Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҳадиси Ҳалолу Муҳаммад ҳалолун ило явм-ил-қиёма

Аз wikishia
Ҳадиси Ҳалолу Муҳаммад ҳалолун ило явм-ил-қиёма
МавзуъХотамияти Пайғамбар (с) ва ҷовидонагии аҳкоми Ислом
Содиршуда азПайғамбар (с) , Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а)
Ровии аслӣЗурора ибни Аъян ва Самоа ибни Меҳрон
Эътибори санадсаҳеҳу-с-санад будани бархе аз нақлҳо
Сарчашмаи шиаМаҳосин , Басоир-уд-дараҷот ва Кофӣ
Сарчашмаи суннӣМуснади Доримӣ ва ғайра
Ҳадисҳои машҳур
Ҳадиси Силсилат-уз-заҳаб ● Ҳадиси Сақалайн ● Ҳадиси Кисо ● Мақбулаи Умар ибни Ҳанзала ● Ҳадиси Қурби навофил ● Ҳадиси Меъроҷ ● Ҳадиси Вилоят ● Ҳадиси Висоят ● Ҳадиси Ҷунуди ақлу ҷаҳл ● Ҳадиси Шаҷара


Ҳадиси ҳалолу Муҳаммадин ҳалолун ило явм-ил-қиёма (арабӣ: حدیثِ حَلاَلُ مُحَمَّدٍ حَلاَلٌ إِلَی یَوْمِ اَلْقِیَامَةِ) ба маҷмуае аз ривоёт ишора дорад, ки хотамияти Пайғамбар (с) ва ҷовидонии дини Исломро таъйид мекунад. Бар асоси ин ривоятҳо, пас аз Пайғамбари Акрам (с) пайғамбар ё китоби наве нахоҳад омад.

Фақиҳони шиа бо такя бар ин ривоёт муътақиданд, ки дини Ислом насх нахоҳад шуд ва дастуроти он то замоне ки мавзуоти онҳо тағйир накунад, собит ва пойдор боқӣ мемонанд. Ҳамчунин дар масоили фиқҳӣ, аз ҷумла мавзуи тақлид аз майит, барои исботи бардавом будани аҳкоми исломӣ ба онҳо истинод мекунанд.

Ин ҳадис дар сарчашмаҳои ҳадисии шиа аз қарни севуми ҳиҷрӣ ба баъд, монанди Ал-Кофӣ ва Ал-Маҳосин, бо иборатҳои мухталиф нақл шуда ва бархе аз онҳо саҳеҳ дониста шудааст.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Ҳадиси Ҳалолу Муҳаммадин ҳалолун ило явм-ил-қиёма ба ривоёте ишора дорад, ки хотамияти Пайғамбар (с) ва ҷовидонии аҳкоми Исломро таъйид мекунанд[1] ва баён мекунанд, ки пас аз Пайғамбар (с), на пайғамбаре мабъус мешавад ва на китобе нозил мегардад.[2] Фақиҳони шиа аз ҷумла Шайхи Ансорӣ[3] ва Мирзои Ноинӣ[4] ин ривоётро нишондиҳандаи насхнашавандагии дини Ислом медонанд. Сайид Абулқосими Хӯӣ[5] ва Маръашии Наҷафӣ низ онҳоро нишонаи ҷовидонии шариат ва пойдор будани дастуроти Ислом то замоне медонанд, ки мавзуи онҳо тағйир накунад.[6] Алломa Ҳиллӣ, ҷовидонии шариати Исломро аз заруриёти дин мешуморад.[7]

Ба гуфтаи Алӣ Садроии Хӯӣ, нусхашиноси шиа, Муҳаммадбоқир Баҳории Ҳамадонӣ, рисолае дар шарҳи ин ривоят нигоштааст.[8]

Эътибори ҳадис ва сарчашмаҳои он

Ҷаъфари Кошифулғито дар китоби Кашф-ул-ғитоъ ин аҳодисро мутавотири маънавӣ медонад.[9] Муҳаммадтақии Маҷлисӣ дар китоби Равзат-ул-муттақин[10] ва Алломa Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор ва Миръот-ул-уқул пас аз нақли ин ривоёт, бархе аз онҳоро саҳеҳ донистаанд.[11]

Ин аҳодис дар сарчашмаҳои гуногуни шиии қарни севуми ҳиҷрии қамарӣ ба баъд, монанди Маҳосин,[12] Басоир-уд-дараҷот,[13] Тафсири Фуроти Кӯфӣ,[14] Ал-Кофӣ,[15] Рисолаи муҳкам ва муташобиҳ,[16] тавассути ровиёне ҳамчун Зурора ва Самоа ибни Меҳрон аз Пайғамбар (с), Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) нақл шудаанд. Ҳамчунин Шайх Ҳурри Омилӣ дар Васоил-уш-шиа[17] ва ал-Фусул-ул-муҳимма[18] ин аҳодисро овардааст.

Ин ривоёт дар Муснади Доримӣ ва дигар сарчашмаҳои ҳадисии аҳли суннат низ бо таъбирҳои гуногун зикр шудааст.[19]

Корбурдҳои фиқҳӣ

Бисёре аз фақиҳони шиаи қарни даҳум то қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ ҳамчун Муқаддаси Ардабилӣ (ваф.993ҳ.қ.),[20] Абдуллоҳ Фозили Тунӣ,[21] Юсуф ибни Аҳмади Баҳронӣ,[22] Ҷаъфари Кошифулғито,[23] Мирзои Қумӣ,[24] Сайид Абулҳасан Исфаҳонӣ,[25] Сайид Абулқосими Хӯӣ,[26] ва Маръашии Наҷафӣ (ваф.1411ҳ.қ.) дар мавзуоти мухталифи фиқҳӣ монанди воҷиб будани намози ҷумъа,[27] раво будан ё набудани тақлид аз майит,[28] қаъти дасти дузд,[29] ва қисос[30] ба ин ривоёт барои истимрори ҳукми онҳо истинод кардаанд.

Матни ҳадис ва тарҷумаи тоҷикии ҳадис

Эзоҳ

  1. ↑ Астарободӣ, ал-Фавоид-ул-мадания, 1426ҳ.қ., саҳ.249; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.340-342.
  2. ↑ Барқӣ, ал-Маҳосин, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, ҷ.1, саҳ.269; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.148; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.17; Сайид Муртазо, Рисолат-ул-муҳкам ва-л-муташобиҳ, 1386ҳ.ш., саҳ.55.
  3. ↑ Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1437ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.537.
  4. ↑ Ноинӣ, Аҷвад-ут-тақрирот, 1368ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.515.
  5. ↑ Хӯӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.3 саҳ.450.
  6. ↑ Маръашии Наҷафӣ, ас-Сирқа ало завъ-ил-Қуръон ва-с-сунна, 1424ҳ.қ., саҳ.315.
  7. ↑ Алломa Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-вусул ило илм-ил-усул, 1425ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.79.
  8. ↑ Садроии Хӯӣ, Феҳристгони нусхаҳои хаттии ҳадис, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.378.
  9. ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.190.
  10. ↑ Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.196
  11. ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.354; ҷ.47, саҳ.35 ва ҷ.9, саҳ.3; Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.201.
  12. ↑ Барқӣ, ал-Маҳосин, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, ҷ.1, саҳ.269.
  13. ↑ Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.148.
  14. ↑ Кӯфӣ, Тафсири Фурот-ил-Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.93.
  15. ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.17.
  16. ↑ Сайид Муртазо, Рисолат-ул-муҳкам ва-л-муташобиҳ, 1386ҳ.ш., саҳ.55.
  17. ↑ Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.169.
  18. ↑ ал-Фусул-ул-муҳимма, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.427 ва 644.
  19. ↑ Доримӣ, Муснад-уд-Доримӣ, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402; Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Таъвили мухталиф-ил-ҳадис, 1419ҳ.қ., саҳ.271; Байҳақӣ, ал-Мадхал ила-с-сунан-ил-кубро, Дор-ул-хулафо ли-л-китоб-ил-исломӣ, саҳ.107.
  20. ↑ Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.8.
  21. ↑ Фозили Тунӣ, ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид, 1415ҳ.қ., саҳ.263.
  22. ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.403 ва 424.
  23. ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.190.
  24. ↑ Мирзои Қумӣ, Маноҳиҷ-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., саҳ.21.
  25. ↑ Исфаҳонӣ, Салот-ул-мусофир, 1415ҳ.қ., саҳ.98-99.
  26. ↑ Хӯӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.3 саҳ.450.
  27. ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.424; Мирзои Қумӣ, Маноҳиҷ-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., саҳ.21.
  28. ↑ Баҳронӣ, Шарҳ-ур-рисолат-ис-салотия, 1403ҳ.қ., саҳ.2; Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.227.
  29. ↑ Маръашии Наҷафӣ, ас-Сирқа ало завъ-ил-Қуръон ва-с-сунна, 1424ҳ.қ., саҳ.315.
  30. ↑ Маръашии Наҷафӣ, ал-Қисос ало завъ-ил-Қуръон ва-с-сунна, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30.

Сарчашма

  • Алломa Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Ниҳоят-ул-вусул ило илм-ил-усул, таҳқиқи Иброҳим Баҳодурӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1425ҳ.қ.
  • Ансорӣ, Муртазо, Фароид-ул-усул, таҳқиқи Муассисаи зави-л-қурбо ли-н-нашр, Қум, зави-л-қурбо, 1437ҳ.қ.
  • Астарободӣ, Муҳаммад Амин, ал-Фавоид-ул-мадания, таҳқиқи Раҳматуллоҳ Раҳматии Арокӣ, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи дувум, 1426ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ал-Мадхал ила-с-сунан-ил-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Зиёурраҳмони Аъзамӣ, Кувайт, Дор-ул-хулафо ли-л-китоб-ил-исломӣ, бетаърих.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Маҳосин, тасҳеҳи Ҷалолуддин Муҳаддиси Урмавӣ, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, бетаърих.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, таҳқиқи Муҳаммадтақии Иравонӣ ва Сайид Абдуррозоқ Муқаррам, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, Шарҳ-ур-рисолат-ис-салотия, тасҳеҳи Одил ибни Аҳмади Баҳронӣ, Бушеҳр, Муҳаммад ибни Шайх Абдулҳамид, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Доримӣ, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон, Муснад-уд-Доримӣ, Арабистон, Дор-ул-муғнӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, Таъвили мухталиф-ил-ҳадис, таҳқиқи Муҳаммад Муҳйиддин Ал-Асфар, ал-Мактаб-ул-исломӣ - Муассисат-ул-ишроқ, чопи дувум, 1419ҳ.қ.
  • Исмоилизода, Аббос, «بررسی سندی روایت حَلَالُ مُحَمَّدٍ حَلَالٌ أَبَداً إِلَی یَوْمِ الْقِیَامَةِ و...» («Баррасии санадии ривояти Ҳалолу Муҳаммадин ҳалолун абадан ило явм-ил-қиёмати ва...»), маҷаллаи Улуми Қуръон ва ҳадис, №109, поиз ва зимистони 1401.
  • Исфаҳонӣ, Сайид Абулҳасан, Салот-ул-мусофир, тақрири Сайидҳусайн Алавии Хонсорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Карокакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Канз-ул-фавоид, Қум, Дор-уз-захоир, 1369ҳ.ш.
  • Кошифулғито, Ҷаъфар, Кашф-ул-ғитоъ ан мубҳимот-иш-шариъат-ил-ғарро, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1363ҳ.ш.
  • Кӯфӣ, Фурот ибни Иброҳим, Тафсири Фурот-ил-Кӯфӣ, таҳқиқи Муҳаммад Козим, Теҳрон, Муассисат-ут-табъ ва-н-нашр фи вазорат-ил-иршод-ил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маръашии Наҷафӣ, Сайид Шаҳобуддин, ал-Қисос ало завъ-ил-Қуръон ва-с-сунна, тақрири Сайид Одили Алавӣ, Қум, Китобхона ва чопхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Маръашии Наҷафӣ, Сайид Шаҳобуддин, ас-Сирқа ало завъ-ил-Қуръон ва-с-сунна, тақрири Сайид Одили Алавӣ, Қум, Китобхона ва чопхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Оли-р-расул, таҳқиқи Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин фи шарҳи ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Ҳусайн Мусувии Кирмонӣ ва Алипаноҳи Иштиҳордӣ, Қум, Муассисаи фарҳангии исломии Кӯшонпур, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Мирзои Қумӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Маноҳиҷ-ул-аҳком фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон фи шарҳи Иршод-ил-азҳон, таҳқиқи Оқо Муҷтабои Ироқӣ, Алипаноҳи Иштиҳордӣ ва Оқо Ҳусайни Яздии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Ноинӣ, Муҳаммадҳусайн, Аҷвад-ут-тақрирот (тақрироти Оятуллоҳ Ноинӣ), тақрири Сайид Абулқосими Хӯӣ, Қум, Китобфурӯшии Мустафавӣ, 1368ҳ.ш.
  • Садроии Хӯӣ, Алӣ, Феҳристгони нусхаҳои хаттии ҳадис ва улуми ҳадиси шиа, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1382ҳ.ш.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Рисолат-ул-муҳкам ва-л-муташобиҳ, Машҳад, Остони қудси разавӣ, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Машҳади муқаддас, 1386ҳ.ш.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), Қум, Китобхонаи умумии Ҳазрати Оятуллоҳ-ил-узмо Маръашии Наҷафӣ, 1363ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳсин, Даҳ рисола, тасҳеҳи Расули Ҷаъфариён, Исфаҳон, Китобхонаи Амирулмуъминин (а), чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Фозили Тунӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид (ал-Вофия фи-л-усул), Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Сирот-ун-наҷот (ал-муҳашшо), таҳқиқи Мусо Муфидуддин Осии Омилӣ, Қум, Мактаби нашри мунтахаб, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Шайх Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Фусул-ул-муҳимма фи усул-ил-аимма (такмилат-ул-васоил), тасҳеҳи Муҳаммад ибни Муҳаммад Ҳусайни Қоинӣ, Қум, Муассисаи маорифи исломии Имом Ризо (а), чопи аввал, 1418ҳ.қ.

Пайванд ба берун