Ҷаъли ҳадис
Ин мақола дар бораи мафҳуми ҷаъли ҳадис аст. Барои ошноӣ бо ҳадисҳои ҷаълӣ, мадхали ҳадиси мавзуъро бубинед.
Ҷаъли ҳадис (форсӣ: جَعْل حدیث) ё вазъи ҳадис (форсӣ: وَضْع حدیث), сохтани ҳадис ва нисбат додани он ба Пайғамбари Ислом (с) ё имомони маъсум аст. Ҷаъли ҳадис гоҳ ба сурати сохтани ҳадис анҷом мешудааст ва гоҳ бо илова кардани калима ба ҳадис ё тағйир додани калимаҳои он сурат мегирифтааст. Пешинаи оғози ҷаъл ва сохтани ҳадисро ба даврони ҳаёти Пайғамбари Ислом (с) ва густариши онро ба давраи ҳукумати Муовия ибни Абусуфён бармегардонанд.
Камранг кардани фазилатҳои Имом Алӣ (а), машруиятбахшӣ(қонунигардонӣ)-и салтанати Муовия ва таассубварзӣ нисбат ба мазҳабҳо аз аҳдофу ангезаҳои ҷаъли ҳадис будааст. Ҷаъли ҳадис паёмадҳое доштааст, ки маҳрумият аз Аҳли Байт (а), инкор кардани баъзе ҳадисҳои саҳеҳ ва сахт шудани дастёбӣ ба ҳадисҳои саҳеҳро аз он ҷумла медонанд.
Ба эътиқоди уламои шиа, Абуҳурайра, Каъбулаҳбор ва Ибни Абулавҷоъ аз ровиёни ҳадисҳои дурӯғӣ ва ҷаълию қалбакӣ ҳастанд.
Дар бораи ҷаъл ва тақаллуби ҳадис китобҳое навишта шудааст, китоби “ал-Мавзуъот”-и Ибни Ҷавзӣ (ваф. 597ҳ.қ.) яке аз аввалин китобҳост. «Ал-Ахбору-д-дахила» навиштаи Шайх Муҳаммадтақии Шуштарӣ (ваф. 1374ҳ.ш), «ал-Мавзуъот фи-л-осори ва-л-ахбор», аз Сайид Ҳошим Маъруф ал-Ҳасанӣ ва Яксаду панҷоҳ саҳобаи сохтагӣ, навиштаи Сайид Муртазо Аскарӣ (1293- 1386ҳ.ш.) аз дигар осор дар ин соҳа мебошанд.
Мафҳумшиносӣ
- Ҳамчунин бубинед: Ҳадиси мавзуъ
Ҷаъли ҳадис, ба сохтани ҳадис гуфта мешавад. Дар манобеъ аз ҷаъли ҳадис бо унвони «вазъи ҳадис»[1] ва аз ҳадиси ҷаълӣ бо унвони «ҳадиси мавзуъ» ёд мешавад.[2] Ҳадиси мавзуъ ҳадисе аст, ки қасдан ё саҳван сохта шуда ва ба Пайғамбар (с) ё имоми маъсум нисбат дода мешавад.[3] Эътирофи созандаи ҳадис ба ҷаълӣ будани он, вуҷуди қарина бар сохтагӣ будани ҳадис,[4] зиддияти мазмуни ҳадис бо ақл, Қуръон ё зарурии мазҳаб[5] аз нишонаҳои ҳадиси мавзуъ шуморида шудааст.
Шеваҳо
Ҷаъли ҳадис ба шеваҳои мухталифе анҷом мешудааст: гоҳ ҳадисе ба таври комил ҷаъл мешуд ва ба Пайғамбару имомон нисбат дода мешуд; гоҳ калимаҳое ба ҳадис афзуда мешуд; ва гоҳ ҳам калимаҳои ҳадисро тағйир медоданд.[6]
Мегӯянд, ҷаъли ҳадис ба таври комил бештар дар мавзуоти эътиқодӣ, ахлоқӣ, таърихӣ, тиббӣ, фазоил ва дуъоҳо, рӯй медодааст.[7] Намунаи афзудани иборат ба ҳадис, афзудаи Мансури Давониқӣ, дуюмин халифаи аббосӣ, ба ҳадисе аз Пайғамбар (с) дар бораи имоми Замон (а) аст. Дар ин ҳадис омада буд, ки Худованд марде аз Аҳли Байтамро бармеангезад, ки номаш номи ман аст,[8] аммо Мансур барои ин ки писараш Муҳаммадро мисдоқи ҳадис муаррифӣ кунад, иборати «ва номи падараш, номи падари ман аст»-ро ба он афзуд; зеро номи Мансур монанди номи падари Пайғамбар (с), Абдуллоҳ буд.[9]
Намунаи тағйири лафзӣ ҳам, ривояте аст аз Пайғамбар (с), ки бархе дар мадҳи Муовия нақл кардаанд. Дар ин ҳадис омадааст: ҳар гоҳ дидед Муовия бар минбарам сухан мегӯяд, ӯро пазиро шавед; зеро вай дурусткор ва муътамад аст.[10] Гуфтаанд, ин ҳадис дар воқеъ дар мазаммати Муовия буда ва дар он иборати «фақтулуҳ/فاقْتُلُوه» (ӯро бикушед) ба «фақбилуҳ/فاقبَلوه» (ӯро пазиро шавед), табдил шудааст.[11]
Сирқати аҳодис (нақли ривояте, ки ба номи ровии дигаре аст, ба номи худ ё шахси дигар), дасс (дасткорӣ) дар кутуби муҳаддисон ва нашри нусхаҳои дуруғинро аз дигар шеваҳои ҷаъли ҳадис донистаанд.[12]
Таърихча
Бархе аз муҳаққиқон бар ин боваранд, ки пешинаи ҷаъли ҳадис ба даврони ҳаёти Пайғамбари Акрам бармегардад. Инҳо ҳадисе аз Пайғамбарро, ки дар он ҷойгоҳи касоне ки чизеро ба дурӯғ ба Пайғамбар нисбат диҳанд, дузах баён шудааст,[13] бар ин масъала шоҳид мегиранд.[14] Намунаҳое ҳам аз дуруғ бастан ба Пайғамбар дар даврони ҳёташ гузориш шудааст.[15] Бар пояи ривояте, Имом Алӣ (а) ба ҷаъли ҳадис дар давраи Пайғамбар ишора кардааст.[16]
Албатта ба гуфтаи Ҳошим Маъруфи Ҳасанӣ, бархе аз муҳаққиқони аҳли суннат бар ин боваранд, ки ҷаъли ҳадис дар давраи хулафои нахустин рӯй надодааст ва баъд аз шаҳодати Имом Алӣ (а) оғоз шудааст. Дар ин давра аҳзоб ва фирқаҳое зуҳур карданд, ки барои тасбити худ ба Қуръону суннат истинод мекарданд ва агар мустанаде дар Қуръон ё ривоёт намеёфтанд, ба ҷаъл ё таҳрифи ҳадис мепардохтанд.[17]
Мегӯянд, ҷаъли ҳадис дар даврони Муовия ибни Абусуфён густариш ёфт.[18] Ба гуфтаи Ибни Абилҳадиди мӯътазилӣ - шореҳи Наҳҷулбалоға, дар қарни ҳафтум, Муовия аз ровиёне, ки дар фазилати Усмон ва дигар саҳоба ва айбҷӯӣ аз Имом Алӣ (а) ҳадис ҷаъл мекарданд, ҳимоят мекард.[19] Ҳамчунин бакрия, ки муътақид буданд Абубакр ибни Абиқуҳофа бо насс ҷонишини Пайғамбар (с) шуда, дар муқобили фазоили Имом Алӣ (а), барои Абубакр ҳадис ҷаъл мекарданд.[20]
Пешинаи мубориза бо ҷаъл
Ба гуфтаи Аҳмади Покатчӣ, дар авохири қарни панҷум осоре дар бораи аҳодиси сохтагӣ ва вазъи ҳадис навишта шуд; ҳарчанд истифода аз иттиҳоми сариҳи ҷаъли ҳадис дар арзёбиҳои риҷолии шиа ба авоили қарни чаҳоруми қамарӣ бозмегардад ва намунаҳои он дар изҳори назрҳои Ибни Уқда[21] ва Ибни Валид[22] ва дар қарни панҷум назди Ибни Ғазоирӣ[23] дида мешавад. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, дар ҳавзаи ҳадиси аҳли суннат, нахустин бор риҷолиёни мактаби Бағдод, аз нисбати ҷаъли ҳадис дар арзёбиҳои худ баҳра гирифтанд.[24]
Ангезаҳо ва иллатҳои ҷаъли ҳадис
Ҷаъли ҳадис бо ангезаҳои мухталифе анҷом мешудааст, ки бархе ба шарҳи зер аст:
- Камранг кардани фазоили Имом Алӣ (а): гуфтаанд бештарин касе ки алайҳи ӯ ҳадис ҷаъл шуд, Имом Алӣ (а) буд.[25] Ибни Абилҳадиди муътазилӣ дар китоби Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға аз Абуҷаъфари Искофӣ - мутакаллими мӯътазилии қарни сеюми қамарӣ, нақл кардааст, ки Муовия гурӯҳе аз саҳоба ва тобеъинро маъмур карда буд, ки аҳодисе дар мазаммати Имом Алӣ (а) ҷаъл кунанд.[26] Ба гуфтаи ӯ, Муовия дар номае аз коргузоронаш хост аз мардум бихоҳанд, ки ривоёте дар фазилати саҳоба ва хулафои сегона ҷаъл кунанд, то ин ки дар фазилати ҳазрати Алӣ (а) ҳадисе набошад, магар ин ки ривояте ҳамонанди он дар фазли хулафои нахустин ва саҳоба биоваранд ё зид ва мухолифи онро нақл кунанд.[27]
- Машруиятбахшӣ ба ҳокимону хулафо: ба гуфтаи Ҳошим Маъруф Ҳасанӣ, муҳаққиқи лубнонии қарни чаҳордаҳуми қамарӣ, ҳукуматҳои Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос барои машруиятбахшӣ ба ҳукумати худ аҳодисе дар фазилати бузургонашон ё интисоби хилофаташон ба Пайғамбар (с) ҷаъл мекарданд.[28] Яке аз аҳодиси ҷаълии Банӣ Аббос, ки ба Пайғамбар (с) нисбат медоданд, ин буд, ки «хилофат дар фарзандони амакам [Аббос] қарор мегирад!».[29]
- Таассубварзӣ нисбат ба мазҳаби худ ва канор задани мазҳаби дигар: тарафдорони ҳар ҳизб ё фирқае, барои тасбити фирқаи худ ба Қуръону суннат истинод мекарданд ва агар мустанаде ёфт намешуд, ҳадис ҷаъл мекарданд.[30]
Аз байн бурдани дин ва ихтилоф байни мусулмонон аз сӯи ғайрмусулмонон[31] ва низ наздик шудан ба подшоҳон[32] ва фазилатсозӣ барои афрод[33] аз дигар ангезаҳои ҷаъли ҳадис будааст. Гоҳе низ бо ангезаҳои диние, монанди ислоҳи ҷомеъа,[34] тавваҷуҳ додани мардум ба Қуръон[35] ва касби подоши Илоҳӣ[36] ҳадис ҷаъл шудааст. Ҳамчунин ихтилоф дар ҷонишинии Пайғамбар ва фирқагароӣ аз сабабҳои ҷаъли ҳадис дониста шудаанд.[37]
Осор ва паёмадҳо
Бархе аз паёмадҳои ҷаъли ҳадис иборатанд аз:
- Сахт шудани дастёбӣ ба аҳодиси саҳеҳ: ҷаъли ҳадис сабаб шуд ҷудо кардани ҳадисҳои саҳеҳ аз ҳадисҳои ҷаълӣ душвор шавад.[38]
- Нафйи бархе аз аҳодиси саҳеҳ: бархе аз аҳодиси саҳеҳ ба баҳонаи ҷаълзудоӣ канор гузошта шудааст. Ба унвони намуна Ибни Қайими Ҷавзия (ваф. 751ҳ.қ.) олими аҳли суннат ва шогирди Ибни Таймия, имомати Алӣ (а) дар Ғадири Хумро ҷаълӣ донистааст;[39] бо он ки ба гуфтаи Аллома Аминӣ, ҳадиси Ғадир дар манобеи шиа ва суннӣ ба таври мутавотир нақл шудааст.[40] Ҳамчунин Ибни Ҷавзӣ (ваф. 597ҳ.қ.) олими аҳли суннат, дар китоби ал-Мавзуот, бархе аз аҳодиси фазоили Имом Алӣ (а)-ро ба унвони ҳадиси ҷаълӣ овардааст.[41]
- Маҳрумияти мардум аз Аҳли Байт; ривоёте ба имомон нисбат медоданд, ки мӯҷиби танаффур аз онон мешуд. Ғолибан ин ривоётро фирқаҳои шиъие монанди зайдия, фатаҳия ва ғолиён ҷаъл мекарданд.[42]
- Тадвини китобҳои риҷолӣ: ҷаъли ҳадис сабаб шуд, китобҳое дар хусуси ровиён, ақсоми ҳадис ва аҳодиси сохтагӣ навишта шавад.[43] Ва яке аз далелҳои ниёз ба илми риҷолро шинохти возеъони ҳадис ва ривоёти онон шуморидаанд.[44]
Ҷаълкунандагони ҳадис
Аллома Аминӣ дар ал-Ғадир ҳудуди 700 тан аз ҷаълкунандагонро ба ҳамроҳи бархе аз аҳодиси сохтагиашон муаррифӣ кардааст. Ба бархе аз онҳо беш аз 100 ҳазор ҳадис нисбат додаанд.[45] Ин бахш аз ал-Ғадир бо унвони «ал-Ваззоъун ва аҳодисуҳум-ул-мавзуъа» ба сурати мустақил чоп шудааст.[46]
Бархе аз касоне ки ҳадис ҷаъл мекарданд ба ин шарҳ ҳастанд:
- Абуҳурайра: дар кутуби ҳадисӣ беш аз 5374 ҳадис аз тариқи Абуҳурайра нақл шудааст;[47] ҳоло он ки ӯ танҳо ҳудуди се сол бо Пайғамбар буд. Аз ин рӯй, бархе аз саҳоба ҳамчун Алӣ (а), Умар, Усмон ва ба вижа Оиша ба зиёд будани ривоёташ аз Пайғамбар эътироз доштанд. Оиша мегуфт, ӯ ривоёте аз Пайғамбар нақл мекунад, ки ман нашунидаам.[48]
- Каъбулаҳбор: ба гуфтаи Сайид Муртазо Аскарӣ, бештари ахбори яҳуд, мадҳ ва санои аҳли китоб ва тамҷиди бисёр аз Байт-ул-муқаддас тавассути вай вориди манобеи исломӣ шудааст.[49]
- Нӯҳ ибни Абимарями Марвазӣ: ӯ ҳам дар бораи фазоили сураҳо аҳодисе ҷаъл карда ва рӯйгардонии мардум аз Қуръон ва тавваҷуҳ ба фиқҳи Абуҳанифа ва Мағозии Ибни Исҳоқро аз далоили ин кор зикр кардааст.[50]
- Ибни Абилъавҷо: гуфтаанд ӯ чаҳор ҳазор ҳадис ҷаъл кардааст.[51]
Ҳамчунин дар мавзуи фазилати сураҳо, ривоёте ба Убай ибни Каъб нисбат дода шудааст, ки ба гуфтаи бархе муҳаққиқон ин ривоёт ҷаълист.[52] Мутобиқи нақли Ибни Ҷавзӣ - муаллифи китоби "ал-Мавзуот", бархе аз сӯфиҳо барои он ки мусулмононро ба тиловати Қуръон ташвиқ кунанд, ин ривоятҳоро ҷаъл кардаанд.[53]
Китобшиносӣ
Дар бораи ҷаъли ҳадис китобҳое навишта шудааст, ки бештарашон ба ҷамъоварии аҳодиси ҷаълӣ ва муаррифии ҷаълкунандагон ихтисос дорад. Китоби ал-Мавзуъоти Ибни Ҷавзӣ (ваф. 597ҳ.қ.), ал-Оли-л-маснуъа фи-л-аҳодис-ил-мавзуъа, навиштаи Ҷалолиддини Суютӣ (ваф. 911ҳ.қ.), ал-Ахбор-уд-дахилаи Шайх Муҳаммадтақии Шуштарӣ (ваф. 1374ҳ.ш.), ал-Мавзуъот фи-л-осори ва-л-ахбори Сайид Ҳошим Маъруф ал-Ҳасанӣ ва Яксаду панҷоҳ саҳобаи сохтагии Сайид Муртазо Аскарӣ (1293 - 1386ҳ.ш.) аз ҷумлаи ин осор аст.
Ҳамчунин осоре ҳам падидаи ҷаъли ҳадисро баррасӣ кардаанд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Ал-Вазъ фи-л-ҳадис, навиштаи Умар ибни Ҳасан Фалота ба забони арабӣ аст, ки дар соли 1401 қамарӣ, баробар бо 1360 шамсӣ тавассути Мактабатул-Ғаззолӣ дар Димишқ чоп шудааст.[54]
- Дарсномаи вазъи ҳадис, ба забони форсӣ, асари Носир Рафиъии Муҳаммадӣ аст. Дар ин китоб, мафҳуми вазъи ҳадис (ҷаъли ҳадис) ва таърихчаи он ва низ асбобу ангезаҳо, шеваҳо ва паёмадҳои ҷаъли ҳадис баён шудааст.[55] Дар поёни он ҳам китобҳои ба ин мавзуъ дахлдошта муаррифӣ шудааст.[56]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Риҷол, 1402ҳ.қ., саҳ.255.
- ↑ Барои намуна ниг.: Момқонӣ, Миқбос-ул-ҳидоят, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.292; Шаҳиди Сонӣ, Шарҳи ал-Бидоя фи илм-ил-дироя, бето, ҷ.1, саҳ.155.
- ↑ Момқонӣ, Миқбос-ул-ҳидоят, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.292; Шаҳиди Сонӣ, Шарҳи ал-Бидоя фи илм-ил-дироя, бето, ҷ.1, саҳ.155
- ↑ Момқонӣ, Миқбос-ул-ҳидоят, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.293.
- ↑ Мудиршоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., саҳ.131 - 132.
- ↑ Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.162 - 166.
- ↑ Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.163.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.82.
- ↑ Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.165; Шуштарӣ, ал-Ахбор-уд-дахила, 1415ҳ.қ., саҳ.229.
- ↑ Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, Дорул-кутубил-илмия, ҷ.1, саҳ.275.
- ↑ Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.166; Шуштарӣ, ал-Ахбор-уд-дахила, 1415ҳ.қ., саҳ.230 - 231.
- ↑ Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.167 - 172.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.33.
- ↑ Аҳмад Амин, Фаҷр-ул-Ислом, 2012ҳ.қ., саҳ.231.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.44 - 45.
- ↑ Садуқ, ал-Эътиқодот-ул-имомия, 1414ҳ.қ., саҳ.118.
- ↑ Маъруф Ҳасанӣ, ал-Мавзуъот фи-л-осори ва-л-ахбор, 1407ҳ.қ., саҳ.90 - 91.
- ↑ Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.60.
- ↑ Ниг.: Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.45.
- ↑ Ниг.: Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.49.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Аллома Ҳиллӣ, Риҷол, 1402ҳ.қ., саҳ.214.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Наҷҷошӣ, Риҷол, 1365ҳ.ш., саҳ.338; Аллома Ҳиллӣ, Риҷол, 1402ҳ.қ., саҳ.255.
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Риҷол, 140ҳ.қ., саҳ.214.
- ↑ Покатчӣ, «Ҳадис», саҳ.260.
- ↑ Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.55 - 56.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.63.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.45.
- ↑ Маъруф Ҳасанӣ, ал-Мавзуъот фи-л-осори ва-л-ахбор, 1407ҳ.қ., саҳ.138 - 141.
- ↑ Маъруф Ҳасанӣ, ал-Мавзуъот фи-л-осори ва-л-ахбор, 1407ҳ.қ., саҳ.141.
- ↑ Маъруф Ҳасанӣ, ал-Мавзуъот фи-л-осори ва-л-ахбор, 1407ҳ.қ., саҳ.90 - 91.
- ↑ Маърифат, Тафсир ва муфассирон, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.28.
- ↑ Ҳошимии Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1400ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.36.
- ↑ Ниг.: Ибни Ҳаҷар, Лисон-ул-мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.13.
- ↑ Ҳошимии Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1400ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.36.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Риъоят, 1367ҳ.қ., саҳ.157.
- ↑ Ҳошимии Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1400ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.37.
- ↑ Аҳмад Амин, Фаҷр-ул-Ислом, 2012ҳ.қ., саҳ.233.
- ↑ Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.270.
- ↑ Ибни Қайим, ал-Минор-ул-муниф, 1390ҳ.қ., саҳ.57.
- ↑ Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзуъот, ҷ.1, саҳ.338 ба баъд.
- ↑ Маъруф Ҳасанӣ, ал-Мавзуъот фи-л-осори ва-л-ахбор, 1407ҳ.қ., саҳ.148 - 151.
- ↑ Ниг.: Покатчӣ, «Ҳадис», саҳ.260.
- ↑ Субҳонӣ, Куллиёт фи илм-ир-риҷол, муассисаи алнашрул-исломӣ, саҳ.25 - 26.
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1387ҳ.ш., саҳ.305.
- ↑ «Ал-Ваззоъун ва аҳодисуҳум-ул-мавзуъа».
- ↑ Ибни Ҳазм, Ҷавомеъ-ус-сират ва хумса расоила ухро, 1900м., саҳ.275.
- ↑ Ибни Қутайба, Таъвилу мухталиф-ил-ҳадис, 1406ҳ.қ., саҳ.41.
- ↑ Аскарӣ, Нақши аимма дар эҳёи дин, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.484.
- ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.78 - 79.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1398ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.96.
- ↑ Ибни Салоҳ, Маърифату анвоъи улум-ил-ҳадис, 1406ҳ.қ., саҳ.100
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзуот, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241
- ↑ «Ал-Вазъу фи-л-ҳадис»
- ↑ Нигоҳ кунед ба Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.7 - 11.
- ↑ Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.281 - 294.
Сарчашма
- “Ал-Ваззоъун ва аҳодисуҳум-ул-мавзуъа мин китоб-ил-Ғадир ли-ш-Шайх ал-Аминӣ таълиф ас-сайид Ромӣ Юзбакӣ”, китобхонаи мадрасаи фақоҳат, мушоҳида: 16 озари 1398.
- “Ал-Вазъу фи-л-ҳадис”, китобхонаи донишгоҳи Имом Содиқ, мушоҳида: 13 озари 1398ҳ.ш.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Риҷол-ул-аллома ал-Ҳиллӣ, тасҳеҳи Муҳаммадсодиқ Баҳрулъулум, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, 1402ҳ.қ.
- Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир, Қум, маркази ал-Ғадир, 1416ҳ.қ.
- Аскарӣ, Сайидмуртазо, Нақши аимма дар эҳёи дин, Теҳрон, маркази фарҳангии интишоротии мунир, 1382ҳ.ш.
- Аҳмад Амин, Фаҷр-ул-Ислом ябҳасу ан-ил-ҳаёт-ил-ақлия фи садр-ил-Ислом ила охири-д-давлат-ил-умавия, Қоҳира, муассисаи Ҳиндовӣ лил-таълими вал-сақофа, 2012ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Абдулъазиз ал-Даврӣ, Бейрут, ҷамъиятул-мусташриқинал-олмония, 1398ҳ.қ./1978м.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммадзаҳир ибни Носир ал-Носир, Дору тавқин-наҷот, 1422ҳ.қ.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, Мактабат оятуллоҳил Маръашӣ ал-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Ибни Қайим Ҷавзия, Муҳаммад ибни Абибакр, ал-Минор-ул-муниф фи-с-саҳиҳи ва-л-заъиф, таҳқиқи Абдулфаттоҳ Абуғудда, Мактабатул-матбуъотил-исломия, 1390ҳ.қ./1970м.
- Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, Таъвилу мухталаф-ил-ҳадис, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1406ҳ.қ./1985м.
- Ибни Салоҳ, Усмон ибни Абдурраҳмон, Маърифату анвоъи улум-ил-ҳадис, Бейрут, Дор-ул-афкор-ил-муосир, 1406ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1410ҳ.қ./1990м.
- Ибни Ҳазм, Алӣ ибни Аҳмад, Ҷавомеъ-ус-сирати ва хамса расоил-ил-ухро ли Ибни Ҳазм, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Миср, Дорул-маориф, 1900м.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, таҳқиқи Доиратулмаорифи Ҳинд, Бейрут, муассисаи ал-Аъламӣ лил-матбуъот, 1390ҳ.қ./1971м.
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мавзуъот, таҳқиқи Абдураҳмон Муҳаммад ибни Усмон, Мадина, Муҳаммад Абдулмуҳсин соҳибул-мактабатил-салафияти бил-Мадинатил-Мунаввара, 1386ҳ.қ./1966м.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носир Хисрав, 1364ҳ.қ.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Тафсир ва муфассирон, Қум, муассисаи фарҳангии ал-Тамҳид, 1379ҳ.ш.
- Маъруф ал-Ҳасанӣ, Ҳошим, ал-Мавзуъот фи-л-осори ва-л-ахбор, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1987м./1407ҳ.қ.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Қум, Дорул-сақалайн, 1378ҳ.ш.
- Момқонӣ, Абдуллоҳ, Миқбос-ул-ҳидоят фи илм-ил-дироя, Қум, Далели мо, 1385ҳ.ш.
- Мудиршоначӣ, Козим, Илм-ул-ҳадис, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1381ҳ.ш.
- Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, таҳқиқи Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, 1365ҳ.ш.
- Покатчӣ, Аҳмад, «Ҳадис» дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.20, Теҳрон, 1391ҳ.ш.
- Рафиъии Муҳаммадӣ, Носир, Дарсномаи вазъи ҳадис, Қум, маркази ҷаҳонии улуми исломӣ, 1384ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Эътиқодот-ул-имомия, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1414ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Куллиёт фи илм-ир-риҷол, Қум, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, бе то.
- Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таъриху Бағдод ва мадинат-ус-салом, таҳқиқи Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, бе то.
- Ҳошимии Хуӣ, Мирзоҳабибуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароъат фи шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Теҳрон, мактабатил-исломия, 1400ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Шарҳи ал-Бидоя фи илм-ил-дироя, бено, бе то.
- Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, ал-Ахбор-уд-дахила, таълиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, мактабатул-Садуқ, 1415ҳ.қ.