Саҷдаи тиловат

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ин мақола дар бораи саҷдае аст, ки бо хондани бархе оёти Қуръон ба ҷо оварда мешавад. Барои ошноӣ бо сураҳои саҷдадор, мадхали Азоимро бубинед.

Саҷдаи тиловат (форсӣ: سجده تلاوت) саҷдае ки ҳангоми хондан ё шунидани оятҳои саҷдадори Қуръон, воҷиб ё мустаҳаб мешавад.[1] Аз назари фақеҳони шиа, ояти 15 сураи Саҷда, 37 сураи Фуссилат, 62 сураи Наҷм ва 19 сураи Алақ саҷдаи воҷиб доранд.[2]

Ҳамчунин ба гуфтаи Соҳиби Ҷавоҳир, 11 ояти Қуръон, саҷдаи мустаҳаб доранд.[3] Ин оятҳо иборатанд аз: ояти 206 сураи Аъроф, ояти 15 Раъд, оёти 49 ва 50 Наҳл, ояти 109 Исро, ояти 58 Марям, ояти 18 ва 77 Ҳаҷ, ояти 60 Фурқон, ояти 26 Намл, ояти 24 Сод ва ояти 21 Иншиқоқ.[4]

Тибқи қавле, ки ба Шайхи Садуқ нисбат дода шудааст, вуҷуди калимаи «саҷда» дар оят, сабаб мешавад он оят саҷдаи мустаҳаб дошта бошад.[5]

Зикри саҷдаи тиловат
لا اِلهَ اِلَّا اللهُ حَقًّا حَقًّا، لا اِلهَ اِلَّا اللهُ ایماناً وَ تَصْدیقاً، لا اِلهَ اِلَّا اللهُ عُبُودِیةً وَرِقّاً، سَجَدْتُ لَک یا رَبِّ تَعَبَّداً وَرِقّاً، لا مُسْتَنْکفاً وَ لا مُسْتَکبِراً، بَلْ اَنَا عَبْدٌ ذَلیلٌ ضَعیفٌ خائفٌ مُسْتَجیرٌ

Аз саҷдаи тиловат ва аҳкоми он дар бобҳои таҳорат[7] ва намози[8] китобҳои фиқҳӣ сухан гуфта шудааст. Бархе аз аҳкоми он иборатанд аз:

  • Саҷдаи воҷиби Қуръон вуҷуби фаврӣ дорад; аз ин рӯ, бо хондан ё шунидани оятҳои саҷдадори сураҳои Азоим, дарҳол саҷда воҷиб мешавад.[9]
  • Дар саҷдаи тиловат, вузуъ, ғусл, рӯ ба қибла будан ва зикри хоссе шарт нест, аммо бояд пешонӣ бар чизе гузошта шавад, ки саҷда бар он саҳеҳ аст.[10] Бо ин ҳол, зикрҳои хоссе барои саҷдаи тиловат нақл шудааст.[11]
  • Агар ҷунуб ва ҳоиз оятҳои саҷдадорро шуниданд, воҷиб аст, ки саҷда кунанд.[12] Албатта, ба фатвои фақеҳон, хондани Азоим бар ҷунуб[13] ва ҳоиз[14] ҳаром аст.
  • Агар касе яке аз сураҳои Азоимро саҳван дар намоз бихонад, дар сурате ки пеш аз расидан ба ояти саҷдадор ё нисфи сура огоҳ шавад, бояд сураи саҷдадорро раҳо карда, сураи дигаре бихонад. Аммо агар пас аз ояти саҷдадор ё нисфи сура фаҳмид, дар бораи чигунагии ба ҷой овардани саҷда ва намоз, байни фақеҳон ихтилофи назар вуҷуд дорад.[15] Бино ба фатвои Имом Хумайнӣ дар ин сурат бояд бо ишора саҷда кунад ва ба хондани сураи саҷдадор иктифо намояд.[16] Ҳамчунин ба фатвои Оятуллоҳ Систонӣ ва Сайид Мусо Шубайрии Занҷонӣ, агар саҷдаи воҷибро ба ҷо наёварад намозаш саҳеҳ аст, гарчи гуноҳ кардааст.[17] Ба фатвои фақеҳони шиа, қасдан хондани сураҳои дорои саҷдаи воҷиб, дар намозҳои фарз, сабаби ботил шудани намоз мегардад.[18]

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байти алайҳимус-салом, 1392-1395ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.391.
  2. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.577.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.217.
  4. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.577 - 578.
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.217.
  6. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.584.
  7. Барои намуна ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.510 ва саҳ.603
  8. Барои намуна ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.578.
  9. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.578.
  10. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.582 - 583.
  11. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.584.
  12. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.583.
  13. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.510.
  14. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.603.
  15. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.546 - 545, ҳавошии масъалаи 984.
  16. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.545, масъалаи 984.
  17. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.546, ҳавошии масаъалаи 984.
  18. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.580; имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.545, масъалаи 983.

Сарчашма

  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1378ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), тасҳеҳи Сайид Муҳаммадҳусайн Баниҳошимии Хумайнӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1424ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимус-салом, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1392-1395ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-‎ал-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқи Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Муртазавӣ, 1416ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқи Ҳасан Хирсон Мусавӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-илмийя, 1407ҳ.қ.