Дуои сию ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дуои 37-и Саҳифа)

Дуои сию ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия (форсӣ: دعای سی و هفتم صحیفه سجادیه) аз дуоҳои маъсур аз Имом Саҷҷод (а) дар бораи нотавонӣ ва кӯтоҳии инсон аз шукри Илоҳӣ аст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо маҳол будани шукри неъматҳои Илоҳиро ёдовар мешавад ва бахшишҳои Илоҳиро дар натиҷаи фазли Худо медонад. Дар ин дуо шитоб накардани Худо дар уқубати бадкорон, ба далели умед ба тавбаву бозгашти онон ба ҳидояти Илоҳӣ дониста шудааст. Ҳазрати Зайнулъобидин (а) ҳамчунин ба адолати Худо дар бархурд бо бандагон ишора мекунад ва инҳироф аз масири Илоҳиро ба далели фиреби шайтон медонад.

Дуои сию ҳафтум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия ҳамчун Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён, Шуҳуд ва шинохт асари Ҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ ба забони форсӣ ва дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ ба забони арабӣ шарҳ шудааст.

Омӯзаҳо

Дуои сию ҳафтум, аз дуоҳои Саҳифаи саҷҷодия дар бораи нотавонии инсон аз адои шукр Илоҳӣ аст. Имом Саҷҷод (а) дар ин дуо ба кӯтоҳии инсон дар адои шукри Илоҳӣ ишора мекунад.[1] Ба гуфтаи Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ расидан ба мақоме, ки инсон худро нотавон аз шукри неъматҳои Худо бубинад, мақомест, ки ҷуз мухласин ба он роҳ надоранд.[2]

Омӯзаҳои ин дуо ба шарҳи зайл аст:

  • Нотавонии инсон аз шукри Худо ба далели пайвастагии неъматҳои Илоҳӣ;
  • Нотавонии инсон аз итоату ибодати Худо;
  • Сипосгузорӣ аз неъмат бартар аз худи неъмат аст;
  • Маҳол будани адои шукри неъматҳои Илоҳӣ;
  • Мумкин набудани судури ҳукм дар бораи Худо ба далели адами султаи ҳеҷ касе бар Ӯ;
  • Фазли Илоҳӣ маншаи ризояту бахшишҳои Илоҳӣ;
  • Тавоноии инсон бар анҷоми шукри Худованд дар партави фазлу анояти ӯ;
  • Некию эҳсон ва гузашт суннату одати Илоҳӣ;
  • Подоши азими Илоҳӣ дар баробари аъмоли андаки бандагон;
  • Ҳатмӣ будани бахшандагии Худо дар айни мустаҳаққ набудани бандагон;
  • Зарурати ороста шудан ба ахлоқи Илоҳӣ дар баробари неъматҳои Худованд;
  • Эътирофи ҳамагон ба адолату фазли Худо дар бархурд бо бандагон;
  • Фиреби шайтон, иллати инҳироф аз масири Илоҳӣ аст;
  • Фиреб додани шайтон аз роҳи намоиш додани ботил дар сурати ҳақ;
  • Шитоб накардани Худо дар кайфари бадкорон;
  • Рафтори каримонаи Худо бо итоатгар ва гунаҳкор;
  • Итоати Худо дар гарави тавфиқи Илоҳӣ;
  • Раҳмати густардаи Илоҳӣ бар бандагон;
  • Мустаҳаққи подош набудани бандагон дар баробари аъмоли нек;
  • фазли Илоҳӣ дар додани рӯзии беҳисоб ва беминнат ва бидуни иваз ба бандагонаш;
  • Каромати бениҳояти Илоҳӣ дар бархурд бо гунаҳкорон;
  • Шақовати бениҳояти гунаҳкор бо густардагии раҳмати Илоҳӣ;
  • Адли Илоҳӣ танҳо мояи тарс аз Ӯ;
  • Хотирҷамъии гунаҳкорон аз ин ки аз сӯи Худованд мавриди зулм воқеъ шаванд;
  • Таъхири уқубати бандагон ба умеди тавба ва бозгашт ба ҳидояти Илоҳӣ;
  • Баҳрамандӣ аз тавфиқ дар сояи ҳидояти Илоҳӣ;
  • Қатъӣ будани подоши Илоҳӣ барои итоаткунандагон;
  • Эътироф ба адолати Худованд.[3]

Шарҳҳо

Дуои сию ҳафтум дар шарҳҳои Саҳифаи саҷҷодия аз ҷумла дар китоби Диёри ошиқон асари Ҳусайни Ансориён,[4] Шуҳуд ва шинохт асари Муҳаммадҳасан Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ[5] ва Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия асари Сайид Аҳмади Феҳрӣ[6] ба забони форсӣ шарҳ шудааст.

Дуои сию ҳафтуми Саҳифаи саҷҷодия ҳамчунин дар китоби Риёз-ус-соликин асари Сайид Алихони Маданӣ,[7] Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Муҳаммадҷавод Муғния,[8] Риёз-ул-орифин таълифи Муҳаммад ибни Муҳаммади Доробӣ[9] ва Офоқ-ур-рӯҳ навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[10] ба забони арабӣ шарҳ дода шудааст. Вожаҳои ин дуо ҳам дар шарҳҳои луғавӣ монанди Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия асари Файзи Кошонӣ[11] ва Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия навиштаи Иззуддин Ҷазоирӣ[12] тавзеҳ дода шудааст.

Эзоҳ

  1. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.210
  2. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.210
  3. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.210 - 247; شرح فرازهای دعای سی و هفتم از سایت عرفان, Сайти Ирфон; Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.273 - 285
  4. Ансориён, Диёри ошиқон, 1373ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.267 - 285
  5. Мамдуҳӣ, Шуҳуд ва шинохт, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.207 - 247
  6. Феҳрӣ, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, 1388ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.107 - 116
  7. Мадании Шерозӣ, Риёз-ус-соликин, 1435ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.221 - 272
  8. Муғния, Фи зилол-ис-саҳифа, 1428ҳ.қ., саҳ.435 - 444
  9. Доробӣ, Риёз-ул-орифин, 1379ҳ.ш., саҳ.463 - 474
  10. Фазлуллоҳ, Офоқ-ур-рӯҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.233 - 252
  11. Файзи Кошонӣ, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, 1407ҳ.қ., саҳ.73 - 74
  12. Ҷазоирӣ, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, 1402ҳ.қ., саҳ.189 - 192

Сарчашма

  • Ансориён, Ҳусайн, Диёри ошиқон: тафсири ҷомеъи саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
  • Вафоӣ, Муртазо, Таърихи ҳадиси шиа аз оғози садаи чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ то имрӯз, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Риёз-ул-орифина фи шарҳ-ис-Саҳифат-ис-саҷҷодия, муҳаққиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, нашри Усва, 1379ҳ.ш.
  • Мадании Шерозӣ, Сайид Алихон, Риёз-ус-соликини фи шарҳи саҳифати сайидиссоҷидин, Қум, 1435ҳ.қ.
  • Мамдуҳии Кирмоншоҳӣ, Ҳасан, Шуҳуд ва шинохт, тарҷума ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, бо муқаддамаи Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилол-ис-саҳифат-ис-саҷҷодия, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Иззуддин, Шарҳ-ус-Саҳифат-ис-саҷҷодия, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Офоқ-ур-рӯҳ, Бейрут, Дор-ул-молик, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Таълиқоту ала-с-саҳифат-ис-саҷҷодия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Феҳрӣ, Сайид Аҳмад, Шарҳу тарҷумаи Саҳифаи саҷҷодия, Теҳрон, Усва, 1388ҳ.ш.
  • ترجمه و شرح دعای سی و هفتم صحیفه سجادیه, Сайти Ирфон, санаи боздид: 30 обонмоҳи 1403ҳ.ш.