Ақл
Ақл яке аз қувваҳои дарккунандаи инсон ва яке аз манобеи чаҳоргонаи ба даст овардани аҳкоми шаръӣ дар фиқҳи шиа мебошад.
Ақл дар таълимоти исломӣ аҳамияти хоса дошта, онро монанди пайғамбарон барои инсонҳо далелу ҳуҷҷат донистаанд.
Маърифатшиносон ақлро қувваи дарки мафҳумҳои умумӣ мешуморанд ва барои он ду функсияи интуитивӣ (фаҳмидани аксиомаҳо) ва функсияи истидлолӣ (кашф кардани донишҳои назариявӣ) таъин мекунанд.
Ақлро ба ду намуд таксим мекунанд: назарӣ ва амалӣ; ақли назарӣ воқеиятҳоро дарк мекунад ва ақли амалӣ вазифаи машваратӣ ва фармондеҳӣ дорад.
Ақл дар бари Қуръон, суннат ва иҷмоъ, яке аз чаҳор сарчашмаи ба даст овардани ҳукмҳои шаръии мазҳаби шиа мебошад. Олимони шиа низ бархе аз қоидаҳои фиқҳӣ ва усулиро низ аз роҳи ақл исбот мекунанд.
Сарчашмаи шинохт
Маърифатшиносон ақлро ҳамчун ҳис, аз манобеи шинохт медонанд ва муътақиданд, инсон ба василаи он мафоҳими куллиро дарк мекунад; бар хилофи ҳис, ки бо он умури ҷузъӣ дарк мешавад.[1]
Дар маърифатшиносӣ ду гуна коркард барои ақл баён мешавад: коркарди шуҳудӣ, ки инсон ба василаи он маълумоти нахустинро дарк мекунад ва коркарди истидлолӣ, ки ба инсон кумак мекунад, ки аз маълумоти нахустини худ, ба маълумоти тозае даст пайдо кунад. Аз коркарди нахусти ақл бадеҳиёт идрок мешаванд ва аз коркарди дувуми он улум ва маорифи назарӣ ба даст меоянд.[2]
Ақли назарӣ ва ақли амалӣ
Ақлро ба ду қисми ақли назарӣ ва ақли амалӣ тақсим кардаанд. Коркарди ақли назариро идроки воқеиятҳо ва коркарди ақли амалиро фармон додан медонанд. Бархе муътақиданд, ки инсон ду гуна ақли ҷудогона надорад, балки аз як қувва бархӯрдор аст, ки абзори идроки ӯст. Тибқи ин дидгоҳ, фарқи ақли назарӣ ва ақли амалӣ ба чизҳое бармегардад, ки идрок мешаванд.[3]
Аз назари Муҳаммадбоқири Садр, кори ақли назарӣ идроки умури куллии аз навъи шинохтану донистан аст (مما ینبغی ان یعلم) ва рабте ба мақоми амалу ба кор бастан надорад; монанди: навъи қавоиди мантиқӣ, риёзӣ, фалсафӣ ва каломӣ, ки аз мақулаи донистану бовар кардан аст, мисли: «як, нисфи ду аст» ё «давр ва тасалсул ботил аст».[4]
Ҷойгоҳи ақл дар Ислом
Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, ҳеҷ дине ба андозаи Ислом ба ақл баҳо надода ва барои он эътибору аҳамият қоил нашудааст.[5] Дар ривояте ба нақл аз Пайғамбари Ислом (с) омадааст, ки ҳамаи хубиҳо ба василаи ақл дарк мешаванд ва касе ки ақл надорад, дин ҳам надорад.[6] Имом Козим (а) низ ақлро дар канори пайғамбарону имомон, ки ҳуҷҷати зоҳирии Худованд ҳастанд, ҳуҷҷати дарунии Ӯ дар бандагон донистааст.[7]
Дар мазҳаби шиа илова бар усули ақоид, ки аз роҳи ақл исбот мешавад,[8] бархе аз қавоиди фиқҳию усулӣ ва аҳкоми фиқҳиро низ бо ақл исбот мекунанд.[9]
Ҷаводии Омулӣ, файласуф ва илоҳидони шиъӣ бо ишора ба охирин сатри хутбаи пурбаракати Кулайнӣ дар муқаддимаи Усули кофӣ, ки менависад: «إِذْ كَانَ الْعَقْلُ هُوَ الْقُطْبَ الَّذِي عَلَيْهِ الْمَدَارُ وَ بِهِ يُحْتَجُّ وَ لَهُ الثَّوَابُ وَ عَليْهِ الْعِقَابُ»; истифода кардааст, ки қутби фарҳангии Ислом ва қутби хирадварзӣ ва донишварзӣ ва донишмандии Ислом ақл аст. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки ин хутбаро Мирдомод дар китоби «ар-Равошиҳ-ус-самовийя» шарҳ карда ва сирри шарҳи Муллосадро бар Кофӣ ҳамин хутбааст.[10]
Ҷойгоҳи ақл дар фиқҳи шиа
Мақолаи аслӣ: Далели ақлӣ
Ба гуфтаи Муҳаммадризо Музаффар аз фақеҳони қарни чаҳордаҳуми қамарӣ, ақл дар канори Қуръон, суннат ва иҷмоъ, аз манобеи чаҳоргонаи истинботи аҳкоми шаръӣ ба шумор меояд.[11] Фуқаҳои шиа дар иҷтиҳод, аз ақл бисёр истифода мекунанд. Бархе аз мавориди истифода аз он, дар илми усул тадвин шудааст. Бархе аз короиҳои ақл дар фароянди истинботи фиқҳӣ, иборат аст аз:
- Манбаи ҳукми шаръӣ дар канори китобу суннат: ақл гоҳ ба сурати мустақил, бархе аз аҳкоми шаръиро дар ихтиёр қарор медиҳад; монанди аҳкоме, ки аз тариқи ҳусн ва қубҳи ақлӣ ба даст меояд. [Ёддошт 1] Гоҳе низ бо қарор гирифтан дар канори як ҳукми шаръӣ, ҳукми шаръии дигареро исбот мекунад; монанди онҷо ки бо исботи мулозимаи байни як ҳукми шаръӣ ва як ҳукми ақлӣ, ба ҳукми шаръии ҷадиде мерасем.
- Исботи эътибори мутуни динӣ: яке аз шароити эътибори ривоёт ва амал ба муҳтавои онҳо ин аст, ки бо ҳукми қатъии ақл, мухолифат надошта бошанд. Барои мисол, аз онҷо ки исмати Пайғамбар (с), бо далели ақлии қатъӣ исбот шудааст, ривоёте, ки бар нафйи исмати ӯ далолат мекунанд, эътибор надоранд.
- Кумак ба истинботи ҳукми шаръӣ аз китобу суннат: бархе аз қавоиди фиқҳие, ки бо истифода аз онҳо аҳкоми шаръӣ аз китобу суннат истинбот мешавад, ба кумаки ақл, кашф мешавад.[12]
Мутолиаи бештар
- Алидуст, Абулқосим, Фиқҳ ва ақл, Созмони интишороти пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1391ҳ.ш.
- Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, Ҳусн ва қубҳи ақлӣ ё пояҳои ахлоқи ҷовидон, пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, 1377ҳ.ш.
Эзоҳ
- ↑ Ҳусайнзода, Мабонии маърифати динӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.38.
- ↑ Маликиён, Роҳе ба раҳоӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.253.
- ↑ Содиқӣ, Ақлонияти имон, 1386ҳ.ш., саҳ.43.
- ↑ Садр, Муҳаммадбоқир, Дурусун фи илм-ил-усул, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.256.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1383ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.184 ва 185.
- ↑ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.54.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.16, ҳадиси 12.
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.139.
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.144, 145.
- ↑ https://javadi.esra.ir/fa/w/паёми - оят - уллоҳил - узмо - Ҷаводӣ - Омулӣ - ба - муносибати - рӯзи - бузургдошти Муллосадро
- ↑ Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, 51.
- ↑ Зиёифар, «Ҷойгоҳи ақл дар иҷтиҳод», саҳ.230 - 234.
Ёддошт
- ↑ Мустақилоти ақлия дар истилоҳи усулийюн (донишмандони илми усули фиқҳ) аҳкоми қобили дарк тавассути ақл, бидуни ниёз ба шаръ аст.
Сарчашма
- Зиёифар, Саид, «Ҷойгоҳи ақл дар иҷтиҳод», Нақду назар, № 31 ва 32, 1382ҳ.ш.
- Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи дувум, 1404ҳ.қ./1363ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Маликиён, Мустафо, Роҳе ба раҳоӣ, Теҳрон, Нигоҳи муосир, чопи дувум, 1381ҳ.ш.
- Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, интишороти исломӣ, Қум, чопи панҷум, 1430ҳ.қ.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, чопи аввал, 1383ҳ.ш.
- Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, Қум, Маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, чопи чаҳорум, 1392ҳ.ш.
- Садр, Муҳаммадбоқир, Дурусун фи илм-ил-усул, Бейрут, Дорул-кутубил-лубнонӣ, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
- Содиқӣ, Ҳодӣ, Ақлонияти имон, Қум, китоби Тоҳо, чопи аввал, 1386ҳ.ш.