Мусайламаи Каззоб

Аз wikishia
Наққошии рӯбарӯ шудани фиристодагони Мусайламаи каззоб бо Пайғамбар дар китоби Осор-ул-боқияи Абурайҳони Берунӣ дар нусхае (китобати 707ҳ.қ.)[1]

Мусайлама ибни Сумома Ҳанафии Воилӣ (مُسَیلَمة بن ثُمامَة حَنَفی وائِلی) маъруф ба Мусайламаи Каззоб (кушташуда дар 12ҳ.қ.), дар 10-уми ҳиҷрии қамарӣ иддаои пайғамбарӣ кард. Ва дар соли 12ҳ.қ., дар ҷанг бо сипоҳи Холид ибни Валид дар ҷанги Ямома кушта шуд.

Мусайлама паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро қабул мекард ва иддао мекард дар набувват бо ӯ шарик аст. Ӯ зино ва шаробро бар пайравони худ ҳалол кард ва намозро аз онон бардошт. Ҳамчунин мехост бархе аз муъҷизаҳои Пайғамбар (с)-ро такрор кунад, аммо корҳояш баръакс мешуд.

Мусайлама бо Саҷоҳ духтари Ҳориси Тамимӣ ки ӯ низ иддаои набувват кард, издивоҷ кард ва маҳрияашро бахшудагии намози бомдод ва хуфтан барои пайравонашон қарор дод.

Ном, насаб ва лақаб

Мусайлама аз қавми Банӣ Ҳанифа, қабилае дар Ямома буд ва дар қарияе ба номи Ҷубайла ба дунё омад. Ном ӯ Мусайлама ибни Сумома ибни Кабир ибни Ҳабиби Ҳанафии Воилӣ[2] ва куняаш Абусумома аст.[3] Дар даврони ҷоҳилият Раҳмон лақаб дошт ва ба Раҳмони Ямома шинохта мешуд.[4]

Номи ӯро Ҳорун ва Мусаллама низ гуфтаанд. Гуфта шудааст, номи ӯ Мусаллама буда ва пас аз иддаои набувват, мусулмонон ба хотири таҳқир ӯро Мусайлама (мусулмони хурдакак) мехонданд.[5]

Иддаои паёмбарӣ

Мусайлама дар Санатул-вуфуд (9ҳ.қ.), ҳамроҳи бузургони тоифаи худ аз Ямома ба Мадина рафт. Дар мавриди мулоқоти онҳо бо Пайғамбари Ислом (с) ду нақл вуҷуд дорад:

  • Мусайлама бо ҳамроҳонаш ба мулоқоти Пайғамбар (с) рафт. Ӯ мегуфт: агар Муҳаммад маро ҷонишини худ қарор диҳад, аз ӯ пайравӣ мекунам. Пайғамбар, ки тиккае аз шохаи нахл дар даст дошт фармуд: «агар чизе ки дар дасти ман астро дархост кунӣ, ба ту нахоҳам дод. Дар кори худ бо ончи Худо бароят дар назар гирифтааст, душманӣ макун ва агар рӯйградон шавӣ, Худованд дунболаатро хоҳад бурид!».[6]
  • Мусайлама дар Мадина нигаҳбони борҳои ҳамроҳон буд ва назди Пайғамбар (с) нарафт.[7] Онҳо баъд аз изҳори Ислом овардан ба Пайғамбар гуфтанд, ки мо яке аз ҳамроҳони худро муроқиби борҳо ниҳодаем. Пайғамбар дастур дод ҳарчӣ ба намояндагон медиҳанд ба Мусайлама низ бидиҳанд.[8]

Ӯ баъд аз бозгашт ба ватан иддаои паёмбарӣ кард[9] ва дар соли ёздаҳуми қамарӣ дар номае ба Пайғамбари Акрам (с), иддако кард, ки дар набувват бо он ҳазрат шарик аст. Расули Худо (с) дар ҷавоб ӯро Мусайламаи Каззоб хонд.[10] Ва Ҳабиб ибни Зайд ибни Осимро ба сӯй вай фиристод, аммо чун Ҳабиб, паёмбарии Мусайламаро таъйид накард, Мусайлама ӯро ба шаҳодат расонд.[11] Пас аз реҳлати Пайғамбари Акрам (с) замина барои Мусайлама фароҳам шуд ва иддаеро дар атрофи хеш ҷамъ карда ба тақлид аз Қуръон, калимоте бо насри мусаҷҷаъ (мавзун) месохт ва бар онон арза мекард;[12] аз ҷумла:

«يا ضِفدَع بنت ضفدعين! نِقِّى ما تُنقِّين، اعلاک فی الماء و اسفلک فی الطین، لا الشاربَ تَمنَعِین و لا الماءَ تُکَدِّرِین؛»

«Эй қурбоға, духтари ду қурбоға, ҳар чизе бармегузинӣ покиза аст; ниме аз ту дар об аст ва ниме дар гил; на монеъи об хӯрдани касе мешавӣ ва на обро гилолӯд мекунӣ».[13]

Ҷоҳиз - адиби муътазилӣ дар қарни дувум ва сеюми ҳиҷрии қамарӣ, мутаассир аз шиддати заъфи ин иборат овардааст: намедонам чӣ боис шудааст, ки Мусайлама номи қурбоғаро биоварад ва онро ҷузви қуръоне ки гумон доштааст бар ӯ нозилшуда қарор диҳад?![14]

Шариъати ӯ

Мусайлама бо Саҷоҳ духтари Ҳориси Тамимӣ ки ӯ низ иддаои набувват карда буд, издивоҷ кард[15] ва маҳрияи ӯро бахшудагии намози бомдоду хуфтан барои пайравонашон қарор дод.[16] Ӯ шаробу зиноро барои пайравони худ ҳалол кард ва намозро аз онон бардошт, аммо ба набуввати Пайғамбари Ислом гувоҳӣ медод.[17]

Муъҷизоти вожгуна

Бар пояи бархе гузоришҳо Мусайлама мехост, бархе аз муъҷизоти Пайғамбар (с)-ро такрор кунад, аммо корҳояш вожгуна ва баръакс мешуд. Ӯ оби даҳони худро дар чоҳе андохт; оби он хушк шуд. Кӯдакеро наздаш бурданд то барояш дуо кунад; чун даст бар сараш кашид, кал шуд, оби вузӯяшро дар боғе рехтанд; дигар онҷо гиёҳ нарӯиед. Даст бар чашми касе кашид нобино шуд.[18]

Марг

Дар соли 12ҳ.қ.[19] Абубакр сипоҳӣ ба фармондеҳии Холид ибни Валид, роҳии Ямома кард,[20] Холид дар Ақрабоъ, бо Мусайлама ва ёронаш ҷангид. Мусайлама дар рабиъуссонии соли 12ҳ.қ., кушта шуд.[21] Дар куштани ӯ Ваҳшӣ ибни Ҳарб (қотили Ҳамза ибни Абдулмуталлиб) Абдуллоҳ ибни Зайд ибни Осим ва Абудуҷона нақш доштанд.[22] Албатта Ваҳшӣ ибни Ҳарб[23] ва Абдуллоҳ ибни Зайд ибни Осим[24] низ ба таври ҷудогонае қотили вай муаррифӣ шудаанд.

Эзоҳ

  1. “Қадимитарин тасвир аз Пайғамбар (с) ва мубоҳала куҷост + тасовир”, хабаргузории Форс.
  2. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.7, саҳ.226.
  3. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.576.
  4. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.7, саҳ.226; Балозурӣ, Футуҳ-ул-балдон, 1988м., саҳ.109.
  5. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.7, саҳ.226
  6. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.203.
  7. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.130; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.576.
  8. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.576 - 577.
  9. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.7, саҳ.226.
  10. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.146
  11. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.320; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.443.
  12. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.7, саҳ.226.
  13. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.529; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.284.
  14. Ҷавоҳирӣ, Посух ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.355.
  15. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.344.
  16. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  17. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.577.
  18. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.327.
  19. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.194.
  20. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.429.
  21. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.131.
  22. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.96
  23. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.662.
  24. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.147.

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-балдон, Бейрут, Дору мактабатил-ҳилол, 1988м.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, таҳқиқи ал-Носир, Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир, Димишқ, Тору тавқил-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом қомусу тароҷим-ал-ашҳар-ур-риҷоли ва-н-нисо мин-ал-араби ва-л-мустаърабин ва-л-мусташриқин, Бейрут, Дорул-илими лил-малоин, 1989м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад Албаҷовӣ, Бейрут, Дорул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Аъсами Куфӣ, Аҳмад ибни Аъсам, ал-Футуҳ, таҳқиқ: Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқ: Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо Саққо ва Иброҳим Абёрӣ ва Абдулҳафиз Шиблӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • "Қадимитарин тасвир аз Пайғамбар (с) ва мубоҳала куҷост + тасовир", хабаргузории Форс, дарҷи матлаб: 13 мурдоди 1400ҳ.ш., мушоҳида: 2 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • Мақризӣ, Тақиюддин, Имтоъ-ул-асмоъ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1420ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Ҷавоҳирӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Посух ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1397ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.