Дуои сию панҷуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ниёиши 35 Саҳифаи Саҷҷодия)

Дуои сию панҷуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سی و پنجم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар бораи розӣ будани инсон ба қазои Илоҳист. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо аз Худо ба хотири додаҳо ва надодаҳо сипосгузорӣ мекунад ва инсонро аз ҳасад дар бораи доштаҳои дигарон наҳй мекунад. Имом ҳамчунин иззату шарофатро дар ибодати Худо медонад ва аз таҳқири бенавоёну буҳтзадагӣ дар баробари қудратмандон бозмедорад.

Дуои сию панҷум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои сию панҷум, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия дар бораи ризоят доштани инсон бар қазои Илоҳӣ аст. Муҳаммадҷавод Муғния дар шарҳи ин дуо иборати «ризоаллоҳи ризоно»-ро аз шиорҳои Аҳли Байт (а) донистааст.[1] Ҳамчунин Ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ дар шарҳи ин дуо, хушнӯдӣ аз додаҳои Илоҳӣ ва дил бастан ба қазои Ӯ мақоме болотар аз сабр дар баробари ҳаводиси ногувор аст; зеро касе, ки ба додаҳои Илоҳӣ розӣ бошад ба он чи дӯст писандидааст, ризоят дода, аммо касе ки дар баробари муқаддароти Илоҳӣ шикебоӣ карда, имкон дорад дар ботини худ ба он таслим нашуда бошад.[2] Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо аз додаҳои Худо хушнӯд ва сипосгузор аст ва ҳатто дар баробари надодаҳо ҳам шокир аст.[3] Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Гувоҳӣ додан ба тақсими рӯзӣ миёни бандагон бар асоси адл;
  • Фарогирии фазлу эҳсони Илоҳӣ;
  • Хушнӯдӣ аз қазои Илоҳӣ;
  • Дархости гирифтор нашудан ба асбобу омилҳои ҳасад;
  • Адолати Худо дар тақсими рӯзии бандагонаш;
  • Нек шумурдани қазои Илоҳӣ дар ҳаққи худ;
  • Дархости сипосгузорӣ ва шукр дар баробари надодаҳо бештар аз додаҳо;
  • Нигоҳи таҳқиромез надоштан ба бенавоён ва нигоҳи буҳтомез ба соҳибони сарват;
  • Иззату шарофат фақат ва фақат дар итоату ибодати Худо асту бас; (пайвастагӣ ба мабдаи Илоҳӣ маншаи каромати инсонист);
  • Дархости сарвати тамомношуданӣ ва иззати пойдор;
  • Тавсифи Худо ба беҳамтоӣ; (Худованд на фарзанде оварда ва на фарзанди касе аст. Ҳеҷ каси ҳамтои Ӯ нест).[4]

Шарҳҳо

Дуои сию панҷум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[5] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[6] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[7] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои сию панҷуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[8] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[9] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[10] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[11] ба забони арабӣ шарҳ шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[12] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[13] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.427
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.183
  3. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.183
  4. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.249 - 259; Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.183 - 188; شرح فرازهای دعای سی و پنجم از سایت عرفان, Сайти Ирфон
  5. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.245 - 259
  6. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.183 - 188
  7. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.87 - 91
  8. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.177 - 198
  9. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.427 - 430
  10. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.453 - 456
  11. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.209 - 222
  12. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.73
  13. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.184 - 185

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای سی و پنجم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.