Дуои сию якуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои 31-и саҳифаи саҷҷодия)

Дуои сию якуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سی و یکم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) ки дар он аз Худо дархости тавба воқеӣ шудааст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо шароити тавбаи ростин, ҳолоти тавбакунандаи воқеӣ ва роҳҳои раҳоӣ аз гуноҳонро баён мекунад. Бар асоси мазмуни ин дуо таҳаввули дарунии инсон, шарти тавбаи воқеист ва ҳубби Илоҳӣ дижи боздоранда аз гуноҳ аст.

Ба баёни ҳазрати Зайнулъобидин, гуноҳ дар дунё ва охират гиребонгири инсон аст. Ҳамчунин ҷаҳаннам бозтоби табиии гуноҳон хоҳад буд; ба ҳамин далел бояд ҳамеша аз Худо тавфиқи тавбаро дархост кард. Дархости шафоат ва раҳоӣ аз ҷаҳолату гумроҳӣ ба василаи Муҳаммад (с) ва Оли Муҳаммад (а) аз дигар омӯзаҳои ин дуост.

Китоби «Атри маърифат: гулвожагоне аз гулистони маърифати тавба» асари Сайид Муҳаммади Зиёободӣ дар шарҳи дуои сию якум ба забони форсӣ навишта шудааст. Ҳамчунин ин дуо дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ба забони форсӣ ва арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Мавзуи аслии дуои сию якуми Саҳифаи саҷҷодия дархости тавба аз Худост. Дуои тавба аз дурахшонтарин дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия тавсиф шудааст.[1] Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо анвоъи гуноҳон, ҳолоти тавбакунанда ва шароити тавбаи воқеӣ баён шудааст.[2] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Худо бартар аз тавсифи тавсифкунандагон аст; (нотавонии восифон аз тавсифи Худо);
  • Ҷаҳаннам бозтоби табиии гуноҳон аст;
  • Худо ниҳояти умеди умедворон аст;
  • Худо подоши некӯкоронро зоеъ намекунад;
  • Хавфу хашяти бандагон дар баробари Худо;
  • Худованди ниҳояти тарси ибодаткунандагон ва ғояти тарси парҳезкорон;
  • Ҳастии инсон дар дасти қудрат Худованд аст;
  • Эътироф ба хато ва гуноҳ ба даргоҳи Илоҳӣ;
  • Таҳаввули дарунии инсон, шарти тавба воқеист;
  • Гуноҳ дар дунё ва охират гиребонгири инсон аст;
  • Бартараф шудани кӯрдилӣ муқаддимаи тавба аст; (лаззати гуноҳ монеъи тавба мешавад);
  • Умед ба бахшиши Худо, омили тавба аст;
  • Ҷаҳл ба қудрати Худованд ва инкори фазлу эҳсони Ӯ натиҷаи тасаллути шайтон бар инсон;
  • Ҳолоти тавбакунандаи воқеӣ: (хузуъ ва хушуъ дар баробари Худо, чашмони ашкбор, дархост аз рӯи ихлос ва пушаймонӣ бар умри аздастрафта);
  • Омурзиши гуноҳони кабира ба даст Худованд аст;
  • Худо ба бандагон ваъдаи истиҷобати дуо додааст;
  • Худо дар кайфари гуноҳони бандагон шитоб намекунад;
  • Роҳҳои раҳоӣ аз гуноҳон (саботи инсон дар тоъату ибодат, дурӣ аз лағзиши гоҳҳои гуноҳон, паноҳ бурдан ба айбпӯшии Худо ва шустушӯи қалб аз кудурати гуноҳ);
  • Муҳаббати Худо нисбат ба тавбакунандагон;
  • Шароити тавбаи ростин (тавба аз зоҳиру ботини гуноҳ, тавба аз лағзишҳои гузаштаву ҳол, аҳд бо Худо барои боз нагаштан ба гуноҳ, пок кардани қалб аз зангорҳои гуноҳ ва пушаймонӣ аз гуноҳ);
  • Тавбаи воқеӣ, рӯй овардан ба Худо бо шармсорӣ ва умед;
  • Тавбаи воқеӣ, бо эътимод ва тамаъ ба фазли Илоҳӣ;
  • Тавбаи воқеӣ, бо буридани тамаъ аз ғайрихудо ва натарсидан аз ғайрихудо;
  • Дархости тавфиқ барои анҷоми корҳои маҳбуби Худо;
  • Муҳаббати Худо дижи устувори боздоранда аз гуноҳ;
  • Дархости собитқадам будан дар нияти бандагӣ;
  • Шарт бастан бо Худо барои такрор накардани корҳое, ки Худованд намеписандад;
  • Замонат додан барои анҷом надодани корҳое, ки Худованд мазмум донистааст;
  • Аҳд бастан бо Худо барои дурӣ кардан аз тамоми гуноҳон;
  • Давоми тавба фақат дар партави аноят ва муҳофизати Худованд;
  • Дархости тавбаи поккунандаи гуноҳони гузашта ва эминибахш аз гуноҳ дар оянда;
  • Дархости тавбаи эминибахш аз кайфари Илоҳӣ;
  • Дархости тавба аз ҳарчи бар хилофи ирода ва муҳаббати Илоҳист;
  • Дархости бархурди иззатмандонаи Худованд бо тазарруъ ва зории бандаи залил;
  • Эътироф ба пушаймонӣ ва тарки гуноҳ ва истиғфор барои исботи тавба;
  • Дуо барои ҷуброни ҳуқуқи фаромӯшшудаи мардум;
  • Паноҳ бурдан ба Худо аз бозгашт ба гуноҳ;
  • Узрхоҳӣ аз Худо ба хотири ҷаҳл;
  • Тавба аз аъмоле, ки инсонро аз муҳаббати Илоҳӣ берун мекунад;
  • Дархости шафоат бо вуҷуди шоиста набудани дарёфти он;
  • Дархости шафоат аз тариқи караму бузургвории Худо;
  • Набудани ҳимояткунандае дар баробари кайфари Илоҳӣ;
  • Гувоҳии осмонҳо ва замин бар тавба;
  • Ҷидоли аҳсан ба даргоҳи Илоҳӣ барои иҷобати дуо;
  • Раҳоии инсонҳо аз ҷаҳолату гумроҳӣ ба василаи Муҳаммад ва Оли Муҳаммад.[3]
Китоби Атри маърифат дар шарҳи дуои сию якуми Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Муҳаммади Зиёободӣ

Шарҳҳо

Китоби «Атри маърифат: гулвожагоне аз гулистони маърифати тавба» асари Сайид Муҳаммади Зиёободӣ ба забони форсӣ дар шарҳи дуои сию якуми саҳифа навишта шудааст. Интишороти Муассисаи бунёди хайрияи Аззаҳро (с) дар Теҳрон ин китобро дар соли 1393ҳ.ш. мунташир кардааст.[4]

Ин дуо дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия монанди китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[5] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[6] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[7] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои сию якуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китобҳое монанди Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[8] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[9] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[10] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[11] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[12] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[13] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.35
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.35
  3. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.125 - 196; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.35 - 75
  4. Вафоӣ, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, 1390ҳ.ш., саҳ.232
  5. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.125 - 196
  6. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.35 - 75
  7. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.535 - 583
  8. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.373 - 479
  9. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.373 - 400
  10. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.393 - 415
  11. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.123 - 160
  12. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.67 - 68
  13. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.161 - 169

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.