Дуои панҷоҳу якуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ниёиши 51 Саҳифаи саҷҷодия)

Дуои панҷоҳу якуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای پنجاه و یکم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар тазарруъ ва зорӣ ба даргоҳи Худованд аст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо аз Худо ба далели неъматҳои бешумораш ба инсон сипосгузорӣ мекунад. Ҳарчанд шукри инсон дар баробари неъматҳои Илоҳиро ночизу инсонро нотавон аз адои шукри Худо медонад. Ҳамчунин дар ин дуо Худо танҳо пуштибони инсон муаррифӣ шуда, ки роҳи наҷот аз мушкилот таваккул бар Ӯст. Пойдории зиндагии иҷтимоӣ дар партави айбпӯшии Худо ва истиҷобати дуо ба вақти дармондагӣ аз дигар омӯзаҳои ин дуост.

Дуои панҷоҳу якум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Мавзуоти дуои панҷоҳу якум аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия иборатанд аз ҳамди Худо, дархости ҳоҷатҳо аз даргоҳи бениёзаш, паноҳ ҷустан ба даргоҳи Илоҳӣ, дархости афву бахшиш, талаби офият, масъалаи қазо, шукри Худо ва баёни нотавониҳои инсон.[1] Ба гуфтаи Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дар шарҳи ин дуо, суханони имомони маъсум (а) дар дуоҳо беҳтарин муноҷот ва розу ниёз ба даргоҳи Илоҳӣ аст; зеро онҳо ба фақри зотии инсон дар муқобили Худо ва низ бениёзии Худо тавваҷуҳ доранд, аз ин рӯ тамоми ниёзҳои бандагонро гӯшзад карда ва бо беҳтарин таъбирҳо раҳмати Худоро дархост мекунанд.[2]

Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Сипоси Худо дар баробари эҳсон;
  • Эҳсони Худо ба бандагон пеш аз дархости онон;
  • Неъматҳои бешумори Худо барои инсонҳо;
  • Эътироф ба нотавонӣ барои шукргузории неъматҳои Илоҳӣ;
  • Баҳрамандӣ аз зиндагӣ ва ислоҳи нафас дар партави эҳсон ва неъматҳои Илоҳӣ;
  • Сода ангоштани неъматҳо ва кӯтоҳӣ дар адои шукр тавассути инсон;
  • Иҷобати дуо тавассути Худо ба вақти ночорӣ ва дармондагии бандааш;
  • Бозгардондани балоҳои сахт аз инсон тавассути Худо;
  • Иноёти вижаи Худо ба бандагон;
  • Ноумед барнагаштани бандагон аз даргоҳи Илоҳӣ;
  • Худо танҳо пуштибони инсон дар баробари душманон;
  • Ситоиши Худо бо ҷон, забон ва ақл;
  • Раҳоӣ аз хашми Илоҳӣ бо ҳамду ситоишу шукр;
  • Ҳамди воқеӣ ва комили омехта ба шукр ҳамвазни ризояти Илоҳӣ аст;
  • Худо гузашткунанда аз лағзишҳои бандагон;
  • Пойдории зиндагии иҷтимоӣ ва ҳифзи обрӯ дар партави айбпӯшии Худо;
  • Хорӣ ва зиллати инсон бар асари гуноҳ;
  • Хушуъ дар баробари Худованд ва тарси подшоҳон аз қудрати Илоҳӣ;
  • Фирор аз гуноҳони ҳалоккунанда ва бозгашт ба пешгоҳи Ҳақ;
  • Шикоят ба Худованд аз фаровонии андӯҳҳо ва васвасаи нафас;
  • Доимӣ будани файзи Худо дар ҳаққи инсонҳо;
  • Ниёзмандии мутлақи инсон ба даргоҳи Илоҳӣ;
  • Дуо барои дар амон мондан аз расвоӣ ба хотири зиштии ботин;
  • Сустӣ дар анҷоми вазоиф аз ҳилаҳои шайтон;
  • Таваккул бар Худо танҳо роҳи наҷот аз мушкилот;
  • Дархости маҳрум нашудан аз хайри дунёву охират ба ҷиҳати шукргузории ночиз;
  • Ночиз будани шукргузории инсон дар баробари неъматҳои Илоҳӣ;
  • Азоби Худо айни адолати Ӯст.[3]

Шарҳҳо

Дуои панҷоҳу якум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китобҳои Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои панҷоҳу якуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[6] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.607
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.311
  3. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.311 - 336; شرح فرازهای دعای پنجاه و یکم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.307 - 336
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.547 - 552
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.333 - 364
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.641 - 646
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.707 - 715
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.601 - 613
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.102 - 103
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.288 - 292

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای پنجاه و یکم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.