Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ухтулқуръон)
Саҳифаи саҷҷодия
Саҳифаи саҷҷодия - дуоҳои Имом Саҷҷод (а)
Саҳифаи саҷҷодия - дуоҳои Имом Саҷҷод (а)
Номҳои дигарУхт-ул-Қуръон (Хоҳари Қуръон), Забури Оли Муҳаммад, Инҷили Аҳли Байт ва Саҳифаи комила
НависандаИмоми Саҷҷод (а)
Санаи таълифқарни аввали ҳиҷрӣ
МавзуъДуо
Забонарабӣ
Тарҷума ба забонҳои дигарфорсӣ, тоҷикӣ, англисӣ, фаронсавӣ, инданезӣ, туркӣ, урдӯ, испаниягӣ, босниягӣ, албаниягӣ ва томилӣ
НоширНоширони гуногун
Тарҷумаи форсӣ
Номи тарҷумонФеҳристи тарҷумаҳои Саҳифаи саҷҷодия


Саҳифаи саҷҷодия (арабӣ: الصحيفة السجادية) китобе аст дарбаргирандаи дуоҳое ки Имоми Саҷҷод (а) ба Имоми Боқир (а) ва Зайд ибни Алӣ имло кард. Ин китоб пас аз Қуръон ва Наҳҷулбалоға муҳимтарин мероси мактуби шиа ба шумор меояд ва ба номҳое монанди «хоҳари Қуръон» ва «Инҷили Аҳли Байт» шинохта мешавад.

Саҳифаи саҷҷодия, нахуст, дар қолаби 75 дуо баён шуд; аммо бархе аз дуоҳои он дар давраҳои баъдӣ аз байн рафт ва танҳо 54 дуо боқӣ монд.

Саҳифаи мавриди таваҷҷуҳи уламои аҳли суннат низ воқеъ шуда ва онҳо бархе дуоҳои онро нақл кардаанд. Бархе ховаршиносон бар ин боваранд, ки Саҳифа саҷҷодия метавонад чеҳраи ҷадиде аз Исломро ба инсонҳо нишон диҳад. Имоми Саҷҷод дар саҳифа, усули ахлоқӣ ва шеваи зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсиро дар қолаби дуо ва муноҷот баён кардааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, аз он ҷо ки Имоми Саҷҷод дар даврони зиндагии худ бо тақия зиндагӣ мекард, ин маорифро дар қолаби дуо баён кардааст.

Масаълаи имомат яке аз мабоҳиси муҳими сиёсӣ ва динии матраҳшуда дар саҳифа аст. Ифшогарии алайҳи ғосибони хилофат, тарвиҷи ормони ҳокимияти аимма, таъкид бар посдорӣ аз ҳарими дин, ҳимоят аз мазлуму муқобила бо золим аз дигар масоилест, ки дар ин китоб матраҳ шудааст.

Ин китоб назд уламои шиа машҳур ва мақбул аст ва бархе ҳадисшиносон онро мутавотир донистаанд. Албата бархе фақиҳон бо ишкол ба висоқти Мутаваккил ибни Ҳорун, истинод ба ҳамаи фақароти саҳифаро муътабар намедонанд.

Саҳифаи саҷҷодия ба забонҳои мухталифе монанди форсӣ, тоҷикӣ, англисӣ, фаронсавӣ, инданезӣ, туркӣ, урдӯ, испаниягӣ, босниягӣ, албаниягӣ ва томилӣ тарҷума шудааст. Бар ин асар даҳҳо шарҳ навишта шуда, ки машҳуртарин онҳо Риёз-ус-соликин навиштаи Сайид Алихони Кабир аст. Бархе аз муҳаққиқон дуоҳои дигари Имоми Саҷҷодро ки дар манобеи дигари омада, дар китобҳое ҷамъоварӣ кардаанд.

Муҳимтарин китоби шиа баъди Наҳҷулбалоға

Саҳифаи саҷҷодия муҳимтарин ва барҷастатарин китоби шиаён баъд аз Наҳҷулбалоға аст.[1] Ин китоб дуоҳои нақлшуда аз Имоми Саҷҷод (а)-ро дар бар дорад.[2] Ба гуфтаи Ибни Шаҳрошӯб (ваф. 588ҳ.қ.), Саҳифаи саҷҷодия ҷузви нахустин китобҳоест, ки пас аз зуҳури Ислом навишта шудааст.[3] Муртазо Мутаҳҳарӣ – исломпажӯҳ шиа, Саҳифаи саҷҷодияро қадимитарин китоби шиа баъд аз Қуръон муаррифӣ карда ва муътақид аст дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия, ҳам аз назари санад ва ҳам аз назари муҳтаво, бисёр эътибор дорад.[4] Вай ин китобро танҳо китобе муаррифӣ мекунад ки аз авохири қарни аввалу авоили қарни дувуми қамарӣ ба сурати як китоб дар даст будааст.[5] Оқобузурги Теҳронӣ – нусхашиноси шиа, навиштааст Саҳифаи саҷҷодияро «Ухт-ул-Қуръон» (Хоҳари Қуръон), «Инҷили Аҳли Байт», «Забури Оли Муҳамад» ва «Саҳифаи комила» лақаб додаанд.[6] Ба гуфта Иззуддини Ҷазоирӣ, ин китоб дар ҳавзаҳои илмияи Ҳиндӯстони тадрис мешудааст.[7]

Номи дигар

Бахше аз ёддошти Имом Хумайнӣ дар бораи Саҳифаи саҷҷодия дар ҳошияи нусхае аз Саҳифаи саҷҷодия ки ба набераи худ Сайид Алии Хумайнӣ ҳадя кардааст:

Саҳифаи комилаи саҷҷодия, намунаи комили Қуръони соид аст ва аз бузургтарин муноҷоти ирфонӣ дар хилватгоҳи унс аст, ки дасти мо кӯтоҳ аз ноил шудан ба баракоти он аст. Он китобест Илоҳӣ, ки аз сарчашмаи нури Аллоҳ нашъат гирифта ва тариқаи сулуки авлиёи бузург ва авсиёи азимушшаънро ба асҳоби хилватгоҳи Илоҳӣ меомӯзад. Ин китоби муқаддас чун Қуръони Карим суфраи Илоҳиест, ки дар он ҳама гуна неъмат мавҷуд асту ҳар кас ба миқдори иштиҳои маънавии худ аз он истифода мекунад.

Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.209

Ба назари Сайид Алихони Кабир – аз шореҳони Саҳифа, ба далели кофӣ будан дуоҳои ин китоб барои ҳоҷоти дунёву охират ё ба далели ин ки ин китоб ҳамаи вижагиҳои як дуои комилро дорад, ба «Саҳифаи комила» номгузорӣ шудааст.[8] Ҳамчунин эҳтимол дода шуда ин номгузорӣ барои фарқ қоил шудани нусхаи Саҳифа назд имомия аз нусха зайдия бошад;  зеро зайдия ҳам нусхае аз Саҳифаро дар ихтиёр доранд, ки тақрибан нисфи нусхаест, ки имомия нақл кардаанд.[9]

Теъдоди дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия

Саҳифаи саҷҷодия дар ибтидо маҷмуае аз 75 дуову ниёиш буд ки Имоми Саҷҷод (а) онҳоро бар ду фарзандаш, яъне Имоми Боқир (а) ва Зайд ибни Алӣ имло кард ва аз ҳамин рӯ нусхаи аввалияи он дар ду нусха навишта шуд.[10] Яҳё ибни Зайд нусхаеро ки падараш Зайд навишта буд, дар ихтиёри Мутаваккил ибни Ҳоруни Балхӣ (аввалин ровии Саҳифаи саҷҷодия) қарор дод.[11] Мутаваккил низ он нусхаро назд Имом Содиқ (а) бурд ва бо нусхае ки аз Имоми Боқир барҷой монда буд, муқоиса кард ва ҳеҷ ихтилофе дар онҳо пайдо накард.[12] Имом Содиқ он китобро бар Мутаваккил ибни Ҳорун имло кард ва Мутаваккил онҳоро навишт;  вале 11 дуои онро аз даст дод ва танҳо 64 дуо боқӣ монд.[13] Теъдоде аз он 64 дуо низ ба давраҳои баъд мунтақил нашуд. Ба ҳамин далел нусхаҳои Саҳифаи саҷҷодия танҳо 54 дуо дорад.[14]

Фарзанди Мутаваккил, танҳо касе аст, ки саҳифаро аз падараш нақл кардааст ва ровиёни дигар (1.Аҳмад ибни Муслими Мутаҳҳарӣ, 2.Алӣ ибни Нуъмони Аълам, 3.Муҳаммад ибни Солеҳ, 4. Ҳусайн ибни Ашкиби Марвазӣ, 5.Убайдуллоҳ ибни Фазли Набаҳонӣ, ва 6. Алӣ ибни Ҳаммод ибни Алоъ) низ аз ӯ ривоят кардаанд.[15] Саҳифаи саҷҷодия ривоятҳои мутаъаддиде дорад, ки ривояти Баҳоушшараф, маъруфтарини онҳост.[16]

Шӯҳрат ёфтан Саҳифа

Ба гуфта ҳадиспажӯҳон, Саҳифа дар даврони Маҷлисии аввал, яъне Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, машҳур шуд.[17] Ӯ ба воситаи руъё ё мукошифа ва мулоқот бо Имоми Замон дар он, ба нусхае аз ин китоб даст ёфт ва чунон дар тарвиҷ он кушид, ки дар хонаи мардум, илова бар Қуръон, як Саҳифа ҳам вуҷуд дошт.[18] Ба гуфта Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, ниме аз мардуми Исфаҳон, ба баракати унс бо Саҳифаи саҷҷодия, мустаҷоб-уд-даъва шуда буданд.[19]

Дидгоҳи аҳли тасаннун ва исломпажӯҳон

Ин аз бадбахтии мост, ки то кунун бар ин асари гарони баҳои ҷовид, ки аз мавориси набувват аст, даст наёфта будем. Ман ҳаргоҳ дар он фикр мекунам, онро аз гуфтори махлуқ бартар ва аз холиқ поинтар меёбам.

Муҳаммадзакӣ Муборак (1310 - 1371ҳ.қ.), нависанда ва пажӯҳишгари мисрӣ, дар китоби ат-Тасаввуф-ул-исломӣ ва-л-адабу ва-л-ахлоқ, Саҳифаи саҷҷодияро шабиҳи Инҷили нозилшуда бар ҳазрати Исо (на Инҷили мавҷуд дар дасти масеҳиён) дониста ва навиштааст Саҳифа, файзе аз тарафи Худост, ки бар забони Имом Зайнулъобидин ҷорӣ шудааст.[21] Ибни Ҷавзӣ (ваф. 654ҳ.қ.), муаллифи Тазкират-ул-хавос муътақид аст Имоми Саҷҷод дар заминаи чигунагии сухан гуфтану арзи ҳоҷат ба пешгоҳи Илоҳӣ, бар мусулмонони ҳақ таълим дорад; чароки ӯ ба мардум омӯхт ҳангоми истиғфор, чӣ гуна бо Худо сухан бигӯянд ва дар мавқеи дархости борони раҳмат бо чӣ забоне аз Худованд нузули борон бихоҳанд ва замони тарс аз душман, чӣ гуна ба Худо паноҳ баранд.[22]

Сулаймон ибни Иброҳими Қундӯзӣ (ваф. 1294ҳ.қ.), аз олимони аҳли суннат, дар Янобиъ-ул-мавадда аз Саҳифа номи бурда ва бахшҳое аз дуоҳои онро нақл кардааст.[23] Тантовии Ҷавҳарӣ, муаллифи ал-Ҷавоҳиру фи тафсир-ил-Қуръон-ил-карим, пас аз дарёфти нусхае аз Саҳифаи саҷҷодия аз сӯи Маръашии Наҷафӣ дар соли 1358ҳ.қ., бо иборати «Гуфторе аз каломи махлуқ бартар ва аз холиқ поинтар» онро сутудааст.[24]

Ба гуфта Виллиям Читтик – исломпажӯҳи амрикоӣ, бештари мардуми ғарб исломро ба ҷумуд, зоҳиргароӣ ва қонунзадагӣ мешиносанд;  аммо Саҳифаи саҷҷодия метавонад манзарае комилан ҷадид ба мухотаб нишон диҳад ва он даста аз бинишҳои инсониро ки шарти таҳаққуқи ормонҳои исломист, баён кунад.[25]

Эътибори китоб

Ба гузориши ҳадиспажӯҳон, Саҳифаи саҷҷодия ҳамвора назди уламои шиа машҳур ва мақбул будааст ва уламое монанди Шайхи Тӯсӣ, Қутбуддини Ровандӣ, Шаҳиди Аввал ва Кафъамӣ дуоҳое аз онро дар китобҳои худ нақл кардаанд.[26] Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ – муаллифи китоби Биҳор-ул-анвор[27] ва ҳамчунин Оқобузурги Теҳронӣ Саҳифаи саҷҷодияро аз назари санадӣ, дар ҳадди тавотур медонанд;  чироки ровиёнаш дар тамоми табақот ва дар тамоми давраҳо иҷозаи нақли онро гирифтаанд.[28]

Муҳаммадтақии Маҷлисӣ навиштааст Саҳифаи саҷҷодия беш аз як миллион санад дорад.[29] Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ ин китобро назди зайдия низ мутавотир шумурдааст.[30] Ба назари вай, бо таваҷҷуҳ ба ин ки матни Саҳифа дар ниҳояти фасоҳат қарор дорад ва бо таваҷҷуҳ ба иҳотаи ин китоб бар улуми Илоҳӣ, шакке боқӣ намемонад, ки ин китоб аз сӯи Имоми Саҷҷод содир шудааст.[31] Бархе уламо бо истинод ба сухани Маҷлисӣ, саҳифаро мустафиз ё мутавотир донистаанд.[32]

Бо ин ҳол бархе муҳаққиқон иддаои тавотури ин китобро (ба далели мутааддид набудани ровии аслии китоб) носаҳеҳ медонанд.[33] Абулқосими Хуӣ низ висоқати Мутаваккил ибни Ҳорун (ровии аслии китоб)-ро номаълум донистааст.[34] Ба назари Имом Хумайнӣ, агарчи аз балоғати боло ва маонии волои саҳифа ба даст меояд, ки асли ин китоб аз Имоми Саҷҷод содир шудааст, бо ин ҳол наметавон тамоми ҷумалоти онро ба Имоми Саҷҷод нисбат дод ва ҳуҷҷат донист.[35] Фақиҳон ва муфассироне дар китобҳо ва истидлолҳои худ ба фақароте аз китоби Саҳифаи саҷҷодия истинод кардаанд.[36] Абулмаолии Калбосӣ (ваф. 1315ҳ.қ.) рисолаи мустақиллеро дар баррасии санади Саҳифаи саҷҷодия навиштааст.[37] Ин рисола дар зимни китоби ар-Расоил-ур-риҷолия чоп шудааст.[38]

Нусхаҳо ва чопҳо

Барги аввали қадимитарин нусхаи Саҳифаи саҷҷодия

Саҳифаи саҷҷодия аз китобҳоест, ки нусхаҳои хаттии фаровоне дорад.[39] Танҳо дар Эрон барои ин китоб беш аз се ҳазор нусхаи хаттӣ сабт шудааст.[40] Яке аз қадимитарин нусхаҳои Саҳифа (таърихи китобат: 695ҳ.қ.) дар китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ нигаҳдорӣ мешавад.[41] Дар таъмироти ҳарами Имом Ризо дар соли 1348ҳ.ш. ҳам нусхае қадимӣ аз Саҳифа пайдо шуд ки таърихи китобати он сол 416ҳ.қ. аст[42] ва ровиёнаш ҳама аз аҳли суннатанд.[43] Остони Қудси Разавӣ ин нусхаро ки тафовутҳое бо нусхаҳои машҳур дорад ва ноқистар аст, чоп кардааст.[44]

Аз Сайид Муртазо Нуҷумӣ нақл шуда, ки яке аз бастагони вай нусхаи аслии Саҳифаи саҷҷодияро ки ба қалами Зайд ибни Алӣ навишта шуда буд, дар китобхонаи Ватикан дидааст.[45] Эҳтимол дода шуда нусхаи аслии дигари Саҳифа ки ба қалами Имоми Боқир (а) навишта шудааст, аз вадоеъи имомат ва назд Имоми Замон бошад.[46]

Саҳифаи саҷҷодия барои нахустин бор дар соли 1248ҳ.қ. дар шаҳри Калкаттаи Ҳинд чоп шуд.[47] Дар даҳаҳои баъдӣ, тарҷумаи ин китоб ба забонҳои мухталиф ва низ шарҳҳои он дар ҳамин шаҳр чоп гардид.[48] Ҳамчунин Эрон дар соли 1262ҳ.қ., Миср дар соли 1322ҳ.қ., Димишқ дар соли 1330ҳ.қ. ва Ироқ дар соли 1352ҳ.қ. барои нахустин бор ин китобро чоп карданд.[49]

Муҳтаво

Имоми Саҷҷод (а):

Парвардигоро! Бар покон аз Аҳли Байти Муҳаммад (с) дуруд бифирист. Касонеро ки барои ҳукумат баргузидӣ, ва ганҷинаҳои улуми худ ва ҳофизони динат ва хулафои худ дар рӯй замин ва ҳуҷҷати худ бар бандагонат қарор додӣ, ононро бо иродаи худ аз ҳар палидию олӯдагӣ пок ва мубарро сохтӣ ва василае барои расидан ба Ту ва биҳишти ҷовидонат ихтиёр намудӣ.

Ба гуфта бархе пажӯҳишгарон, мазмуни дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия бештар тавҳидист ва дарунмояи аслии онҳо тазарруъ ба даргоҳи Худост.[51] Имоми Саҷҷод дар Саҳифа, усули ахлоқӣ ва шеваи зиндагии иҷтимоӣ-сиёсиро дар қолаби дуо ва муноҷот баён кардааст;[52] ба гунае ки мардум метавонистанд бо хондани ин дуоҳо бо рӯйкарди сиёсии Имом ошно шаванд.[53] Иллати ин ки Имоми Саҷҷод ин маорифро дар қолаби дуо баён кардаастро шароити вижаи даврони зиндагонии вай (хусусан дар замони ҳукумати Абдулмалик ибни Марвон[54]) донистаанд, ки бо тақия зиндагӣ мекард.[55] Дар ин Саҳифа камтар дуоест, ки дар он, аз салавот истифода нашуда бошад.[56] Ба гуфта Расули Ҷаъфариён фиристодани салавот ва пайванди миёни Паёмбар (с) ва Оли ӯ, аҳамияти бисёре дар баёни ақоиди шиа дорад.[57]

Масъалаи имомат яке аз мабоҳиси муҳими сиёсӣ ва динии матраҳшуда дар Саҳифа аст[58] ва Имоми Саҷҷод (а) илова бар ҳаққонияти имомони шиа дар хилофат, баҳрагирии имомон аз улуми анбиё ва исмати ононро матраҳ мекунад.[59] Ифшогарӣ алайҳи ғосибони хилофат, тарвиҷи ормони ҳокимияти аимма, таъкид бар посдорӣ аз ҳарими дину муқобила бо ботилу ҳимоят аз мазлуму муқобила бо золим аз дигари масоили сиёсиест, ки дар Саҳифа матраҳ мешавад.[60] Ҷаъфари Субҳонӣ навиштааст дар Саҳифаи саҷҷодияи бархе муъҷизоти илмӣ баён шуда, ки дар он рӯзгор аз онҳо беитилоъ буданд;[61] монанди интиқоли вабо аз роҳи об дар ин дуо: «Худоё, обҳои душманонро ба вабо махлут кун.»[62]

Феҳристи дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия

Бархе аз дуоҳои Саҳифа махсуси рӯзҳои хоссеанд (монанди дуои Арафа, дуои видоъ бо моҳи Рамазон ва дуои дидани ҳилоли моҳ) ва баъзе дуоҳо махсуси хондан дар рӯз хос нест.[63] Саҳифаи саҷҷодия 54 дуо дорад ки феҳристи номҳои он бад-ин шарҳ аст:

1.Ҳамди Илоҳӣ
2. Дуруд бар Паёмбар
3. Фариштагони муқарраб
4. Пайравони паёмбарон
5. Хештану дӯстон
6. Субҳу шом
7. Балою сахтӣ
8. Ахлоқи нописанд
9. Талаби омурзиш
10. Паноҳ бурдан ба Худо
11. Оқибатбахайрӣ
12. Эътирофу тавба
13. Талаби ҳоҷат
14. Додхоҳӣ аз ситам
15. Ҳангоми беморӣ
16. Талаби омурзиш
17. Шарри шайтон
18. Дафъи бало
19. Талаби борон
20. Макорим-ул-ахлоқ
21. Андӯҳ аз хато
22. Ҳангоми сахтӣ
23. Тандурустӣ
24. Падару модар
25. Фарзандон
26. Ҳамсоягону дӯстон
27. Марздорон
28. Паноҳ бурдан ба Худо
29. Рӯзӣ
30. Адои қарз
31. Тавба
32. Дуо дар намози шаб
33. Дархости хайр
34. Гирифторӣ ба гуноҳ
35. Ризо ба қазои Илоҳӣ
36. Ҳангоми раъду барқ
37. Кӯтоҳӣ дар шукргузорӣ
38. Пӯзиш аз ситам
39. Талаби афву раҳмат
40. Ёди марг
41. Пардапӯшӣ аз гуноҳ
42. Хатми Қуръон
43. Руъяти ҳилол
44. Вуруд ба Рамазон
45. Видоъ бо Рамазон
46. Иди Фитр ва ҷумъа
47. Дуои Арафа
48. Иди Қурбон ва ҷумъа
49. Дафъи ҳилаи душманон
50. Хавф аз Худо
51. Фурӯтанӣ дар баробари Худо
52. Пофишорӣ дар дуо
53. Фурӯтанӣ дар баробари Худо
54. Зудудани андӯҳҳо

Тарҷумаҳо

Тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия ба забони молою ба кӯшиши Ҷалолиддини Раҳмат
Мақолаи аслӣ: Феҳристи тарҷумаҳои Саҳифаи саҷҷодия

Саҳифаи саҷҷодия ба забонҳои мухталифе монанди форсӣ, тоҷикӣ, англисӣ, фаронсавӣ, инданезӣ, туркӣ, урдӯ, испаниягӣ, босниягӣ, албаниягӣ ва томилӣ мунташир шудааст.[64] Бархе аз ин тарҷумаҳо аз ин қарор аст:

Шарҳ, таълиқа ва такмила

Китоби Риёз-ус-соликин шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, асари Сайид Алихони Кабир
Мақолаи аслӣ: Феҳристи шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия

Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби аз-Зариа наздик ба ҳафтод шарҳ барои Саҳифаи саҷҷодия ном бурдааст.[70] Машҳуртарин шарҳ бар саҳифаро Риёз-ус-соликин навиштаи Сайид Алихони Кабир медонанд ва мегӯянд қадимитарин шарҳе ки дар дастрас аст ал-Фавоид-уш-шарифа фи шарҳ-ис-Саҳифа ба қалам Кафъамӣ аст.[71] Аз дигари шарҳҳо метавон ба мавориди зайл ишора кард:

Маҷмуи дуоҳои расида аз Имоми Саҷҷод чандин баробари дуоҳои мавҷуд дар Саҳифаи саҷҷодия аст.[77] Бархе олимон талош кардаанд ки дуоҳои дигари Имомро аз манобеи дигари ҷамъоварӣ карда, дар китоби мустақиле нашр диҳанд.[78] Ин китобҳо бо унвонҳои «ас-Саҳифат-ис-саҷҷодият-ис-сония» (навиштаи Шайх Ҳурри Омилӣ), «ас-Саҳифат-ис-саҷҷодият-ис-солиса» (таълифи Абдуллоҳ ибни Исои Афандӣ), «ас-Саҳифат-ис-саҷҷодият-ир-робиъа» (ба қалами Муҳаддиси Нурӣ), «ас-Саҳифат-ис-саҷҷодият-ил-хомиса» (навиштаи Сайид Муҳсини Амин) ва «ас-Саҳифат-ис-саҷҷодият-ис-содиса» (навиштаи Муҳаммадсолеҳ Ҳоирии Мозандаронӣ) шинохта мешаванд.[79] Сайид Муҳаммадбоқир Муваҳҳиди Абтаҳӣ дар асаре бо номи «Саҳифаи саҷҷодияи комила» 272 дуо аз Имоми Саҷҷодро гирдоварӣ кардааст.[80] Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ чанд дуои дигар аз Имоми Саҷҷодро ба охири Саҳифаи саҷҷодияи афзуд, ки ба номи Мулҳақоти саҳифа маъруф шуд.[81] Дар бештари нусхаҳои хаттӣ, ин мулҳақот сабт шудааст.[82]

Асарҳои вобаста

Китоби ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфоз-ис-Саҳифат-ил-комила, феҳристи мавзуӣ бар Саҳифаи саҷҷодия ба қалами Сайид Алиакбари Қарашӣ

Дар хусуси китобшиносии Саҳифаи саҷҷодия китобҳое навишта шудааст ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба Пажӯҳишномаи Саҳифаи саҷҷодия таълифи Маҷиди Ғуломиҷалиса ва Китобшиносии Имоми Саҷҷод, Саҳифаи саҷҷодия ва рисолаи ҳуқуқ навиштаи Салмони Ҳабибӣ ва Мухтори Шамсиддинӣ ишора кард.[83] Ҳамчунин дар заминаи феҳристнигории мавзуоти Саҳифа китобҳое навишта шуда ки баъзе аз онҳо ба қарор зайл аст:

  • ад-Далелу ило мавзуот-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, навиштаи Муҳаммадҳусайни Музаффар. Дар ин асар ҳамаи мавзуоти зикршуда дар Саҳифаи саҷҷодия, дар нуздаҳ боби куллӣ баён ва зайли онҳо мавзуоти ҷузъӣ ва фаръӣ матраҳ шудааст.[84]
  • Фарҳангномаи мавзӯии Саҳифаи саҷҷодия, таълифи Сайид Аҳмади Саҷҷодӣ ва дигарон: ин китобро ки мавзуоти он ба тартиби ҳуруфи алифбо сомон ёфта, муассисаи фарҳангии мутолиотии аз-Заҳрои Қум дар соли 1385ҳ.ш. дар се ҷилд мунташир кардааст.[85]
  • Намояномаи мавзуии Саҳифаи саҷҷодия, асари Мустафо Дироятӣ ва дигарон: ин асар дар соли 1377ҳ.ш. ба кӯшиши маркази иттилоот ва мадорики илмии Эрон дар Теҳрон ва дар ду ҷилд чоп шудааст.[86]
  • Ҳадиси бандагӣ, асари Сайид Козими Арфаъ: нависанда дар ин асар мавзуоти матраҳшуда дар Саҳифаи саҷҷодияро ба тартиби ҳуруфи алифбо шарҳ медиҳад.[87] Ин асарро интишороти Файзи Кошонӣ дар Теҳрон, дар соли 1388ҳ.ш. мунташир кардааст.[88]
  • ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфоз-ис-Саҳифат-ил-комила, феҳристи мавзуӣ бар Саҳифаи саҷҷодия ба қалами Сайид Алиакбари Қарашӣ: нашри ин китоб соли 1343ҳ.ш. дар Қум сурат гирифтааст.[89]
  • ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфоз-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, асари Фотима Аҳмадӣ, дар соли 1394ҳ.қ. чоп шудааст.

Эзоҳ

  1. Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1397ҳ.ш., саҳ.281
  2. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариа, 1403ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.18 - 19
  3. Ибни Шаҳрошӯб, Маолим-ул-уламо, 1380ҳ.қ., саҳ.2
  4. Мутаҳҳарӣ, Фалсафаи ахлоқ, 1390ҳ.ш., саҳ.36
  5. Мутаҳҳарӣ, Фалсафаи ахлоқ, 1390ҳ.ш., саҳ.36
  6. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариа, 1403ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.18 - 19
  7. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ус-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.19
  8. Маданӣ, Риёз-ус-соликин, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100
  9. Ҳаким, Аълом-ул-ҳидоя, 1425ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.211
  10. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.134
  11. Саҳифаи саҷҷодия, муқаддама
  12. Саҳифаи саҷҷодия, муқаддама
  13. Саҳифаи саҷҷодия, муқаддама
  14. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.134
  15. Имодии Ҳоирӣ, «Саҳифаи саҷҷодия», саҳ.394 - 395
  16. Садроии Хуӣ, Феҳристгони нусхаҳои хаттии ҳадис, 1382ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.456
  17. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.136
  18. Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.421
  19. Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.421 - 422
  20. Балоғӣ, Тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1369ҳ.қ., саҳ.249 - 252, ба нақл аз: Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1425ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.41
  21. Закӣ Муборак, ат-Тасаввуф-ул-исломӣ ва-л-адабу ва-л-ахлоқ, 2004м, ҷ.2, саҳ.65
  22. Ба нақл аз: Муқаддамаи Маръашӣ бар Саҳифа, саҳ.43 - 45
  23. Ниг.: Қундӯзӣ, Янобиъ-ул-мавадда, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.411 - 430
  24. Балоғӣ, Тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1369ҳ.қ., саҳ.249 - 252, ба нақл аз: Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1425ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.41
  25. Читтик, «Муқаддамае бар Саҳифаи саҷҷодия», саҳ.85 - 86
  26. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.134
  27. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.107, саҳ.59
  28. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариа, 1403ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.18–19
  29. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.107, саҳ.50
  30. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.107, саҳ.59
  31. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.107, саҳ.59
  32. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.137
  33. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.137
  34. Хуӣ, Муъҷами риҷол-ул-ҳадис, Муассисат-ул-Хуӣ ал-исломия, ҷ.15, саҳ.185
  35. Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.481
  36. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.273; Баҳронӣ, Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.390; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.11, саҳ.158; Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.338; Машҳадӣ, Тафсири канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.237; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417қ, ҷ.1, саҳ.409
  37. Калбосӣ, ар-Расоил-ур-риҷолия, 1422ҳ.қ., саҳ.559 - 624
  38. Ниг.: Калбосӣ, ар-Расоил-ур-риҷолия, 1422ҳ.қ., саҳ.559 - 624
  39. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.136
  40. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.136
  41. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.136
  42. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.136
  43. Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1425ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.110
  44. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.137
  45. Фаҳрии Занҷонӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.20
  46. Фаҳрии Занҷонӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.20
  47. Ҷалиса, «Нигоҳе иҷмолӣ бар чопҳои Саҳифаи саҷҷодия дар давраи қоҷор ва паҳлавӣ», саҳ.307
  48. Ҷалиса, «Нигоҳе иҷмолӣ бар чопҳои Саҳифаи саҷҷодия дар давраи қоҷор ва паҳлавӣ», саҳ.307 - 308
  49. Ҷалиса, «Нигоҳе иҷмолӣ бар чопҳои Саҳифаи саҷҷодия дар давраи қоҷор ва паҳлавӣ», саҳ.308
  50. Саҳифаи саҷҷодия, дуои 47 фақараи 56
  51. Имодии Ҳоирӣ, «Саҳифаи саҷҷодия», саҳ.392
  52. Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.406
  53. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.274
  54. Ансорӣ, Аҳл-ул-байт (а), 1428ҳ.қ., саҳ.279
  55. Халаҷӣ, Асрори хомӯшон, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.127
  56. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.274
  57. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.274
  58. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.275
  59. Барои намуна ниг.: Саҳифаи саҷҷодия, дуои 47, фақараи 56; дуои 48, фақараи 9 - 10; у дуои 34
  60. Туробӣ, Имоми Саҷҷод (а) ҷамоли ниёишгарон, 1373ҳ.ш., саҳ.286 - 287
  61. Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.407
  62. Саҳифаи саҷҷодия, Дуои бисту ҳафтум
  63. Имодии Ҳоирӣ, «Саҳифаи саҷҷодия», саҳ.392
  64. Ҳабибӣ ва Шамсиддинӣ, Китобшиносии Имоми Саҷҷод, Саҳифаи саҷҷодия ва Рисолаи ҳуқуқ, 1394ҳ.ш., саҳ.273 - 293
  65. Шаъронӣ, Саҳифаи саҷҷодия, 1393ҳ.ш.
  66. Ҳабибӣ ва Шамсиддинӣ, Китобшиносии Имоми Саҷҷод, Саҳифаи саҷҷодия ва Рисолаи ҳуқуқ, 1394ҳ.ш., саҳ.289
  67. Маҳдавии Домғонӣ, Les Psaumes De L'islam, ал-Ҳудо
  68. Ҳабибӣ ва Шамсиддинӣ, Китобшиносии Имоми Саҷҷод, Саҳифаи саҷҷодия ва Рисолаи ҳуқуқ, 1394ҳ.ш., саҳ.290
  69. Ҳабибӣ ва Шамсиддинӣ, Китобшиносии Имоми Саҷҷод, Саҳифаи саҷҷодия ва Рисолаи ҳуқуқ, 1394ҳ.ш., саҳ.293
  70. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.345 - 359
  71. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.138
  72. Файзулислом, Тарҷума ва шарҳи Саҳифаи комилаи саҷҷодия, 1376ҳ.ш.
  73. Ансорён, Тафсир ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, 1383ҳ.ш.
  74. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш.
  75. Доробӣ, Риёз-ул-орифини фи шарҳи Саҳифати Сайидиссоҷидин, 1421ҳ.қ.
  76. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ус-саҷҷодия, 1436ҳ.қ.
  77. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.134
  78. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариа, 1403ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.19 - 21
  79. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариа, 1403ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.19 - 21
  80. Муваҳҳиди Абтаҳӣ, ас-Саҳифат-ус-саҷҷодияти ал-комила, 1413ҳ.қ.
  81. Садроии Хуӣ, Феҳристгони нусхаҳои хаттии ҳадис, 1382ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.456
  82. Садроии Хуӣ, Феҳристгони нусхаҳои хаттии ҳадис, 1382ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.456
  83. Ниг.: Ғуломӣ Ҷалиса, Пажӯҳишномаи Саҳифаи саҷҷодия, 1390ҳ.ш.; Ҳабибӣ ва Шамсиддинӣ, Китобшиносии Имоми Саҷҷод, Саҳифаи саҷҷодия ва Рисолаи ҳуқуқ, 1394ҳ.ш.
  84. Ниг.: Музаффар, ад-Далелу ило мавзуот-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1403ҳ.қ.
  85. Саҷҷодӣ ва дигарон, Фарҳангномаи мавзуии Саҳифаи саҷҷодия, 1385ҳ.ш.
  86. Дироятӣ ва дигарон, Намояномаи мавзуии Саҳифаи саҷҷодия, 1377ҳ.ш.
  87. Арфаъ, Ҳадиси бандагӣ, 1388ҳ.ш.
  88. Арфаъ, Ҳадиси бандагӣ, 1388ҳ.ш.
  89. Қарашӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфоз-ис-Саҳифат-ил-комила, 1343ҳ.ш.

Сарчашма

  • Саҳифаи саҷҷодия.
  • Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ул-макосиб, Қум, Конгресси ҷаҳонии Бузургдошти шайхи аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
  • Ансориён, Ҳусайн, Тафсир ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, Қум, Дор-ул-ирфон, 1383ҳ.ш.
  • Арфаъ, Сайид Козим, Ҳадиси бандагӣ, Теҳрон, Файзи Кошонӣ, 1388ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, Ҳадоиқ-ун-нозирати фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Ғуломӣ Ҷалиса, Маҷид, Пажӯҳишномаи Саҳифаи саҷҷодия, Қум, Далели мо, 1390ҳ.ш.
  • Дироятӣ, Мустафо ва дигарон, Намояномаи мавзуии Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Маркази иттилооту мадорики илмии Эрон, 1377ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад, Риёз-ул-орифини фи шарҳи Саҳифати Сайидиссоҷидин, Теҳрон, нашри Усва, 1421ҳ.қ.
  • Закӣ Муборак, Муҳаммад, ат-Тасаввуф-ул-исломӣ ва-л-адабу ва-л-ахлоқ, Қоҳира, 2004.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маолим-ул-уламои фи феҳристи кутуб-иш-шиати ва асмо-ил-мусаннифина минҳум қадиман ва ҳадисан, Наҷаф, 1380ҳ.қ.
  • Илоҳии Қумшаӣ, Маҳдӣ, Тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Қум, Тубои муҳаббат, 1389ҳ.ш.
  • Имодии Ҳоирӣ, Сайиди Муҳаммад, «Саҳифаи саҷҷодия», дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.29, Теҳрон, Бунёди доират-ул-маорифи исломӣ, 1400ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), 1389ҳ.ш.
  • Ансорӣ, Муҳаммад, Аҳл-ул-байт (а), Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1428ҳ.қ.
  • Калбосӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадиброҳим, ар-Расоил-ур-риҷолия, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1422ҳ.қ.
  • Қарашӣ, Сайиди Алиакбар, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфоз-ис-Саҳифат-ил-комила, Қум, 1343ҳ.ш.
  • Қундӯзӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-мавадда, таҳқиқ: Алӣ Ҷамоли Ашраф, Теҳрон, нашри Усва, 1422ҳ.қ.
  • Маданӣ, Алихон ибни Аҳмад, Риёз-ус-соликини фи шарҳи Саҳифати Сайидиссоҷидин, таҳқиқи Муҳсин Ҳусайнии Аминӣ. 1409ҳ.қ.
  • Мамдуҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Маҳдавии Домғонӣ, Фарида, Les Psaumes De L'islam, Теҳрон, ал-Ҳудо, 2009.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвори ли дурар-ил-ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин, Қум, Муассисаи фарҳангии исломии Кӯшонпур, 1406ҳ.қ.
  • Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, Тафсири канз-уд-дақоиқ, Теҳрон, Созмони чопу интишороти Вазорати иршоди исломӣ, 1368ҳ.ш.
  • Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Сайид Муҳаммадбоқир, ас-Саҳифат-ус-саҷҷодияти ал-комила, Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ (а), 1413ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Фалсафаи ахлоқ, Теҳрон, Садро, 1390ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариа ило тасониф-иш-шиа, Бейрут, Дор-ул-азво, 1403ҳ.қ.
  • Оятӣ, Абдулмуҳаммад, Тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Суруш, 1375ҳ.ш.
  • Пешвоӣ, Меҳдӣ, Сираи пешвоён, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1397ҳ.ш.
  • Садроии Хуӣ, Алӣ, Феҳристгони нусхаҳои хаттии ҳадис ва улуми ҳадиси шиа, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1382ҳ.ш.
  • Саҷҷодӣ, Сайид Аҳмад, ва дигарон, Фарҳангномаи мавзуии Саҳифаи саҷҷодия, Қум, Муассисаи фарҳангии мутолиотии Аз-Заҳро, 1385ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, Қум, Тавҳид, 1395ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсири ал-Қуръон, Қум, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадкозим, Таърихи ҳадиси шиа, Теҳрон, САМТ, 1388ҳ.ш.
  • Туробӣ, Аҳмад, Имоми Саҷҷод (а) ҷамоли ниёишгарон, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1373ҳ.ш.
  • Файзулислом, Сайиди Алӣ Нақӣ, Тарҷума ва шарҳи Саҳифаи комилаи саҷҷодия, Теҳрон, Фақиҳ, 1376ҳ.ш.
  • Фаҳрии Занҷонӣ, Аҳмад, Шарҳ ва тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, нашри Усва, 1388ҳ.ш.
  • Фулодванд, Муҳаммадмаҳдӣ, Пешвои чеҳра бар хок сояндагон, Теҳрон, Сураи меҳр, 1379ҳ.ш.
  • Халаҷӣ, Муҳаммадтақӣ, Асрори хомӯшон, партави хуршед, Қум, 1383ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷами риҷол-ул-ҳадиси ва тафсили табақот-ир-рувот, Қум, Муассисат-ул-Хуӣ ал-исломия, бе то.
  • Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), 1415ҳ.қ.
  • Ҳабибӣ, Салмон ва Мухтори Шамсиддинии Мутлақ, Китобшиносии Имоми Саҷҷод (а), Саҳифаи саҷҷодия ва Рисолаи ҳуқуқ, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, 1394ҳ.ш.
  • Ҳаким, Сайид Мунзир ва дигарон, Аълом-ул-ҳидоя, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), 1425ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайиди Муҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, Машҳад, интишороти Аллома Таботабоӣ, 1425ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадҳусайн, Шарҳ-ус-Саҳифат-ус-саҷҷодия, Карбало, 1436ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, 1402ҳ.қ.
  • Ҷалиса, Маҷид, «Нигоҳе иҷмолӣ бар чопҳои Саҳифаи саҷҷодия дар давраи қоҷор ва паҳлавӣ», Нашрияи оинаи пажӯҳиш, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, №187, фарвардин ва урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, Ансориён, 1387ҳ.ш.
  • Читтик, Виллиям, «Муқаддамае бар Саҳифаи саҷҷодия», тарҷума: Ваҳиди Сафарӣ, дар Маҷаллаи улуми ҳадис, №41, пойизи 1385ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийяи фи шарҳи ал-Лумъат-ид-димишқия, ҳошия: Калонтар, Сайид Муҳаммад, Қум, интишороти Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шаъронӣ, Абулҳасан, Тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Ширкати чопу нашри байналмилал, 1393ҳ.ш.