Шаҳодатайн

Аз wikishia
Истифода аз шаҳодатайн дар меъмории исломӣ
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳум фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои амали динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Шаҳодатайн гувоҳӣ додан ба ягонагии Худо ва рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) ва иқрор ба пазируфтани тавҳид ва набувват аз усули дини Ислом аст. Шаҳодатайн марзи байни Ислом ва куфр дониста шудааст. Касе ки шаҳодатайнро бар забон биоварад, мусулмон маҳсуб мешавад ва аҳкоми Ислом дар бораи ӯ ҷорӣ мешавад. Мусулмонон дар ташаҳҳуди ҳар намоз ва азону ҳам иқома шаҳодатайнро бар забон ҷорӣ мекунанд.

Фақиҳони шиа аз шаҳодатайн дар бобҳои мухталифи фиқҳ сухан гуфтаанд. Ба фатвои онон гуфтани шаҳодатайн дар намози майит пас аз такбири аввал воҷиб аст ва талқини шаҳодатайн ба муҳтазар ва навиштанаш бар кафани майит мустаҳаб аст.

Шаҳодатайн дар меъмории исломӣ, ҳунари хушнивисӣ ва зарби сикка низ маврид тавваҷуҳ будааст.

Таъриф

Шаҳодатайн гувоҳӣ додан ба ягонагии Худо ва рисолати ҳазрати Муҳамад (с) аст.[1] Ба гуфта фақиҳон, шаҳодатайн бо гуфтани ин ду ҷумла ё мазмуни онҳо таҳаққуқ меёбад: «أشْهَدُ أنْ لا الهَ الاّ الله و أشْهَدُ أنَّ مُحَمَّداً رَسُولُ اللّه; (Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадар расулуллоҳ) Гувоҳӣ медиҳам худое ҷуз Худои ягона нест ва гувоҳӣ медиҳам ки Муҳаммад Паёмбари Худост», муҳаққиқ мешавад.[2] Ба гуфта Шайхи Садуқ, шаҳодатайн иқрор ба пазируфтани тавҳид ва нубувват – ду асл аз усули дини Ислом, аст.[3]

Арзиши фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ

Аз назари мусулмонон шаҳодатайн марзи байни Ислом ва куфр аст; яъне касе ки шаҳодатайнро ба забон биоварад, аҳкоми Ислом бар ӯ ҷорӣ мешавад;[4] аз ҷумла баданаш пок аст ва ҷону молаш муҳтараманд.[5] Дар дуои Абуҳамзаи Сумолӣ, Имом Саҷҷод (а) бо ишора ба асари шаҳодатайни забонӣ онро боиси амнияти ҷони гӯяндааш дониста (ҳарчанд бо қалб ба он имон надошта бошад монанди изҳори шаҳодатайн тавассути мунофиқ)[6][Ёддошт 1]

Ба гузориши Шайхи Садуқ, дар бархе ривоёт, "имон" ба шаҳодатайн тафсир шудааст.[7] Бинобар назари Алломаи Таботабоӣ (1281 – 1360ҳ.ш.) имон маротибе дорад, ки аввалин мартабаи он, эътиқоди қалбӣ ва бовар ба мазмун шаҳодатайн аст ва ин имон боиси анҷоми аҳкоми фаръии Ислом мешавад.[8]

Дар китобҳои фиқҳӣ аз шаҳодатайн дар бахшҳои аҳкоми амвот (мурдагон), дар боби таҳорат,[9] тиҷорат,[10] намоз[11] ва ҷиҳод[12] сухан ба миён меояд.

Одобу аҳком

  • Тибқи дидгоҳи бештари фақиҳони шиа, гуфтани шаҳодатайн дар намози майит пас аз такбири аввал воҷиб аст. Дигар фақиҳон онро мустаҳаб медонанд.[13]
  • Талқини шаҳодатайн ва шаҳодат ба имомати аимма (а) ба шахси дар ҳоли эҳтизор, мустаҳаб аст.[14]
  • Мустаҳаб аст бар кафани мурда, навишта шавад ки ӯ ба шаҳодатайн иқрор мекунад.[15]
  • Бештари фақиҳон, гуфтани шаҳодатайн дар хутбаҳои намози ҷумъа тавассути имоми ҷумъаро мустаҳаб медонанд.[16]
  • Ба гуфта соҳиби Ҷавоҳир, аз одоби тиҷорат, гуфтани шаҳодатайн ҳангоми истиқрор дар маҳалли касб аст.[17]

Корбурд дар фарҳанги исломӣ

Дар дуоҳо ва маносики мусулмонон иборати шаҳодатайн корбурди бисёр дорад.[18] Барои мисол, мусулмонон дар ташаҳҳуди ҳар намоз[19] ва низ дар азону иқома[20] шаҳодатайнро бар забон меоваранд.

Шаҳодатайн дар меъмории исломӣ, ҳунари хушнивисӣ ва зарби сикка низ маврид тавваҷуҳ будааст.[21]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.630
  2. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.630
  3. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299
  4. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.630; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.301 - 303
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.143
  6. Мафотиҳ-ул-ҷинон, дуои Абуҳамзаи Сумолӣ
  7. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299-300
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.301 - 303
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.40; Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.417
  10. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.452
  11. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.245, 246, 264
  12. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.630
  13. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.40
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.14
  15. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.224
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.216; Наҷафӣ, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.255
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.452
  18. Барои намуна ниг.: Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.15, 16, 49
  19. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.245, 246
  20. Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.29; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.81, 82
  21. Барои намуна ниг.: Афрӯғ, «Мазомину аносири шиъӣ дар ҳунари асри сафавӣ бо нигоҳе ба ҳунари қолибофӣ, нигоргарӣ ва филизкорӣ», саҳ.48; Аббосзода, «Баррасии нақши мазҳаби шиа бар ҳунар ва меъмории имомзодагони Эрон»

Ёддошт:


Сарчашма

  • Аббосзода ва дигарон, «Баррасии нақши мазҳаби шиа бар ҳунар ва меъмории имомзодагони Эрон, интишор: 2 меҳри 1395ҳ.ш., мушоҳида: 30 дайи 1398ҳ.ш.
  • Афрӯғ, Муҳаммад, «Мазомину аносири шиъӣ дар ҳунари асри сафавӣ бо нигоҳе ба ҳунари қолибофӣ, нигоргарӣ ва филизкорӣ», Мутолиоти эронӣ, №20, пойизи 1390ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариат-ил-ғарро, Қум, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1422ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари Интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, Қум, дафтари Интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷиди ва силоҳ-ул-мутааббид, Бейрут, Муассисату фиқҳ-иш-шиа, 1411ҳ.қ.
  • Яздии Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фи мо таумму биҳ-ил-балвл, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1409ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found