Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хайр-ул-умур авсатуҳо

Аз wikishia
Ривояти «Хайр-ул-умури авсатуҳо» ба хати настаълиқи ҷалӣ, навиштаи устод Акбари Соатчӣ.

Хайр-ул-умури авсатуҳо (арабӣ: خَیرُ الْاُمُورِ اَوْسَطُها)[1] ё Хайр-ул-умури авсотуҳо (арабӣ: خَیرُ الْاُمُورِ اَوْساطُها)[2] ба маънои «Беҳтарини корҳо ҳадди миёна дар он аст.» ҳадисест, ки дар манобеи ривоии шиа ва сунӣ нақл шудааст. Ин ҳадис аз Расули акрам (с),[3] Имом Алӣ (а),[4] Имом Козим (а)[5] ривоят шудааст ва дар китоби Биҳор-ул-анвор ба унвони ҳадиси қудсӣ муаррифӣ шудааст.[6]

Бархе ин ривоятро заиф донистаанд[7] ва бархе муътақиданд корбурди он маҳдуд ба мавориде аст, ки тардид ё таоруз вуҷуд дорад.[8]

Бархе муҳаққиқон вожаи «авсат»-ро дар ин ривоят ба маънои «оқилтарин» тафсир кардаанд на ҳадди миёна ва ин бардоштро бо ояти 28 сураи Қалам ва ояти 143 сураи Бақара марбут медонанд.[9] Ибни Абилҳадид, шореҳи Наҳҷ-ул-балоға, муътақид аст, ки «васат» дар луғат ба маънои беҳтарин аст ва истилоҳи уммати васат дар Қуръон ба беҳтарин умматҳо ишора дорад.[10]

Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, муфассир ва фақиҳи шиа, фазоили ахлоқӣ ҳамеша ҳадди васат надоранд ва дар бархе маворид ифрот писандида аст монанди тақарруб ба Худо.[11] Муҳаммадтақӣ Мисбоҳ, файласуфи шиа, низ бар ин бовар аст, ки мафҳумҳое монанди тақарруб ба Худо ва илм ҳадди васат надоранд, зеро ду тарафи беинтиҳо доранд.[12]

Ривоёти мушобеҳи ин ҳадис, мисдоқи «хайр-ул-умур»-ро шомили мавориде чун ризоияти Илоҳӣ, ҳусни оқибат, равшангарии ҳақ, холӣ будан аз тамаъ ва ислоҳи инсон муаррифӣ кардаанд.[13]

Бархе муътақиданд сираи имомони шиа дар мавориде бо миёнаравӣ ҳамхонӣ надорад, монанди замоне, ки Имом Алӣ (а), Ҳазрати Фотима (с) ва Ҳасанайн (а) ғизои худро дар се рӯз ба мискин, ятим ва асир доданд, ё Имом Ҳасан (а) тамоми дороии худро ба фуқаро мебахшид.[14] Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ муътақид аст «Хайр-ул-умури авсатуҳо» барои инсонҳои одӣ ба маънои дурӣ аз ифроту тафрит аст, аммо барои имомони шиа ки намунаи амал ҳастанд, беҳтарин амал ба маънои олитарин сатҳи амал аст.[15]

Эзоҳ

  1. Аҷлунӣ, Кашф-ул-хафоъ, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.391
  2. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.234
  3. Софӣ, ал-Ҷадвал фи эъроб-ил-Қуръон, 1418ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.49, Ибни Атияи Андалусӣ, ал-Муҳаррир-ул-ваҷиз, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.219
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.75, саҳ.11
  5. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.229; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.541
  6. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.166
  7. Барои намуна ниг.: Аҷлунӣ, Кашф-ул-хафоъ, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.391
  8. Сарахсӣ, ал-Мабсут, бетаърих, ҷ.3, саҳ.165; Кошонӣ, Бадоеъ-ус-саноеъ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.23
  9. Зореиён, «Адиллаи нақлӣ ба нафъ ё алайҳи назарияи ҳадди васати арастуӣ», саҳ.66
  10. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1377ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.29
  11. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.103
  12. Мисбоҳ, Ахлоқ дар Қуръон, 1384ҳ.ш., саҳ.319
  13. Лайсӣ Воcитӣ, Уюн-ул-ҳикам ва-л-мавоиз, 1376ҳ.ш., саҳ.237
  14. Зореиён, «Адиллаи нақлӣ ба нафъ ё алайҳи назарияи ҳадди васати арастуӣ», саҳ.72
  15. Ҷаводии Омулӣ, «باید در همه اوصاف علمی و عملی از افراط و تفریط پرهیز کرد», сайти Исро.

Сарчашма

  • Аҷлунӣ, Исмоил, Кашф-ул-хафоъ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1408ҳ.қ.
  • Зореиён, Шамсалӣ, «Адиллаи нақлӣ ба нафъ ё алайҳи назарияи ҳадди васати арастуӣ», дар маҷаллаи Пажӯҳишҳои ахлоқӣ, №19, баҳори 1394ҳ.ш.
  • Ибни Абилҳадид, Иззуддин Абуҳомид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, 1377ҳ.ш.
  • Ибни Атияи Андалусӣ, Абдулҳақ ибни Ғолиб, ал-Муҳаррир-ул-ваҷиз фи тафсир-ил-китоб-ил-азиз, таҳқиқи Абдуссалом Абдушшофӣ Муҳаммад, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳошими Расулӣ Маҳаллотӣ, Табрез, Нашри Баниҳошимӣ, чопи аввал, 1381ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Абӯбакр, Бадоеъ-ус-саноеъ, Покистон, ал-Мактабат-ул-ҳабибия, 1409ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1363ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, таҳқиқи Сайид Таййиб Мусоӣ Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1367ҳ.ш.
  • Лайсӣ Воcитӣ, Алӣ, Уюн-ул-ҳикам ва-л-мавоиз, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир ва дигарон, Ахлоқ дар Қуръон, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ (а), 1385ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ут-табъ ва-н-нашр, 1410ҳ.қ.
  • Мисбоҳ, Муҳаммадтақӣ, Ахлоқ дар Қуръон, ба кӯшиши Муҳаммадҳусайн Искандарӣ, Қум, Муассисаи Имом Хумайнӣ, 1384ҳ.ш.
  • Сарахсӣ, Шамсуддин, ал-Мабсут, Бейрут, Дор-ул-маърифа ли-т-тибоа ва-н-нашр ва-т-тавзеъ, бетаърих.
  • Софӣ, Маҳмуд ибни Абдурраҳим, ал-Ҷадвал фи эъроб-ил-Қуръон, Димишқ - Бейрут, Дор-ур-рашид - Муассисат-ул-имон, 1418ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, «باید در همه اوصاف علمی و عملی از افراط و تفریط پرهیز کرد» («Бояд дар ҳамаи авсофи илмӣ ва амалӣ аз ифрот ва тафрит парҳез кард»), сайти Исро, санаи дарҷи матлаб: 22 июни 2023, санаи боздид: 6 августи 2024
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷи-ллоҳи ала-л-ибод, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.