Сайид Абулқосим Хуӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сайид Абулқосим Хӯӣ)
Сайид Абулқосим Мусавии Хуӣ
Санаи таваллуд15 раҷаби соли 1317ҳ.қ.
Зодгоҳшаҳри Хуй
Санаи вафотшанбе 8 сафари соли 1413ҳ.қ. дар 96-солагӣ
Шаҳри вафотКӯфа
Маҳалли дафнҳарами Амиралмуъминин
Устодон
Шогирдон
Маҳалли таҳсилҲавзаи илмияи Наҷаф
Таълифот
Сиёсӣҳимоят аз Интифозаи шаъбонияи Ироқ
ФаолиятҳоМарҷаи тақлид
Вебгоҳи расмӣМуассисаи исломии Хуӣ


Сайид Абулқосими Мусавии Хуӣ (1278 - 1371ҳ.ш.) (форсӣ: سيد ابوالقاسم خوئي) аз мароҷеи тақлиди шиа, риҷолӣ ва нависандаи маҷмӯаи 23-ҷилдии "Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис" ва ҳамчунин соҳиби асари тафсирии "ал-Баён фи тафсир-ил-Қуръон" буд. Мирзои Ноинӣ ва Муҳаққиқи Исфаҳонӣ ду тан аз барҷастатарин устодони ӯ дар фиқҳ ва усули фиқҳ будаанд. Оғози расмии марҷаияти Хуӣ пас аз даргузашти Сайид Ҳусайн Таботабоии Буруҷердӣ дониста шуда ва даргузашти Сайид Муҳсин Таботабоии Ҳаким, оғози марҷаияти ӯ махсусан дар Ироқ хонда шудааст. Хуӣ, дар тӯли ҳафтод соли тадрис, як давраи комили дарси хориҷи фиқҳ ва шаш давра дарси хориҷи усули фиқҳро тадрис карда, ва як давраи кӯтоҳ ҳам ба тадриси тафсири Қуръон пардохт. Олимоне аз ҷумла Муҳаммадисҳоқи Файёз, Сайид Муҳаммадбоқири Садр, Мирзоҷаводи Табрезӣ, Сайид Алии Систонӣ, Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ, Сайид Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо Садр ва Сайид Абдулкарим Мусавии Ардабилӣ аз шогирдони Хуӣ муаррифӣ шудаанд.

Оятуллоҳ Хуӣ дар фиқҳ ва усули фиқҳ, назарот ва орои қобили таваҷҷӯҳе доштааст, ки гоҳ бо назароти машҳури фақеҳони шиа мутафовит аст. Бархе манобеъ, фатовои мутафовити ӯро то 300 маврид донистаанд. Мухолифат бо мукаллаф будани кофирон ба анҷоми фурӯи дин, радди нисбӣ будани оғози моҳи қамарӣ ва мухолифат бо эътибори шуҳрати фатвоӣ ва иҷмоъ, бархе аз назароти мутафовити ӯ дар фиқҳ ва усули фиқҳ аст. Хуӣ дар даврони марҷаияти худ, иқдомоте дар ростои таблиғи дин, тарвиҷи ташайюъ ва ёрӣ расондан ба ниёзмандон кардааст; аз ҷумла сохтани китобхона, мадраса, масҷид, ҳусайния ва бемористон дар кишварҳои Эрон, Ироқ, Малайзия, Англия, Амрико, Ҳиндустон ва ғ.

Хуӣ дар даҳаи 1340ҳ.ш., мавзеъҳо ва баёнияҳое алайҳи давлати Паҳлавӣ доштааст; эътироз ба воқеаи Файзия дар соли 1342 ҳиҷрии шамсӣ, аз ин ҷумлаанд. Вай пас аз шурӯи Инқилоби исломии 1357 дар Эрон ва дидори Фараҳи Дебо, ҳамсари Муҳаммадризо Паҳлавӣ бо ӯ ва шакку шубҳаҳои пеш омада пас аз ин дидор, дар мавориде аз ҷумла ҳамапурсии таъйини низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳамчунин ҷанги Ироқ алайҳи Эрон, ба ҳимоят аз инқилоб ва Ҷумҳурии исломии Эрон пардохт. Ӯ дар ҷараёни интифозаи шаъбонияи шиаёни Ироқ ва таъйини шӯрои раҳбарӣ барои идораи манотиқи таҳти мудирияти шиаён, таҳти фишори ҳукумати Саддом Ҳусайн қарор гирифт ва то поёни умр дар ҳасри хонагӣ буд.

Зиндагӣ

Намози Сайид Алии Систонӣ бар ҷанозаи Хуӣ

Сайид Абулқосими Мусавии Хуӣ дар 15 раҷаби 1317 ҳиҷрии қамарӣ/19 ноябри 1899, дар шаҳри Хуй аз тавобеъи вилояти Озарбойҷони ғарбии Эрон ба дунё омад.[1] Падараш Сайид Алиакбари Хуӣ, аз шогирдони Абдуллоҳи Момақонӣ буд, ки ба хотири мувофиқ набудан бо машрутаи ғайримашруа,[2] дар соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ аз Эрон ба Наҷаф муҳоҷират кард.[3] Хуӣ, рӯзи шанбе 8-уми сафари 1413 ҳиҷрии қамарӣ (8 августи 1992) дар 96-солагӣ (93-солагӣ тибқи тақвими мелодӣ), ба иллати бемории қалбӣ дар Кӯфа даргузашт ва дар канори Масҷидулхазро дар саҳни ҳарами Имом Алӣ (а) дафн шуд.[4]

Ҳамсар ва фарзандон

Хуӣ ду бор издивоҷ кард. Фарзандони вай, се писар ва се духтар аз ҳамсари аввал ва чор писару ду духтар аз ҳамсар дувум ҳастанд.[5] Бархе аз фарзандони шинохташудаи Хуӣ иборатанд аз:

  • Сайид Ҷамолиддини Хуӣ, фарзанди аршади Хуӣ, ки бештари умри худро сарфи умури марҷаияти падараш дар Наҷаф кард. Бархе аз осори ӯ иборатанд аз Шарҳи Кифоят-ул-усул, Баҳсун фи-л-фалсафати ва илм-ил-калом, Тавзеҳ-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, Шарҳи девони Мутанаббӣ ва Девони шеър ба форсӣ.[6]
  • Сайид Муҳаммадтақии Хуӣ, пас аз таъсиси Муассисаи хайрияи имом Хуӣ 1368 ҳиҷрии шамсӣ дабири кулли он шуд. Пас аз интифозаи шаъбония дар 1369 шамсӣ, ӯ узви ҳайъати мунтахаби падараш барои идораи манотиқи озодшуда буд, аммо дар пайи саркуби ин қиём ва қатли оми шиаён, ба ҳамроҳи падараш дар ҳасри хонагӣ қарор гирифт ва саранҷом дар 30-уми тири 1373 шамсӣ дар ҳодисаи ронандагӣ даргузашт. Бархе ин рухдодро ҳосили барномарезии давлати Саддом донистаанд.[7] Илова бар тақрироти дарси фиқҳи падараш, ал-Илтизомот-ул-табаъияту фи-л-уқуд аз осори ӯст.[8]
Оромгоҳи оятуллоҳ Хуӣ дар ҳарами Имом Алӣ (а)

Иттилооти дақиқе дар бораи духтарони Хуӣ дар даст нест, аммо бархе аз домодҳои ӯ иборатанд аз Сайид Насруллоҳи Мустанбит, Сайид Муртазо Ҳукмӣ, Сайид Ҷалолиддин Фақиҳи Имонӣ, Ҷаъфар Ғаравии Ноинӣ ва Сайид Маҳмуди Милонӣ.[9]

Зисти илмӣ

Абулқосими Хуӣ соли 1330 қамарӣ, дар 13 солагӣ, ҳамроҳ бо бародараш Абдуллоҳ Хуӣ ба падари худ дар Наҷаф пайваст.[10] Ӯ шаш сол ба таҳсили муқаддамот ва сатҳи олии ҳавза пардохт ва сипас 14 сол дар дарси устодони улуми мухталиф аз ҷумла фиқҳу усул ширкат кард. Аз ин миён, чунонки худи ӯ дар зиндагиномаи худнавишт овардааст, бештарини истифодаро аз Муҳаммадҳусайни Ноинӣ ва Муҳаммадҳусайн Ғаравии Исфаҳонӣ доштааст.[11]

Устодон ва иҷозати иҷтиҳод

Сайид Абулқосими Хуӣ, илова бар он ки ба гуфтаи худ, аз Муҳаммадҳусайни Ноинӣ ва Муҳаммадҳусайни Исфаҳонӣ бештарин истифодаи илмиро бурда ва як давраи комил аз илми усул ва бархе китобҳои фиқҳиро аз онон омӯхта, аз устодони дигаре, аз ҷумла Шайхушшариъа (ваф.1338ҳ.қ.), Маҳдии Мозандаронӣ (ваф.1342ҳ.қ.) ва Оқозиёи Ироқӣ[12] низ ёд кардааст.

Бархе дигар аз устодони Хуӣ иборатанд аз Муҳаммадҷаводи Балоғӣ дар илми калом, ақоид ва тафсир, Сайид Абутуроби Хонсорӣ дар илми риҷол ва дироия, Сайид Абулқосими Хонсорӣ дар илми риёзиёт, Сайид Ҳусайни Бодкӯбаӣ дар фалсафаю ирфон ва ҳамчунин Сайид Алии Қозӣ.[13]

Сайид Абулқосим дар тӯли даврони таҳсили худ дар ҳавзаи илмияи Наҷаф, бо Сайид Муҳаммадҳодии Милонӣ (ваф.1395ҳ.қ.), Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ (ваф.1402ҳ.қ.), Сайид Садриддини Ҷазоирӣ, Алимуҳаммади Буруҷердӣ (ваф.1395ҳ.қ.), Сайид Ҳусайни Ходимӣ ва Сайид Муҳаммад Ҳусайнии Ҳамадонӣ мубоҳиса мекардааст.[14]

Хуӣ дар соли 1352ҳ.қ., аз бисёре аз устодони ҳавзаи илмияи Наҷаф иҷозати иҷтиҳод дарёфт кардааст; Муҳаммадҳусайни Ноинӣ, Муҳаммадҳусайни Ғаравии Исфаҳонӣ, Оқозиёи Ироқӣ, Муҳаммадҳусайни Балоғӣ, Мирзоалӣ Оқошерозӣ, ва Сайидабулҳасани Исфаҳонӣ аз ин ҷумлаанд.[15]

Марҷаият

Оғози марҷаияти Хуӣ ба равшанӣ мушаххас нест, аммо бисёре аз манобеъ, оғози ҷиддии марҷаияти ӯро пас аз даргузашти Буруҷердӣ дониста, таъкид кардаанд, ки пас аз даргузашти Сайид Муҳсин Таботбоии Ҳаким, Хуӣ махсусан дар Ироқ, марҷаъи бартар шинохта мешуд[16] ва ҷойгоҳи марҷаияти ӯ байни шиаёни Эрон ҳам муҳим гузориш шудааст.[17] Хуӣ, аз ҷумлаи мароҷеъе дониста шудааст, ки байни аксари шиаён, аъам аз арабу ғайриараб, нуфузи чашмгире доштааст.[18]

14 нафар аз муҷтаҳидини Наҷаф аз ҷумла Садрои Бодкӯбаӣ, Сайид Муҳаммадбоқири Садр, Сайид Муҳаммади Рӯҳонӣ, Муҷтабо Ланкаронӣ, Мусо Занҷонӣ, Юсуфи Карбалоӣ, Сайид Юсуфи Ҳаким ва Сайид Ҷаъфари Маръашӣ, аъламияти Хуиро эълом карданд.[19] Сайид Мусо Садр аз сӯи Маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон, Хуиро марҷаи аълам муаррифӣ кард.[20]

Тадрис

Тадриси Хуӣ дар Масҷидулхазрои Наҷаф

Абулқосими Хуӣ дар хилоли таҳсил дар ҳавзаи илмияи Наҷаф, ба тадрис ҳам машғул буда ва ба гузориши манобеи мухталиф, ҳар китоберо, ки меомӯхта, онро тадрис мекардааст.[21]

Пас аз даргузашти Муҳаммадҳусайн Ғаравии Ноинӣ ва Муҳаммадҳусайн Ғаравии Исфаҳонӣ, маҷлиси дарси Сайид Абулқосими Хуӣ ва Муҳаммадалӣ Козимии Хуросонӣ, аз дарсҳои муҳими Наҷаф гузориш шуда ва бар ин асос, пас аз даргузашти Козимии Хуросонӣ, маҷлиси дарси Хуӣ, аз маҷолиси машҳури ҳавзаи дарсии Наҷаф муаррифӣ шудааст.[22] Чунонки Хуӣ дар зиндагиномаи худнавишт оварда, дар хилоли солҳои тӯлонии тадрис, ҷуз дар рӯзҳои беморӣ ва сафар, ҳеҷгоҳ даст аз таълими шогирдони хеш набардоштааст.[23] Ӯ дар маҷмӯи 70 сол ба тадриси дарсҳои сатҳ ва хориҷ дар ҳавзаи Наҷаф пардохта ва бар асоси манобеъ, наздики панҷоҳ сол, маҷлиси дарсии номоваре дар ҳавзаи илмияи Наҷафро ӯҳдадор буда ва талабаҳое аз Эрон, Ҳинд, Афғонистон, Покистон, Ироқ, Лубнон ва бархе кишварҳои дигар, дар дарси ӯ ҳозир мешудаанд.[24]

Хуӣ, як давраи комили дарси хориҷи фиқҳ ва шаш давра дарси хориҷи усули фиқҳро ба шогирдони худ таълим дод. Ӯ ҳамчунин дар як давраи кӯтоҳ ба тадриси тафсири Қуръон пардохт.[25]

Шеваи тадрис

Хуӣ, дар тадриси мабоҳиси илмӣ забардаст хонда шудааст, ки матолибро шумурда, фасеҳ, муназзам ва бе ворид шудан ба завоиду ҳавошӣ баён мекардааст; ба мабоҳиси фалсафӣ намепардохта, истифодаи фаровоне аз ривоёт мекарда ва ба санадҳои ривоёт тавваҷӯҳи вижа мекардааст.[26] Дарси ӯ, хулосае аз ороъ ва мабонии илмии маҷолиси дарси Оқозиёи Ироқӣ, Муҳаммадҳусайни Ғаравии Ноинӣ ва Муҳаммадҳусайн Ғаравии Исфаҳонӣ ва назароти худи ӯ тавсиф шудааст.[27]

Осор ва тақрирот

Мақолаи аслӣ: Феҳристи осори Сайид Абулқосими Мусавии Хуӣ

Сайид Абулқосими Хуӣ, осоре дар мавзуоти фиқҳ, усули фиқҳ, риҷол, калом ва улуми қуръонӣ нигоштааст. Осори ӯ дар маҷмуъаи панҷоҳҷилдӣ бо унвони “Мавсуъат-ул-имом ал-Хуӣ” гирдоварӣ шуда[28] ва нусхаи диҷитоли ин маҷмӯъа низ, тавассути Маркази таҳқиқоти компютерии улуми исломии Нур дар дастрас аст.[29]

Бархе аз шинохташудатарин осори ӯ иборатанд аз:

Хуӣ ва шогирдонаш: ба тартиб аз самти рост: Сайидҷаъфари Хуӣ, Сайидмусо Садр, Сайид Абдуллоҳи Шерозӣ, Абулқосими Хуӣ, Сайиднасруллоҳи Мустанбит ва Сайидмуртазо Ҳукмӣ.

Шогирдон

Абулқосими Хуӣ, шогирдони фаровоне дошта ва бархе манобеъ беш аз 600 шогирд барои вай баршумурдаанд.[30] Теъдоде аз шогирдон дар ҷаласоти истифтоъ ҳузур доштанд.

Бархе дигар аз шогирдони ӯ иборатанд аз:

Назариёти илмӣ

Сайид Абулқосими Хуӣ, дар фиқҳ ва усули фиқҳ, назарот ва орои қобили таваҷҷӯҳе доштааст, ки гоҳ бо назароти машҳури фақеҳони шиа фарқ мекардааст ва ба гузориши бархе, 300 фатво бар хилофи фатвоҳои машҳури фақеҳони шиа, байни фатвоҳои Хуӣ дида мешавад.[36] Бархе аз ин маворид иборат аст аз:

  • Мухолифат бо мукаллаф будани кофирон ба фурӯъи дин: Хуӣ монанди Юсуфи Баҳронӣ ва бар хилофи назари ҳамаи уламои шиа, ки муътақиданд кофирон илова бар усули дин, мукаллаф ба фурӯъи дин ҳам шудаанд,[37] бар ин бовар аст, ки кофирон то замоне, ки Исломро напазиранд, мукаллаф ба фурӯъи дин намешаванд.[38]
  • Радди нисбӣ будани оғози моҳи қамарӣ: ба бовари Хуӣ, бар хилофи назари машҳур, оғози моҳи қамарӣ барои ҳама яксон аст ва наметавон онро нисбӣ донист. Чаро ки меъёри оғози моҳи қамарӣ, бар асоси орои Хуӣ, берун рафтани моҳ аз муҳоқ аст, ки як падидаи таквинӣ аст ва ба вазъи қароргирии хуршед, моҳ ва замин марбут аст ва вобаста ба аҷзову манотиқи гуногуни замин нест.[39]
  • Мухолифат бо шуҳрати фатвоӣ ва иҷмоъ: Сайид Абулқосим, дар бораи шуҳрати фатвоӣ, назароте ба куллӣ мутафовит бо назароти машҳури олимони шиа дошт. Ба бовари бештари усулёни шиа, агар як фатво дар миёни фақеҳон, машҳур бошад, ривояти муътабаре, ки бо он носозгор аст, эътиборе надорад. Хуӣ аммо бо ин асл мухолиф аст ва «шуҳрати фатвоӣ»-ро дар тарҷеҳоти боби таъоруз дар усули фиқҳ зикр накарда ва муътақид аст, шуҳрати амалӣ заъфи санади ривоятро ҷуброн намекунад; ҳамонтавр, ки бетаваҷҷӯҳии фуқаҳо ба як ҳадиси саҳеҳ, онро аз ҳуҷҷият соқит нахоҳад кард.[40] Вай эътибор ва ҳуҷҷияти иҷмоъро ҳам зери суол бурдааст; чи иҷмоъи манқул ва чи иҷмоъи муҳассал. Бо ин ҳол, Хуӣ дар фатвоҳои худ эҳтиёт карда ва ба иҷмоъ тавваҷӯҳ кардааст.[41]
  • Фатвоҳои мухолифи машҳур: ҷавози хориҷ шудани зан аз хона бе иҷозати ҳамсар, ҷавози сиқти ҷанин барои зан дар сурати эҳтимоли марги худ, ҷавози издивоҷи доими марди мусулмон бо зани аҳли китоб, машрут набудани ҷиҳоди ибтидоӣ ба ҳузури имоми маъсум, шарт набудани иҷтиҳод барои қозӣ, ва ҳамчунин таҳорати чармҳои воридшуда аз кишварҳои ғайримусулмон, ки забҳи шаръии онҳо машкук аст.[42]

Иқдомоти сиёсӣ

Ҳимоят аз Инқилоби исломии Эрон

Сайид Абулқосими Хуӣ, то пеш аз марҷаият, баёнияҳо ва иттилоияҳое дар маҳкумияти иқдомоти ҳукумати Паҳлавӣ содир карда, дар як давраи беш аз даҳсола, тақрибан сиёсати сукутро дар пеш гирифта ва сипас дар остонаи пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон дар баҳмани 1357 ҳиҷрии шамсӣ, ба ҳимоят аз Имом Хумайнӣ ва Инқилоби исломӣ пардохтааст. Саранҷоми ҳимояти Хуӣ аз интифозаи шаъбонияи шиаёни Ироқ, ба ҳасри хонагии ӯ анҷомид.[43] Бархе аз иқдомоти иҷтимоӣ ва сиёсии Оятуллоҳ Хуӣ иборатанд аз:

Мавзеъгирӣ алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ

Хуӣ дар меҳри 1341ҳ.ш. дар телегрофе ба Муҳаммадризо Паҳлавӣ - шоҳи Эрон, бо лоиҳаи анҷуманҳои иёлатӣ ва вилоятӣ мухолифат кард ва онро хилофи шаръ хонд.[44] Ҳамчунин дар паёме ба Сайид Муҳаммади Беҳбаҳонӣ, таъкид кард, ки «хомӯш кардани садои миллат бо қувваи қаҳрия, дер нахоҳад пойид ва таблиғоти авомфиребона, мушкилотро ҳал намекунад ва иқтисоди варшикаста ва нохушнудии мардумро дармон нахоҳад кард».[45] Ӯ ҳамчунин дар вокуниш ба воқеаи Файзия дар ибтидои соли 1342ҳ.ш., телеграме ба Муҳаммадризо фиристод ва аз «инҳитоти мамлакати исломӣ ва хатти машйи зимомдоронаш» изҳори таассуф кард.[46] Як моҳ баъд дар посух ба номаи ҷамъе аз уламои Эрон, салоҳият надоштани ҳокимони фосидро эълом кард; вазифаи рӯҳониятро сангин донист ва сукутро нораво шумурд.[47] Ситамгар хондани дастгоҳи ҳокими Эрон пас аз куштори мардум дар 15 хурдоди 1342ҳ.ш., ҳукм ба мамнуъияти ширкат дар интихоботи давраи 21-уми маҷлис ва аз эътибор соқит донистани он, ҳимоят аз Имом Хумайнӣ дар пайи дастгирӣ ва шоеъаи муҳокимаи Имом, бархе дигар аз вокунишҳои сиёсии ӯст.[48]

Ихроҷи эрониён аз Ироқ

Мақолаи аслӣ: Муъовидин

Дар ҷараёни ихроҷи эрониён аз Ироқ, аз охирҳои даҳаи 1340 шамсӣ, Хуӣ аз маъдуд олимони шиа буд, ки ихроҷ нашуд. Бо ин ҳол, ихроҷи бисёре аз шогирдонаш боиси коҳиши равнақи дарси ӯ шуд.[49] Бисёре аз шогирдони Хуӣ бо ҳузур дар ҳавзаи илмияи Қум, андешаҳои фиқҳӣ ва усулии устоди худро тарвиҷ карданд ва ҳавзаи илмияи Қум дар давраи муосирро, ки то пеш аз он таҳти таъсири равиши илмии Ҳоирии Яздӣ ва Буруҷердӣ буд, бо рӯйкардҳои фиқҳӣ ва усулии Хуӣ, Мирзои Ноинӣ, Муҳаққиқи Исфаҳонӣ ва Оқозиёи Ироқӣ ошно кунанд.[50]

Давраи сукути беш аз даҳсола

Хуӣ, пас аз марҷаият, аз сиёсат канора гирифт.[51] Ин давра, бо солҳои ҳузури Имом Хумайнӣ дар Наҷаф ҳамзамон буд.[52] Сукути ӯ дар баробари рухдодҳои даврони Инқилоби исломии Эрон дар соли 1357 шамсӣ/1979, эътирозотеро дар Эрон барангехт.[53] Ҳузури Фараҳи Дебо - ҳамсари Муҳаммадризо Паҳлавӣ, дар байт(дафтари марҷаият)-и ӯ дар 28 обони 1357 шамсӣ, ба ин эътирозот доман зад, Хуӣ дар ёддоште хитоб ба бархе уламо, ин мулоқотро ногаҳонӣ ва нохоста донист.[54]

Мулоқоти Фараҳи Дебо бо Хуӣ

Дастхатти Оятуллоҳ Хуӣ дар такзиби иддаои тӯҳфа кардани ангуштар ба Фараҳи Паҳлавӣ

Фараҳи Дебо, ҳамсари Муҳаммадризо Паҳлавӣ, шоҳи вақти Эрон, дар 28 обони 1357 шамсӣ, ҳамзамон бо иди Ғадир, ба дидори Сайид Абулқосим Хуӣ рафт.[55] Ин дидор дар шароите сурат гирифт, ки инқилоби исломии мардуми Эрон авҷ гирифта ва Сайид Рӯҳуллоҳ Мусавии Хумайнӣ аз Ироқ ихроҷ шуда буд.[56] Мулоқоти Фараҳи Дебо бо Хуӣ, мӯҷиб шуд Хуӣ дар маҳофили инқилобии Эрон мавриди интиқод қарор гирад.[57]

Аз ҳамин рӯ, ин марҷаи тақлид дар ёддоште хитоб ба Сайид Содиқи Рӯҳонӣ, зимни таъкид бар ногаҳонӣ ва нохоста будани ин мулоқот, ёдовар шуд, ки дар ин дидор, «шадидан нисбат ба ҳаводиси ногувор ва фаҷоеъе, ки дар кишвари Эрон рух додааст, эътироз намудем!»[58] Ҳусайни Фардӯст, аз наздикони Муҳаммадризо Паҳлавӣ, дар бораи ин дидор гуфт: оятуллоҳ Сайид Абулқосими Хуӣ тақозои мулоқоти Фараҳи Паҳлавиро бепосух гузошта буд ва Фараҳ шахсан бо ҳиҷоби исломӣ ба манзили Оятуллоҳ Хуӣ меравад.[59]

Ҳамроҳӣ бо Инқилоби исломии Эрон

Хуӣ пас аз мулоқоти Фараҳи Дебо, дар шароите, ки муборизоти мардуми Эрон алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ ташдид шуда буд, ба ҳамроҳӣ бо Инқилоби исломии Эрон пардохт ва пас аз он ҳам дар мавориди мухталиф, аз Ҷумҳурии исломии Эрон ҳимоят кард. Вай пеш аз пирӯзии инқилоб, дар баёнияе хитоб ба мароҷеъ, уламо ва миллати Эрон, аз мардум хост, ки бо шуҷоат ва бо ҳифзи мавозини шаръӣ қадам бардоранд.[60] Хуӣ пас аз он дар ҷараёни ҳамапурсии таъйини низоми Ҷумҳурии исломӣ, мардумро ба раъй додан ба Ҷумҳурии исломӣ фарохонда аз шогирдони худ хост, то дар умури инқилоб мушорикат кунанд ва дар ҷанги Ироқ бо Эрон, бо вуҷуди фишори давлати Саддом мабнӣ бар ҳимоят аз Ироқ, ҳукм ба иҷозати истифода аз вуҷуҳоти шаръӣ дар таъмини эҳтиёҷоти размандагони Эрон дод.[61]

Боздошт дар интифозаи шаъбонияи Ироқ

Мулоқоти Хуӣ ва Саддом Ҳусайн пас аз саркуби интифозаи шаъбония
Мақолаи аслӣ: Интифозаи шаъбонияи Ироқ

Абулқосими Хуӣ як ҳайъати 9 нафараро барои идораи манотиқи таҳти назари шиаён таъйин кард. Шикасти интифозаи шаъбония, ба ҳасри хонагии Хуӣ ва фишори густардаи ҳукумати Ироқ дар давраи Саддом мувоҷеҳ шуд.[62] Сайид Абулқосим ба далели ҳимояти бевосита аз интифозаи шаъбонияи мардуми Ироқ дар соли 1991 мелодӣ ва таъйини шӯрои раҳбарӣ, тавассути Ҳизби Баъс боздошт ва ба Бағдод фиристода шуд. Баъд аз ду рӯз боздошт, ба иҷбор назди Саддом Ҳусайн бурда шуд ва Саддом суханони тавҳиномезе хитоб ба вай баён кард.[63]

Хадамоти динӣ ва иҷтимоӣ

Хуӣ дар даврони марҷаияти худ бо амволе, ки дар ихтиёр дошт, ба сохтани китобхона, мадраса, масҷид, ҳусайния, хобгоҳ, дармонгоҳ, бемористон, муассисаи хайрия ва ятимхона, дар кишварҳои мухталифе аз ҷумла Эрон, Ироқ, Малайзия, Англия, Амрико ва Ҳинд дастур дод. Бинои марказии Муассисаи хайрияи Хуӣ, дар Лондон аст.[64] Бархе аз марокизи исломии таҳти назари Муассисаи хайрияи Хуӣ иборатанд аз:

  • Марказу ал-имом ал-Хуӣ дар Лондон, шомили Маркази исломӣ, мадрасаи Имом Содиқ (а) барои писарон, мадрасаи Аззаҳро (с) барои духтарон, салони иҷтимоот, китобхонаи умумӣ, ва китобфурӯшӣ аст. 800 донишомӯз дар ду мадрасаи ин бунёд таҳсил мекунанд. Дар ин марказ моҳона маҷаллаи «ан-Нур» ба ду забони арабӣ ва англисӣ мунташир мешавад.[65]
  • Маркази исломии имом Хуӣ дар Ню-йорк: шомили салони иҷтимоот бо гунҷоиши се ҳазор нафар, китобхона бо беш аз даҳ ҳазор ҷилд китоб, боғчаи кӯдакон, мадрасаи писарона ва духтарона, ҳар кадом бо зарфияти 150 хонанда, мадрасаи "Имон" махсуси омӯзиши забони арабӣ, Қуръон ва тарбияти исломии кӯдакон, ғассолхона ва ғ.[66]
  • Муассисаи хайрияи имом Хуӣ дар Монреал: ин муассиса дар соли 1989 мелодӣ ва бо ҳадафи ироаи хадамоти динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии шиъӣ дар кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ.
  • Муҷтамаи фарҳангии имом Хуӣ дар Бомбай: ба масоҳати сад ҳазор метри мураббаъ дар бисткилометрии Бомбай ва шомили салони бузурги иҷтимоот, масҷиде бо гунҷоиши се ҳазор намозгузор, китобхонае бо 50 ҳазор китоб ва ҳусайнияе бо зарфияти 700 нафар, мадрасаи улуми динӣ бо ҳазор донишпажӯҳ, мадрасаи ибтидоӣ ва роҳнамоӣ бо 1200 хонанда ва ҳамчунин дорухонаю дармонгоҳ.[67]

Осори нашршуда дар бораи Хуӣ

Филми мустанади «Оятуллоҳ» ба коргардонии Сайид Мустафо Мусавитабор ва ба ҳимояти Созмони ҳунарӣ-расонаии Авҷ сохта шудааст. Ин мустанад ба зиндагӣ, таҳсилот ва навъи робитаи оятуллоҳ Хуӣ бо Инқилоби исломии Эрон пардохтааст.[68]

Нигорхона

Эзоҳ

  1. Ҳоирӣ, Рӯзшумори қамарӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.195: таърихи шамсӣ бар асоси муҳосиба бо мубаддили таърих
  2. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.54.
  3. Садроии Хуӣ, Симои Хуй, 1374ҳ.ш., саҳ.169; Пирии Сабзаворӣ, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Абулқосими Хуӣ; Қуръоншиноси бузурги муосир”, саҳ.30.
  4. Пирии Сабзаворӣ, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Абулқосими Хуӣ; Қуръоншиноси бузурги муосир”, саҳ.41 - 42.
  5. “Муаррифии оятуллоҳ Сайид Абулқосим Мусавии Хуӣ”
  6. Аминӣ, Муъҷаму риҷол-ил-фикри ва-л-адаб фи-н-Наҷаф..., 1384ҳ.қ., саҳ.170.
  7. “Муаррифии оятуллоҳ Сайид Абулқосим Мусавии Хуӣ”
  8. Шокирӣ, “ал-Имом-ус-Сайид ал-Хуӣ: сира ва зикриёт”, саҳ.254, 256 - 257.
  9. “Муаррифии оятуллоҳ Сайид Абулқосим Мусавии Хуӣ”
  10. Субҳонии Табрезӣ, “Марҷаият дар шиа”, саҳ.16.
  11. Пирии Сабзаворӣ, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Абулқосими Хуӣ; Қуръоншиноси бузурги муосир”, саҳ.30; Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.57.
  12. Ёдномаи ҳазрати оятуллоҳилъузмо оқои Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.58 ва 59.
  13. Ёдномаи ҳазрати оятуллоҳилъузмо оқои Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.58 ва 59.
  14. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.58.
  15. Ёдномаи ҳазрати оятуллоҳилъузмо оқои Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.64 ва 65.
  16. Шарифи Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1352 - 1354ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.3 – 5; Раисзода, «Хуӣ, Абулқосим», саҳ.515.
  17. Ҷаъфариён, Ташайюъ дар Ироқ, марҷаият ва Эрон, 1386ҳ.ш., саҳ.108.
  18. Ҷаъфариён, Ташайюъ дар Ироқ, марҷаият ва Эрон, 1386ҳ.ш., саҳ.51.
  19. Хотироти оятуллоҳ Аббос Хотами Яздӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.100 - 98.
  20. Зоҳир, Масират-ул-имом-ис-Сайид Мусо ал-Садр, 2000м, ҷ.2, саҳ.294 - 293.
  21. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.59.
  22. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.61.
  23. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.62.
  24. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.65.
  25. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.62.
  26. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.63.
  27. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.64.
  28. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.522.
  29. “Мавсуъат-ул-имом ал-Хуӣ”, фурӯшгоҳи интерентии Нуршоп.
  30. Ниг.: Шариф, “Таломизат-ул-имом ал-Хуӣ”, саҳ.235 – 252; Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.515, ба нақл аз Шариф, 1414ҳ.қ., саҳ.677 - 695.
  31. Ансориёни Хонсорӣ, Шамъи ҳамеша фурӯзон, саҳ.96
  32. Ансориёни Хонсорӣ, Шамъи ҳамеша фурӯзон, саҳ.97
  33. Чеҳраҳои мондагор, саҳ.9; маҷаллаи Кайҳони фарҳангӣ, №12, саҳ.6; фаслномаи фарҳангистони улум, №5, саҳ.126.
  34. Маҳдизода Кобулӣ, «Муҳсинӣ, Муҳаммадюсуф», Донишномаи Ориёно.
  35. Зиндагинома, сайти Ирфон Кашмирӣ.
  36. “Дахолати Охунди Хуросонӣ дар машрута мутаораф набуд”
  37. Файёз, “Навовариҳои усулӣ ва фиқҳии оятуллоҳ Хуӣ”, саҳ.336 ва 337.
  38. Файёз, “Навовариҳои усулӣ ва фиқҳии оятуллоҳ Хуӣ”, саҳ.336 ва 337.
  39. Файёз, “Навовариҳои усулӣ ва фиқҳии оятуллоҳ Хуӣ”, саҳ.336 ва 337.
  40. Файёз, “Навовариҳои усулӣ ва фиқҳии оятуллоҳ Хуӣ”, саҳ.325 ва 326 ; Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.518.
  41. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.518.
  42. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.518.
  43. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  44. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  45. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  46. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  47. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  48. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  49. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.519.
  50. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.519 - 520.
  51. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  52. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  53. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  54. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516 - 517.
  55. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516 - 517.
  56. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  57. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  58. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516 – 517; Таботабоӣ, «Дидори пурмоҷаро ва ривоятҳои мутафовит»
  59. Ҳошимиёнфар, Гунашиносии рафтори сиёсии мароҷеи тақлид, 1390ҳ.ш., саҳ.224.
  60. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.517.
  61. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.517.
  62. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.516.
  63. Ҷаъфариён, «Хотирае, хонданӣ дар бораи дастгирии оятуллоҳ Хуӣ дар Интифозаи Шаъбонияи 1991»
  64. Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ”, саҳ.95.
  65. Исломӣ, Ғуруби хуршеди фақоҳат, 1372ҳ.ш., саҳ.42.
  66. Ёдномаи ҳазрати оятуллоҳилъузмо оқои Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.117 - 118.
  67. Ёдномаи ҳазрати оятуллоҳилъузмо оқои Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.119 - 121.
  68. Мустанади "Оятуллоҳ" рӯи парда меравад. Хабаргузории АБНО. дидашуда дар 17 мурдоди 1399; Филми мустанади Оятуллоҳ Хуӣ дидашуда дар 9 январи 2024

Сарчашма

  • Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъату илои тасониф-иш-шиъа, Бейрут, чопи Алинақии Мунзавӣ ва Аҳмади Мунзавӣ, 1403ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа: Нуқабоъ-ул-башар фи-л-қарн-ир-робеъ ашар, қисми 1 - 4, Машҳад, Дорул-Муртазо ли-н-нашр, 1404ҳ.қ.
  • «Оятуллоҳ Систонӣ гуфтанд: бо марҳуми оқо Хумайнӣ муровидаи зиёде доштам», гуфтугӯ бо Муҳаммад Қоинӣ, дар маҷаллаи Меҳрнома, шумораи 12, хурдоди 1390ҳ.ш.
  • Исломӣ, Ғуломризо, Ғуруби хуршеди фақоҳат, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1372ҳ.ш.
  • Аминӣ, Муҳаммадҳодӣ, Муъҷаму риҷол-ил-фикри ва-л-адаби фи-н-Наҷаф хилола алфа ом, Наҷаф, 1384ҳ.қ.
  • Ансорӣ, Муртазо, Зиндагонӣ ва шахсияти Шайхи Ансорӣ, Қум, конгресси бузургдошти дусадумин солгарди мелоди шайхи аъзам Ансорӣ, 1373ҳ.ш.
  • Ансории Қумӣ, Носириддин, «Нуҷуми уммат: ҳазрати оятуллоҳилъузмо Хуӣ», дар маҷаллаи Нури илм, давраи 4, шумораи 11, меҳр ва обони 1371ҳ.ш.
  • «Падар аз лисони фарзанд/ гуфтугӯи хонданӣ бо фарзанди ҳазрати оятуллоҳилъузмо Хуӣ», мусоҳиба бо Сайидсоҳиби Хуӣ, сайти Шафақно, таърихи дарҷи матлаб: 20 Исфанди 1390ҳ.ш., таърихи боздид: 11 урдибиҳишти 1396ҳ.ш.
  • Пирчароғ, Муҳаммадризо, «Оятуллоҳ Хуӣ ва ал-Баён», дар фаслномаи Мутолиоти тақриби мазоҳиби исломӣ, шумораи 24, тобистони 1390ҳ.ш.
  • Пирии Сабзаворӣ, Ҳусайн, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Абулқосими Хуӣ; Қуръоншиноси бузурги муосир”, дар моҳномаи Гулистони Қуръон, шумораи 126, обони 1381ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ташайюъ дар Ироқ: марҷаият ва Эрон, Теҳрон, муассисаи мутолиоти таърихи муосири Эрон, 1386ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, “Хотирае, хонданӣ дар бораи дастгирии оятуллоҳ Хуӣ дар Интифозаи Шаъбонияи 1991”, сайти Хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 9 обони 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 12 урдибиҳишти 1396ҳ.ш.
  • Хотироти оятуллоҳ Сайидаббос Хотами Яздӣ, Теҳрон, интишороти маркази асноди инқилоби Исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Хуӣ, Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ва тафсилу табақот-ир-рувот, Қум, марказу нашр-ис-сақофат-ил-исломия, 1372ҳ.ш.
  • «Чӣ касоне мураввиҷи мактаби тафсирии оятуллоҳ Хуӣ шуданд?», гуфтугӯ бо Муҳаммадалии Аёзӣ, дар маҷаллаи Меҳрнома, шумораи 12, хурдоди 1390.
  • “Дахолати Охунди Хуросонӣ дар машрута мутаораф набуд”, мусоҳибаи Фариди Мударрисӣ бо оятуллоҳ Сайид Аҳмади Мададӣ, дар веблоги Озар, таърихи дарҷи матлаб: 22 шаҳривари 1390ҳ.ш., таърихи боздид: 11 урдибиҳишти 1396ҳ.ш.
  • Раисзода, Муҳаммад, “Хуӣ, Абулқосим”, дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, “Марҷаият дар шиа”, дар моҳномаи Мактаби Ислом, соли 32, меҳри 1371ҳ.ш.
  • Шокирӣ, Ҳусайн, “ал-Имом-ус-Сайид ал-Хуӣ: сира ва зикриёт”, дар маҷаллаи ал-Мавсим, шумораи 17, 1414ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайидмусо, Ҷуръае аз дарё, Қум, муассисаи китобшиносӣ, 1389ҳ.ш.
  • Шариф, Сайидсаид, “Таломизат-ул-имом ал-Хуӣ”, дар маҷаллаи ал-Мавсим, шумораи 17, 1414ҳ.қ.
  • Шарифи Розӣ, Муҳаммад, Осор-ул-ҳуҷҷат ё Таъриху доиратилмаорифи ҳавзаи илмияи Қум, Қум, бе но, 1332ҳ.ш.
  • Шарифи Розӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон, китобфурӯшии Исломия, 1352 - 1354ҳ.ш.
  • Садроии Хуӣ, Алӣ, Симои Хуй, Теҳрон, созмони таблиғоти Исломӣ: маркази чоп ва нашр, 1374ҳ.ш.
  • Сағир, Муҳаммад, Асотин-ул-марҷаъият-ил-улё фи ан-Наҷаф-ил-ашраф, Бейрут, бе но, 1424ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидҳодӣ, “Дидори пурмоҷаро ва ривоятҳои мутафовит”, сайти Мубоҳисот, таърихи дарҷи матлаб: 13 тири 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 4 урдибиҳишти 1396ҳ.ш.
  • Файёз, Муҳаммадисҳоқ, «Навовариҳои усулӣ ва фиқҳии оятуллоҳ Хуӣ», дар маҷаллаи Ковише нав дар фиқҳ, шумораи 17 ва 18, пойиз ва зимистони 1377ҳ.ш.
  • Гурҷӣ, Абулқосим, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, Қум, самт, 1381ҳ.ш.
  • Мушор, Хонбобо, Муаллифини кутуби чопии форсӣ ва арабӣ, Теҳрон, бе но, 1340 - 1344ҳ.ш.
  • “Муаррифии оятуллоҳ Сайид Абулқосим Мусавии Хуӣ”, дар веблоги китобхонаи умумии оятуллоҳ Мусавии Хуӣ, таърихи дарҷи матлаб: 27 меҳри 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 23 фарвардини 1396ҳ.ш.
  • «Мегӯянд 300 фатвои оятуллоҳ Хуӣ хилофи машҳур аст», гуфтугӯ бо оятуллоҳ Сайид Аҳмади Мададӣ, дар маҷаллаи Меҳрнома, шумораи 12, 1390ҳ.ш.
  • Ҳошимиёнфар, Сайидҳасан, Гунашиносии рафтори сиёсии мароҷеи тақлиди шиа, Теҳрон, донишгоҳи Имом Содиқ (а), 1390ҳ.ш.
  • Ёдномаи ҳазрати оятуллоҳилъузмо оқои Ҳоҷи Сайид Абулқосими Хуӣ, 1372ҳ.ш. (Бар асоси нусхаи электроникии сайти Муассисаи ал-Хуӣ ал-исломия).
  • Зоҳир, Яъқуб, Масират-ул-имом-ис-Сайид Мусо ал-Садр, Бейрут, Доруболил, 2000м.