Ҳазрати Маъсума саломуллоҳи алайҳо

Аз wikishia
Ҳазрати Маъсума саломуллоҳи алайҳо
НақшАз имомзодагони шиъӣ ва хоҳари Имом Ризо (а)
Лақабҳо
  • Маъсума
  • Киримаи Аҳли Байт
  • Тоҳира
  • Ҳамида
  • Рашида
  • Тақийя
  • Нақия
  • Разийя
  • Марзийя
  • Сайида
  • Ухтурризо
Зодрӯз1 зилқаъдаи соли 173ҳ.қ.
ЗодгоҳМадина
Маҳалли зиндагӣМадина
ШаҳодатВафот: 10 рабиъуссонии соли 201ҳ.қ.
Тӯли умр28 сол
пайвандон
ПадарИмом Козим (а)
МодарНаҷмахотун


Ҳазрати Маъсума (а) (арабӣ: السيدة فاطمة المعصومة سلام الله عليها) бо номи аслии Фотима, духтари Имом Козим (а) ва хоҳари Имом Ризо (а) аст. Ӯ бартарин духтари Имом Козим (а) дониста шуда ва гуфтаанд дар миёни фарзандони Имом Козим (а), пас аз Имом Ризо (а) ҳеҷ касе ҳампои Маъсума нест. Дар манобеи таърихӣ иттилооти зиёде дар бораи зиндагиномаи ҳазрати Маъсума (а) аз ҷумла таърихи таваллуд ва вафоти ӯ сабт нашудааст. Дар бораи издивоҷи ӯ низ иттилооти чандоне дар даст нест, аммо машҳур аст, ки ҳаргиз издивоҷ накард.

Маъсума ва Киримаи Аҳли Байт (с) лақабҳои машҳури Фотима духтари Имом Козим (а) ҳастанд. Тибқи ҳадисе, Имом Ризо (а) аз ӯ бо номи Маъсума ёд кардааст.

Ҳазрати Маъсума дар соли 201 қамарӣ ба дархости бародараш Имом Ризо (а) ва барои дидори ӯ, аз Мадина роҳии Эрон шуд, аммо дар роҳ бемор гашт. Ба дархости аҳолии Қум ба он шаҳр рафта, дар хонаи шахсе ба номи Мӯсо ибни Хазраҷи Ашъарӣ сокин шуд ва баъд аз 17 рӯз даргузашт. Ҷасади ӯ дар қабристоне ба номи Бобилон (ҳарами кунунӣ) дафн шуд. Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ бар ин бовар аст, ҳазрати Маъсума (а) дар шаҳри Сова заҳролуд гашта шаҳид шудааст.

Шиаён, Фотимаи Маъсума (а)-ро бузург медоранд, барои зиёрати ӯ аҳамият қоиланд ва ривоёте дар бораи ӯ нақл мекунанд, ки аз шафоати ӯ барои шиаён сухан гуфта шуда ва биҳишт подоши зиёрати ӯ дониста шудааст. Гуфта шудааст, баъд аз ҳазрати Заҳро (а) ӯ танҳо зане аст, ки аз имомон барои ӯ зиёратнома ривоят шудааст.

Иттилооти кам дар бораи ҳазрати Маъсума

Ба гуфтаи Забеҳуллоҳи Маҳаллотӣ дар китоби Раёҳин-уш-шариъат, иттилооти чандоне дар бораи зиндагии ҳазрати Маъсума (с) дар даст нест; аз ҷумла таърихи таваллуду вафот, мизони умр, ин ки чӣ замоне аз Мадина ҳаракат карда ва оё пеш аз шаҳодати Имом Ризо (а) фавт кардааст, ё пас аз он, дар таърих сабт нашудааст.[1]

Дудмон

Фотимаи духтари Имом Козим (а) ва хоҳари Имом Ризо (а), мулаққаб ба Маъсума аст. Шайхи Муфид дар китоби ал-Иршод дар миёни духтарони Имом Козим (а) аз ду духтар ба номҳои Фотимаи Кубро ва Фотимаи Суғро ном бурдааст, аммо мушаххас накарда кадом як ҳазрати Маъсума аст.[2] Ибни Ҷавзӣ аз уламои аҳли суннати қарни шашуми қамарӣ, ба чаҳор духтар ба номи Фотима дар миёни духтарони Имом Козим ишора кардааст, аммо ӯ низ аз ин ки ҳазрати Маъсума кадомашон буда, сухан нагуфтааст.[3] Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Ҷарир, нависандаи Далоил-ул-имомат, модари ҳазрати Маъсума, Наҷмахотун ном дорад, ки модари Имом Ризо (а) низ ҳаст.[4]


Таърихи таваллуд ва вафот

Дар манобеи қадимии шиа, санаи таваллуд ва вафоти Фотимаи Маъсума баён нашудааст. Ба гуфтаи Ризо Устодӣ, нахустин китобе, ки дар он, санае зикр шудааст, Нур-ул-офоқ навиштаи Ҷаводи Шоҳабдулазимӣ аст,[5] ки дар соли 1344 қамарӣ мунташир шуд.[6] Дар ин китоб, зодрӯзи ҳазрати Маъсума (с) 1-уми зилқаъдаи соли 173 қамарӣ ва санаи вафоти ӯ 10-уми рабиъуссонии соли 201 қамарӣ зикр шудааст ва аз он китоб ба дигар китобҳо роҳ ёфтааст.[7] Аммо бархе аз уламо, монанди оятуллоҳи Маръашии Наҷафӣ,[8] оятуллоҳ Шубайрии Занҷонӣ,[9] Ризо Устодӣ[10] ва Забеҳуллоҳи Маҳаллотӣ[11] бо ин назари Шоҳабдулазимӣ мухолифат карда, таърихҳои зикршуда дар ин китобро сохтагӣ донистаанд.

Дар тақвими расмии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи аввали зилқаъда ба унвони Рӯзи духтар номгузорӣ шудааст.[12]

Лақабҳо

Маъсума ва Киримаи Аҳли Байт (с) лақабҳои машҳури Фотима духтари Имом Козим (а) ҳастанд.[13] Гуфтаанд, «Маъсума» аз ривояте мунтасаб ба Имом Ризо (а) гирифта шудааст.[14] Дар ин ривоят, ки дар Зод-ул-маъод, навиштаи Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ омадааст, Имом Ризо (а) аз ӯ бо номи Маъсума ёд кардааст.[15]

Фотимаи Маъсума (а)-ро имрӯза «Каримаи Аҳли Байт» ҳам мехонанд.[16] Мегӯянд ин лақаб ба хобе мустанад аст, ки Сайид Маҳмуд Маръашии Наҷафӣ, падари оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ дида ва дар он яке аз аимма (а) ҳазрати Маъсумаро Каримаи Аҳли Байт хондааст.[17]

Издивоҷ

Ба навиштаи китоби Раёҳин-уш-шариъат, маълум нест, ки ҳазрати Маъсума (с) издивоҷ кардааст ё на, ва ин ки фарзанд доштааст ё хайр;[18] албатта машҳур аст, ки ҳазрати Маъсума (с) ҳаргиз издивоҷ накардааст[19] ва далоиле ҳам барои издивоҷ накарданаш зикр шудааст. Аз ҷумла гуфтаанд: ӯ ба ин ҷиҳат, ки ҳамтое барояш пайдо нашуд, издивоҷ накард.[20] Ҳамчунин Яъқубӣ, таърихнигори қарни сеюми ҳиҷрӣ, навиштааст: Имом Козим (а) васият карда буд, ки ҳеҷ як аз духтаронаш издивоҷ накунанд,[21] аммо ба ин сухан ишкол кардаанд, ки чунин сипорише дар васиятномае, ки Кулайнӣ дар китоби Кофӣ аз Имом Козим (а) нақл карда,[22] наёмадааст.[23] Бархе аз муҳаққиқон назари ниҳоӣ ва қобили қабул дар издивоҷ накардани ҳазрати Маъсума (с) ва хоҳаронашро шиддати ихтиноқи ҳукумати аббосиён ва ба вижаи Ҳорун ва Маъмун донистаанд.[24]

Сафар ба Эрон, вуруд ба Қум ва вафот

Тибқи китоби Таърихи Қум, ҳазрати Маъсума дар соли 201 қамарӣ барои дидори бародараш Имом Ризо (а) аз Мадина роҳии Эрон шуд.[25] Бар асос нақле, ки Боқиршарифи Қарашӣ таърихпажӯҳи шиа, аз китоби «Ҷавҳарат-ул-калом фи мадҳ-ис-содат-ил-аълом» оварда, далели мусофирати ҳазрати Маъсума (с) ба Эрон номае буд, ки Имом Ризо (а) барои ӯ фиристода буд ва дар он аз ӯ хоста буд ба наздаш ба Хуросон биравад.[26] Имом Ризо (а) дар он замон валиъаҳди Маъмун, халифаи аббосӣ, буд ва дар Хуросон сукунат дошт. Ҳазрати Маъсума дар байни роҳ бемор шуда даргузашт.[27] Ба бовари Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, ҳазрати Маъсума (с) дар Сова заҳролуд шуда, шаҳид шудааст.[28]

Дар хусуси иллати рафтани ӯ ба Қум ду гузориш вуҷуд дорад: тибқи гузориши нахуст, ӯ дар Сова бемор шуд ва аз ҳамроҳонаш хост ӯро ба Қум бибаранд.[29] Бинобар гузориши дувум, ки нависандаи Таърихи Қум онро дурусттар дониста, худи қумиҳо аз ӯ хостанд, ба Қум биравад.[30]

Ҳазрати Маъсума дар Қум дар хонаи шахсе ба номи Мӯсо ибни Хазраҷи Ашъарӣ сокин шуд ва баъд аз 17 рӯз даргузашт.[31] Ҷасади ӯро дар қабристоне ба номи Бобилон (ҳарами кунунӣ) дафн карданд.[32]

Ҷойгоҳ назди шиаён

Кошикории муъаррақи мутааллиқ ба ҳарами ҳазрати Маъсума. Имом Ризо (а): ҳар кас ӯ (ҳазрати Маъсума)-ро бо шинохти мақомаш зиёрат кунад, биҳишт барои ӯст.

Уламои шиа ҷойгоҳи волое барои Фотимаи Маъсума қоиланд ва ривоёте дар хусуси манзалати ӯ ва аҳамияти зиёраташ нақл мекунанд. Аллома Маҷлисӣ дар китоби Биҳор-ул-анвор ба ҳадисе аз Имом Содиқ (а) пардохта ки тибқи он, тамоми шиаёни ҳазрат бо шафоати ҳазрати Маъсума (с) ба биҳишт ворид мешаванд.[33] Дар фарозе аз зиёратномаи Фотимаи Маъсума ҳам, аз ӯ дархости шафоат шудааст.[34]

Муҳаммадтақии Шуштарӣ, аз уламои илми риҷол дар қарни чаҳордаҳуми шамсӣ, дар Қомус-ур-риҷол навиштааст: дар миёни фарзандони фаровони Имом Козим (а), пас аз Имом Ризо (а) ҳеч касе ҳампои Маъсума нест.[35] Шайх Аббоси Қумӣ ҳам ӯро бартарин духтарони Мусо ибни Ҷаъфар (а) донистааст.[36] Ӯ ҳамчунин ҳазрати Маъсумаро аз имомзодаҳое медонад, ки ҳам ҷалилулқадр аст ва қатъан аз фарзандони Имом Козим (а) аст ва ҳам қатъан дар ҳамин ҳараму макон мадфун аст.[37]

Бар асоси ривоёте, ки аз Имом Содиқ (а), Имом Козим (а) ва Имом Ҷавод (а) нақл шудааст, биҳишт, подоши касест, ки Фотима духтари Имом Козим (а)-ро зиёрат кунад.[38] Албатта дар бархе ривоёт, подоши биҳишт барои касе дониста шудааст, ки ӯро бо маърифату шинохт зиёрат кунад.[39]

Нависандаи китоби Зиндагонии каримаи Аҳли Байт (а), аз Маҳмуд Ансории Қумӣ (ваф.1377ҳ.ш.) ва ӯ аз Сайид Насруллоҳ Мустанбит олими шиа (ваф.1364ҳ.ш.) нақл кардааст, ки дар китоби хаттии Кашф-ул-лаолӣ навиштаи Солеҳ ибни Арандаси Ҳиллӣ, олими шиаи қарни нуҳуми қамарӣ, ҳадисе дидааст, ки дар он Имом Козим (а) хитоб ба ҳазрати Маъсума гуфтааст: «Фадоҳо Абуҳо; падараш ба фидояш». Бар асоси ин нақл, Имом Козим (а) ин ҷумларо пас аз он гуфт, ки ҳазрати Маъсума дар набуди Имом (а), пурсишҳои шиаёнро ба дурустӣ посух дод. Нависандаи китоби Зиндагонии каримаи Аҳли Байт (а) чунонки худ гуфта, ин ҳадисро ҷуз ин нақл, дар китобҳои ҳадисӣ наёфтааст.[40]

Зиёратнома

Аз зиёратномаи ҳазрати Маъсума бармеояд, ки вуҷуди мубораки Каримаи Аҳли Байт - Фотимаи Маъсума (саломуллоҳи алайҳо) дар силсилаи ҷалилаи анбиёву авлиё қарор дорад, яъне вақте силсилаи анбиё ва авлаёи Илоҳӣ (алайҳимуссалом) ба поён расиду навбат ба шогирдони мумтоз ва асҳоби хоси имомон расид, вуҷуди мубораки Фотимаи Маъсума (саломуллоҳи алайҳо) ба унвони яке аз шогирдони намуна ва яке аз асҳоби хосси имомон (алайҳимуссалом) аст ва вориси ҳамон маориф аст.
Ин Киримаи Аҳли Байт таҳорат, маърифат, зуҳд, ибодат, илм, ақл ва дигар малакоти нафсониро дар асари шогирдии имомон (алайҳимуссалом) ва суҳбати имомон (алайҳимуссалом) ба даст овардааст.

Алломаи Маҷлисӣ дар китобҳои Зод-ул-маъод, Биҳор-ул-анвор ва Туфат-уз-зоир, зиёратноме ба нақл аз Имом Ризо (а) барои Фотимаи Маъсума овардааст.[42] Албатта ӯ дар Туҳфат-уз-зоир пас аз зикри зиёратнома, эҳтимол додааст, ки матни он идомаи ҳадиси Имом Ризо набошад ва уламо онро афзуда бошанд.[43] Гуфтаанд ҳазрати Заҳро (с) ва ҳазрати Маъсума танҳо занонеанд, ки зиёратномаи маъсур (зиёратномае ки санади он ба маъсум мерасад) доранд.[44]

Остонаи муқаддаси ҳазрати Маъсума

Мақолаи аслӣ: Остонаи ҳазрати Маъсума

Бар мадфани Фотимаи Маъсума дар Қум, ибтидо соябон ва сипас қуббае бино карданд.[45] Ин мадфан ба тадриҷ ба андозае густариш ёфт, ки имрӯза баъд аз остони қудси Разавӣ, бошукӯҳтарин ва машҳуртарин оромгоҳи Эрон аст.[46] Остонаи Фотимаи Маъсума, аз ҳарами ҳазрати Маъсума, сохтмонҳо, мавқуфот ва ташкилоти идории вобаста ба он ташкил шудааст, ки бештарашон дар шаҳри Қум қарор гирифтаанд.[47]

Конгресси бузургдошт ва филми синамоӣ

Дар соли 1384 шамсӣ, «Конгресси бузургдошти шахсияти ҳазрати Фотимаи Маъсума алайҳоссалом ва маконати фарҳангии Қум» ба дастури Алиакбар Масъудии Хумайнӣ, мутаваллии Остона, баргузор шуд.[48] Дар ин конгресс, ки дар ҳарами ҳазрати Маъсума баргузор шуд, мароҷеи тақлиде ҳамчун Носир Макорими Шерозӣ ва Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ суханронӣ карданд.[49]

Аҳмади Обидӣ, дабири конгресс аз чопи 54 ҷилд китоб, тавассути конгресс дар меҳварҳои ҳазрати Маъсума, ҳарами ӯ, ҳавзаи илмияи Қум ва инқилоби исломӣ дар Қум хабар дод.[50]

Филми синамоии Ухтурризо

Филми синамоии Ухтурризо ривоятгари сафари ҳазрати Маъсума ( с ) аз Мадина ба Қум аст. Ин филм дар 24 рабиъулаввали 1445ҳ.қ. баробар бо 9 октябри 2023 дар Қум икрон шуд.[51]

Мутолиаи бештар

Бархе аз китобҳо дар бораи Фотимаи Маъсума (с) иборат аст аз:

  • Ҳазрати Маъсума, Фотимаи дувум; Муҳаммади Муҳаммадии Иштиҳордӣ
  • Партаве аз рӯи дӯст; Исмоили Кирмоншоҳӣ
  • Зиндагонии ҳазрати Маъсума ва таърихи Қум; Сайид Маҳдии Суҳуфӣ
  • Ҷуғрофиёи торихии ҳазрати Фотимаи Маъсума; Сайид Алиризо Сайидкиборӣ
  • Ҳазрати Маъсума ва шаҳри Қум; Муҳаммади Каримӣ
  • Ҳаёт ва каромоту Фотима ал-Маъсума; Сайид Муҳаммадалӣ Ҳусайнӣ Буқоъии Лубнонӣ
  • Бонуи малакут; Алӣ Каримии Ҷаҳрумӣ
  • Аммаи содот; Сайид Абулқосими Ҳамидӣ

Ҷустори вобаста

Эзоҳ

  1. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъат, 1373ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.31.
  2. Нигоҳ кунед ба Муфид, ал-Иршод, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.244.
  3. Нигоҳ кунед ба Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, саҳ.315.
  4. Нигоҳ кунед ба Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.309.
  5. Устодӣ, «Ошноӣ бо ҳазрати Абдулазим ва масодири шарҳи ҳоли ӯ», саҳ.301.
  6. Устодӣ, “Ошноӣ бо ҳазрати Абдулазим ва масодири шарҳи ҳоли ӯ», саҳ.297.
  7. Устодӣ, “Ошноӣ бо ҳазрати Абдулазим ва масодири шарҳи ҳоли ӯ», саҳ.301.
  8. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъат, 1373ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.32.
  9. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, 1394ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.519.
  10. Устодӣ, “Ошноӣ бо ҳазрати Абдулазим ва масодири шарҳи ҳоли ӯ», саҳ.301.
  11. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъат, 1373ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.31ў32.
  12. Шӯрои маркази тақвими муассисаи геофизики донишгоҳи Теҳрон, тақвими расмии кишвар соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ, саҳ.9.
  13. Маҳдипур, Киримаи Аҳли Байт (с), 1380ҳ.ш., саҳ.23 ва 41/ ҳамчунин нигоҳ кунед ба Асғаринажод, «Назаре бар асомӣ ва алқоби ҳазрати Фотимаи Маъсума (с)».
  14. Маҳдипур, Киримаи Аҳли Байт (с), 1380ҳ.ш., саҳ.29.
  15. Маҷлисӣ, Зод-ул-маъод, 1423ҳ.қ., саҳ.547.
  16. Нигоҳ кунед ба Маҳдипур, Киримаи Аҳли Байт (с), 1380ҳ.ш., саҳ.41 ва 42.
  17. Маҳдипур, Киримаи Аҳли Байт (с), 1380ҳ.ш., саҳ.41 ва 42.
  18. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъат, 1373ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.31.
  19. Барои намуна нигоҳ кунед ба Маҳдипур, Киримаи Аҳли Байт (с), 1380ҳ.ш., саҳ.150.
  20. Маҳдипур, Киримаи Аҳли Байт (с), 1380ҳ.ш., саҳ.151.
  21. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361.
  22. Нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, китоби ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317.
  23. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар (а), 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.497.
  24. Ҳусайнӣ, Рози адами издивоҷи Ҳазрати Маъсума (а), саҳ.103-104
  25. Қумӣ, Таърихи Қум, Тӯс, саҳ.213.
  26. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ир-Ризо (а), 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.351.
  27. Қумӣ, Таърихи Қум, Тӯс, саҳ.213.
  28. Омилӣ, Ҳаёт-ус-сиёсияти ли-л-Имом Ризо (а), 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.428.
  29. Қумӣ, Таърихи Қум, Тӯс, саҳ.213.
  30. Қумӣ, Таърихи Қум, Тӯс, саҳ.213.
  31. Қумӣ, Таърихи Қум, Тӯс, саҳ.213.
  32. Қумӣ, Таърихи Қум, Тӯс, саҳ.213.
  33. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.267.
  34. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.267/ Маҷлисӣ, Зод-ул-маъод, 1423ҳ.қ., саҳ.548 - 547.
  35. Шуштарӣ, Таворих-ун-набийи ва-л-Ол, 1391ҳ.қ., саҳ.65.
  36. Қумӣ, Мунтаҳо-л-омол, ҷ.2, саҳ.378.
  37. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, саҳ.562.
  38. Нигоҳ кунед ба Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.536/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.265 - 268.
  39. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99 (102), саҳ.266.
  40. Маҳдипур, Зиндагонии Каримаи Аҳли Байт (а), 1384ҳ.ш., саҳ.52 - 54.
  41. «جایگاه حضرت معصومه سلام الله علیها و لزوم معرفت به آن حضرت»، پرتال بنیاد اسراء.
  42. Нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Зод-ул-маъод, 1423ҳ.қ., саҳ.548 – 547/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.99, 1403ҳ.қ., саҳ.266 – 267/ Маҷлисӣ, Туҳфат-уз-зоир, 1386ҳ.ш., саҳ.4.
  43. Маҷлисӣ, Туҳфат-уз-зоир, 1386ҳ.ш., саҳ.666.
  44. Маҳдипур, Киримаи Аҳли Байт (с), 1380ҳ.ш., саҳ.126.
  45. Қумӣ, Таърихи Қум, Тӯс, саҳ.213/ Саҷҷодӣ, “Остонаи ҳазрати Маъсума», саҳ.359.
  46. Саҷҷодӣ, “Остонаи ҳазрати Маъсума», саҳ.358.
  47. Саҷҷодӣ, “Остонаи ҳазрати Маъсума», саҳ.358.
  48. Конгресси бузургдошти ҳазрати Фотимаи Маъсума, маҷмуаи мақолот, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.2.
  49. Шарофат, «Конгресси бузургдошти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) ва маконати фарҳангии Қум», саҳ.139 ва 145.
  50. Шарофат, «Конгресси бузургдошти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) ва маконати фарҳангии Қум», саҳ.142.
  51. «اکران فیلم سینمایی «اخت‌الرضا در سینماهای سراسر کشور», хабаргузории Меҳр

Сарчашма

  • Асғаринажод, Муҳаммад, «Назаре бар асомӣ ва алқоби ҳазрати Фотимаи Маъсума (с)», фарҳанги Кавсар, шумораи 35, 1378ҳ.ш.
  • Ибни Қуливайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, Наҷаф, Дорулмуртазавия, чопи аввал, 1356ҳ.ш.
  • Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти ал-Шарифи ал-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Конгресси бузургдошти ҳазрати Фотимаи Маъсума, маҷмуаи мақолот, Қум, Зоир, чопи аввал, 1384ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1407ҳ.қ.
  • Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, Раёҳин-уш-шариъат, Дорулкутубилисломия, Теҳрон, бе то.
  • Маҳдипур, Алиакбар, Зиндагонии Каримаи Аҳли Байт (а), Қум, нашри Ҳозиқ, 1384ҳ.ш.
  • Маҳдипур, Алиакбар, Киримаи Аҳли Байт (с), Қум, нашри Ҳозиқ, чопи 1, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, тасҳеҳ: ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дору эҳёиттуросилъарабӣ, чоп: дувум, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Зод-ул-маъод, тасҳеҳ: Алоуддини Аъламӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1423ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Туҳфат-уз-зоир, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Имом Ҳодӣ, Қум, муассисаи Имом Ҳодӣ, чопи аввал, 1386ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, Ҳаёт-ус-сиёсияти ли-л-Имом Ризо (а), Қум, ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмия, 1403ҳ.қ.
  • Саҷҷодӣ, “Остонаи ҳазрати Маъсума», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.1, Теҳрон, маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1367ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, Қум, 1413ҳ.қ.
  • Устодӣ, Ризо, “Ошноӣ бо ҳазрати Абдулазим ва масодири шарҳи ҳоли ӯ», Нури илм, шумораи 50 ва 51.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Бейрут, Дорулмуфид, 1414ҳ.қ.
  • Шарофат, Амирҳусайн, «Конгресси бузургдошти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с)у маконати фарҳангии Қум», вақфи мироси ҷовид, шумораи 52, 1384ҳ.ш.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайидмусо, Ҷуръае аз дарё, Қум, муассисаи китобшиносии шиа, Қум, 1394ҳ.ш.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Таворих-ун-набийӣ ва-л-ол, Теҳрон, 1391ҳ.қ.
  • Шӯрои маркази тақвими муассисаи геофизики донишгоҳи Теҳрон, тақвими расмии кишвар соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, таҳқиқи Абдуламири Маҳно, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, чопи аввал, 1413.
  • Қарашӣ, Боқиршариф, Ҳайт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар диростун ва таҳлил, Бейрут, Дорулбалоға, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Қарашӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом-ир-Ризо (а), Қум, Саид ибни Ҷубайр, 1380ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳо-л-омол фи таворих-ун-набийи ва-л-Ол, Қум: ҷомеаи мударрисин, 1422ҳ.қ.
  • Қумӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Таърихи Қум, тасҳеҳ: Ҷалолиддини Теҳронӣ, Теҳрон, Тӯс, бе то.

Пайванд ба берун