Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно

Аз wikishia
Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно
Номи комилАбдуллоҳ фарзанди Ҳасани Мусанно фарзанди Имом Ҳасан (а)
ЛақабАбдуллоҳи Маҳз
НасабСодоти Ҳасанӣ
Санаи вафотсоли 145ҳ.қ.
Шаҳри вафотҚӯфа ё Бағдод
Маҳалли дафн70-киллометрии Наҷаф
ХешовандонИмом Саҷҷод (а)Нафси ЗақияҚатили Бохамро
ФаолиятҳоБайъат гирифтан барои Нафси Закия


Абдуллоҳ ибни Ҳасан Мусанно (арабӣ: عبد الله بن الحسن المثنّى) машҳур ба Абдуллоҳи Маҳз (форсӣ: عبدالله محض) набераи писарии Имом Ҳасан (а) ва набераи духтарии Имом Ҳусайн (а) аст. Ӯ дар охирҳои ҳукумати умавӣ дар давраи Имом Содиқ (а), фарзандаш Муҳаммадро Маҳдӣ хонд ва барои ӯ байъат гирифт. Дар миёни фарзандони Абдуллоҳи Маҳз, Муҳаммад (Нафаси Закия) ва Иброҳим (Қатили Бохамро) бар зидди ҳукумати Аббосиён қиём карда ва кушта шуданд ва Идрис дар Мағриби арабӣ нахустин давлати шиъиро бунён гузошт, ки ба давлати Идрисён машҳур шуд.

Абдуллоҳи Маҳз, дар давраи ҳукумати Мансури Давониқӣ - дуюмин халифаи Аббосиён, ба далели эълом накардани макони пинҳоншудаи писараш Муҳаммад, машҳур ба Нафси Закия, се сол зиндонӣ шуд ва дар зиндон ба қатл расид. Оромгоҳ ӯ дар 70-километрии Наҷаф дар Ироқ, бо унвони Абдуллоҳи Абунаҷм шинохта мешавад.

Зиндагӣ

Абдуллоҳи Маҳз фарзанди Ҳасани Мусанно фарзанди Имом Ҳасан (а) ва Фотима духтари Имом Ҳусайн (а) аст.[1] Шӯҳрати вай ба Абдуллоҳи Маҳз ба ин далел аст ки насабаш ҳам аз тарафи падар ва ҳам аз тарафи модар ба Расули Худо (с) мерасад.[2] Аз ӯ нақл шудааст ки Расули Худо ду бор маро мутаваллид сохтааст.[3]


Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно, дар навҷавонӣ дар ҷаласоти дарси Имом Саҷҷод (а) ширкат мекардааст.[4] Аз ӯ нақл шуда ки: модарам Фотима духтари Имом Ҳусайн (а) ҳамвора маро ба ҳузур дар ҷаласот тағоям Алӣ ибни Ҳусайн суфориш мекард ва дар ҳар ҷаласа, бар илму тарси ман аз Худо афзуда мешуд.[5] Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Абдуллоҳи Маҳзро шайх Банӣ Ҳошим ва дорои фазлу илму карам дониста[6] ва аз эҳтироми ӯ назди Умар ибни Абдулазиз, ҳаштумин ҳокими умавӣ сухан гуфтааст.[7]

Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно, дар соли 145ҳ.қ. дар 75-солагӣ дар зиндони Ҳошимия дар Кӯфа[8] ва ба ривояте дигар дар Бағдод ба қатл расид.[9] Сибт ибни Ҷавзӣ рӯзи қатли ӯро иди қурбон дониста[10] ва чунонки Абулфараҷи Исфаҳонӣ навишта, Абдуллоҳ бо вайрон кардани сақфи хона бар сараш ба қатл расидааст.[11]

Оромгоҳ ӯ дар 9 киллометрии ғарби шаҳри Шинофия дар устони Девонияи Ироқ, воқеъ дар 70-киллометрии ҷануби Наҷаф, ба номи Абдуллоҳи Абунаҷм маъруф аст.[12] Дар шаҳри Қоҳира дар Миср низ мақоме ба номи Абдуллоҳи Маҳз вуҷуд дорад.[13]

Фарзандон

Ному саргузашт бисёре аз фарзандони Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно дар осори таърихӣ омадааст; аз ҷумла Муҳаммад, машҳур ба Нафси Закия, ки дар Мадина бар зидди Аббосиён қиём кард ва саранҷом ба ҳамроҳи бисёре аз тарафдоронаш кушта шуд.[14] Иброҳим, маъруф ба Қатили Бохамро пас аз бародари худ Нафси Закия дар Басра қиём кард.[15] Дар ин қиёми теъдоде аз фақеҳони баном ширкат доштанд ва касоне ҳамчун Абӯҳанифа аз он ҳимоят карданд,[16] Дар ниҳоят қиём ба натиҷа нарасид ва Иброҳим дар минтақаи Бохамро дар наздикии Кӯфа кушта шуд.[17]

Идрис, фарзанди дигари Абдуллоҳи Маҳз, дар воқеаи Фах ҳузур дошт ва сипас ба Мағриб арабӣ рафт ва давлати шиъии Идрисиёнро таъсис кард.[18] Сулаймон дигар фарзанди ӯ низ дар воқеаи Фах ба шаҳодат расид.[19] Яҳё[20] пас аз ширкат дар қиёми Фах ба Эрон фирор кард ва ба сурати махфиёна дар Дайлам иқомат гузид ва мардумро ба имомати худ даъват кард[21] ва тавонист ёроне гирди хеш ҷамъ кунад; аммо саранҷом шикаст хӯрд ва ба дастури Ҳорунаррашид ба зиндон афтод ва дар соли 176ҳ.қ. дар Бағдод аз дунё рафт.[22]

Байъат гирифтан барои Нафси Закия

Бинобар гузоришҳои таърихӣ, Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно ибтидо майле ба равиши Зайд ибни Алӣ дар қиём алайҳи Банӣ Умайя надошта ва пеш аз қиёми Зайд ибни Алӣ дар Кӯфа, ӯро аз фирефта шудан ба ваъдаҳои кӯфиён барҳазар доштааст.[23] Манобеъ ҳамчунин аз ихтилофи Абдуллоҳи Маҳз бо Зайд ибни Алӣ, дар бораи садақоти Амиралмуъминин сухан гуфтаанд.[24] Бо ин ҳол, Абдуллоҳ пас аз шаҳодати Зайд, ба андешаҳои ӯ тамоюл ёфт ва писарони хешро омодаи қиём кард.[25]

Абдуллоҳи Маҳз, дар охирҳои ҳукумати умавиён, ки иддае аз Банӣ Ҳошим дар Абво гирди ҳам омаданд, то бо яке аз миёни худ байъат кунанд, писараш Муҳаммадро ба унвони Маҳдӣ муаррифӣ кард ва ононро ба байъат бо ӯ фаро хонд.[26] Ин иқдоми Абдуллоҳ бо мухолифати Имом Содиқ мувоҷеҳ шуд ва Абдуллоҳро хашмгини сохт.[27] Имом Содиқ (а) ҳамчунин ба Абдуллоҳ гуфт, ки хилофат аз они Саффоҳу бародарон ва фарзандони ӯст, на аз он туву фарзандонат.[28] Бинобар он чи дар Мақотил-ут-толибийин зикр шуда, Имом Содиқ (а) ҳамчунин Абдуллоҳро аз кушта шудани ду писараш огоҳ кардааст.[29]

Расули Ҷаъфариён, маншаи ихтилоф миёни фарзандони Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а)-ро муаррифии Муҳаммад ба унвони Қоими Оли Муҳаммад тавассути Абдуллоҳи Маҳз донистааст.[30]

Зиндони Банӣ Аббос

Абдуллоҳи Маҳз, дар даврони хилофати Мансури Давониқӣ, дуюмин халифаи Аббосӣ, ба далели эълом накардани макони махфии Нафси Закия ба зиндон афтод ва се сол дар зиндон монад.[31] Вай дар соли 140ҳ.қ. дар мавсими ҳаҷ бо Мансури Давониқӣ дидор кард ва дар баробари дархости ӯ барои итилоъ ёфтан аз маҳалли пинҳон шудани Нафси Закия, муқовимат кард.[32]

Абулъаббоси Саффоҳ, нахустин халифаи Аббосӣ, гарчи ба дунболи Муҳаммад, писари Абдуллоҳи Маҳз буд, аммо бо вуҷуди муқовимати Абдуллоҳ дар баробари муаррифии маҳалли пинҳон шудани фарзандаш, бо ӯ ба тундӣ рафтор намекард.[33]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.198
  2. Саҷҷодӣ, «Иброҳим ибни Абдуллоҳ», ҷ.2, саҳ.446
  3. Валладани Расулуллоҳи марратайн (Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.168)
  4. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84; Қарашӣ, Ҳаёт-ул-имоми Зайнулъобидин, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.264
  5. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84; Қарашӣ, Ҳаёт-ул-имоми Зайнулъобидин, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.264
  6. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.167
  7. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.170
  8. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.171
  9. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.70, ба нақл аз Таърихи Бағдод, ҷ.9, саҳ.431 - 433 ва Таърих-ул-Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.360
  10. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.207
  11. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.202 - 203
  12. «محافظ النجف الاشرف يزور مرقد (عبد الله ابو نجم) (رض) ويتابع مع سدنته مشاريع الاعمار والتاهيل».
  13. موقع "أخبارك"
  14. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.590
  15. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.622
  16. Заҳабӣ, ал-Ибар, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.1, саҳ.155 - 156
  17. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору Содир, ҷ.2, саҳ.378
  18. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.406 - 408
  19. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.365
  20. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.388
  21. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.390 - 433
  22. Ибни Анба, Умдат-ут-толиб, 1383ҳ.ш., саҳ.136 - 137
  23. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.70, ба нақл аз Ибни Асир, ал-Комил, ҷ.5, саҳ.143
  24. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.199
  25. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.70
  26. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.185 - 186
  27. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.185 - 186
  28. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.185 - 186
  29. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.185 - 186
  30. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.371
  31. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.192 - 193; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.524
  32. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1408ҳ.қ., саҳ.192 - 193; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.524
  33. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.90

Сарчашма

  • «محافظ النجف الاشرف يزور مرقد (عبد الله ابو نجم) (رض) ويتابع مع سدنته مشاريع الاعمار والتاهيل», Сайти хабаргузории Баросо, санаи дарҷи матлаб: 4 октябри 2008м, санаи боздид: 2 озари 1397ҳ.ш.
  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибийин, шарҳу таҳқиқи Аҳмади сқр, Бейрут, Муассисат-ул-аълми ли-л-матбуъот, 1987м/1408ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ2), таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аълми ли-л-матбуъот, 1394ҳ.қ./1974м.
  • Заҳабӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ибари фи хабари ман ғабар, таҳқиқ: Абуҳоҷари Муҳаммадсаид, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бе то.
  • Ибни Анба, Аҳмад ибни Алӣ, Умдат-ут-толиби фи ансоби оли Абитолиб, Қум, Ансориён, 1383ҳ.ш./2004м.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазами фи Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулқодир Ато ва Мустафо Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни исо, Кашф-ул-ғуммаи фи маърифат-ил-аимма, Наҷаф, Мактабат-ул-ҳайдрия, 1427ҳ.қ.
  • Саҷҷодӣ, Содиқ, مدخل ابراهیم بن عبدالله дар Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, ҷ.2, саҳ.446.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ‏, Юсуф ибни Қазовуғлӣ, Тазкират-ул-хавос‏, Қум, Маншурот-уш-Шариф-ир-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Собирӣ, Ҳусайн, Таърихи фирақи исломӣ - Фирақи шиа ва фирқаҳои мансуб ба он, Теҳрон, самт, чопи панҷум, 1388ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни абии Яъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дору Содир, бе то.
  • Қарашӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-имоми Зайнулъобидин, Бейрут, Дор-ул-азво, 1988м/1408ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, интишороти Ансориён, чопи ёздаҳум, 1387ҳ.ш.