Уммифарва модари Имом Содиқ (а)
| Номи комил | Фотима ё Қариба духтари Қосим ибни Муҳаммад ибни Абубакр |
|---|---|
| Куния | Уммифарва ● Уммиқосим |
| Хешовандон | Имом Боқир (а) (ҳамсар) ● Имом Содиқ (а) (модар) |
Уммифарва (арабӣ: أم فَرْوَة) ҳамсари Имом Боқир (а) ва модари Имом Содиқ (а) аст. Ӯ духтари Қосим ибни Муҳаммад ибни Абубакр аз фақиҳони машҳури Ҳиҷоз ва Асмо бинти Абдурраҳмон ибни Абубакр[1] буд, ки аз ҳар ду тараф ба Абубакр нисбат мебурд. Ин нисбат боис шудааст, ки ибораи «валадани Абубакр марратайн; Абубакр ду бор маро ба дунё овардааст» ба Имом Содиқ (а) нисбат дода шавад.[2]
Уммифарва аз ровиёни ҳадис буд ва аз Имом Саҷҷод (а)[3] ва Имом Боқир (а)[4] ривоят нақл кардааст. Момақонӣ, риҷолшиноси шиа, ӯро сиқа донистааст.[5] Ҳамчунин Имом Содиқ ривояте аз ӯ нақл кардааст, ки бар асоси он Имом Боқир (а) ҳар шабонарӯз ҳазор бор барои омурзиши гуноҳони шиаён дуо мекардааст, зеро бар ин бовар будааст, ки Аҳлибайт бо огоҳӣ аз савоб сабр мекунанд, аммо шиаён бидуни ин огоҳӣ шикибоӣ меварзанд.[6] Масъудӣ таърихнигори қарни чоруми қамарӣ ӯро аз парҳезкортарин занони асри худ донистааст.[7]
Уммифарва дар қабристони Бақеъ дафн шудааст[8] ва мақоми волое дар миёни шиаён дорад, чунонки Имом Содиқ (а)-ро «Ибнулмукаррама» (писари бонуи карим) мехонданд.[9]
Номи модари Имом Содиқ (а) Фотима ё Қариба ва кунияаш Уммифарва ва Уммиқосим буд.[10] Уммифарва канизе ба номи Саида дошт, ки ба фазилат ва ибодат машҳур шуда буд.[11]
Эзоҳ
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.393
- ↑ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васия, Мактабат Разавия, саҳ.152
- ↑ Барқӣ, Риҷол, 1342ҳ.ш., саҳ.62
- ↑ Момақонӣ, Танқеҳ-ул-мақол, 1352ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.73
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.72; Масъудӣ, Исбот-ул-васия, Мактабат Разавия, саҳ.153
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васия, Мактабат Разавия, саҳ.152
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.472
- ↑ Риҷол ал-Кашӣ, 1348ҳ.ш., саҳ.212; Қумӣ, Анвор-ул-баҳия, 1380ҳ.ш., саҳ.229
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.472
- ↑ Қумӣ, Анвор-ул-баҳия, 1380ҳ.ш., саҳ.230 понавис
Сарчашма
- Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Риҷоли Барқӣ, нусхаи хаттӣ, шумора 18/6955, Китобхонаи марказии 49 Донишгоҳи Теҳрон, ва интишороти Донишгоҳи Теҳрон, шумора 857, ҳамроҳи Риҷоли Ибни Довуд, 1342ҳ.ш.
- Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма, Табрез, Мактабату Банӣ Ҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
- Кашӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷоли ал-Кашӣ (Ихтиёр маърифати риҷол), Машҳад, Донишгоҳи Машҳад, 1348ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усул-ул-кофӣ, мусаҳҳеҳ Алиакбари Ғаффорӣ, саҳҳа ва қобала Шайх Наҷмуддин ал-Омилӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-исломия, 1388ҳ.қ.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васия лил-имом Алӣ ибни Абӣ Толиб, Наҷаф, Мактабату Муртазавия, бидуни таърих.
- Момақонӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, Танқеҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Наҷаф, Матбаату Муртазавия, 1352ҳ.қ.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Анвор-ул-баҳия фи таворих-ил-ҳуҷаҷ-ил-илоҳия, мутарҷим Муҳаммад Муҳаммадӣ Иштиҳордӣ, Қум, Насир, чопи сеюм, 1380ҳ.ш.