиа, ин масъаларо аз таҳрифоти Ошӯро донистааст.[31] Ҳамчунин ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ (вафоти 1389ҳ.қ.), китобшиноси шиа, ин як достони хиёлие аст, ки дар китоби Маншури Муборак (Рисолаи сохтагӣ дар бораи насаби подшоҳони Табаристон ба Имом Алӣ (а) ) омадааст.[32]

Буқъаи Бибӣ Шаҳрибону дар наздикии Рей ба Шаҳрибону мансуб аст.[33] Албатта интисоби он ба ӯ аз сӯи бархе аз нависандагон рад шудааст.[34]

Назарияи Артур Ду Губино

Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ (вафоти 1358ҳ.ш.), Артури Ду Губино (вафоти 1882м.) ховаршиноси фаронсавӣ дар китоби «Фалсафа ва адёни Осиёи Марказӣ», ақоиди қадимии эрониёнро дар бораи ҷанбаи осмонӣ ва илоҳӣ доштани салотини сосонӣ, решаи аслии ақоиди шиа дар бораи имомат ва исмати аимма донистааст ва издивоҷи Имом Ҳусайн (а) бо Шаҳрибонуро омили сирояти он ақидаи эронӣ дар шиа ба шумор овардааст. Эдуард Браун низ назарияи Губиноро таъйид кардааст.[35] Албатта, Мутаҳҳарӣ ҳафт посух ба ин иддао дода ва онро беасос хондааст.[36] Аз ҷумла инки агар ин иддао дуруст мебуд, мебоист нахустин шиаён эронӣ бошанд. Ҳамчунин аксари эрониёне ки шиа шуданд, мазҳаби ташайюъро ихтиёр мекарданд, аммо на, шиаёни аввалия (ба ҷуз Салмони Форсӣ) эронӣ буданд ва на, эрониёни мусулмоншуда шиа. Балки то давраи Сафавия бештари олимони эронинажод суннимазҳаб буданд.[37]

Ҷусторҳои вобаста

Буқъаи Бибӣ Шаҳрибону

Эзоҳ

  1. Барои намуна нигоҳ кунед ба Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.247; Қумӣ, Таърихи Қум, 1361ҳ.ш., саҳ.196; Бағдодӣ, Таъриху Аҳл-ил-Байт, 1410ҳ.қ., саҳ.121; Таъриху халифа, саҳ.240.
  2. Юсуфии Ғаравӣ, “Ҳавла ас-Сайида Шаҳрибону”, саҳ.7.
  3. Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.176.
  4. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.467; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.104; Қумӣ, Таърихи Қум, 1361ҳ.ш., саҳ.197.
  5. Муҷмал-ут-таворихи ва-л-қасас, Теҳрон, саҳ.456.
  6. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.247.
  7. Муҷмал-ут-таворихи ва-л-қасас, Теҳрон, саҳ.456.
  8. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.105.
  9. Нигоҳ кунед ба Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.303.
  10. Замахшарӣ, Рабиъ-ул-аброр, муассисатул аъламӣ лилматбуъот, ҷ.1, саҳ.334.
  11. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.137.
  12. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.480.
  13. Фатоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.201.
  14. Табарсӣ, Тоҷ-ул-маволид, 1422ҳ.қ., саҳ.89.
  15. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.83.
  16. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.170; Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.303.
  17. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.194 - 196.
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.467.
  19. Мутаҳҳарӣ, Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон, Садро, саҳ.117.
  20. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.128, ҳадиси 6.
  21. Юсуфии Ғаравӣ, ал-Мавсуъат-ут-торих-ул-исломӣ, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.357 ва 652
  22. Мутаҳҳарӣ, Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон, Садро, саҳ.116 - 117.
  23. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.101.
  24. Шаҳидӣ, Зиндагонии Алӣ ибни-л-Ҳусайн, 1365ҳ.ш., саҳ.24.
  25. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.170.
  26. Ибни Довуди Ҳиллӣ, ар-Риҷол, 1342ҳ.ш., саҳ.372.
  27. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.170.
  28. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.163.
  29. Шаҳидӣ, Зиндагии Алӣ ибни Ҳусайн, саҳ.27.
  30. “Матни таъзияномаи Шаҳрибону”, саҳ.75.
  31. Муҳаддиси Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.253.
  32. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.46.
  33. Нигоҳ кунед ба Каримон, Теҳрон дар гузашта ва ҳол, интишороти донишгоҳи миллии Эрон, саҳ.25.
  34. Каримон, Теҳрон дар гузашта ва ҳол, интишороти донишгоҳи миллии Эрон, саҳ.27.
  35. Мутаҳҳарӣ, Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон, Садро, саҳ.108.
  36. Мутаҳҳарӣ, Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон, Садро, саҳ.109 - 119.
  37. Мутаҳҳарӣ, Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон, Садро, саҳ.118.

Ёддошт


Сарчашма

  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Қум, Исмоилиён, Теҳрон, китобхонаи исломия, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Довуди Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Алӣ, ар-Риҷол, таҳқиқи Муҳаммадсодиқ Баҳрулъулум, донишгоҳи Теҳрон, Теҳрон, 1342ҳ.ш.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб, Қум, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Табрез, Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Бағдодӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таъриху Аҳл-ил-Байт нақлан ан-ил-аимма алайҳимуссалом, Қум, Олулбайт, 1410ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.3), таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1397ҳ.қ./1977м.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, Рабиъ-ул-аброр ва нусус-ул-ахбор, муассисатул-аъламӣ лилматбуъот.
  • Шариатӣ, Алӣ, Ташайюъи Алавӣ ва ташайюъи Сафавӣ, Теҳрон, чоп, 1377ҳ.ш.
  • Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Зиндагонии Алӣ ибни-л-Ҳусайн, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанг, 1365ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Теҳрон, исломия, чопи сеюм, 1390ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тоҷ-ул-маволид, Бейрут, Дорулқорӣ, 1422ҳ.қ.
  • Табарии Омулӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, Беъсат, Қум, 1413ҳ.қ.
  • Фатоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, интишороти Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • Қумӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳасан, Таърихи Қум, тарҷумаи Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасан Абдулмалики Қумӣ, таҳқиқи Сайидҷалолиддини Теҳронӣ, Теҳрон, интишороти Тӯс, 1361ҳ.ш.
  • Каримон, Ҳусайн, Теҳрон дар гузашта ва ҳол, интишороти донишгоҳи миллии Эрон, бе то.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • «Матни таъзияномаи Шаҳрибону, Ораш, шумораи 3, урдибиҳишти 1341ҳ.ш.
  • Муҷмал-ут-таворихи ва-л-қасас, таҳқиқи Маликушшуарои Баҳор, Теҳрон, Кулолаи ховар, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Ансориён, чопи сеюм, 1426ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон, Муртазо Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, нашри Садро, чопи ҳаштум, бе то.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ало-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Луълуъ ва марҷон дар шарти пилаи аввал ва дувуми равзахонон, Офоқ, Теҳрон, 1388ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Юсуфии Ғаравӣ, Муҳаммадҳодӣ, “Ҳавла ас-Сайида Шаҳрибону”, рисолату-Ҳусайн (а), соли аввал, шумораи дувум, рабиъулаввали 1412ҳ.қ.
  • Юсуфии Ғаравӣ, Муҳаммадҳодӣ, Мавсуъат-ут-торих-ул-исломӣ, маҷмаъи андешаи исломӣ, Қум, 1417ҳ.қ.

Пайванд ба берун


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found