Дуои сию дувуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои 32-уми Саҳифа)

Дуои сию дувуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سی و دوم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки пас аз намози шаб мехонд ва дар он ба гуноҳоне эътироф ва аз Худо бахшиши онҳоро дархост кардааст. Ҳамчунин дар ин дуо ба баёни бархе аз сифоти Худо, вижагиҳои шайтон, роҳҳои нуфузи ӯ дар инсон, вижагиҳои азоби ҷаҳаннам ишора шуда ва дар муқобил бахшишу раҳмати Илоҳӣ, паноҳ бурдан ба Худо ва шафоати Худоро роҳи раҳоӣ аз шайтону азоб муаррифӣ кардааст.

Дуои сию дувум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои сию дувум, аз дуоҳои саҳифа саҷҷодия аст, ки Имом Саҷҷод (а) пас аз фароғат аз намози шаб мехонд ва дар он ба гуноҳон эътироф карда ва аз Худо бахшиши онҳоро талаб кардааст. Ин дуо ба далели дарбардоштани сифоти Худо ва пӯзишталабиҳое, ки дар ҷалби раҳмати Худо таъсиргузор аст, дорои аҳамият дониста шудааст.[1] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Ҳамешагӣ будани салтанат ва иқтидори Худо;
  • Қудрати мутлақи Худо бидуни ниёз ба лашкару пуштибонӣ;
  • Ҳамешагӣ будани иззати Худо дар тамоми рӯзгорон;
  • Беоғоз ва бидуни фарҷом будани иззати Худованд ва бепоён будани он;
  • Нотавонии васфкунандагон аз тавсифи Илоҳӣ;
  • Салтанати шикастнопазир ва ғайри қобили идроки Илоҳӣ;
  • Фармонравоии бартари Илоҳӣ бар ҳамаи махлуқот;
  • Мумкин набудани шинохти Худо ва саргардонии андешаҳо дар ин водӣ;
  • Азалӣ ва абадӣ будани Худо;
  • Эътироф ба нотавонии инсон дар анҷоми аъмол;
  • Эътироф ба баландорзу будани инсон;
  • Нотавонии инсон барои бандагӣ ва итоат аз Худованд бидуни раҳмати Илоҳӣ;
  • Афву гузашти Илоҳӣ танҳо умеду орузи инсон;
  • Паноҳ бурдан ба Худованд аз нақшаҳо ва фиребҳову барномаҳои шайтон;
  • Талаби раҳмату бахшиши Илоҳӣ ба хотири андак будани тоат ва зиёд будани нофармонӣ дар номаи амал;
  • Паноҳ бурдан ба Худо роҳи раҳоӣ аз кирдорҳои бад;
  • Илми номаҳдуди Худо бар аъмоли инсон (иҳотаи Худо бар густараи низоми ҳастӣ);
  • Шикоят аз Иблис ба даргоҳи Худо, паноҳ бурдан ба Худо аз шарри шайтон;
  • Натиҷаи пайравӣ аз шайтон (афтодан дар ҳалокат, анҷоми маъсият ва барафрӯхтани хашми Худо);
  • Тадриҷӣ будани суқути инсон;
  • Худо танҳо паноҳгоҳ ва шафиъу наҷотдиҳандаи инсон;
  • Дархости омурзиши Илоҳӣ;
  • Эътироф ба гуноҳ дар даргоҳи Худо;
  • Эътироф ба кӯчакии амал ва нотавонии адои ҳуқуқи Илоҳӣ;
  • Пардапӯшии Худо дар муқобили гуноҳони бандагон;
  • Биму умед ба даргоҳи Илоҳӣ (хавфу раҷо);
  • Худо сазовортарин мавҷуд барои такя кардан ва эътимод намудан;
  • Раҳмату бахшиши Худо мояи умеди бандагон аст;
  • Дархости пардапӯшӣ ва роздорӣ аз Худо дар қиёмат;
  • Эътимод ба Худованд дар баҳрамандӣ аз омурзишу бахшиш;
  • Раванди офариниши инсон (тавсифи шароити инсон дар раҳими модар);
  • Чораандешии Илоҳӣ дар мароҳили рушди инсон;
  • Беэътимодӣ ба раззоқяти Худованд омили бетаваҷҷӯҳӣ ба ибодату бандагӣ;
  • Шайтони омили бадгумонӣ ба Худо ва сустии яқин;
  • Тазарруъ ва зорӣ ба пешгоҳи Илоҳӣ барои эминӣ аз макру фиреби шайтон;
  • Фазлу эҳсони ҳамешагии Худо нисбат ба бандагон;
  • Дархости баҳрамандӣ аз рӯзии осон;
  • Дархости қонеъ будан ба тақдири Илоҳӣ ва хушнудӣ аз саҳми рӯзӣ;
  • Дархости маҳсуб шудани умр ва истифода аз бадан дар роҳи итоат ва бандагӣ;
  • Паноҳ бурдан ба Худо аз оташи азоби ҷаҳаннам;
  • Вижагиҳои оташи ҷаҳаннам;
  • Анвоъи азобҳои ҷаҳаннам;
  • Умед ба фазлу раҳмати Худо барои раҳоӣ аз оташи дӯзах;
  • Дархости бахшида шудани лағзишҳо ва хор нашудан аз Худованде, ки беҳтарини паноҳдиҳандагон аст;
  • Салавоту дуруд бар ҳазрати Муҳаммад ва ол ӯ.[2]

Шарҳҳо

Дуои сию дувум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[3] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[4] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[5] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои сию дувуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.[6] Ин дуо ҳамчунин дар китобҳои Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[7] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[8] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[9] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[10] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[11] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.35
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.86 - 157; شرح فرازهای دعای سی و دوم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.197 - 226
  4. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.77 - 157
  5. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.19 - 63
  6. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.5 - 122
  7. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.401 - 418
  8. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.417 - 441
  9. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161 - 188
  10. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.68
  11. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.170 - 179

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای سی و دوم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.