ҲАМОС

Аз wikishia
Орми ҲАМОС

ҲАМОС (арабӣ: حَماس) бо номи пурраи “Ҳаракати (ҷунбиши) Муқовимати Исломӣ”, яке аз ҷунбишҳо ва нерӯҳои муқовимати исломӣ дар Фаластин аст, ки дар солҳои 1987 бо ҳадафи озод кардани сарзаминҳои ишғолии Фаластин ташкил шудааст. Ин ҷунбиш яке аз шохаҳои Ихвонулмуслимин буда ва аъзои он суннимазҳаб мебошанд.

Ин ҷунбиш соли 2005 вориди саҳнаи сиёсӣ шуд ва дар соли 2007 ноҳияи Навори Ғаззаро минтақаи худмухтори Фаластин эълон кард.

Дар солҳои баъд дар ростои озодсозии Фаластин борҳо алайҳи Исроил ҳамлаҳои низомӣ кардааст.

ҲАМОС аз ҷониби тарафдоронаш ҳамеша як нерӯи қонунии муқовимат маҳсуб шуда ва аз ҷониби мухолифонаш чун ИМА ва Англия ҳамчун як гурӯҳи террористӣ мавриди таҳрим қарор гирифтааст.

Бузургтарин ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил “Туфони Ал-Ақсо” номида мешавад, ки 7-уми октябри 2023 анҷом шудааст.

ҲАМОС узве аз ҷабҳаи муқовимат

Мақолаи аслӣ: Меҳвари муқовимат

ҲАМОС бо номи комили Ҳаракати (ҷунбиш) Муқовимати Исломӣ (ба арабӣ: حَرِکَة المُقاوِمَة الاِسْلامیة) ҷунбиши суннимазҳаб ва аз шохаҳои Ихвонулмуслимин дар Фаластин[1] ва бузургтарин гурӯҳи ҷангҷӯёни исломгарои фаластинӣ аст,[2] ки бо ҳадафи озодсозии сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин ташкил шуд.[3] Бар асоси маншури ҲАМОС, яке аз аҳдофи аслии ин гуруҳ, нобудии Исроил унвон шуда ва ҳаргуна сулҳ бо яҳудиёни сокин дар сарзаминҳои ишғолӣ мамнуъ дониста мешавад.[4]

Ҷунбиши ҲАМОС авлавияти фаъолияти худро бар тарбияти афрод, хонавода ва ҷомеъа қарор додааст то заминаро барои ташкили давлати исломӣ дар Фаластин фароҳам созад. ҲАМОС дар оғози шаклгирӣ идеологияе барои муқобила бо ишғоли Фаластин надошт, аммо баъдҳо вориди муборизаи мусаллаҳона шуд.[5]

Тарафдорони ҲАМОС, ин гуруҳро ба унвони як неруи муқовимат дар минтақа медонанд, ки дар ростои қонуни мушаххас, иқдом мекунад.[6] Дар муқобил, аз дидгоҳи бархе кишварҳое ҳамчун Амрико, Британия ва аъзоъи Иттиҳодияи Аврупо, ҲАМОС ва ё шохаи низомии он, гурӯҳаки террористӣ шинохта мешавад ва аз ин рӯ, таҳрим шудааст.[7]

Ҳимояти Ҷумҳурии Исломӣ Эрон аз ҲАМОС

Дидори Шайх Аҳмад Ёсин, раҳбари ҲАМОС бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар соли 2000

Манобеи мунтақиди ҲАМОС, ҳамвора Эронро ба унвони бузургтарин ҳомии молӣ, лагистикӣ, низомӣ ва таслеҳотии ҲАМОС медонанд.[8]

Эрон дар соли 1991 бо тавваҷуҳ ба иштирок дар аҳдоф, аз ҲАМОС ҳимоят кард. Доманаи ин ҳимоятҳо то таъсиси дафтари сиёсӣ дар Теҳрон ва сафари раҳбарони ҲАМОС ба Эрон идома ёфт. Ҳар чанд дар миёнаи ҷанги Сурия бо шӯришиён ва ДИИШ, ба далели ихтилофи назари ҲАМОС ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи ин масъала, барои муддате робитаи онон ба сардӣ гароид.[9] ҲАМОС саъй мекунад то равобити худро бо гуруҳҳои шиъие чун Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳифз кунад ва ба дунболи равобити беҳтар бо дигар кишварҳои исломие ҳамчун Арабистон низ ҳаст.[10]

Муқовимат дар баробари ишғолгарии Исроил

ҲАМОС борҳо бо Исроил ба ҷанг пардохта ва шаҳрҳои Исроилро бо мушак мавриди ҳамла қарор додааст. То кунун чандин ҷанги бузург байни Исроил ва гуруҳи ҲАМОС даргирифтааст, ки бо миёнҷигарии кишварҳои исломие ҳамчун Қатар ва ё Созмони Милал, ба оташбас анҷомида аст. Ин гуруҳ, манобеи молии маҳдуде аъам аз закот ва вуҷуҳи шаръии фаластиниён дорад ва бо кумаки молии мусулмонон ва кишварҳои ҳамсӯи бо худ ҳамчун Арабистон, Миср, Урдун, Эрон ва Судон идора мешавад.[11]

Амалиёти Тӯфони ал-Ақсо

Митинги зидди саҳюнистӣ дар Лондон дар ҳимоят аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо, бо шиори «озодии Фаластин».

Мақолаи аслӣ: Тӯфони ал-Ақсо

Дар 7-уми октябри 2023, гуруҳи ҲАМОС дар муқобила бо ишғолгарии Исроил ҳамлаи ғофилгиронаеро дар сарзаминҳои ишғолии таҳти кантроли Исроил анҷом дод.[12] Дар ин амалиёт, ки ба Тӯфони ал-Ақсо машҳур шуд, неруҳои ҲАМОС зимни ҳамалоти ракетӣ ба шаҳракҳои саҳюнистнишин, аз замин, ҳаво ва дарё ба манотиқи мухталифе аз Исроил нуфуз карданд[13] ва даҳҳо нафар аз шаҳракнишинони исроилиро асир карда ба Ғазза бурданд ва кантроли бархе аз шаҳракҳои саҳюнистиро низ ба таври муваққат ба даст оварданд.[14]

Ин навъ амалиёт, аз ҷониби ҲАМОС алайҳи Исроил бесобиқа арзёбӣ шудааст.[15] Ҳамчунин ба гузориши шабакаи ал-Олам, ба эътирофи расонаҳои исроилӣ, ин режим дар тӯли таърихаш, шикасте дар ин сатҳ ба худ надида буд.[16] Бар асоси оморҳои мунташиршуда то рӯзи даҳуми баъд аз оғози ҳамлаи ҲАМОС ба манотиқи ишғолӣ, 1400 исроилӣ кушта ва беш аз 3000 нафар захмӣ шуданд.[17] Ҳамчунин ин ҳамла, вокунишҳои мутафовитеро дар пай дошт; мусулмонон дар кишварҳои исломии ҳамчун Эрон ба ҷашну шодӣ пардохтанд[18] ва дар ҳимоят аз ҲАМОС таҷаммуъоте барпо шуд.[19] Бархе таҳлилгарон муътақиданд, ки ин амалиёти фаластиниҳо алайҳи Исроил, дар воқеъ, натиҷаи табиъии даҳаҳо зулм ва ишғолгарии исроилиҳост.[20]

Таърихчаи шаклгирии ҲАМОС

Гуфта шудааст, Ҷунбиши Муқовимати ҲАМОС дар 9-уми декабри 1987 ҳамзамон бо оғози тазоҳуроти мардуми Фаластин бар зидди режими Исроил (интифозаи аввал) [lower-alpha 1] дар Фаластин шакл гирифт.[21] Ба нақли сайти Алҷазира, ҲАМОС дар декабри 1986 тавассути Шайх Аҳмад Ёсин ва баъзе аз аъзои Ихвонулмуслимин ҳамчун Абдулазиз Рентисӣ ва Маҳмуд Зиҳор таъсис шуд, аммо таъсисаш дар соли 1987 эълом шуд.[22] Раҳбарии аввалияи ин ҷунбиш бар уҳдаи як гуруҳи ҳафтнафара ба раёсати Шайх Аҳмад Ёсин буд.[23] Аҳмад Ёсин муддатҳо раҳбарии ин гуруҳро бар уҳда дошт. Ӯ дар соли 2004 ба дасти неруҳои исроилӣ террор шуд. Абдулазиз Рентисӣ, раҳбари баъдии ҲАМОС низ дар ҳамон сол кушта шуд. Сипас Холид Машъал, раҳбарии ҲАМОС-ро бар уҳда гирифт ва дар соли 2017, Исмоил Ҳайния, раҳбари ин гуруҳ шуд.[24]

Дар соли 2005, гуруҳи ҲАМОС тавонист бо пирӯзӣ дар интихобот дар Фаластин, ба унвони аввалин гуруҳи исломгарои ҷаҳони араби пирӯз дар интихобот, вориди арсаи сиёсат шавад. Ин гуруҳ баъдҳо дар соли 2007 ва баъд аз задухурди хунин бо неруҳои Фатҳ ба раҳбарии Маҳмуд Аббос, тавонист бар гуруҳи Фатҳ пирӯз шуда ва бахши Навори Ғаззаро ба унвони сарзамини ҷудошуда аз Фаластин, ба сайтараи худ дароварад.[25]

Гуфта шудааст ҲАМОС, монанди дигар шохаҳои Ихвонулмуслимин, бахши умдаи идеологияи худро аз Ҳасан ал-Банно, муассис ва назарияпардози мисрии Ихвонулмуслимин гирифтааст.[26] Сохтори ташкилотии ҷунбиши ҲАМОС-ро мушобеҳи сохтори куллии ҷунбиши Ихвонулмуслимин ва бар пояи усули исломӣ, шӯро ва раҳбарии ношӣ аз байъати умумӣ ва итоат аз раҳбарӣ медонанд.[27] Фаъолиятҳои ҲАМОС-ро се ниҳоди аслӣ ҳидоят мекунанд: 1- дафтари сиёсӣ, 2 - дафтари таблиғотӣ, 3 - дафтари низомӣ. Шохаи низомии ин ҷунбиш маъруф ба гурдонҳои Иззуддин Қисом дар соли 1991 таъсис шуд.[28]

Мисоқномаҳо

ҲАМОС, дар 18-уми авти 1988 мисоқномае мунташир карда дидгоҳҳои сиёсӣ ва эътиқодии худро эълом намуд.[29] Дар 1-уми майи 2017 мисоқ ё санади сиёсии дувуми ҲАМОС дар Давҳа рӯнамоӣ ва мунташир шуд.[30]

Такнигорӣ

ҲАМОС, ҳаракат-ул-муқовимат-ул-исломийя: ҷузуруҳо, нашъатуҳо ва фикруҳо-с-сиёсӣ, навиштаи Холид Абуамрайн, Миср, Марказул-ҳазоратил-арабийя.

Эзоҳ

  1. Моликӣ, “ҲАМОС, ҷунбиш”, саҳ.79.
  2. “Гуруҳи исломгарои ҲАМОС чист?”, Би-Би-Сии форсӣ.
  3. Моликӣ, “ҲАМОС, ҷунбиш”, саҳ.79.
  4. “Гуруҳи исломгарои ҲАМОС чист?”, Би-Би-Сии форсӣ.
  5. Рашвон, Далел-ул-ҳаракот-ил-исломийя, Марказул-диросотис-сиёсийяти вал-истеротиҷийя, саҳ.147.
  6. “Гуруҳи исломгарои ҲАМОС чист?”, Би-Би-Сии форсӣ.
  7. “Гуруҳи исломгарои ҲАМОС чист?”, Би-Би-Сии форсӣ.
  8. “Гузориши Вашингтон пост аз «нақши Теҳрон» дар таъмини ниёзҳои омӯзишӣ ва таслеҳотии ҲАМОС”, радиои Фардо.
  9. Аббосӣ ва Табрезӣ, “Баррасии равобити Эрон ва ҷунбиши ҲАМОС баъд аз бедории исломӣ”, саҳ.55.
  10. «ҲАМОС: равобити мо бо Эрон дерина ва мустамар аст», хабаргузории Форс.
  11. Моликӣ, “ҲАМОС, ҷунбиш”, саҳ.82.
  12. «Лаҳза ба лаҳза бо севуммин рӯз аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо», хабаргузории Ал-Олам.
  13. «Абъоди равонии амалиёти «Тӯфони ал-Ақсо» бар артиши режими саҳюнистӣ», хабаргузории Меҳр.
  14. Sen, "There is nothing surprising about Hamas’s operation", AlJazeera.
  15. «Вокуниши дипломати саҳюнист ба амалиёти «бесобиқаи» ҲАМОС», хабаргузории Эсно.
  16. “Даҳумин рӯз аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо”, шабакаи Ал-Олам.
  17. “Даҳумин рӯз аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо”, шабакаи Ал-Олам.
  18. “Ҷашни саросарии мардуми Эрон баъд аз ҳамалоти Муқовимат ба режими саҳюнистӣ”, хабаргузории Форс.
  19. “Иҷтимои бузурги ҳавзавиён дар ҳимоят аз ҷабҳаи Муқовимат ва Фаластин”, рӯзномаи Кайҳон.
  20. Sen, "There is nothing surprising about Hamas’s operation", AlJazeera.
  21. Моликӣ, “ҲАМОС, ҷунбиш”, саҳ.80.
  22. «حرکة المقاومة الاسلامیة, Алҷазира.
  23. Моликӣ, “ҲАМОС, ҷунбиш”, саҳ.80.
  24. “Гуруҳи исломгарои ҲАМОС чист?”, Би-Би-Сии форсӣ.
  25. “Гуруҳи исломгарои ҲАМОС чист?”, Би-Би-Сии форсӣ.
  26. Моликӣ, “ҲАМОС, ҷунбиш”, саҳ.80.
  27. Моликӣ, “ҲАМОС, ҷунбиш”, саҳ.80.
  28. Моликӣ, “ҲАМОС, ҷунбиш”, саҳ.81.
  29. «میثاق حرکة المقاومة الاسلامیة حماس (۱۹۸۸), “Мисоқу ҳаракат-ил-муқовимат-ил-исломийяти ҲАМОС (1988)”, хабаргузории Алҷазира.
  30. «واکاوی سند سیاسی جدید حماس, “Воковии санади сиёсии ҷадиди ҲАМОС”, вебгоҳи андешкдаи роҳбурдии Табйин.

Ёддошт

  1. Дар 08,12,1987 бар асари бархӯрди автомобил (худрав)-и исроилӣ бо чанд худрави фаластинӣ, шуморе аз коргарони фаластинӣ кушта шуданд. Ин ҳодиса омили ҷиддии таҳрики эҳсосоти динӣ ва миллии мардум ва шаклгирӣ тазоҳуроти мардумӣ бар зидди Исроил (интифозаи аввал) шуд. (Моликӣ, “ҲАМОС, ҷунбиш”, саҳ.80).

Сарчашма

  • Аббосӣ, Иброҳим ва Зайнаб Табрезӣ, “Баррасии равобити Эрон ва ҷунбиши ҲАМОС баъд аз бедории исломӣ”, дар фаслномаи Пажӯҳишҳои сиёсӣ ва байналмилал, № 24, озари 1394ҳ.ш.
  • “Абъоди равонии амалиёти «Тӯфони ал-Ақсо» бар артиши режими саҳюнистӣ”, хабаргузории Меҳр, таърихи дарҷи матлаб: 19 меҳри 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 19 меҳри 1402ҳ.ш.
  • “Воковии санади сиёсии ҷадиди ҲАМОС”, вебгоҳи андешкдаи роҳбурдии Табйин, таърихи дарҷи матлаб: 14 урдибиҳишти 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 29 меҳри 1402ҳ.ш.
  • “Вокуниши дипломати саҳюнист ба амалиёти «бесобиқаи» ҲАМОС”, хабаргузории Эсно, таърихи дарҷи матлаб: 16 меҳри 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 20 меҳри 1402ҳ.ш.
  • “Гузориши Вашингтон пост аз «нақши Теҳрон» дар таъмини ниёзҳои омӯзишӣ ва таслеҳотии ҲАМОС”, радиои Фардо, таърихи дарҷи матлаб: 19 меҳри 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 19 меҳри 1402ҳ.ш.
  • “Гуруҳи исломгарои ҲАМОС чист?”, хабаргузорӣ Би-Би-Сии форсӣ, таърихи дарҷи матлаб: 24 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 19 меҳри 1402ҳ.ш.
  • “Даҳумин рӯз аз амалиёти "Тӯфони ал-Ақсо"”, шабакаи Ал-Олам, таърихи дарҷи матлаб: 24 меҳри 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 25 меҳри 1402ҳ.ш.
  • “Иҷтимои бузурги ҳавзавиён дар ҳимоят аз ҷабҳаи Муқовимат ва Фаластин”, рӯзномаи Кайҳон, 18 меҳри 1402ҳ.ш.
  • “Лаҳза ба лаҳза бо севумин рӯз аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо”, шабакаи Ал-Олам, таърихи дарҷи матлаб: 17 меҳри 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 24 меҳри 1402ҳ.ш.
  • “Мисоқу ҳаракат-ил-муқовимат-ил-исломийяти ҲАМОС (1988)”, хабаргузории Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 2 майи 2017, таърихи боздид: 29 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Моликӣ, Муҳаммад “ҲАМОС, ҷунбиш”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом (ҷ.14), Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Рашвон, Зиё, Далел-ул-ҳаракот-ил-исломийя фи-л-олам, Қоҳира, Марказул-диросотис-сиёсийяти вал-истеротиҷийя, бе то.
  • “ҲАМОС: равобити мо бо Эрони дерина ва мустамар аст”, хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 13 тири 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 19 меҳри 1402ҳ.ш.
  • “Ҷашни саросарии мардуми Эрон баъд аз ҳамалоти Муқовимат ба режими саҳюнистӣ”, хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 15 меҳри 1402, таърихи боздид: 19 меҳри 1402ҳ.ш.