Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ

Аз wikishia
Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ

Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ (тав.1921) - марҷаъи тақлиди шиа аст, ки дар Қум зиндагӣ мекунад.

Ӯ яке аз шогирдони Сайид Абулқосим Хуӣ ва яке аз устодони фиқҳ ва усули ҳавзаи илмияи Қум аст.

Ваҳиди Хуросонӣ таҳсилоти ҳавзавиашро дар Нишобур, Машҳад ва Наҷаф гузаронд. Маҷлиси дарси хориҷи ӯ, яке аз пурравнақтарин дарсҳои ҳавзаи илмияи Қум аст.

Ӯ мухолиф аст, ки толибъилмон таълимоти фалсафа гиранд; чароки Қуръон ва ривоётро дарбардорандаи ҳамаи маорифи мавриди ниёзи инсон медонад.

Шарҳ бар Шароеъ-ул-Ислом, ҳошия бар Кифоя ва ҳошия бар Макосиби муҳаррама аз ҷумлаи китобҳои ӯ ҳастанд.

Таҳсилот ва устодон

Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ, 21-уми марти 1921 (11-уми раҷаби 1339ҳ.қ.) дар Нишобур ба дунё омад.[1] Баъд аз таҳсили давраи адабиёт, дарсҳои давраи сатҳро аз Муҳаммади Наҳовандӣ омухт. Сипас дар дарси хориҷи фиқҳи Мирзомаҳдии Исфаҳонӣ ва Мирзомаҳдии Оштиёнӣ иштирок кард.[2]

Ваҳиди Хуросонӣ фалсафаро аз Мирзо Абулқосими Илоҳӣ ва Мирзомаҳдии Оштиёнӣ омухт.[3] Ӯ дар соли 1948, баъд аз гуфтугӯи илмӣ бо Сайид Муҳаммадҳуҷҷати Куҳкамарӣ дар шаҳри Рей, аз вай иҷозати иҷтиҳод гирифт.[4] Вай дар 27- солагӣ ба Наҷаф рафт ва дар дарсҳои Сайид Абдулҳодии Шерозӣ, Сайидмуҳсини Ҳаким ва ба хусус Сайид Абулқосими Хуӣ иштирок кард.[5]

Зиндагӣ ва таълим дар Қум

Ҳусейн Ваҳиди Хуросонӣ дар соли 1972 ба Эрон баргашт. Ибтидо бо исрори толибъилмон ва олимон як сол дар Машҳад дарс дод ва сипас барои тадриси улуми ҳавзавӣ ба Қум рафт.[6]

Дарсҳои хориҷи фиқҳ ва усули Ваҳиди Хуросонӣ аз пурравнақтарин дарсҳои ҳавзаи илмияи Қум ба шумор меравад.[7]

Шогирдон

Дар солҳои тӯлонии тадриси Оятуллоҳ Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ бисёреҳо аз дарсҳои ӯ баҳра бурдаанд; аз ҷумла:

  1. Муҳаммадмаҳдии Шабзиндадор[8]
  2. Сайидалӣ Милонӣ
  3. Сайид Муҳаммадризо Мударрисии Яздӣ[9]
  4. Сайид Муҳаммадҷавод Алавии Буруҷердӣ
  5. Мирсайид Муҳаммад Ясрибӣ
  6. Муҳсин Ваҳиди Хуросонӣ, фарзандаш
  7. Содиқ Омулии Лориҷонӣ, домодаш

Марҷаъият

Дар соли 1994, баъд аз марги Муҳаммадалии Арокӣ - марҷаъи тақлиди вақт, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ҳафт танро ба унвони касоне ки тақлид аз онҳо ҷоиз аст, муаррифӣ кард, ки Ваҳиди Хуросонӣ аз ҷумлаи онон буд.[10]

Дарси хориҷи Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ дар масҷиди Аъзами Қум

Таълифот

Бархе аз китобҳои Ваҳиди Хуросонӣ ба нақл аз вебгоҳаш иборатанд аз: Тавзеҳул-масоил, Аҳкоми муҳоҷирон, Ҳалқаи васли рисолату имомат, Ошноӣ бо усули дин, Маносики ҳаҷ, Ба ёди аввал мазлуми рӯзгор, Райҳонаи Расулуллоҳ, Ба ёди он ки мазҳаби ҳақ ёдгори ӯст, Ба ёди бизъати хотамул-анбиё дар Туси ҳазрати шамси шумус ва Ба ёди охирин халифа ва ҳуҷҷати Парвардигор.[11]

Шарҳ бар Шароеъ-ул-Ислом, Ҳошияе бар Кифоя, Ҳошияе бар Макосиби муҳаррама ва Ҳошия бар Урват-ул-вусқо аз дигар осори ӯ ҳастанд.[12]

Иқомаи шаъоири Фотимия

Азои Фотимия, Оятуллоҳ Табрезӣ ва Оятуллоҳ Ваҳид

Дар пайи интишори садое мансуб ба Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ, ки дар он санади бархе аз аҳодиси шаҳодати ҳазрати Заҳро (с)-ро дорои ишкол медонад, Мирзоҷаводи Табрезӣ бо судури баёнияе хостори роҳпаймоӣ дар солгарди шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) шуд. Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ, Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ ва Муҳаммадфозили Ланкаронӣ низ дар ин роҳпаймоӣ ширкат карданд. Аз он пас ин оин ҳамасола баргузор мешавад.[13]

Дидгоҳҳо ва андешаҳо

Тибқи гуфтаи Алавии Буруҷердӣ, яке аз шогирдони Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ бархе аз андешаҳои ӯ иборат аст аз:

  • Истиқлоли ҳавзаҳо ва адами вобастагӣ ба ҳеҷ шахсу шахсият
  • Лузуми таъомули мантиқии шиаён ва аҳли суннат
  • Вуҷуби дифои шиаён аз аҳли суннат дар баробари ҳамлаи куффор
  • Ҳурмати амал кардан дар ҷиҳати муқобила бо низом ва тазъифи низом[14]

Мухолифат бо фалсафа

Тибқи гуфтаи Алавии Буруҷердӣ бо ин ки ӯ бар фалсафаю ирфон тасаллут дорад,[15] вале фалсафаро илми носудманд медонад ва мухолифи таҳсили он аст.[16] Ба гуфтаи ӯ Қуръон ва ривоёти Аҳли Байт ҳамаи маорифи мавриди ниёзи инсонро дар ихтиёри ӯ қарор додаанд.[17] Ӯ ба туллоби улуми динӣ тавсия мекунад, ба ҷои машғул шудан ба фалсафа, ба Қуръону ривоёт бипардозанд.[18]

Дархости таътилии рӯзи шаҳодати ҳазрати Фотима

Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ дар соли 2000, дар дидор бо Сайид Муҳаммади Хотамӣ - раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз вай хост то солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотима (с)-ро таътили расмӣ эълом кунад.[19]

Ваҳиди Хуросонӣ

Ин пешниҳод бо мувофиқати Хотамӣ дар ҳайъати давлати матраҳ ва лоиҳаи он барои тасвиб ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ фиристода шуд.[20] Бо тасвиби ин лоиҳа дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотима дар Эрон таътили расмӣ эълом шуд.[21]

Надодани иҷозати иҷтиҳод ба дигарон

Дар пайи интисоби бархе матолиб ба Ваҳиди Хуросонӣ, ӯ дар посухҳои шаффофе таъкид кард, ки ба касе иҷозати иҷтиҳоди шифоҳӣ надода ва тавсия накардааст рисолаи амалия чоп кунад.[22]

Мухолифат бо намоиши чеҳраи ҳазрати Аббос (а)

Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ дар соли 2010, дар ҷамъи мубаллиғони ҳавзаҳои илмия, аз тасмим барои намоиши чеҳраи ҳазрати Абулфазл дар сериали Мухторнома ба шиддат интиқод карду ҳушдор дод, ки агар ин тасмим амалӣ шавад, ҳарчӣ мумкин аст бигӯяд ва ҳар иттифоқе мумкин аст рӯй диҳад.[23] Ӯ ҳамчунин дар посух ба пурсише дар бораи намоиши чеҳраи бархе шахсиятҳои мазҳабӣ дар Карбало ҳамчун ҳазрати Абулфазл дар филми синамоии Растохез, ин корро ҷоиз надонист.[24]

Эзоҳ

  1. “Зиндагиномаи Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ”, вебгоҳи муассисаи ҷаҳонии Сибтайн.
  2. “Зиндагиномаи Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ”, вебгоҳи муассисаи ҷаҳонии Сибтайн.
  3. “Зиндагиномаи Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ”, вебгоҳи муассисаи ҷаҳонии Сибтайн.
  4. “Зиндагиномаи Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ”, вебгоҳи муассисаи ҷаҳонии Сибтайн.
  5. “Зиндагиномаи Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ”, вебгоҳи муассисаи ҷаҳонии Сибтайн.
  6. “Зиндагиномаи Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ”, вебгоҳи муассисаи ҷаҳонии Сибтайн.
  7. “Зиндагиномаи Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ”, вебгоҳи муассисаи ҷаҳонии Сибтайн.
  8. “Шабзиндадор кист?”, хабаргузории Форс.
  9. “Зиндагиномаи ҳазрати ҳуҷҷатул-Исломи вал-муслимин Сайид Муҳаммадризо Мударрисии Яздӣ”, сайти Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум.
  10. Вебгоҳи Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, «баёнияи муҳим дар бораи марҷаъият пас аз реҳлати ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Арокӣ», вебгоҳи Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум.
  11. “Осор ва таълифот”, вебгоҳи Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ.
  12. “Зиндагиномаи Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ”, вебгоҳи муассисаи ҷаҳонии Сибтайн.
  13. Поёни фақиҳи фатвоҳои ҷанҷолӣ, пойгоҳи хабарии Фарорӯ.
  14. Сайидмуҳаммадҷавод Алавии Буруҷердӣ, мусоҳиба бо шианюз, 6 хурдоди 1399
  15. Сайидмуҳаммадҷавод Алавии Буруҷердӣ, мусоҳиба бо шианюз, 6 хурдоди 1399
  16. “Оятуллоҳулъузмо Ваҳиди Хуросонӣ ва нақди фалсафа ва ирфон”, сайти Марҷаъи мо.
  17. “Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ: ошиқи фалсафа будам”, вебгоҳи Тобнок.
  18. “Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ: ошиқи фалсафа будам”, вебгоҳи Тобнок.
  19. “Моҷарои таътил шудани рӯзи шаҳодати ҳазрати Заҳро”, вебгоҳи Машриқнюз.
  20. “Ногуфтаҳои тасвиби таътилии солрӯзи шаҳодати ҳазрати Заҳро”, вебгоҳи Шианюз.
  21. “Ногуфтаҳои тасвиби таътилии солрӯзи шаҳодати ҳазрати Заҳро”, вебгоҳи Шианюз.
  22. “Абадан ба касе иҷозати иҷтиҳоди шифоҳӣ надодам ва супориш накардам касе рисолаи амалия чоп кунад”, вебгоҳи Шабакаи иҷтиҳод.
  23. “Ҳушдор ва таҳдиди шадидуллаҳни Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ дар мавриди намоиши чеҳраи ҳазрати Абулфазл дар сериали Мухтор”, вебгоҳи Хабаронлайн.
  24. “Иттилоъияи Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ дарбора филми Растохез”, вебгоҳи Машриқнюз.

Сарчашма

  • “Абадан ба касе иҷозати иҷтиҳоди шифоҳӣ надодам ва супориш накардам касе рисолаи амалия чоп кунад”, вебгоҳи Шабакаи иҷтиҳод, 10 дейи 1397, дидашуда дар 26 урдибиҳишти 1401.
  • “Зиндагиномаи Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ”, вебгоҳи муассисаи ҷаҳонии Сибтайн, 5 озар, 1388ҳ.ш., дидашуда дар 26 урдибиҳишти 1397ҳ.ш.
  • “Иттилоъияи Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ дар бораи филми Растохез”, вебгоҳи Машриқнюз, 23 тири 1394, дидашуда дар 7 хурдоди 1397.
  • “Моҷарои таътил шудани рӯзи шаҳодати ҳазрати Заҳро”, вебгоҳи Машриқнюз, 4 урдибиҳишти 1391, дидашуда дар 6 хурдоди 1397.
  • “Ногуфтаҳои тасвиби таътилии солрӯзи шаҳодати ҳазрати Заҳро”, вебгоҳи Шианюз, 4 урдибиҳишти 1391, дидашуда дар 5 хурдоди 1397.
  • “Осор ва таълифот”, вебгоҳи Дафтари марҷаъи олиқадри шиа, ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ, дидашуда дар 6 хурдоди 1397.
  • “Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ: ошиқи фалсафа будам”, вебгоҳи Тобнок, 9 баҳмани 1392, дидашуда дар 6 хурдоди 1397.
  • “Оятуллоҳулъузмо Ваҳиди Хуросонӣ ва нақди фалсафаю ирфон”, вебгоҳи Марҷаъи мо, 20 дейи 1391, дидашуда дар 6 хурдоди 1397.
  • “Ҳушдор ва таҳдиди шадидуллаҳни Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ дар мавриди намоиши чеҳраи ҳазрати Абулфазл дар сериали Мухтор”, вебгоҳи Хабаронлайн, 13 озари 1389, дидашуда дар 7 хурдоди 1397.
  • «Баёнияи муҳим дар бораи марҷаъияти пас аз марги ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Арокӣ», вебгоҳи Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, дидашуда дар 6 хурдоди 1397.
  • «Зиндагиномаи ҳуҷҷатул-Ислом вал-муслимини Сайид Муҳаммадризо Мударрисии Яздӣ», вебгоҳи Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, таърихи боздид: 16 шаҳривари 1399ҳ.ш.