Оли Идрис

Аз wikishia
Шаҷараномаи давлати зайдии Идрисиён

Ҳукумати Идрисиён (форсӣ: حکومت ادریسیان) аввалин ҳукумати исломии Марокаш ки бархе онро нахустин ҳукумати шиъии ҷаҳон ҳам донистаанд. Ин ҳукумат дар охирҳои қарни дувуми қамарӣ, ба дасти яке аз наберагони Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ба номи Идрис ибни Абдуллоҳ таъсис шуд.

Ҳукумати Идрисиён бар Марокаш ва бахшҳое аз Алҷазоири кунунӣ сайтара дошт ва қариб ба ду қарн ба ҳаёти худ идома доду саранҷом дар соли 375ҳ.қ. бо қатли ҳокими Идрисӣ тавассути умавиёни Андалус аз байн рафт.

Ҷойгоҳи Идрисиёнро дар густариши Ислом, шукуфоии тамаддуни Мағриб, тавсеаи адолат ва эҷоди равнақи иқтисодии барҷаста донистаанд. Дар давраи Идрисиён, донишгоҳи Қаравийин бино шудааст; донишгоҳе ки аз он ба унвони нахустин муассисаи омӯзиши олии ҷаҳон ёд мешавад ки ҳамчунон фаъол аст.

Гуфта мешавад ба далели фароҳам набудани шароит, онҳо дар ростои таблиғи ташайюъ миёни мардуми Мағриб иқдоме анҷом надодаанд. Равиши ҳукмронии онҳо шӯроӣ буд ва бузургон дар тасмимоти давлатӣ дорои нақш буданд. Ба ҳамин ҷиҳат, сиёсати Идрисиёнро наздиктарин низом ба низоми сиёсати Ислом қаламдод кардаанд.

Шоистагии онҳо дар идораи умур ва расидани насабашон ба Пайғамбари Ислом (с) сабаби мақбулиятии умумӣ барои онҳо шуда буд. Онҳо барои ба даст овардани қудрат ё устувории он аз зур истифода накарданд.

Имрӯза, Идрисиён бо унвони ашроф шинохта мешаванд ва ҳамчунон назди мардуми Мағриб дороӣ эҳтиром ҳастанд. Ашрофи Ҷӯтӣ, Машишӣ, Аламӣ ва Вазонӣ аз ҷумла хонадонҳои Идрисии шинохташудаи имрӯза ҳастанд.

Аҳамияти ҳукумати Идрисиён

Ҳукумати Идрисиёнро нахустин ҳукуматии шиъии ҷаҳони Ислом, ва аввалин ҳукумати исломии Марокаш дониста[1] ва гуфтаанд нақши муҳимме дар густариши Ислом ба ин минтақа доштааст.[2] Ҳамчунин ин ҳукуматро аз таъсиргузортарин давлатҳои ғарби ҷаҳони Ислом шумурдаанд[3] ки тавониста асри дурахшонеро халқ кунад.[4]

Иқдомоти илмӣ-фарҳангӣ

Таъсири Идрисиён дар ҳавзаи фарҳанг ва тамаддун қавӣ ва муҳим арзёбӣ шуда ва гуфта шуда тамаддуни Мағрибӣ дар ин давра, шукуфоии азиме доштааст.[5] Масҷид ва донишгоҳи Қаравийин ки дар китоби рекордҳои Гиннесс ба унвони қадимитарин донишгоҳи ҷаҳон сабт шуда[6] дар асри Идрисӣ таъсис шудааст.[7] Шаҳри Фос ки ин масҷид ва донишгоҳ дар он қарор дорад низ дар ибтидои давлати Идрисӣ бино ва дар давраҳои баъд ба маркази илмӣ ва маҳалли рафтуомади олимон аз дигари шаҳрҳо табдил шуд.[8] Ҳамчунин гуфта мешавад ин давра шоҳиди шукуфои адабии чашмгире будааст.[9]

Иқдомоти иҷтимоӣ

Муваффақият дар заминаи адолату иқтисод дар сояи амал ба аҳкоми шаръ ва риояти баробарии миёни арабҳо ва барбарҳои Африқо аз вижагиҳои ин давлат шумурда шудааст.[10] Таассуб надоштани Идрис бар нажоди арабӣ сабаби дилгармӣ ва ҷазби барбарҳои муътариз ба инҳисорталабии арабҳо шуд[11] ва барқарории пайванди хонаводагии ӯ бо онҳо пояҳои ҳукумати Идрисиро тақвият кард.[12]

Ҷойгоҳи занон дар асри Идрисӣ низ аз нукоти мусбати ин силсила қаламдод шудааст.[13] Дар ин замина, аз нақши Кинза - ҳамсари Идриси аввал ва Ҳусно - ҳамсари Идриси дувум, дар идораи ҳукумат ёд шудааст.[14] Муассиси масҷид ва донишгоҳи Қаравийин низ зане ба номи Фотима ал-Феҳрӣ будааст.[15]

Вижагиҳои сиёсӣ

Ба гуфтаи нависандаи китоби Таъриху тамаддуни Мағриб, равиши ҳукуматдории Идрисиёнро наздиктарин навъи ҳукмронӣ ба имомати мадди назари Ислом будааст.[16] Бар асоси ин гузориш, онҳо бо қудрати низомии саркӯбгар ё макру ҳила, худро ба мардум таҳмил накарданд; балки иқболи мардум ба онҳо ба иллати шоистагӣ ва низ расидани насабашон ба Пайғамбари Ислом (с) буд. Дар сохтори сиёсии Идрисиён, қудрат дар инҳисори имом набуд; балки низоми сиёсӣ низоми шӯроӣ буд, ки дар он, давлатмардон ва шайхҳои қабилаҳо дар тасмимоти давлатӣ нақш доштанд ва ин амр сабаб мешуд ки мардум давлатро аз худ бидонанд. Ҳамин робитаи онҳо бо мардум сабаби заиф шудани гурӯҳҳои зиндиқа шуд.[17]

Таърихпажӯҳон навиштаанд Идрисиён ба мухолифони худ озодии амал медонанд. Аз боби намуна, ба гурӯҳе ки бо онон аз назари сиёсӣ ва мазҳабӣ мухолиф буданд паноҳ доданд[18] ва ҳатто аз миёни онҳо афродеро ба вазорат мансуб карданд.[19]

Онҳо на боҷу хироҷҳои сангин аз мардум дарёфт мекарданд, на кохҳои ончунонӣ доштанд ва на аҳли хўшгузаронӣ ва зиндагӣ дар нозу неъмат буданд ва танҳо касе аз онҳо ки дучори инҳироф гардид тавассути мардум барканор шуд.[20]

Ҳукумати Идрисӣ гарчи нерӯи рӯҳӣ ва маънавии қавӣ дошт ва дар миёни мардуми дорои эҳтиром буд, аз қудрати сиёсӣ ва низомии фавқулодае бархӯрдор набуд[21] ва аз заъфи идорӣ ранҷ мебурд. Ҳамин нуқоти заъф заминасози шикасти онҳо дар муқобили душманон шуд.[22]

Ихтилофи назар дар бораи мазҳаби Идрисиён

Дар хусуси мазҳаби Идрисиён, мустанадоти торихии каме вуҷуд дорад. Ба ҳамин иллат, муаррихон дар ин замина ихтилоф назар доранд.[23] Бархе Идрис ибни Абдуллоҳ, пояи гузори силсилаи Идрисиро шиамазҳаб[24] хонда ва ҳукумати Идрисиёнро давлатии шиъӣ қаламдод кардаанд.[25] Дар муқобил, бархе бар радди ин эҳтимол истидлол кардаанд.[26]

Ин эҳтимол низ матраҳ шуда, ки Идрисиён дар ибтидо шиа буда ва баъд аз густариши мазҳаби моликӣ дар Мағриб онҳо низ суннӣ шуда бошанд.[27] Албата гуфтанӣ аст бозмондагони Идрис дар асри ҳозир аз аҳли суннат ҳастанд. [ниёзманди манбаъ]

Он даста аз соҳибназарон, ки Идрисиёнро шиа шумурдаанд дар ин ки онҳо зайдӣ,[28] исмоъилӣ[29] ё шиаи дувоздаҳимомӣ[30] будаанд ихтилофи назар доранд. Ҳамчунин ташайюъи Оли Идрис ташайюъи камрангу заъифе дониста шуда ки беш аз он ки эътиқодӣ бошад, сиёсӣ будааст.[31]

Далели шиа будани Идрисиён

Бархе аз далелҳое, ки барои шиа будани Идрисиён ба онҳо истинод шуда ба ин шарҳ аст: хутбаҳои Идрис, ки гуфта мешавад шомили тасреҳ бар ҳаққи Аҳли Байт (а) барои хилофат ҳастанд; сиккаҳои бозмонда аз асри Идрисӣ ки бар онҳо номи Имом Алӣ (а) ва иборати «علیٌ خیرُ النّاس بعدَ النَّبی; Алӣ беҳтарини мардум баъд аз паёмбар аст» нақш баста; тасреҳоти ашхосе чун Ашъарӣ ва Ибни Халдун бар шиа будани Оли Идрис ва ҳамчунин изъони ҳокимони баъдиидрисӣ ба ташайюъ.[32]

Гуфта мешавад дар рӯзгори Идрисиён, Мағриб омодаи тарвиҷи ташайюъ набуд ва онҳо низ барои шиа кардани мардум талош накарданд. Агар ҳам иқдомоте сурат гирифт, осори онҳо дар давраҳои баъд аз байн рафт.[33] Дар иваз, онҳо ба муқобила бо хавориҷ ва густаронидани муҳаббати Аҳли Байт (а) ва низ таблиғи Ислом дар миён масеҳиён пардохтанд.[34]

Фарозу фурӯди ҳукумати Идрисиён

Нуқтаи оғозини ҳукумати Идрисиён муҳоҷирати Идрис ибни Абдуллоҳ ба Мағриб будааст. Ӯ ки аз наҷотёфтагони қиёми Фах буд[35] махфиёна ва ба унвони ғуломи шахсе ба номи Рошид ки дар воқеъ ғуломи худи ӯ буд,[36] ба ҳамроҳи корвони тиҷорӣ, аз Мадина ба Миср ва аз он ҷо ба Мағриб муҳоҷират кард.[37] Гуфта мешавад Рошид нақши муҳимме дар таъсис ва таҳкими давлати алавии идрисӣ доштааст.[38]

Бархе муътақиданд Идрис бидуни барномаи қаблӣ ва фақат ба манзури халосӣ аз таъқиби аббосиён тасмим ба сафар гирифт ва Мағрибро низ ба иллати ин ки ғуломаш барбар ва аҳли Африқо буд интихоб кард; аммо бархе дигар муътақиданд сафари Идрис бо тарҳи қаблӣ ва ба унвони ҳалқае аз як занҷира иттифоқ афтодааст.[39] Гуфта мешавад ҳузури бародарони Идрис дар Африқо ва ба таври хос дар Тилимсон, шароитро барои сафари ӯ фароҳам карда буд ва ҳатто гуфта шуда ин нахустин сафари Идрис ба Мағриб набудааст. Ҳамчунин унвон шуда ки ӯ дар ростои маъмуриятҳои таблиғии Ҳалвонӣ ва Суфёнӣ ки аз тарафи Имом Содиқ (а) ба Мағриб фиристода шуда буданд, ба он ҷо рафтааст.[40]

Идрис баъд аз сукунате тақрибан дусола дар шаҳри Танҷа ки бо муваффақият дар амри таблиғ ҳамроҳ нашуд,[41] ба шаҳри Вулайлӣ рафт ва дар он ҷо мавриди истиқболи Исҳоқ ибни Муҳаммад, раиси қабилаи Авраба қарор гирифт. Исҳоқ духтарашро ба ақди Идрис дароварад, ба нафъи ӯ аз қудрат канора гирифт ва мардумашро ба байъат бо Идрис даъват намуд. Баъд аз қабилаи Авраба, теъдоде дигар аз қабоил низ бо Идрис байъат карданд[42] ва бад-ин сурат дар соли 172ҳ.қ. бо байъати қабилаҳои барбар, ҳукумати Идрисӣ шакл гирифт.[43] Ин ҳукумат 375 сол бо фарозу фурудҳое идома ёфт ва дар ниҳоят, дар кашмакашу низоъ бо умавиёни Андалус ва Фотимиён аз по даромад.[44]

Адвори таърихии ҳукумати Идрисӣ

Таърихи ҳукумати Идрисиро ба ду давра тақсим мекунанд: давраи аввал асри қудрату ҳукумат ва давраи дувум замони парокандагӣ ва талошҳои бесамар барои бозёбии қудрат ва дар ниҳоят завол будааст.[45]

Яҳёи Чорум қудратмандтарин султони Идрисӣ, ки аз назари қудрату вусъати қаламрав саромади ҳамаи ҳокимони Идрисӣ буд, бо рӯи кор омадани Фотимиён ва ҳамлаи онҳо ба Фос мувоҷеҳ шуд. Ӯ дар ин набард шикаст хӯрд ва таҳти амри Фотимиён даромад. Қарор шуд ҳокими Фос боқӣ бимонад, вале хутба ба номи халифаи фотимӣ бихонад. Бақияи қаламрави Идрисиён низ ба Мӯсо ибни Абилъофия ҳокими мансуби Фотимиён вогузор шуд. Мӯсо ки ба Фос низ тамаъ дошт баъд аз муддате Яҳёро дар банд кард ва шиканҷа намуд ва сипас амволашро гирифт[46] ва ӯро ҳамроҳи хонаводааш табъид кард. Бад-ин шакл, ҳамаи қаламрави Идрисиёнро ба тасарруфи даровард.[47]

Муддате баъд, яке аз ашхоси хонадони Идрисӣ ба номи Ҳасан ибни Муҳаммади Ҳаҷҷом дар Фос қиём кард ва идораи он ва чанд шаҳри атрофро дар даст гирифт; вале ҳукуматаш давоме наёварду қариб ду соли баъд, Мӯсо бори дигар бар Фос мусаллат шуд ва ин бор хонадони Идрисиро ба қалъаи Ҳаҷаруннаср кӯчонд ва дар ҳаср қарор дод.[48]

Идрисиён пас аз чанд сол зиндагӣ дар Ҳаҷаруннаср, дар фурсате муносиб, фармондеҳи қалъаро куштанд ва бо хурӯҷ аз он, раёсати қабоили атрофро бар ӯҳда гирифтанд;[49] вале ин бор низ дар ташкили давлати мустақил ноком монданд ва маҷбур шуданд бо пазириши фармони халифаи умавии Андалус, дар қудрат бимонанд.[50]

Бо тағйири муъодилоти сиёсӣ, ҳукумати Идрисиён чанд бори дигари ҳам байни Умавиён ва Фотимиён даст ба даст шуду билохира дар соли 375ҳ.қ. бо кушта шудани ҳокими Идрисии вақт, тавассути Умавиёни Андалус аз байн рафт.

Гуфтанӣ аст қариб ба сӣ соли баъд, яке аз бозмондагони Оли Идрис ба номи Алӣ ибни Ҳаммуд муваффақ шуд ҳукумати Умавиёни Андалусро сарнагун ва давлати ҷадидеро бо номи ҳукумати Банӣ Ҳаммуд дар Андалус таъсис кунад.[51] Ҳамчунин дар нимаи аввали қарни 14ҳ.қ. як нафар аз Идрисиён давлатеро дар манотиқи маҳдуде аз Шибҳи ҷазираи Арабистон эҷод ва номи давлати Идрисиро бори дигар эҳё кард.[52]

Фармонравоёни Идрисӣ

Идрис ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно, аз наводагони Имом Ҳасани Муҷтабо (а) муассис ва аввалин ҳокими Идрисӣ аст. Ӯро шахсе некӯ, фозил, хушрафтор, одил, шуҷоъ, бахшанда ва шоир тавсиф кардаанд.[53]

Пас аз пайрезии давлати Идрисӣ ва футуҳоти аввалия, Ҳорунаррашид эҳсоси хатар кард ва шахсе ба номи Сулаймон ибни Ҷарир, маъруф ба Шаммох, ки гуфта мешавад аз мутакаллимони зайдӣ бударо ба манзури аз миён бардоштани Идрис назди ӯ фиристод.[54] Шаммох ба Идрис наздик шуд ва назди ӯ мақоми болое пайдо кард. Ӯ ки дар ҷаласот ба нақли фазоили Аҳли Байт (а) мепардохт ва бар имомати Идрис эҳтиҷоҷ мекард, як рӯз дар набуди Рошид, Идрисро заҳр дод ва фирор кард.[55]

Пас аз кушта шудани Идрис, тадбиру дирояти Рошид - ғуломи ӯ, ҳукумати навпои Идрисиро аз нобудӣ наҷот дод. Рошид бузургону риҷолро ҷамъ кард ва ба онҳо пешниҳод дод то замони вазъи ҳамли ҳамсари Идрис сабр кунанд ва агар фарзанди писар буд, бо ӯ байъат кунанд ва агар духтар буд, як нафарро аз миёни худ интихоб кунанд. Пас аз он ки мушаххас шуд фарзанди Идрис писар аст, ӯро ба номи падараш номгузорӣ карданд ва Рошид ӯҳдадори тарбияти ӯ шуд; ба ӯ фиқҳ, ҳадис ва ҷанговарӣ омӯхт ва дар ёздаҳсолагӣ барои ӯ байъат гирифт.[56] Идриси дувум дар ҳабдаҳсолагӣ, мустақиллан ҳукуматро дар даст гирифт.[57]

Дар маҷмӯъ, сездаҳ ҳоким ва имоми Идрисӣ ҳукумат карданд ки аз ин теъдод, нуҳ нафар марбут ба давраи нахуст ва чор нафар ҳокимони давра дувум буданд, ки ба Фотимиён ё Умавиён хароҷ медоданд:[58]

  • Идриси аввал
  • Идриси дувум
  • Муҳаммад ибни Идрис (ал-Мунтасир)
  • Алӣ ибни Муҳаммад ибни Идрис
  • Яҳё (аввал) ибни Муҳаммад
  • Яҳё (дувум) ибни Яҳё
  • Алӣ ибни Умар ибни Идрис
  • Яҳё (сеюм) ал-Миқдом
  • Яҳё (чорум)
  • Ҳасани ал-Ҳаҷҷом
  • Қосим ибни Муҳаммад
  • Абулъайш Аҳмад ибни Қосим
  • Ҳасан ибни Қосими Ганун

Муносибатҳои сиёсии Идрисиён

Хавориҷ яке аз давлатҳои ҳамсояи Идрисиён буданд, ки ба далоили ақидатӣ ва сиёсӣ, робитаи пуртанише бо онҳо доштанд. Идриси дувум бо хавориҷ ба шиддат бархӯрд кард ва фарзандаш низ бо онҳо робитаи тирае дошт.[59] Низоъ миёни хавориҷ ва Идрисиён то поёни давраи аввали ҳукумати Идрисӣ идома дошт ва як бор, дар давраи Алӣ ибни Умар ибни Идрис ба тасарруфи бахшҳое аз пойтахти Идрисиён сабаб шуд.[60]

Робитаи Оли Идрис бо ҳамсоягони умавии худ низ бар меҳвари душманӣ мечархид. Албата дар аҳди Абулъайш Аҳмад ибни Қосим, аз ҳокимони Идрисии давраи дувум, онҳо дар зумраи дӯстони Умавиён даромаданд.[61]

Ағлабиён дигар ҳамсояи ҳукумати Идрисӣ, гарчи гоҳе аз онҳо дар баробари Умавиён ҳимоят мекард, омили фишори дастгоҳи хилофати аббосӣ бар Идрисиён буд.[62] Фотимиён низ дар қиболи Идрисиён сиёсати дугонае доштанд ва дар ниҳоят қаламрави Оли Идрисро тасарруф ва онҳоро хароҷгузор худ карданд.[63]

Идрисиён дар авҷи қудрат

Нақл шуда ки давлати Идрисӣ ба дарбори Шорлмонӣ сафир фиристодааст.[64]

Қаламрави Идрисиён

Идрисиён бар Мағриби Ақсо ҳукумат мекарданд ки тақрибан шомили сарзаминҳое аз ду кишвари Марокаш ва Алҷазоири кунунӣ аст.[65]

Ҳукумати Идрисӣ дар давраи нахуст, ки дорои қудрату истиқлол буд тавонист қаламрави ҳукмронии худро дар шимол то Ваҳрон ва Тилимсон низ густариш диҳад;[66] ҳамчунонки дар ҷиҳати ҷануб низ то Суси Ақсо ва ҳатто манотиқи ҷанубитари он пеш рафтанд.[67] Наҳри Мавлавия низ ба унвони сарҳади шарқии ҳукумати онҳо муаррифӣ шудааст.[68]

Дар давраи аввали ҳукумати Идрисӣ, шаҳри Фос ки ба дастури Идриси Дувум бино шуда буд пойтахти Идрисиён буд.[69] Дар давраи дувум, султаи Идрисиён аз чанд шаҳр аз ҷумла Басра (шаҳре дар Мағриби Ақсо, миёни Танҷа ва Фос[70]), Асил ва Ҳаҷаруннаср фаротар нарафт.[71]

Шахсиятҳои Идрисӣ дар тӯли таърих

Идрисиён ки таҳти унвони ашроф шинохта мешаванд ҳамчунон назд мардуми Мағриб дорои эҳтиром ҳастанд.[72] Ашрофи Ҷутӣ, Машишӣ, Аламӣ ва Вазонӣ аз ҷумла хонадонҳои Идрисии шинохташудаи имрӯза ҳастанд.[73]

Дар тӯли таърих, дар миёни хонадони Идрисӣ, афроди таъсиргузор ва машҳуре вуҷуд доштаанд, ки дар ҳавзаҳои мухталифи илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ғайра дорои асар будаанд. Шарифи Идрисӣ, Абдуқодири Ҷазоирӣ, Муҳаммад ибни Алӣ ал-Алавӣ ва бародарон Ғиморӣ аз шахсиятҳои шинохташудаи Идрисӣ будаанд.

  • Шарифи Идрисӣ

Муҳаммад ибни Муҳаммади Идрисӣ маъруф ба Шарифи Идрисӣ ҷуғрофидони қарни 5 ва 6ҳ.қ. аз наводагони Ҳамудиёни Андалус ва аз он тариқ, аз насли Идрисиён аст.[74] НАСА минтақаеро дар сайёраи Плутон ба номи ӯ номгузорӣ кардааст.[75] Аз ӯ ҳамчунин ба унвони пизишк, дорушинос ва шоире тавонманд ёд шуда ва китоби ӯ ба номи Нузҳат-ул-муштоқи фи ихтироқ-ил-офоқ, асари муҳим дар ҷуғрофиё муаррифӣ шудааст.[76]

Ӯ модели кучаке аз сайёраи заминро ба шакли куравӣ ва аз ҷинси нуқра сохта буд, ки акнун дар дастрас нест; вале нақшаҳои тарсимшуда тавассути ӯ ҳамчунон мавҷудаст ва муҳаққиқи олмонӣ ба номи Кунрод Миллер, онҳоро дар соли 1997 чоп ва мунташир кард.[77]

  • Бародарон Ғиморӣ

Аҳмад, Абдулазиз ва Абдуллоҳ Ғиморӣ аз барҷастатарин муҳаддисони аҳли суннат дар қуруни ахир[78] ва аз мухолифони Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб,[79] аз насли Идрисиён будаанд.[80]

  • Муҳаммад ибни Алӣ ал-Алавӣ: аз фақеҳони моликии қарни 15ҳ.қ. ва аз мунтақидони ваҳҳобият.[81]
  • Муҳаммад ибни Алӣ Идрисӣ: ӯ яке аз афроди хонадони Идрисӣ буд, ки тавонист дар қарни 14ҳ.қ. давлатеро дар бахшҳое аз Ҷазират-ул-араб эҷод кунад ки ба давлати Идрисӣ маъруф аст.[82] Ин давлат аз соли 1327ҳ.қ. идораи Сибё, Таҳома, Асир ва Ҷозонро дар даст дошт ва дар соли 1351ҳ.қ. дар ҳамлаи Оли Сауд аз байн рафт.[83]

Нигорхона

Эзоҳ

  1. Заковат, «Тааммуле дар мавриди чигунагии шаклгирии ҳукумати Идрисиён», саҳ.97
  2. Заковат, «Тааммуле дар мавриди чигунагии шаклгирии ҳукумати Идрисиён», саҳ.97
  3. Олимзода ва Обонгоҳ, «Мазҳаби Идрисиён», саҳ.86
  4. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, ҷ.1, саҳ.392
  5. Соиҳӣ, ал-Ҳазорат-ул-исломияти фи-л-Мағриб, 1406ҳ.қ., саҳ.150
  6. «Қадимитарин муассисаи омӯзиши олӣ», сайти Гиннесс
  7. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, маркази таҳқиқу тавсеаи улуми инсонӣ, ҷ.1, саҳ.363
  8. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, Дор-ул-китоб, ҷ.1и саҳ.224
  9. Соиҳӣ, ал-Ҳазорат-ул-исломияти фи-л-Мағриб, 1406ҳ.қ., саҳ.153
  10. Саъдун, Таърих-ул-араб-ис-сиёсӣ фи-л-Мағриби мин-ал-фатҳ-ил-арабӣ ҳатто суқуту Ғарнота, ба нақл аз Донишкиё, «Гароиши мазҳабии Идрисиён», саҳ.19
  11. Маккӣ, Ташайюъ дар Андалус, 1376ҳ.ш., саҳ.17
  12. Олимзода ва Обонгоҳ, «Мазҳаби Идрисиён», саҳ.84
  13. Соиҳӣ, ал-Ҳазорат-ул-исломияти фи-л-Мағриб, 1406ҳ.қ., саҳ.161
  14. Соиҳӣ, ал-Ҳазорат-ул-исломияти фи-л-Мағриб, 1406ҳ.қ., саҳ.161
  15. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ. Ҷ.4, саҳ.20
  16. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, Самт, ҷ.1, саҳ.374 - 377
  17. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.377 - 380
  18. Кунун, ан-Нубуғ-ул-мағрибӣ фи-л-адаб-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.46
  19. Олимзода ва Обонгоҳ, «Мазҳаби Идрисиён», саҳ.86
  20. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.377 - 380
  21. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.377 - 380
  22. Милӣ Ҷазоирӣ, Таъриху ал-Ҷазоири фи-л-қадими ва-л-ҳадис, 1406ҳ.қ. Ҷ.2, саҳ.112
  23. Олимзода ва Обонгоҳ, «Мазҳаби Идрисиён», саҳ.73
  24. Забиб, Давлат-ут-ташайюъи фи билод-ил-Мағриб, 1413ҳ.қ. саҳ.100
  25. Соиҳӣ, ал-Ҳазорат-ул-исломияти фи-л-Мағриб, 1406ҳ.қ., саҳ.145
  26. Олимзода ва Обонгоҳ, «Мазҳаби Идрисиён», саҳ.73
  27. Соиҳӣ, ал-Ҳазорат-ул-исломияти фи-л-Мағриб, 1406ҳ.қ., саҳ.145
  28. Милӣ Ҷазоирӣ, Таъриху ал-Ҷазоири фи-л-қадими ва-л-ҳадис, 1406ҳ.қ. Ҷ.2, саҳ.97; Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.549
  29. Муқаддасӣ, Аҳсан-ут-тақосими фи маърифат-ил-ақолим, 1361ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.341
  30. Донишкиё, «Гароиши мазҳабии Идрисиён», №40, саҳ.87
  31. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.549
  32. Донишкиё, «Гароиши мазҳабии Идрисиён», саҳ.86 - 87
  33. Донишкиё, «Гароиши мазҳабии Идрисиён», саҳ.91
  34. Донишкиё, «Гароиши мазҳабии Идрисиён», саҳ.91
  35. Муқаддасӣ, Аҳсан-ут-тақосими фи маърифат-ил-ақолим, дори содир, саҳ.243
  36. Сенусӣ, ад-Дурар-ус-санийяти фи ахбор-ис-сулолат-ил-идрисия, 1349ҳ.қ. саҳ.44
  37. Заковат, «Тааммуле дар мавриди чигунагии шаклгирии ҳукумати Идрисиён», саҳ.97
  38. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.353
  39. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, ҷ.1, саҳ.346
  40. Забиб, Давлат-ут-ташайюъи фи билод-ил-Мағриб, 1413ҳ.қ., саҳ.8
  41. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, ҷ.1, саҳ.353
  42. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, Дор-ул-китоб, ҷ.1, саҳ.208 - 216
  43. Ибни Узорӣ, ал-Баён-ул-муғриби фи ахбор-ил-Андалуси ва-л-Мағриб, 1400ҳ.қ. ҷ.1, саҳ.83
  44. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, Дор-ул-китоб, ҷ.1, саҳ.261
  45. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.366
  46. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, Дор-ул-китоби ҷ.1, саҳ.239
  47. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.365 - 366
  48. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, Дор-ул-китоб, ҷ.1, саҳ.240 - 242
  49. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.366 - 367
  50. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.371
  51. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, Дор-ул-китоб, ҷ.1, саҳ.255 - 261
  52. «الادریسی، محمد بن علی الادریسی», сайти Мавзуъ.
  53. Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419ҳ.қ., саҳ.409; Ибни Узорӣ, ал-Баён-ул-муғриби фи ахбор-ил-Андалуси ва-л-Мағриб, Дор-ус-сақофа. ҷ.1, саҳ.84
  54. Сенусӣ, ад-Дурар-ус-санийяти фи ахбор-ис-сулолат-ил-идрисия, 1349ҳ.қ. саҳ.7
  55. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, Дор-ул-китоб, ҷ.1, саҳ.208 - 216
  56. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, Дор-ул-китоб, ҷ.1, саҳ.216 - 217
  57. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.356 - 358
  58. Заковат, «Тааммуле дар мавриди чигунагии шаклгирии ҳукумати Идрисиён», саҳ.97
  59. Заковат, «Тааммуле дар мавриди чигунагии шаклгирии ҳукумати Идрисиён», саҳ.100
  60. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, интишороти самт, 1384ҳ.ш. ҷ.1, саҳ.364 - 365
  61. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, интишороти самт, 1384, ҷ.1, саҳ.371 - 372
  62. Заковат, «Тааммуле дар мавриди чигунагии шаклгирии ҳукумати Идрисиён», саҳ.101
  63. Заковат, «Тааммуле дар мавриди чигунагии шаклгирии ҳукумати Идрисиён», саҳ.101
  64. Соиҳӣ, ал-Ҳазорат-ул-исломияти фи-л-Мағриб, 1406ҳ.қ., саҳ.161
  65. Заковат, «Тааммуле дар мавриди чигунагии шаклгирии ҳукумати Идрисиён», саҳ.97; Олимзода ва Обонгоҳ, «Мазҳаби Идрисиён», саҳ.75
  66. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, ҷ.1, саҳ.261
  67. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.361
  68. Мунис, Таъриху тамаддуни Мағриб, тарҷумаи Ҳамидризо Шайхӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.361
  69. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, ҷ.1, саҳ.261
  70. Донишномаи ҷаҳони Ислом, «Басра»
  71. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, ҷ.1, саҳ.261
  72. Заковат, «Тааммуле дар мавриди чигунагии шаклгирии ҳукумати Идрисиён», саҳ.97
  73. Саловӣ, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, Дор-ул-китоб, ҷ.1, саҳ.230 - 235
  74. «Biographie de Muhammad ibn Muhammad al-Idrisi», la biographie.
  75. The Mountainous Shoreline of Sputnik Planum, «Хатти соҳилии кӯҳистонии Спутники Плонум», сайти НАСА
  76. «Muḥammad al-Idrīsī», Донишномаи Британика
  77. «Muḥammad al-Idrīsī», Донишномаи Британика
  78. «عالمان منتقد وهابیت: «احمد بن محمد بن صدیق غماری»», Пойгоҳи тахассусии ваҳобиятпажӯҳӣ ва ҷараёнҳои такфирӣ
  79. «عالمان منتقد وهابیت: «احمد بن محمد بن صدیق غماری»», Пойгоҳи тахассусии ваҳобиятпажӯҳӣ ва ҷараёнҳои такфирӣ; «عبدالله بن صدیق غماری», Пойгоҳи тахассусии ваҳобиятпажӯҳӣ ва ҷараёнҳои такфирӣ
  80. Ибни ал-Ҳоҷ, Исъоф-ул-ихвон-ур-роғибина битароҷими суллатин мин уламо-ил-Мағриб-ил-муосирӣ, 1412ҳ.қ., саҳ.34
  81. Ҳасанӣ, ал-Уқуд-ул-луълуийяти фи баъзи ансоб-ил-усрат-ил-ҳусайнийят-ил-ҳошимия, 1415ҳ.қ. саҳ.333
  82. Ақилӣ, Таърих-ул-михлоф-ис-суламонӣ, 1402ҳ.қ. ҷ.2, саҳ.728
  83. «الادریسی، محمد بن علی الادریسی», сайти Мавзуъ

Сарчашма

  • «الادریسی، محمد بن علی الادریسی», сайти Мавзуъ, санаи дарҷи матлаб: апрели 2022м, санаи боздид: 2 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • «Қадимитарин муассисаи омӯзиши олӣ», сайти ГИННЕСС, санаи боздид: 28 дайи 1402ҳ.ш.
  • «عالمان منتقد وهابیت: «احمد بن محمد بن صدیق غماری»», Пойгоҳи тахассусии ваҳобиятпажӯҳӣ ва ҷараёнҳои такфирӣ, санаи дарҷи матлаб: 15 мурдоди 1402ҳ.ш., санаи боздид: 7 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • «عبدالله بن صدیق غماری», Пойгоҳи тахассусии ваҳобиятпажӯҳӣ ва ҷараёнҳои такфирӣ, санаи дарҷи матлаб: 13 баҳмани 1397ҳ.ш., санаи боздид: 7 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • Ақилӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-михлоф-ис-суламонӣ, Риёз, чопи дувум, 1402ҳ.қ.
  • Забиб, Наҷиб, Давлат-ут-ташайюъи фи билод-ил-Мағриб, Бейрут, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Заковат, Маҳмуд, «Тааммуле дар мавриди чигунагии шаклгирии ҳукумати Идрисиён», дар маҷаллаи порса, №18 - 19, урдибиҳишт ва обони 1391ҳ.ш.
  • Ибни ал-Ҳоҷ, Муҳаммад ибни ал-Фотимӣ, Исъоф-ул-ихвон-ур-роғибина битароҷими суллатин мин уламо-ил-Мағриб-ил-муосирӣ, бе ҷо, ал-Матбаат-ул-ҷадида, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Узорӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Баён-ул-муғриби фи ахбор-ил-Андалуси ва-л-Мағриб, Бейрут, Дор-ус-сақофа. ҷ.1, саҳ.84.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърих Ибни Халдун, таҳқиқи Зикор Суҳайл ва Халил Шаҳода, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1408ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Абулфараҷ, Мақотил-ут-толибин, таҳқиқи Аҳмад Сақр, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1419ҳ.қ.
  • Кунун, Абдуллоҳ, ан-Нубуғ-ул-мағрибӣ фи-л-адаб-ил-арабӣ, беҷо, бено, бе то.
  • Милӣ Ҷазоирӣ, Муборак ибни Муҳаммад, Таъриху ал-Ҷазоири фи-л-қадими ва-л-ҳадис, Алҷазоир, 1406ҳ.қ.
  • Муқаддасӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Аҳсан-ут-тақосими фи маърифат-ил-ақолим, Теҳрон, ширкати муаллифон ва мутарҷимони Эрон, чопи аввал, 1361ҳ.ш.
  • Мӯнис, Ҳусайн, Таъриху тамаддуни Мағриб, тарҷумаи Ҳамидризо Шайхӣ, Теҳрон, интишороти САМТ, 1384ҳ.ш.
  • Олимзода, Ҳодӣ ва Алӣ Обонгоҳ, «Мазҳаби Идрисиён», дар фаслномаи илмӣ - пажӯҳишии улуми инсонии донишгоҳи Аззаҳро (с), №55, соли понздаҳум, 1388ҳ.ш.
  • Саловӣ, Шаҳобуддин, ал-Истиқсо лиахбори дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, таҳқиқ: Ҷаъфар ан-Носирӣ ва Муҳаммад ан-Носирӣ, бе ҷо, Дор-ул-китоб, бе то.
  • Сенусӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ад-Дурар-ус-санийяти фи ахбор-ис-сулолат-ил-идрисия, Матбаат-уш-шабоб, 1349ҳ.қ.
  • Соиҳӣ, Ҳасан, ал-Ҳазорат-ул-исломияти фи-л-Мағриб,?илдори алсқоФиаҳи линнашр, 1406ҳ.қ.
  • Ҳасанӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Уқуд-ул-луълуийяти фи баъзи ансоб-ил-усрат-ил-ҳусайнийят-ил-ҳошимия, бе ҷо, бе но, чопи дувум, 1415ҳ.қ.