Имомони Бақиъ

Аз wikishia
Мазори имомони Бақиъ пеш аз тахриб

Аиммаи Бақиъ, ё имомони Бақиъ, унвоне барои чаҳор тан аз имомони шиа, ки мазори онон дар қабристони Бақиъ дар Мадина аст. Ин имомон иборатанд аз: Имом Ҳасани Муҷтабо (а), Имом Саҷҷод (а), Имом Муҳаммади Боқир (а) ва Имом Ҷаъфари Содиқ (а). Мазори онон дар гузашта боргоҳу буқъае дар канори соири буқъаҳои Бақиъ дошта ки дар соли 1344ҳ.қ. дар ҷараёни тахриби Бақиъ тавассути ваҳҳобиён, аз байн рафтааст.

Имомони дафншуда дар Бақиъ

Чаҳор тан аз имомони шиа, дар қабристони Бақиъ дафн шудаанд ки бар ҳамин асос, аъиммаи Бақиъ хонда мешаванд; аз ҷумла:

1. Ҳасан ибни Алӣ ибни Абитолиб (3 - 50ҳ.қ.), машҳур ба Имоми Муҷтабо, дуюмин имоми шиа ва фарзанди Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) аст, ки дар 37-солагӣ ба имомат ва хилофат расид ва дар соли 41ҳ.қ. бо Муовия сулҳ кард. Давраи ҳукумати вай шаш моҳу се рӯз буд. Пас аз сулҳ, ба Мадина рафт ва даҳ сол дар он ҷо буд, то ин ки ба шаҳодат расид ва дар қабристони Бақиъ ба хок супурда шуд.[1]

2. Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб (а) (38 - 94ҳ.қ.), машҳур ба Имоми Саҷҷод ва Зайнулъобидин, чаҳорумин имоми шиаён аст. Муддати имомати вай 34 сол будааст. Вай дар воқеаи Карбало ҳозир буд ва ҳамроҳи асирони Карбало ба Кӯфа ва Шом барда шуд. Бинобар ривоёти шиа, Имоми Саҷҷод (а) ба дастури Валид ибни Абдулмалик бо заҳр ба шаҳодат расид.[2] Вай дар қабристони Бақиъ канори қабри амакаш Имом Ҳасани Муҷтабо дафн шуд.[3]

3. Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб (57 - 114ҳ.қ.), машҳур ба Имоми Боқир (а), имоми панҷуми шиаён ки ҳудуди 19 сол имомати шиаёнро бар ӯҳда дошт ва дар соли 114 қамарӣ ба дастури Ҳишом ибни Абдулмалик масмум ва шаҳид шуд. Ӯ дар қабристони Бақиъ, канори марқади падараш Имоми Саҷҷод (а) ва амаки падараш Ҳасан ибни Алӣ (а) дафн гардид.[4]

4. Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн (83 - 148ҳ.қ.), машҳур ба Имоми Содиқ, имоми шашуми шиаён, ки 34 сол имомат кард. Имоми Содиқ (а) дар 65-солагӣ даргузашт ва дар канори падараш, Имоми Боқир (а) ва ду имоми дигар дар қабристони Бақиъ дафн шуд.[5]

Ном ва номи падар Лақаб Куния Рӯзи таваллуд Соли таваллуд Маҳалли таваллуд Рӯзи шаҳодат Соли шаҳодат Маҳалли шаҳодат Солҳои имомат Муддати имомат Номи модар
Ҳасан ибни Алӣ Муҷтабо Абумуҳаммад 15 Рамазон соли 3ҳ.қ. Мадина 28 сафар 50ҳ.қ. Мадина 40-50 10 сол Фотима (с)
Алӣ ибни Ҳусайн Саҷҷод, Зайнулъобидин Абулҳасан 5 шаъбон соли 38ҳ.қ. 25 муҳаррам 95ҳ.қ. 61-94 35 сол Шаҳрбону
Муҳаммад ибни Алӣ Боқирулъулум Абуҷаъфар 1 раҷаб соли 58ҳ.қ. 7 зилҳаҷҷа 114ҳ.қ. 94-114 19 сол Фотима
Ҷаъфар ибни Муҳаммад Содиқ Абуабдуллоҳ 17 рабиулаввал соли 83ҳ.қ. 25 шаввол соли 148ҳ.қ. 114-148 34 сол Фотима

Буқъаҳои Бақиъ

Қубури аимма дар қабристони Бақиъ
Навиштори аслӣ: Буқъаҳои Бақиъ

Дар канори марқади имомони чоргона, қабри Аббос ибни Абдулмутталиб ва қабри мансуб ба ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ё Фотима бинти Асад қарор дорад. Аббосиён, барои ҳифзи қабри Аббос, биное рӯй он сохтанд. Ин боргоҳ ё буқъа, бар ҳамаи он қабрҳо якҷо бино шуд. Пеш ё пас аз он, буқъаҳое низ барои ҳамсарону аммаҳои Паёмбар (с) ва низ Имом Молик сохта буданд ва аз қарни шашум ба баъд, касоне аз бузургон низ ки алоқаманд ба бархе аз мадфунин дар ин макон буданд, буқъаҳое барои онон сохтанд.[6]

Бино ба гуфта Ибни Ҷубайр – ҷаҳонгарди мусулмони андалусӣ дар қарни шашуми ҳиҷрӣ, мақбараи Имом Ҳасан (а) ва Аббос, бисёр баланд будааст.[7] Ибни Батута низ пас аз Ибни Ҷубайр (ва шояд ба нақл аз китоби ӯ) дар нимаи аввали қарни ҳаштум дар тавсифи Бақиъ аз мақбараи Аббос ва Имом Ҳасан (а) бо гунбади баланду муҳкам ёд кардааст.[8] Сафадӣ ишора карда ки мадфани чаҳор имоми шиа ва Аббос амаки Паёмбари Акрам (с) дорои гунбад будааст.[9]

Маълумоти бисёре аз вазъияти қабрҳои аиммаи Бақиъ дар сафарномаҳои Фарҳод Мирзои Қоҷор дар соли 1293ҳ.ш. ва Муҳаммад Ҳусайнхони Фароҳонӣ дар 1303ҳ.ш. то пеш аз тахриб ба даст дода шудааст, ки дар онҳо ба вуҷуди гунбаду боргоҳ бар марқади чаҳор имоми шиа ишора шудааст.[10]

Тахриби буқъа

Мақолаи аслӣ: Тахриби Бақиъ

Гунбадҳо ва биноҳое ки дар 1220ҳ.қ. нахустин дастаҳои ваҳҳобӣ вайрон карданд, ба дастури Абдулҳамиди Дуввум - султони усмонӣ, мараммат гардид, аммо дар ҳаштуми шаволи соли 1344ҳ.қ. мусодиф бо 1305ҳ.ш. дубора ба дасти Амирмуҳаммад ҳокими Мадина ва ба дастури падараш Абдулазиз Оли Сауд вайрон шуд.[11]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.168 - 169.
  2. Шабровӣ, ал-Итҳофу биҳубб-ил-ашроф, 1423ҳ.қ., саҳ.143.
  3. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.138
  4. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.286
  5. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., бахши Имоми Содиқ (а)
  6. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1386ҳ.ш., саҳ.330
  7. Ибни Ҷубайр, Раҳлату Ибни Ҷубайр, Дорун ва мактабат-ул-ҳилол, саҳ.155
  8. Сафарномаи Ибни Батута, 1361ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.128
  9. Сафадӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.103; ҷ.11, саҳ.127
  10. Фароҳонӣ, Сафарномаи Мирзо Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Фароҳонӣ, 1362ҳ.ш., саҳ.228 - 234; Мирзои Қоҷор, Сафарномаи Фарҳоди Мирзо Муътамадуддавла, 1366ҳ.ш., саҳ.170, 173, 190
  11. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аимма, 1386, саҳ.51: таърихи шамсӣ бар асоси муҳосиба бо мубаддили таърих

Сарчашма

  • Ибни Батута, Сафарномаи Ибни Батута, тарҷумаи Муҳаммадалии Муваҳҳид, Теҳрон, илмӣ ва фарҳангӣ, 1361ҳ.ш.
  • Ибни Ҷубайр, Муҳаммад ибни Аҳмад, Раҳлату Ибни Ҷубайр, Бейрут, Дорун ва мактабат-ул-ҳилол, бе то.
  • Мирзои Қоҷор, Фарҳод, Сафарномаи Фарҳоди Мирзо Муътамадуддавла, Теҳрон, чопи Исмоил Наввоби Сафо, 1366ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи алалъибод, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, Теҳрон, нашри машъар, 1386ҳ.ш.
  • Сафадӣ, Халил ибни Айбак, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, Бейрут, Висбаден, 1408ҳ.қ.
  • Фароҳонӣ, Муҳаммадҳусайн ибни Маҳдӣ, Сафарномаи Мирзо Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Фароҳонӣ, Теҳрон, чопи Масъуди Гулзорӣ, 1362ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, нашри машъар, 1386ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, интишороти Ансорён, 1381ҳ.ш.
  • Шабровӣ, Ҷамолуддин, ал-Итҳофу биҳубб-ил-ашроф, Қум, дорулкитоб, 1423ҳ.қ.