Сулҳи Имом Ҳасан (а)
Сулҳи Имом Ҳасан (а) (форсӣ: صلح امام حسن(ع)) созишномаи сулҳе миёни Имом Ҳасан (а) ва Муовия дар соли 41 ҳиҷрӣ буд, ки пас аз рӯйдоди ҷанг миёни онҳо сурат гирифт ва ба даст кашидани маҷбурии Имом Ҳасан (а) аз хилофат анҷомид. Иллати ин ҷанг, рад кардани байъат аз ҷониби Муовия бо Имом Ҳасан (а) ҳамчун халифаи мусалмонон буд. Таҳлилгарони таърихӣ аз ҷумла сабабҳои қабул кардани сулҳ аз сӯи Имом Ҳасанро чунин зикр кардаанд: сустии ёрон, хиёнати сарҳангон ва хатар аз сӯи хавориҷ. Ба гуфтаи муаррихони шиа, Имом Ҳусайн (а) ба пайравӣ аз Имом Ҳасан (а), мардумро ба сулҳ даъват кард ва аҳамияти онро болотар аз ҷанг медонист. Бар асоси манобеи таърихӣ, муҳтавои созишнома чунин буд: амал ба китоби Худо ва суннати Расули Худо (с), манъи таъйини ворис пас аз вафоти Муовия, тарки тавҳини Имом Алӣ (а) ва ҳифзи ҷони шиаён.
Пас аз сулҳ, гурӯҳе аз шиаён, аз ҷумла Сулаймон ибни Сурад ва Ҳуҷр ибни Адӣ, нороҳатӣ ва норизогии худро изҳор карданд ва бархе Имом (а)-ро «музил-ул-муъминин» (хоркунандаи муъминон) номиданд. Бар асоси гузориши манобеи таърихӣ, Муовия ба ҳеч як аз шартҳои созишнома амал накард ва бисёре аз шиаёнро ба қатл расонд. Ӯ ҳамчунин писараш Язидро ба валиаҳдии худ гумошт ва аз тавҳини Имом Алӣ (а) даст набардошт. Аҳли суннат бо истинод ба ривояте аз пешгӯии Паёмбар (с) дар бораи иттиҳоди мусалмонон ба дасти Имом Ҳасан (а), ӯро шахсе сулҳҷӯ медонанд ва ба хотири қабули сулҳ ва хотима додан ба ҷанги дохилӣ, ӯро ситоиш кардаанд.
Аҳамият ва ҷойгоҳ
Сулҳи Имом Ҳасан (а) бо Муовия яке аз рӯйдодҳои муҳим ва ҳассостарин дар зиндагии Имом Ҳасан (а) маҳсуб мешавад. Ин сулҳ боиси даст кашидани маҷбурии ӯ аз хилофати исломӣ шуд ва баҳсҳо ва интиқодҳои зиёдеро ба бор овард.[1] Ба гуфтаи Сайид Алӣ Хоманаӣ, муаллифи китоби "Инсони 250-сола", сулҳи Имом Ҳасан (а) дар ҷаҳони имрӯз ҳамчун манбае барои музокироти сиёсӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад.[2] Ба гуфтаи муаррихон, шартҳои созишнома ҳар гуна имтиёздиҳиро аз Муовия рафъ карда ва ӯро ҳамчун халифаи мусалмонон ба расмият нашинохт;[3] аммо ин сулҳи таҳмилшуда бар Имом (а)[4] сабаб гардид, ки хилофат аз хонадони Паёмбар (с) ба Банӣ Умайя интиқол ёбад.[5] Аҳли суннат бо истинод ба ривояте аз пешгӯии Паёмбар (с) дар бораи иттиҳоди мусалмонон ба дасти Имом Ҳасан (а), ӯро шахси сулҳҷӯ дониста ва ба хотири қабули сулҳ бо Муовия ва анҷоми ҷанги дохилии мусалмонон ситоиш кардаанд.[6] Дар манобеи гуногун, соли басташавии сулҳ бо номи «Оми Ҷамоат» шинохта шудааст.[7]
Ба гуфтаи Қарашӣ, муаррих, дар бораи замони сулҳ ихтилоф вуҷуд дорад: бархе онро рабиулаввали соли 41 ҳиҷрӣ медонанд, бархе рабиуссонӣ, ва гурӯҳи дигар ҷумодилуло зикр кардаанд.[8] Қарашӣ, ба нақл аз манобеи мӯътамад, макони созишномаро минтақаи Маскан дониста ва гуфтааст, ки муқаррароти сулҳ бо ҳузури гурӯҳи бузурге аз мардуми Ироқ ва Шом эълон ва иҷро гардид.[9]
Назари Имом Ҳусайн (а) дар бораи сулҳ
Бархе манобеи аҳли суннат Имом Ҳусайн (а)-ро мухолифи сулҳ медонанд;[10] дар ҳоле ки муаррихони шиа чун Маҳдии Пешвоӣ ва Расули Ҷаъфариён бар инанд, ки Имом Ҳусайн (а) сулҳро болотар аз ҷанг медонист ва мардумро ба пайравӣ аз Имом Ҳасан (а) даъват мекард. Ҳамчунин то охири умри Имом Ҳасан (а) ва даҳ ё ёздаҳ сол пас аз шаҳодати ӯ, бар ҳамин мавқеъ монд.[11] Дар замоне ки бархе шиаёни ифротӣ хоҳони раҳбарии Имом Ҳусайн (а) шуданд, ӯ маслиҳат дод, ки аз қиём худдорӣ намоянд.[12] Ба гуфтаи Сайид Алии Хоманаӣ, муаллифи китоби Инсони 250-сола, сулҳи Имом Ҳасан (а) бо ҳимояти Имом Ҳусайн (а) сурат гирифт. Ҳатто дар вокуниш ба эътирози яке аз ёрони Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а) бо қотеият аз ин тасмим пуштибонӣ намуд. Аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки агар Имом Ҳусайн (а) ба ҷойи Имом Ҳасан (а) мебуд, ин сулҳ сурат намегирифт.[13]
Паймоншикании Муовия
Дар бисёр манобеъ омадааст, ки Муовия ба шартҳои созишнома амал накард.[14] Ба гуфтаи Мақдисӣ, муаррихи қарни шашум, Муовия пас аз сулҳ вориди Кӯфа шуд ва дар суханронии худ ба мардум эълон кард: «Ҳамаи шартҳое, ки гузошта будам, пас мегирам ва ҳамаи ваъдаҳое, ки додаам, поймол мекунам.»[15]
Ӯ бисёре аз шиаёни Имом Алӣ (а), аз ҷумла Амр ибни Ҳамиқ ва Ҳуҷр ибни Адиро ба қатл расонд[16] ва писараш Язидро ба валиаҳдӣ баргузид.[17] Ба гуфта Ибни Асир, муаррихи қарни ҳафтум, Муовия ҳатто хироҷи шаҳри Доробгардро, ки тибқи созишнома бояд ба Имом Ҳасан (а) медод, пардохт накард.[18]
Ба гуфтаи Сайид Муҳсин Амин дар Аъён-уш-шиа, Муовия як сол пас аз бастани созишнома ба коргузоронаш дастур дод, ки ҳар кас фазилати Имом Алӣ (а) ва хонадонашро ривоят кунад, муҷозот шавад. Хатибон дар минбарҳо ба нафрин кардани Алӣ (а) ва Аҳли Байт (а) пардохтанд. Мардуми Кӯфа, ба сабаби зиёдии шиаён, сахтиҳои зиёде диданд. Муовия Зиёд ибни Сумайяро ба Кӯфа ва Басра гумошт, то бо шиканҷа, табъид ва қатли шиаён, онҳоро аз Ироқ решакан созад.[19]
Вокунишҳо ба созишномаи сулҳ
Ба нақли Қарашӣ дар китоби Ҳаёт-ул-Имом ал-Ҳасан ибни Алӣ (а), пас аз сулҳи Имом Ҳасан (а), гурӯҳе аз шиаён, аз ҷумла Сулаймон ибни Сурад ва Ҳуҷр ибни Адӣ, афсӯс ва норизоятии худро изҳор карданд.[20] Ҳатто бархе Имом (а)-ро сарзаниш карданд ва ӯро «музил-ул-муъминин» (хоркунандаи муъминон) номиданд.[21] Аммо, бар хилофи Хавориҷ, ин норизоатиҳо ба мухолифати амалӣ бо Имом (а) наанҷомид.[22] Имом (а) дар ҷавоб ба пурсишҳо ва эътирозҳо, бар зарурати пойбандӣ ба ин тасмим таъкид кард ва иллати сулҳи худро ҳамон иллати Сулҳи Ҳудайбия донист. Ӯ ҳикмати ин амалро аз ҷинси ҳикмати аъмоли Хизр (а) дар ҳодисаи ҳамсафарӣ бо Паёмбари Мусо (а) арзёбӣ намуд.[23]
Заминаи қабули сулҳ
Бар тибқи гузориши Ибни Аъсами Куфӣ, таърихнигори қарни чоруми ҳиҷрӣ, пас аз шаҳодати Имом Алӣ (а), мардуми Ироқ ба Имом Ҳасан (а) пешниҳоди байъат доданд; аммо Имом (а) омодаи қабули байъат набуд, магар бо шарте ки агар бо касе ҷанг кунад, онҳо низ биҷанганд, ва агар сулҳ кунад, онҳо низ сулҳ кунанд.[24] Пас аз қабули ин шарт, Имом (а) бо онҳо байъат кард.[25]
Мактубнависиҳои пеш аз оғози даргирӣ
Имом дар оғоз номаҳое ба Муовия навишт ва кӯшиш кард, ки ӯро ба таслим ва итоат водор намояд,[26] аммо ин номанависӣ натиҷае надод ва Муовия пас аз тавтиаҳое ки анҷом дод, бо сипоҳе барои ҷанг бо Имом (а) ҳаракат кард.[27] Ба гуфтаи Расул Ҷаъфариён, пажӯҳишгари таърих, Имом (а) медонист, ки Муовия ба ин номаҳо таслим нахоҳад шуд, ва барои ӯ муҳим он буд, ки ин номаҳо ҳамчун санади таърихӣ боқӣ бимонад.[28] Пас аз ҳаракати сипоҳи Муовия, Имом (а) сипоҳе иборат аз дувоздаҳ ҳазор нафарро ба фармондеҳии Убайдуллоҳ ибни Аббос барои муқобила бо Муовия фиристод.[29]
Шоеъаи сулҳ
Ба гуфтаи Динаварӣ, муаррихи қарни сеюми ҳиҷрӣ, Муовия Абдуллоҳ ибни Омирро бо сипоҳе ба шаҳри Анбор фиристод, то ба сӯи Мадоин пешрафт кунад. Имом Ҳасан (а), бо дидани вазъ, худаш ба сӯи Мадоин ҳаракат кард.[30] Сипоҳи Имом (а) аз шиаёни ихлосманд, Хавориҷ, дунёпарастон, фурсатиҷӯён ва гурӯҳе бо таассуботи қабилавӣ иборат буд.[31] Имом (а) дар шаҳри Собот, вақте сустии ёронашро дид, ҳамон ҷо урду зад ва хутбае хонд.[32]
Ба гуфтаи Ҷаъфариён, ҳамаи муаррихон, аз ҷумла Динаварӣ ва Балозурӣ, зикр кардаанд, ки Имом (а) дар хутбааш ба гунае сухан гуфт, ки бӯи сулҳ медод, ва ин сабаби ҳамлаи Хавориҷ ба ӯ ва дурии ёронаш шуд.[33] Аммо Ҷаъфариён ин ривоятро бо истинод ба таърихи Яъқубӣ рад мекунад.[34] Яъқубӣ менависад, Муовия Муғайра ибни Шӯъба ва Абдуллоҳ ибни Омирро барои музокироти сулҳ назди Имом фиристод; аммо онҳо пас аз бозгашт, барои таҳрики Хавориҷ, шоеъае паҳн карданд, ки гӯё Имом (а) сулҳро пазируфтааст ва ин шоеъа боиси нигаронии сипоҳ ва ҳодисаи Мадоин шуд.[35] Имом (а) пас аз Собот, ба сӯи Мадоин равон шуд, ки дар роҳ марде аз Хавориҷ бо ханҷаре пои ӯро маҷруҳ кард ва Имом Ҳасан (а) бо захми шадид вориди Мадоин гардид.[36]
Вақте Убайдуллоҳ ибни Аббос бар муқобили сипоҳи Муовия муқовимат кард, Муовия бо фиристодани Абдурраҳмон ибни Самура ва бо иддаои дурӯғин, ки Имом Ҳасан (а) сулҳро пазируфтааст, ҳамроҳ бо ваъдаи мукофотҳои фаровон, Убайдуллоҳро ҷалб кард.[37] Бо рафтани Убайдуллоҳ, аксари сипоҳи Ироқ ба Муовия пайвастанд,[38] ва Қайс ибни Саъд ҷонишини ӯ гардид.[39] Яъқубӣ, муаррихи қарни сеюми ҳиҷрӣ, ривоят мекунад, ки Муовия афроде ба сипоҳи Имом (а) мефиристод, то шоеъаи қабули сулҳ аз сӯи Қайс ибни Саъдро паҳн кунанд; ва афродеро ба сипоҳи Қайс мефиристод, то шоеъаи қабули сулҳи Имом Ҳасан (а) бо Муовияро нашр кунанд.[40] Ҳамчунин хабари дурӯғи кушта шудани фармондеҳи Имом (а), Қайс ибни Убода, дар Мадоин паҳн карда мешуд, то сипоҳи Имом (а)-ро ба ларза андозад.[41] Ба гуфтаи Ҷаъфариён, Муовия бо паҳн кардани шоеъот дар Кӯфа, Собот ва майдони набард, мардуми Кӯфаро мутақоид кард, ки ҳама чиз тамом шудааст.[42]
Қабули сулҳ
Ба нақли Шайхи Муфид дар китоби ал-Иршод, пас аз маҷруҳ шудани Имом Ҳасан (а) дар Мадоин, сарони Кӯфа пинҳонӣ ба Муовия нома навиштанд ва ваъда доданд, ки ё ӯро таслим мекунанд ё террор менамоянд.[43] Дар ҳамин айём, Имом (а) аз пайвастани фармондеҳи сипоҳаш Убайдуллоҳ ибни Аббос ба Муовия бо гирифтани ришва огоҳ шуд.[44] Пас аз ин воқеаҳо, Муовия номае барои Имом (а) фиристод ва пешниҳоди сулҳ дод. Ҳамроҳи нома, навиштаи бархе аз ёрони Имом (а)-ро, ки барои байъат бо Муовия ва таслими Имом Ҳасан (а) мувофиқат карда буданд, ба Имом (а) расонд.[45] Имом (а) гуфт: «Муовия пешниҳодиеро додааст, ки хилофи иззат ва ҳадафи мост. Агар омодаи шаҳодат дар роҳи Худо ҳастед, бо шамшер посух диҳем; ва агар зиндагӣ ва оромиро мехоҳед, пешниҳоди ӯро бипазирем.» Мардуми Ироқ нидо доданд: «Мо зиндагӣ мехоҳем!»[46]
Ибни Ҷавзӣ, донишманди аҳли суннат (ваф.654ҳ.қ.), бар ин аст, ки вақте Имом Ҳасан (а) дид мардуми Кӯфа аз ӯ дур шудаанд, аҳли Ироқ бо ӯ ихтилоф доранд ва ба ӯ хиёнат мешавад, ба сулҳ майл пайдо кард.[47] Ҷаъфариён, пажӯҳишгари таърих, дар таҳлили қабули сулҳ менависад: «Имом (а) метавонист бо сипоҳи андак биҷангад ва шаҳид шавад, аммо он чи намепазируфт, хунрезии бефоида бо натиҷаи номаълум буд. Пас сулҳ баҳонае шуд барои ҳифзи Ироқ аз ғоратгарӣ.»[48]
Сайид Алии Хоманаӣ, муаллифи китоби Инсони 250-сола бар ин назар аст, ки кушта шудан бо шартҳои хос «шаҳодат» ном дорад ва он шартҳо дар замони Имом Ҳасан (а) вуҷуд надошт. Агар дар он рӯз кушта мешуд, шаҳид ба шумор намеомад.[49] Ба гуфтаи ӯ, дар сурати ҷанг, эҳтимол дошт Имом Ҳасан (а) ба дасти ёрони хеш кушта шавад ва Муовия тавонад иддао кунад, ки ӯро худи ёронаш куштаанд, то ҳамаи шиаён ва асҳоби Имом Алӣ (а)-ро несту нобуд созад.[50]
Қарордоди сулҳ ва муфоди он
Ба гуфтаи Пешвоӣ, пажӯҳишгари таърих, ҳар як муаррих бахше аз шартҳои созишномаро ёд кардааст, ки бо ҷамъбандии онҳо метавон тасвири нисбатан комиле аз матни қарордод фароҳам кард.[51] Бар асоси гузориши Ибни Аъсами Куфӣ (ваф.320ҳ.қ.), Муовия як коғази холиро имзо кард ва онро ба Абдуллоҳ ибни Навфал, фиристодаи Имом (а), супурд, то Имом (а) ҳар шартеро ки бихоҳад, дар он бинависад.[52]
Аз ҷумлаи шартҳои Имом (а), ки дар манобеи гуногун зикр шудаанд, метавон ишора кард ба: таъмини амнияти мардум ва хонадони Аҳли Байти Паёмбар (с); таъин накардани ворис баъд аз вафоти Муовия;[53] пойбандӣ ба китоби Худо ва суннати Расули Худо (с);[54] тарки дашном ба Амири Мӯъминон (а) дар намозҳо ва ғайри намозҳо.[55]
Ҷаъфариён, пажӯҳишгари таърих, бо истинод ба манобеи гуногун, шарте дар мавриди ворис шудани Имом (а) пас аз Муовияро низ ёдовар шудааст.[56] Бархе манобеъ гузориш додаанд, ки Имом (а) инчунин дархости маблағи панҷ миллион аз Байт-ул-моли Кӯфа, хироҷи Доробгард дар Форс,[57] хироҷи Аҳвозро[58] ҳамчун шарт дар созишнома матраҳ кардааст. Ба гуфтаи Динаварӣ, Имом (а) дархост карда буд, ки ҳар сол ду миллион дирҳам ба бародараш Имом Ҳусайн (а) пардохт шавад ва Банӣ Ҳошим дар гирифтани ато ва кӯмакҳо бар Банӣ Абдишамс (Банӣ Умайя) бартарӣ дошта бошанд.[59] Аммо Ҷаъфариён, бо истинод ба бархе манобеи таърихӣ, шартҳои молии созишномаро дар манобеи мухталиф саҳеҳ намедонад.[60] Ибни Асом, муаррих, амал ба сираи хулафои солеҳинро низ аз ҷумлаи шартҳои созишнома зикр мекунад, гарчанде ки ин шарт дар бисёр манобеи таърихӣ ёд нашудааст.[61]
Далелҳои қабули сулҳ
Муҳаққиқон ва муаррихон бар инанд, ки далелҳои қабули сулҳи Имом Ҳасан (а) иборат аст аз: ҳифзи дин;[62] ҳифзи ҷони Имом (а) ва хонадонаш;[63] муҳофизат аз ҷони шиаён;[64] сустии ёрон дар мубориза бо Муовия;[65] хиёнати сарҳангон[66] ва хатари хавориҷ.[67]
Ба гуфтаи Шайх Садуқ, Муовия ба Ашъас ибни Қайс ва дигарон ваъдаи 200 ҳазор дирҳам ва фармондеҳии Шомро барои сӯиқасд ба ҷони Имом Ҳасан (а) дод. Аз ин рӯ, Имом (а) барои муҳофизати худ зиреҳ мепӯшид ва аз ҷамъиятҳо дурӣ мекард. Дар яке аз намозҳо ба ӯ тирандозӣ шуд, вале осеб надид; аммо дар Собот тавассути як нафар аз хавориҷ захмӣ гардид.[68] Динаварӣ, муаррихи қарни сеюми ҳиҷрӣ, нақл мекунад, ки Имом Ҳасан (а) дар гуфтугӯ бо Ҳуҷр ибни Адӣ далели сулҳро майли мардум ба сулҳ ва бетаваҷҷӯҳӣ ба ҷанг дониста, ва гуфтааст ки барои ҳифзи ҷони шиаён ва пешгирӣ аз қатли ом, сулҳро пазируфтааст.[69]
Шайх Садуқ дар нақле аз Имом Ҳасан (а) мегӯяд: идомаи ҷанг метавонад боиси нестии комили шиаён гардад.[70] Ибни Арабӣ, муфассири қарни шашум, мӯътақид аст ки сабаби сулҳ он буд, ки Имом (а) дид хавориҷ гирдашро гирифтаанд, агар бо Муовия биҷангад, хавориҷ бар сарзаминҳо мусаллат мешаванд, ва агар бо хавориҷ биҷангад, Муовия пирӯз мегардад.[71]
Маҳдии Пешвоӣ, дар таҳлили сулҳи Имом (а), менависад: бо шунидани хабари муқобила байни сипоҳи Имом (а) ва Муовия, сарони Руми Шарқӣ, ки душмани муштараки ҳар ду буданд, тасмим гирифтанд ба сарзаминҳои исломӣ ҳуҷум кунанд. Муовия пас аз сулҳ ва бо огоҳӣ аз ҳаракати сипоҳи Рум, бинобар нотавонӣ дар муқобила, бо императори Рум созиш баст ва ӯҳдадор шуд сад ҳазор динор бипардозад. Дар натиҷа, агар ҷанг сурат мегирифт, пирӯзӣ аз они Рум мешуд, на Имом Ҳасан (а) ва на Муовия.[72]
Асори мактуб
Ба гузориши Шайх Розӣ Оли Ёсин - пажӯҳишгари таърих, дар қарнҳои нахустини исломӣ осори фаровоне дар бораи сулҳи Имом Ҳасан (а) навишта шудааст, ки имрӯз танҳо номҳои он китобҳо боқӣ монда ва матнҳояшон дастрас нестанд. Аз ҷумлаи он китобҳо:
- Ахбор-ул-Ҳасан (а) ва вафотиҳ, таълифи Ҳайсам ибни Адӣ ас-Саълабӣ (207ҳ.қ.)
- Қиём-ул-Ҳасан (а), таълифи Иброҳим ибни Муҳаммад (283ҳ.қ.)
- Сулҳ-ул-Ҳасан (а) ва Муовия, таълифи Аҳмад ибни Муҳаммад (333ҳ.қ.)
- Сулҳ-ул-Ҳасан (а), таълифи Абдурраҳмон ибни Касир ал-Ҳошимӣ (аз маволии Банӣ Ҳошим, на худи он хонадон)
- Қиём-ул-Ҳасан (а), таълифи Ҳишом ибни Муҳаммад ибни Соиб[73]
Аз ҷумлаи осори муосир дар ин замина метавон ба китобҳои «Фалсафаи сулҳи Имом Ҳасани Муҷтабо (а)» навиштаи Алии Роҷӣ ва «Сулҳ-ул-Ҳасан (а)» навиштаи Розӣ Оли Ёсин ишора кард.
Эзоҳ
- ↑ Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1390ҳ.ш., саҳ.116
- ↑ Хоманаӣ, Инсони 250-сола, 1396ҳ.ш., саҳ.113–117
- ↑ Гурӯҳи муаллифон, Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), Пешвоёни Ҳидоят, ҷ.4, саҳ.196
- ↑ Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1390ҳ.ш., саҳ.118
- ↑ Оли Ёсин, Сулҳ-ул-Ҳасан (а), 1373ҳ.ш., саҳ.39
- ↑ Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1719; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.8, саҳ.16
- ↑ Асқалонӣ, Ал-Исобат фӣ тамйизи саҳоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.120; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.8, саҳ.21; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, 1409ҳ.қ., ҷ.33, саҳ.542
- ↑ Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом ал-Ҳасан ибни Алӣ (а), 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.231
- ↑ Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом ал-Ҳасан ибни Алӣ (а), 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.230
- ↑ Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., саҳ.13, саҳ.267; ат-Табақот-ул-кубро, 1418ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.331; Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.180
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.157; Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1390ҳ.ш., саҳ.147
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.157
- ↑ Хоманаӣ, Инсони 250-сола, 1393ҳ.ш., саҳ.117
- ↑ Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.360; Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27; Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.405
- ↑ Мақдисӣ, ал-Бадъ ва-т-таърих, Мактубат-ус-сақофат-уд-диния, ҷ.5, саҳ.237
- ↑ Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом ал-Ҳасан ибни Алӣ (а), 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.17
- ↑ Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.405
- ↑ Амин Омилӣ, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27
- ↑ Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом ал-Ҳасан ибни Алӣ (а), 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.265
- ↑ Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом ал-Ҳасан ибни Алӣ (а), 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.269
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, 1382ҳ.ш., саҳ.186
- ↑ Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.211
- ↑ Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.283
- ↑ Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.283
- ↑ Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, Бейрут, саҳ.63–68
- ↑ Муфид, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ул-лоҳи ала-л-ибод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.9
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.138
- ↑ Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, Бейрут, саҳ.71
- ↑ Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.216
- ↑ Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1390ҳ.ш., саҳ.122
- ↑ Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.216
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.143
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.143
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.143
- ↑ Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.217
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.37
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.144
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.38
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.214
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.159
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.145
- ↑ Муфид, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ул-лоҳи ала-л-ибод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12
- ↑ Муфид, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ул-лоҳи ала-л-ибод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12
- ↑ Муфид, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ул-лоҳи ала-л-ибод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.406
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.180
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.150
- ↑ Хоманаӣ, Инсони 250-сола, 1393ҳ.ш., саҳ.118
- ↑ Хоманаӣ, Инсони 250-сола, 1393ҳ.ш., саҳ.122
- ↑ Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1390ҳ.ш., саҳ.131
- ↑ Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.290
- ↑ Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.290–291
- ↑ Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Муҷтабо Абумуҳаммад ал-Ҳасан ибни Алӣ (а), 1373ҳ.ш., саҳ.322
- ↑ Муфид, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ул-лоҳи ала-л-ибод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.14
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.161
- ↑ Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.405
- ↑ Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.218
- ↑ Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.218
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма (а), 1381ҳ.ш., саҳ.161
- ↑ Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Муҷтабо Абумуҳаммад ал-Ҳасан ибни Алӣ (а), 1373ҳ.ш., саҳ.322; Каракӣ Ҳоирӣ, Таслият-ул-муҷолис ва зинат-ул-маҷолис, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.49; Ибни Шаҳроошуб, Ал-Маноқиб, 1379ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.33
- ↑ Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.280
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷу ало аҳл-ил-лиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.290
- ↑ Ибни Бобавайҳ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.211
- ↑ Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.220
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.60; Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1719
- ↑ Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1719
- ↑ Ибни Бобавайҳ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.220
- ↑ Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.220
- ↑ Ибни Бобавайҳ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.211
- ↑ Оли Ёсин, Сулҳ-ул-Ҳасан (а), 1373ҳ.ш., саҳ.39
- ↑ Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1390ҳ.ш., саҳ.118
- ↑ Оли Ёсин, Сулҳ-ул-Ҳасан (а), 1373ҳ.ш., саҳ.20
Сарчашма
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммад Боқир, «Биҳор-ул-анвор-ул-ҷомеъа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор», Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, нашри дувум, 1403ҳ.қ.
- Амин Омилӣ, Сайид Муҳсин, «Аъёнуш Шиа», таҳқиқ: Ҳасан Амин, Бейрут, Дорут Таъоруқ, нашри аввал, 1403ҳ.қ.
- Арбалӣ, «Кашфул ғумма фи маърифати-л-аимма», Нашри Розӣ, бе сана ва маҳалли нашр.
- Асқалонӣ, Ибни Ҳаҷар, «ал-Исобати фи тамйиз-ис-саҳоба», Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, нашри аввал, 1415ҳ.қ.
- Балозурӣ, «Ансоб-ул-ашроф», таҳқиқ: Муҳаммад Боқир ал-Маҳудӣ, Бейрут, бе номи нашр, 1398ҳ.қ.
- Гурӯҳи муаллифон, Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), «Пешвоёни Ҳидоят - Сибти Акбар Имом Ҳасани Муҷтабо (а)», тарҷума: Аббоси Ҷалолӣ, Қум, нашри аввал, 1385ҳ.ш.
- Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд ад-Динаварӣ, «ал-Ахбор-ут-тивол», таҳқиқ: Абдулмунъим Омир; бозбинӣ: Ҷамолуддин Шиёл, Қум, Маншуроти Розӣ, 1368ҳ.ш.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, «Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом», Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, нашри дувум, 1409ҳ.қ.
- Ибни Абилҳадид, Иззуддин Абӯҳомид, «Шарҳи Наҳҷулбалоға», таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳи Мараъшӣ, нашри аввал, 1404ҳ.қ.
- Ибни Арабӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, «Аҳком-ул-Қуръон», таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад Бижавӣ, Бейрут, Дорул Ҷил, нашри аввал, 1408ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, «ал-Комилу фи-т-таърих», Бейрут, Дор Содир, 1385ҳ.қ.
- Ибни Асокир, Абулқосим Алӣ ибни Ҳасан, «Таъриху мадинати Димишқ», Бейрут, таҳқиқи Амру ибни Ғурама ал-Амравӣ, Дорул Фикр, 1415ҳ.қ.
- Ибни Аъсам, Муҳаммад ибни Алӣ, «ал-Футуҳ», Бейрут, Дор-ул-азво, 1411ҳ.қ.
- Ибни Касир, Ҳофиз Ибни Касир, «ал-Бидояту ва-н-ниҳоя», Бейрут, Дорул Фикр, бе таърих.
- Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, «ал-Маноқиб», Қум, Аллома, 1379ҳ.ш.
- Исфаҳонӣ, Абулфароҷ Исфаҳонӣ, «Мақотил-ут-толибийин», Бейрут, Дорул Маорифа, бе таърих.
- Каракӣ, Сайид Муҳаммад, «Таслият-ул-муҷолис ва зинат-ул-маҷолис», Қум, Муассисаи Маорифи Исломӣ, нашри аввал, 1418ҳ.қ.
- Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, «ал-Бадъ ва-т-таърих», бе ном, Мактабат-ус-сақофат-ид-диния, бе сана.
- Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, «Имтоъ-ул-асмоъ», таҳқиқ: Муҳаммад Абдулҳамид, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, нашри аввал, 1420ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, «ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ул-лоҳи ала-л-ибод», муҳаққиқ: Муассисаи Оли Байт (а), Қум, Конфронси Шайх Муфид, нашри аввал, 1413ҳ.қ.
- Оли Ёсин, Шайх Розӣ, «Сулҳ-ул-Ҳасан (а)», Бейрут, Аълами, нашри аввал, 1412ҳ.қ.
- Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, «ал-Эҳтиҷоҷу ало аҳл-ил-лиҷоҷ», муҳаққиқ: Муҳаммад Боқир Хирсон, Нашри Муртазо, нашри аввал, 1403ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, «Таърих-ул-умами ва-л-мулук», Бейрут, Дор-ут-турос, нашри дуввум, 1387ҳ.қ.
- Уторидӣ, Азизуллоҳ, «Муснад-ул-Имом-ил-Муҷтабо Абумуҳаммад ал-Ҳасан ибни Алӣ (а)», Теҳрон, нашри аввал, 1373ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «Инсони 250-сола», Теҳрон, Муассисаи Имони ҷиҳодӣ, нашри сию ҳаштум, 1393ҳ.ш.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, «ал-Иршод фи ҳуҷаҷ-ул-лоҳи ала-л-ибод», тарҷума: Хуросонӣ, Теҳрон, Интишороти Илмияи Исломия, 1380ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, «Илал-уш-шароеъ», Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, нашри аввал, 1385ҳ.ш.
- Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ Маръашӣ, «Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил», Қум, нашри аввал, 1409ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Яъқуб, «Таърихи Яъқубӣ», Бейрут, Дору содир, бе сана.
- Қарашӣ, Боқир Шариф, «Ҳаёти Имом Ҳасан ибни Алӣ (а)», Бейрут, Дор-ул-балоға, нашри аввал, 1413ҳ.қ.
- Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, «ал-Хароиҷу ва-л-ҷароиҳ», Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1409ҳ.қ.
- Ҷаъфариён, Расул, «Ҳаёти фикрӣ ва сиёсӣ-и Имомони Шиа», Қум, Интишороти Ансориян, 1381ҳ.ш.
- Ҷаъфарӣ, Ҳусейн Муҳаммад, «Ташайюъ дар масири таърих», Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1382ҳ.ш.