Адӣ ибни Ҳотими Тоӣ
| Номи комил | Адӣ ибни Ҳотим ибни Абдуллоҳ ат-Тоӣ |
|---|---|
| Куния | Абутурайф |
| Насаб | Қабилаи Тай |
| Санаи вафот | Соли 67 ҳиҷрӣ |
| Хешовандон | Ҳотами Тоӣ |
| Дигар | Соли нуҳум ё даҳуми ҳиҷрӣ ислом оварда аст. |
| Фаолиятҳо | Ҳузур дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин, Наҳравон ва ҷангҳои ридда |
| Шинохташуда барои | Саҳобии Пайғамбар (с), аз ёрони Имом Алӣ (а), раиси қабилаи Тай |
Адӣ ибни Ҳотими Тоӣ (арабӣ: عَديّ بن حاتِم الطائي) аз саҳобаи Пайғамбар (с) ва асҳоби Имом Алӣ (а) аст. Ӯ дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон ба ҳимояи Имом Алӣ (а) ширкат кард. Ҳамчунин дар хилофати Имом Ҳасан (а) мардумро барои пайвастан ба сипоҳи ӯ ва мубориза бо Муовия ибни Абусуфён ташвиқ мекунад.
Адӣ писари Ҳотими Тоӣ ва калонтарин қабили Тай буд. Ӯ дар қиёми Мухтор ширкат накардаву бо ӯ мухолифат ҳам накард, аммо баъзе афроди қавми худро, ки мухолифи Мухтор буданд, назди ӯ шафоат мекард.
Насаб ва ҷойгоҳ
Адӣ аз саҳобаҳои Пайғамбар буд. Падараш Ҳотим Тоӣ дар даврони ҷоҳилият ба саховат машҳур буд.[1] Адиро шахсе суханвар, ҳозирҷавоб ва калони қабилаи худ шумурдаанд.[2]
Адӣ дар соли 67 дар даврони ҳукмронии Мухтор дар Кӯфа даргузашт.[3] Вафоти ӯро ба соли 68 ва 69ҳ.қ. низ ривоят кардаанд.[4] Ва синни вафоташро 82 ё 120-солагӣ зикр кардаанд.[5]
Аз Адӣ ибни Ҳотим ривоят шудааст, ки ҳар гоҳ ба назди Пайғамбар (с) ворид мешудам, барои нишастани ман ҷо боз мекард.[6] Пайғамбар ӯро ба ҷамъоварии садақот(закот)-и қабилаи Тай ва Банӣ Асад таъйин кард.[7]
Қиссаи мусалмон шудан
Адӣ ибни Ҳотим пеш аз пазируфтани Ислом, бар ойини насроният ва сардори қабилаи Тай буд.[8] Дар моҳи рабиуссонии соли 9 ҳиҷрӣ, Пайғамбар (с) Имом Алӣ (а)-ро бо лашкаре ба сӯи сарзамини Тай фиристод.[9] Вақте ки Адӣ аз ин воқеа огоҳ шуд, оилаву молу мулки худро ба сарзамини Шом фиристод, аммо хоҳари ӯ ба асорати лашкари Ислом даромад ва ба Мадина интиқол ёфт. Хоҳари ӯ аз Пайғамбар (с) дархост кард, ки ба ӯ миннат гузорад ва озодаш кунад. Пайғамбар (с) дархости ӯро қабул кард ва ӯро ҳамроҳи қофилае аз қабилаи Тай ба сӯи Шом равона кард.[10] Ҳангоме ки ӯ ба назди Адӣ расид, Адӣ назари ӯро дар бораи Пайғамбар (с) пурсид. Ӯ гуфт: "Ҳар чи зудтар ба назди ӯ бирав, зеро агар ӯ ҳақиқатан пайғамбар бошад, ҳар кас зудтар ба ӯ имон биоварад бартарӣ хоҳад дошт ва агар подшоҳ бошад аз иззати ту кам нахоҳад шуд." Адӣ назари ӯро қабул кард ва ба Мадина рафт ва пас аз мулоқот бо Пайғамбар (с) ва суҳбат бо ӯ фаҳмид, ки ӯ воқеан пайғамбар аст ва Исломро пазируфт.[11]
Мусалмон шудани Адиро дар соли нуҳум ё даҳуми ҳиҷрӣ зикр кардаанд.[12]
Ҳузур дар ҷангҳои даврони хулафо
Адӣ дар воқеаи иртидод, ки пас аз вафоти Пайғамбар (с) рух дод, бар Ислом боқӣ монд ва аз иртидоди қабилаи худ низ пешгирӣ кард.[13] Ӯ садақоти қабилаи Тайро назди Абубакр овард.[14] Ва дар ҷангҳои ридда, ки дар даврони халифаи аввал рух дод, ширкат кард[15] ва дар ҷанг бо Талиҳа, ки даъвии пайғамбарӣ мекард,[16] фармондеҳи ҷиноҳи ростро бар ӯҳда дошт.[17] Инчунин дар даврони халифаи дуюм дар футуҳоти исломӣ (Ироқ ва Эрон) ширкат кард[18]. Ӯ дар хилофати Усмон ба мухолифони ӯ пайваст ва Ибни Аъсам ӯро ҷузъи қотилони Усмон шумурдааст.[19]
Ҳамроҳӣ бо Имом Алӣ (а) ва Имом Ҳасан (а)
Адӣ дар даврони хилофати Имом Алӣ (а) дар канори ӯ буд.[20]
- Ҷанги Ҷамал
Бар асоси ривояти Ибни Қутайба (ваф.276ҳ.қ.), Адӣ ибни Ҳотим дар ҷанги Ҷамал 13 ҳазор савора аз қабилаи Тай барои ёрии Имом Алӣ (а) омода кард.[21] Дар айни ҷанг низ Имом Алӣ (а) ӯро бо чанд нафари дигар вазифадор кард, ки шутуреро, ки Оиша бар он савор буд, пай кунанд.[22] Ӯ дар ҷанги Ҷамал[23] (ва ба қавле дар ҷанги Сиффин)[24] чашмаш захмӣ шуд ва фарзандаш Тариф низ дар ин ҷанг кушта шуд.[25]
- Ҷанги Сиффин
Дар ҷанги Сиффин миёни Адӣ ибни Ҳотим ва як нафар аз Банӣ Ҳазмар дар парчамдории сипоҳ рақобат буд, вале Имом Алӣ (а) парчамро ба Адӣ ибни Ҳотим супурд.[26] Инчунин дар ин ҷанг Имом Алӣ (а) ӯро бо чанд нафар назди Муовия фиристод, то ӯро ба сӯи Худо ва китоби ӯ даъват кунанд.[27] Дар ин ҷанг фарзандаш Зайд дар сипоҳи Имом Алӣ (а) буд, вале чун ҷасади тағояш Ҳобис ибни Саъди Тоиро, ки аз сипоҳиёни Муовия буд, дид, аз сипоҳи Имом ҷудо шуд ва ба сипоҳи Муовия пайваст.[28]
- Ҷанги Наҳравони
Адӣ дар Ҷанги Наҳравон низ дар сипоҳи Имом Алӣ (а) буд[29]. Писараш Турфа низ дар ин ҷанг кушта шуд.[30]
Пас аз шаҳодати Имом Алӣ (а)
Адӣ дар хилофати Имом Ҳасан Маҷтабо (а) низ мардумро ба пайвастан ба сипоҳи ӯ барои ҷиҳод бо Муовия ибни Абисуфён ташвиқ мекунад.[31] Ба нақли Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар «Мақотил-ут-толибийин», вақте ки Адӣ сустии мардумро дар пайвастан ба сипоҳи Имом Ҳасан дид, ба онҳо гуфт: «Субҳоналлоҳ! Ин рафтори шумо чӣ қадар зишту нописанд аст! Чаро даъвати Имоматон ва писари Пайғамбаратро намепазиред?!... Оё аз хашми Худованд наметарсед?!»[32]
Ҳимояи Имом Алӣ (а) назди Муовия
Ба гузориши Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ - таърихнависи шиа, Муовия ибни Абисуфён аз Адӣ пурсид: «Писаронат чӣ шуданд?» Вай гуфт: «Дар сипоҳи Алӣ (а) кушта шуданд».
Муовия гуфт: «Алӣ нисбат ба ту бо инсоф рафтор накард, ки писарони худро нигоҳ дошт ва писарони туро ба рӯйи шамшер фиристод». Адӣ ҷавоб дод: «На, ба Худо, ман нисбат ба Алӣ бо инсоф рафтор накардам, ки Алӣ кушта шуд ва ман ҳанӯз зинда ҳастам!»[33]
Ӯ инчунин Муовияро аз бадгӯӣ дар бораи Алӣ (а) боздошт ва гуфт: «Ба Худо, эй Муовия! Дилҳое ки лабрез аз кинаи ту буданд, ҳанӯз дар синаҳои мо метапад ва шамшерҳое ки дар сафи Алӣ бо ту ҷангид, бар китфи мо ҷой доранд. Агар аз рӯи бадхоҳӣ ва найранг бо фосилаи ду ангушти кушода ба мо наздик шавӣ, мо ба андозаи як ваҷаб ба ту наздик хоҳем шуд. Ва ҳароина буридани галӯ ва тангии нафас дар сина, барои мо осонтар аз он аст, ки бадгӯӣ дар бораи Алӣ бишнавем.»[34]
Иброҳим ибни Муҳаммади Байҳақӣ, адиби қарни сеюми ҳиҷрӣ, дар китоби «ал-Маҳосин ва-л-масовӣ» гуфтугӯи дигареро миёни Адӣ ва Муовия ривоят кардааст. Дар ин гуфтугӯ, Муовия аз Адӣ хоҳиш кард, ки Алӣ (а)-ро барои ӯ тавсиф кунад. Адӣ гуфт: «Ба Худо қасам, ӯ дурандеш ва нерӯманд буд; қотеона сухан мегуфт ва бо адолат ҳукм меронд...» Муовия бо шунидани сухани ӯ гирист ва гуфт: «Сабри ту дар фироқи ӯ чӣ гуна аст?» Адӣ ҷавоб дод: «Ҳамонанди сабри зане ки фарзандашро дар оғӯшаш сар бурида бошанд; на ашкаш хушк шавад ва на гиряҳояш поён ёбад.»[35] Шайх Аббоси Қумӣ (ваф.1359ҳ.қ.) низ онро дар Сафинат-ул-биҳор овардааст.[36]
Ин гуфтугӯ дар баъзе дигар манобеъ ба Зирор ибни Зумра нисбат дода шудааст.[37]
Шафоат дар назди Мухтор
Ба қавли Муҳаммад Ҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ (тав.1327ҳ.ш.), пажуҳишгари таърихи исломӣ, Адӣ ибни Ҳотим на дар қиёми Мухтор ҳамроҳ буд ва на аз мухолифони Ӯ.[38] Дар ҷанги Ҷабонат-ус-сабиъ, ки миёни Мухтори Сақафӣ ва мухолифонаш рух дод, гурӯҳе аз қабилаи Тай, ки аз мухолифони Мухтор буданд, асир шуданд.[39] Адӣ ибни Ҳотим онҳоро назди Мухтор шафоат кард ва Мухтор онҳоро озод кард.[40] Ҳамчунин оилаи Ҳаким ибни Туфайли Тоӣ аз лашкари Умар ибни Саъд дар воқеаи Карбало, аз Адӣ ибни Ҳотим хоҳиш карданд, ки ӯро назди Мухтор шафоат кунад. Ҳангоме ки Адӣ барои ӯ назди Мухтор шафоат кард, Мухтор гуфт: «Чӣ гуна раво мебинӣ, ки барои яке аз қотилони Ҳусайн (а) талаби шафоат кунӣ?!» Адӣ гуфт ба ӯ дурӯғ бастаанд. Мухтор гуфт агар чунин аст, ӯро ба ту месупорем. Аммо пеш аз он, ёрони Мухтор аз тарси он ки Мухтор шафоати Адиро қабул кунад, Ҳаким ибни Туфайлро ба қатл расониданд.[41]
Мавқеи ҳадисӣ
Шайх Тӯсӣ ӯро аз асҳоби Пайғамбар (с)[42] ва Имом Алӣ (а)[43] шумурдааст. Ӯ ҳадисҳое аз Имом Алӣ (а) ривоят кардааст.[44] Ҳамчунин ривоятҳое аз ӯ дар «Саҳеҳи Бухорӣ» нақл шудааст.[45]
Эзоҳ
- ↑ Диёр Бакрӣ, «Таърих-ул-хамис», Дор cодир, ҷ.1, саҳ.255
- ↑ Ибни Абдулбар, «ал-Истиоб», 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1057
- ↑ Ибни Саъд, «ат-Тобақот-ул-кубро», 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.99
- ↑ Нигаред ба Ибни Абдулбар, «ал-Истиоб», 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1059
- ↑ Нигаред ба Ибн Ҳаҷар Асқалонӣ, «ал-Исоба», 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.388
- ↑ Ибни Абдулбар, «ал-Истиоб», 1212ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1058
- ↑ Ибни Ҳишом, «ас-Сират-ун-набавия», Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.600
- ↑ Яъқубӣ, «Таърих-ул-Яъқубӣ», Дор содир, ҷ.2, саҳ.79
- ↑ Табарӣ, «Таърих-ул-умум ва-л-мулук», 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.111
- ↑ Ибни Ҳишом, «ас-Сират-ун-набавия», Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.578-580
- ↑ Ибни Ҳишом, «ас-Сират-ун-набавия», Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.578-580
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, «ал-Исоба», 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.388
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, «ал-Исоба», 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.388
- ↑ Ибни Абдулбар, «ал-Истиоб», 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1058
- ↑ Воқидӣ, «ар-Ридда», 1410ҳ.қ., саҳ.66
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, «ал-Исоба», ҷ.3, саҳ.440
- ↑ Воқидӣ, «ар-Ридда», 1410ҳ.қ., саҳ.89; Ибни Аъсам, «ал-Футуҳ», 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.14
- ↑ Табарӣ, «Таърих-ул-умум ва-л-мулук», 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.486; Ибни Касир, «ал-Бидоя ва-н-ниҳоя», 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.344
- ↑ Ибни Аъсам, «ал-Футуҳ», 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.62
- ↑ Ибни Саъд, «ат-Тобақот-ул-кубро», 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.99
- ↑ Ибни Қутайба, «ал-Имома ва-с-сиёса», 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.77
- ↑ Балозурӣ, «Ансоб-ул-ашроф», 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249
- ↑ Балозурӣ, «Ансоб-ул-ашроф», 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.261
- ↑ Ибни Касир, «ал-Бидоя ва-н-ниҳоя», 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.275
- ↑ Балозурӣ, «Ансоб-ул-ашроф», 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.261
- ↑ Табарӣ, «Таърих-ул-умум ва-л-мулук», 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.9
- ↑ Балозурӣ, «Ансоб-ул-ашроф», 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.302
- ↑ Манқарӣ, «Вақъат Сиффин», 1404ҳ.қ., саҳ.522
- ↑ Табарӣ, «Таърих-ул-умум ва-л-мулук», 1387ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.543
- ↑ Балозурӣ, «Ансоб-ул-ашроф», 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.375
- ↑ Балозурӣ, «Ансоб-ул-ашроф», 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.32
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, «Мақотил-ут-толибийин», Дор-ул-маърифа, саҳ.70
- ↑ Масъудӣ, «Муруҷ-уз-заҳаб», 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.4
- ↑ Масъудӣ, «Муруҷ-уз-заҳаб», 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.4-5
- ↑ Байҳақӣ, «ал-Маҳосин ва-л-масовӣ», 1420ҳ.қ., саҳ.41
- ↑ Қумӣ, «Сафинат-ул-биҳор», Фароҳонӣ, ҷ.6, саҳ.184
- ↑ Масъудӣ, «Муруҷ-уз-заҳаб», 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.421; Ибни Абдулбар, «ал-Истиоб», 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1107
- ↑ Юсуфии Ғаравӣ, «Мавсуат-ут-таърих-ил-исломӣ», 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.406
- ↑ Юсуфии Ғаравӣ, «Мавсуат-ут-таърих-ил-исломӣ», 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.406
- ↑ Ибни Асир, «ал-Комил», 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.242;
- ↑ Ибни Асир, «ал-Комил», 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.242
- ↑ Тӯсӣ, «Риҷол-ут-Тӯсӣ», 1373ҳ.ш., саҳ.43
- ↑ Тӯсӣ, «Риҷол-ут-Тӯсӣ», 1373ҳ.ш., саҳ.73
- ↑ Хӯъӣ, «Муъҷам риҷол-ул-ҳадис», 1413ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.147
- ↑ Барои намуна ниг.: Бухорӣ, «Саҳеҳ-ул-Бухорӣ», 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.46
Сарчашма
- Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, «Мақотил-ут-толибийин», таҳқиқ: Аҳмад Сақр, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бетаърих
- Байҳақӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, “ал-Маҳосин ва-л-масовӣ», Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1420ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, «Ансоб-ул-ашроф(ҷ.2)», таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи аввал, 1394ҳ.қ./1974
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, «Ансоб-ул-ашроф(ҷ.3)», таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи аввал, 1397ҳ.қ./1977
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, «Саҳеҳ-ул-Бухорӣ», таҳқиқ: Муҳаммад Заҳир ибни Носир ан-Носир, Бейрут, Дор тавқ-ин-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, “ар-Ридда маа набза мин футуҳ-ил-Ироқ ва зикр ал-Мусанно ибни Ҳориса аш-Шайбонӣ», таҳқиқ: Яҳё ал-Ҷабурӣ, Бейрут, Дор-ул-ғарб-ил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Диёр Бакрӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, «Таърих-ул-хамис фи аҳвол анфас-ун-нафис», Бейрут, Дор содир, бетаърих
- Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, “ал-Истиоб фи маърифат-ил-асҳоб», таҳқиқ: Алимуҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1212ҳ.қ./1992
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абикарам, “ал-Комил фи-т-таърих», Бейрут, Дор-ус-содир, 1385ҳ.қ./1965
- Ибни Аъсами Кӯфӣ, Аҳмад ибни Аъсам, “ал-Футуҳ», таҳқиқ: Алии Шерӣ, Бейрут, Дор-ул-азво, чопи аввал, 1411ҳ.қ./1991
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, “ал-Бидоя ва-н-ниҳоя», Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986
- Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, “ал-Имома ва-с-сиёса», Қум, Интишороти Шарифи Разӣ, 1413ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад, «ат-Тобақот-ул-кубро», таҳқиқ: Муҳаммад Абдулқодир, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, “ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба», таҳқиқ: Одил Аҳмад Абдулмавҷуд, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ./1995
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, “ас-Сират-ун-набавия», таҳқиқ: Мустафо ас-Сақо ва дигарон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бетаърих
- Қумӣ, Аббос, «Сафинат-ул-биҳор», Теҳрон, Фароҳонӣ, бетаърих
- Манқарӣ, Наср ибни Музоҳим, «Вақъат Сиффин», таҳқиқ: Абдуссалом Муҳаммадҳорун, Қум, Мактаба Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, «Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар», таҳқиқ: Асъад Доғир, Қум, Дор-ул-ҳиҷра, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, «Таърих-ул-умам ва-л-мулук», таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл, Дор-ут-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ./1967
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, «Риҷол-ут-Тӯсӣ», тасҳеҳ: Ҷавод Файюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари нашри исломии вобаста ба Ҷомеаи муларрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1373ҳ.ш.
- Хӯъӣ, Сайид Абулқосим, «Муъҷам риҷол-ул-ҳадис ва тафсил-ут-табақот-ур-рувот», чопи панҷум, 1413ҳ.қ.
- Юсуфии Ғаравӣ, Муҳаммадҳодӣ, «Мавсуат-ут-таърих-ил-исломӣ», Қум, Маҷмаи андешаи исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, «Таърих-ул-Яъқубӣ», Бейрут, Дор содир, бетаърих