Феҳристи кушторҳои Исроил
Феҳристи кушторҳои Исроил (форсӣ: فهرست کشتارهای اسرائیل) ба қатлҳои мухталифе ишора дорад, ки аз сӯи режими Исроил дар Фаластин ва манотиқи атроф дар тӯли ишғоли ин сарзамин анҷом шудааст. Хабаргузории “Меҳр” 62 маврид ва хабаргузории “Машриқ” 125 маврид аз ҷиноятҳо ва қатлҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин ва дигар манотиқро бо истинод ба “Маркази таҳқиқоти асро” зикр кардаанд.[1] Бар асоси гузориши “Маркази иттилоърасонии Фаластин”, аз соли 1948 милодӣ то соли 2024 беш аз 100 ҳазор фаластинӣ аз ҷониби саҳюнистҳо кушта шудаанд.[2] Рӯзномаи англисизабони ирландии The Independent, дар гузорише бо унвони «Маргбортарин қотилони ҷаҳон», созмони иттилоотии Исроил (Моссод)-ро «мошини қатли бераҳмонаи Исроил» номидааст.[3]
Гуфта шуда, ки дар адабиёти сиёсии форсӣ, режими саҳюнистӣ бо унвони режими кӯдаккуш машҳур гаштааст.[4] Бар асоси оморҳои расмии ниҳодҳои байналмилалӣ, аз соли 2008 милодӣ то ба имрӯз, дастикам 33 ҳазор кӯдаки фаластинӣ дар ҳамлаҳои ин режим ба Фаластин кушта шудаанд.[5]
Ҷиноятҳои Исроил алайҳи мардуми Фаластин ва қатли ғайринизомиён, бахусус кӯдакон, аз сӯи режими саҳюнистӣ, як наслкушӣ дониста мешавад.[6] Аз ҷумлаи ин наслкушиҳо, бар асоси гузориши хабаргузории Ал-Ҷазира, ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 мелодӣ мебошанд, ки ҳамаи шеваҳои як наслкуширо доранд. Дар ин ҳамлаҳо, Исроил тамоми Навори Ғаззаро мавриди ҳуҷум қарор дод — манотиқи ғайринизомӣ монанди бемористонҳо, мактабҳо ва биноҳои истиқоматӣ мавриди бомбаборон қарор гирифтанд ва кӯдакон, занон ва ғайринизомиёни бешуморе кушта шуданд.[7]
Феҳристи кушторҳои Исроил то соли 1948
Баъзе куштори режими саҳюнистӣ пеш аз соли 1948 м. (замони эълони мавҷудияти расмӣ):
№ | Унвон | Замон | Макон | Шарҳ |
---|---|---|---|---|
1 | Куштори бозори Ҳайфо | 6 март 1938м | шаҳри Ҳайфо | Як бомба дар бозори Ҳайфо инфиҷор шуд, ки 18 нафарро кушт ва 38 нафарро маҷрӯҳ кард. |
2 | Куштори бозори Ҳайфо | 6 июн 1938м | шаҳри Ҳайфо | Ду мошини бомбагузоришудаи саҳюнистӣ дар бозори Ҳайфо 21 нафарро кушт ва 52 нафарро захмӣ кард. |
3 | Куштори бозори ал-Арабия | 26 август 1938м | Шаҳри Қудс | Як мошини бомбагузорӣ дар бозори Қудс инфиҷор шуд, ки 34 нафарро кушт ва 35 нафарро захмӣ кард. |
4 | Куштори бозори ал-Арабия | 25 июл 1938м | шаҳри Ҳайфо | Як мошини бомбагузорӣ дар бозор инфиҷор шуд, ки 35 нафарро кушт ва 70 нафарро захмӣ кард. |
5 | Куштори бозори Ҳайфо | 26 июн 1938м | шаҳри Ҳайфо | Инфиҷори як бомбаи дастӣ дар бозор, ки 47 нафарро кушт. |
6 | Куштори حیفا | 27 март 1939м | шаҳри Ҳайфо | Дар натиҷаи инфиҷор дар шаҳри Ҳайфо 27 нафар кушта шуданд ва 39 нафар захмӣ гардиданд. |
7 | Куштори бозори Ҳайфо | 20 июн 1940м | шаҳри Ҳайфо | Як бомба дар бозори Ҳайфо инфиҷор шуд, ки 78 нафарро кушт ва 24 нафарро захмӣ кард. |
8 | Куштори Бобуламуд | 29 декабр 1947м | Шаҳри Қудс | Дар натиҷаи инфиҷори як бушкаи моддаи инфиҷории гурӯҳи Аргон, 14 нафар кушта шуданд ва рӯзи дигар низ ин гурӯҳ 11 нафарро кушт. |
9 | Куштори Шайх Барик | 30 декабр 1947м | рустои Шайх Барик | Ҳуҷуми нерӯҳои саҳюнистӣ ба ин деҳа боиси кушта шудани 40 нафар гардид. |
10 | Куштори Баладушшайх | 31 декабр 1947м | рустои Баладушшайх дар дашти Ҳайфо | Ҳуҷуми нерӯҳои Палмах ба ин деҳа боиси кушта шудани 60 нафар, вайрон кардани даҳҳо хона ва холӣ шудани деҳа гардид. |
11 | Куштори ас-Сароя-л-арабия | 8 январ 1948м | шаҳри Ёфо | Як мошини бомбагузоришудаи нерӯҳои саҳюнистӣ дар бинои Саройи Арабӣ инфиҷор шуд, ки 70 нафарро кушт ва даҳҳо нафарро захмӣ кард. |
12 | Куштори Иморати ғарбӣ | 16 январ 1948м | шаҳри Ҳайфо | Як бомбаи соатӣ дар кӯчаи Салоҳуддин дар Ҳайфо инфиҷор шуд, ки 31 нафарро кушт ва 60 нафарро захмӣ кард. |
13 | Куштори Шореъ Аббос | 28 январ 1948м | шаҳри Ҳайфо | Ҳуҷуми нерӯҳои саҳюнистӣ ба кӯчаи Аббос ва инфиҷори як бочкаи моддаи инфиҷорӣ, ки 20 нафарро кушт ва 50 нафарро захмӣ кард. |
14 | Куштори рустои Саъсаъ | 14 феврал 1948м | рустои Саъсаъ дар наздикии Ҳайфо | Гурӯҳи Палмах ба ин деҳа ҳамла кард, 60 нафарро кушт ва даҳҳо хонаро вайрон кард. |
15 | Куштори рустои ал-Ҳусайния | 1948м | рустои ал-Ҳусайния дар ҷануби Саҳлулҳавла | Дар ҳамлаи аввали гурӯҳи Палмах ба ин деҳа, 15 нафар кушта шуданд ва дар ҳамлаи дуюм, ки рӯзҳои 16 ва 17 март сурат гирифт, беш аз 30 нафар дигар кушта шуданд. |
16 | Куштори қатори Ҳайфо ба Ёфо | 31 март 1948м | қатори Ҳайфо ба Ёфо | Гурӯҳе аз Ҳағана ба қатор ҳамла карданд ва 40 нафарро кушитанд. |
17 | Куштори қатори Ҳайфо | 31 март 1948м | Қатори Қоҳира-Ҳайфо | Бомбагузорӣ дар қатор, ки боиси кушта шудани 40 нафар ва захмӣ шудани 60 нафар дигар гардид. |
18 | Куштори дайри Ёсин | 9 апрел 1948м | Рустои Дайр Ясин (дар ғарби шаҳри Қудс) | Гурӯҳҳои Аргон ва Штерн ба ин деҳа ҳамла карданд, аҳолии деҳаро қатли ом карда, деҳаро вайрон намуда ва ишғол карданд. Дар ин ҳамла 250 то 360 нафар кушта шуданд. |
19 | Куштори рустои Қолуниё | 12 апрел 1948м | рустои Қолуниё дар роҳи Қудс ба самти Ёфо | Гурӯҳи Палмах дар давоми ду ҳамлаи дурузӣ ба ин деҳа, онро вайрон карда ва шумораи зиёде аз аҳолиро куштанд. |
20 | Куштори шаҳри Ҳайфо | 22 апрел 1948м | шаҳри Ҳайфо | Сиҳонистҳо бо ҳамла ба манзилҳои мардум дар нимшаб, 150 нафарро кушта, 40 нафарро захмӣ карданд. |
21 | Куштори рустои Айн-уз-зайтун | 4 май 1948м | рустои Айн-уз-зайтун | Сиҳонистҳо бо 12 тӯпхона деҳаро вайрон карда, 70 нафар аз аҳолиро куштанд. |
22 | Куштори шаҳри Сафед | 13 май 1948м | шаҳри Сафед | Ҳамлаи гурӯҳи Ҳогоно ба ин шаҳр боиси кушта шудани 70 нафар аз аҳолӣ гардид. |
23 | Куштори Байти Дарос | 21 май 1948м | рустои Байти Дарос дар шимолу шарқи Ғазза | Ҳамлаи гурӯҳҳои саҳюнистӣ ба ин деҳа боиси кушта шудани 260 фаластинӣ гардид. |
24 | Куштори Тантура | 22 ва 23 май 1948м | рустои Тантура | Ҳуҷум ба деҳаи Тантура боиси кушта шудани 250 нафар гардид. |
25 | Куштори шаҳри Лод | 11 июн 1948м | шаҳри Лод | Қумандонҳои Исроил бо фармондеҳии Моше Даян ба ин шаҳр ҳамла карданд ва мардуми онро қатли ом карданд. Дар ин қатли ом 426 нафар кушта шуданд. |
26 | Куштори Давоима | 29 октябр 1948м | рустои Давоима ғарби баландиҳои ал-Халил | Артиши Исроил бо ҳамла ба ин деҳа 200 нафарро куштанд.[8] |
Феҳристи кушторҳои Исроил баъди соли 1948
Феҳристи баъзе аз кушторҳои Исроил аз соли 1948 (замони эълони мавҷудияти расмӣ) то соли 2024м:
Рақам | Унвон | Замон | Ҷой | Тафсилот |
---|---|---|---|---|
1 | Қатлҳоми Қалқилия | 10 октябри 1953 | Шаҳри Қалқилия дар Қитъаи Ғарбӣ | Дар ҳамлаи нерӯҳои Исроил 70 нафар аз аҳолии ин шаҳр кушта шуданд. |
2 | Қатлҳоми Қибйа | 14 ва 15 октябри 1953 | Деҳаи Қибйа | Дар ҳамлаи низомиёни исроилӣ зери фармондеҳии Ариэл Шарон ба ин деҳа, 69 нафар кушта шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд. |
3 | Қатлҳоми Ғазза | 28 феврали 1955 | Навори Ғазза | Дар ҳамлаи низомиёни Исроил ба навори Ғазза, 39 нафар кушта ва 33 нафар захмӣ шуданд. |
4 | Қатлҳоми Кафр Қосим | 29 октябри 1956 | Деҳаи Кафр Қосим | Дар тирандозии нерӯҳои исроилӣ ба мардуми деҳа, 49 нафар кушта шуданд. |
5 | Қатлҳоми Хон Юнис | 3 ноябри 1956 | Шаҳр ва урдугоҳи Хон Юнис | Дар тирандозии нерӯҳои Исроил 275 нафар кушта шуданд. |
6 | Қатлҳоми коргоҳи Абу Заъбал | 12 феврали 1970 | Дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои исроилӣ ба коргоҳ, 70 коргар кушта ва 69 нафар захмӣ шуданд. | |
7 | Қатлҳоми Сайдо | 16 июли 1982 | Шаҳри Сайдо дар Ҷануби Лубнон | Дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба ин шаҳр 80 нафар кушта шуданд. |
8 | Қатлҳоми Сабро ва Шатило | 16 то 18 сентябри 1982 | Урдугоҳҳои Сабро ва Шатило дар Лубнон | Низомиёни исроилӣ дар ҷанги 1982 бо Лубнон, бо ёрии нерӯҳои Фаланҷи Лубнонӣ ба ин урдугоҳҳо ҳамла карданд. Қурбониҳои ин ҳамларо беш аз 2000 нафар гуфтаанд; аммо баъзе манбаъҳо то 5 ҳазор нафар ҳам тахмин задаанд. |
9 | Интифозаҳи якуми Фаластин | Декабри 1987 то 1991 | Дар ин интифоза беш аз 1300 фаластинӣ кушта шуданд. | |
10 | Қатлҳоми Ҳарами Иброҳимӣ | 25 феврали 1994 | Масҷидулақсо (Қудс) | Борух Голдштейн ҳамроҳ бо саҳюнистҳои шаҳракнишин ба Масҷидулақсо дохил шуданд ва бо тирандозӣ ба намозгузорон 60 нафарро куштанд. |
11 | Қатлҳоми Қано | 18 апрели 1996 | Деҳаи Қано дар Ҷануби Лубнон | Дар давоми ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон бо номи амалиёти "Хӯшаҳои хашм", нерӯҳои исроилӣ 110 нафар аз мардуми минтақаи Қаноро куштанд. Ба ин куштор, наслкушии аввал гуфта мешавад. |
12 | Қатлҳоми Ҳай ад-Дараҷ | 22 июли 2002 | Минтақаи истиқоматӣ дар наздикии варзишгоҳи Ярмук дар Ғазза | Дар ҳамлаи як ҳавопаймои исроилӣ 174 нафар кушта ва 140 нафар захмӣ шуданд. |
13 | Қатлҳоми Рафоҳ | 18 то 20 майи 2004 | Рафоҳ | Дар ҳамлаи саҳюнистҳо бо танк ва чархбол 56 фаластинӣ кушта ва 150 нафар захмӣ шуданд.[9] |
14 | Қатлҳои Беморстони Ал-Аҳли | 17 октябри 2023 | Беморстони Ал-Аҳли | Дар давоми бомбаборони беморстони Ал-Аҳли аз ҷониби ҳавопаймоҳои Исроил беш аз 500 ғайринизомии паноҳҷӯй дар ин беморстон кушта шуданд.[10] |
15 | Инфиҷори пайҷерҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон | 18 сентябри 2024 | Лубнон ва Сурия | Дар ин инфиҷорҳо ҳадди ақал 12 нафар шаҳид ва қариб 2800 нафар захмӣ шуданд.[11] |
Террорҳо
Гуфта мешавад, ки саҳюнистҳои исроилӣ дар давоми мавҷудияти худ, беш аз ду ҳазору ҳафсад террор анҷом додаанд.[12] Терорҳои ин режим маҳдуд ба Фаластин ва сарварони ҳарқӣ ва фаъолони муқовимат набудааст; балки онҳо сарварони сиёсӣ ва олимонро дар саросари ҷаҳон низ террор кардаанд.[13] Аз ҷумла: Сайид Ҳасан Насруллоҳ (сеюм дабири кулли Ҳизбуллоҳ); Муҳаммад Боқерӣ (фармондеҳи штаби кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон); Ҳусайн Саломӣ (фармондеҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон); Исмоил Ҳания (дабири кулли Ҳаракати Ҳамос).
Рақам | Ном | Замон ва ҷои террор | Шарҳ |
---|---|---|---|
1. | Сайид Аббос Мӯсавӣ | 16 феврали 1992м/ наздики Байрут | Дуюмин дабири Ҳизбуллоҳи Лубнон |
2. | Имод Муғния | 12 феврали 2008м/ Димишқ | Аз фармондаҳои барҷастаи Ҳизбуллоҳи Лубнон |
3. | Шайх Роғиб Ҳарб | 16 феврали соли 1984м | Рӯҳонии шиаи лубнонӣ маъруф ба Шайхушуҳадои муқовимати Лубнон[14] |
4. | Шайх Аҳмад Ёсин | 22 марти 2004м/Навори Ғазза | Аз сарварони Ҳамос |
5. | Самир Қинтор | 20 декабр 2015м | Аз аъзои шиамазҳаби Созмони Озодибахши Фаластин, ки қариб 30 сол дар зиндонҳои Исроил буд. |
6. | Абдулазиз Рантисӣ | 17 апрели 2004м/Навори Ғазза | Аз сарварони Ҳамос |
7. | Фатҳӣ Шақоқӣ | 26 октябри 1995м/Ҷазираи Малта | Бунёнгузори Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин |
8. | Баҳо Абулато | 12 ноябри 2019м /Навори Ғазза | Аз фармондаҳои олии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин |
9. | Маҳмуд ал-Мабҳӯҳ | 19 январи 2010м/Дубай | Аз фармондаҳои олии Ҳамос |
10. | Халил ал-Вазир (Абуҷиҳод) | 16 апрели 1988м дар шаҳри Тунис | Аз бунёнгузорони Ҷунбиши Фатҳ дар Фаластин ва муовини Ясир Арафот |
11. | Низор Абдулқодир Рӯён | 1 январи 2009м/Навори Ғазза | Аз сарварони баландпояи Ҳамос |
12. | Масъуд Иёз | 3 феврали 2001м/Навори Ғазза | Аз сарварони Ҳизбуллоҳи Лубнон |
13. | Саллоҳ Мустофо Муҳаммад Шаҳода | 22 январи 2002м/ Навори Ғазза | Аз сарварони Гурдонҳои Қосом, шохаи низомии Ҳамос |
14. | Ҷамол Мансур | 31 июли 2001м/Қитъаи Ғарбӣ | Аз мақомоти олии Ҳамос |
15. | Зуҳайр Муҳсин | 26 январи 1979м дар ҷануби Фаронса | Аз сарварони низомии Созмони Озодибахши Фаластин |
16. | Абуалӣ Мустофо | 27 августи 2001м/Ромаллоҳ | Дабири кулли Ҷабҳаи озодибахши мардуми Фаластин |
17. | Саид Сиём | 15 январи 2009м/Ҷабалия | Аз сарварони Ҳамос |
18. | Муҳаммад аз-Зуворӣ | 15 декабри 2016м/шаҳри Сафоқуси Тунис | Аъзои Гурдонҳои Қосом ва коршиноси саноати ҳавоӣ аҳли Тунис |
19. | Яҳё Иёш | 6 январи 1996м/Навори Ғазза | Муҳандиси таслиҳотии Ҷунбиши Ҳамос |
20. | Яҳё ал-Машҳад | 13 июни 1980м дар Порис | Донишманди ҳастаии Миср |
21. | Авод Абуносир | 11 январи 2010м/Дайрулбалоҳ | Аз фармондаҳои олии ҷиҳоди исломӣ |
22. | Исо Абдулҳодӣ | 30 июли 2010м/Навори Ғазза | Аз фармондаҳои олии Иззуддини Қосом |
23. | Адлӣ Ҳамдон | 24 январи 2002м | Аз мақомоти олии Ҳамос |
24. | Ҳассан Ҳулу ал-Лақис | 4 декабри 2013м/ҷануби Лубнон | Раиси бахши фанноварӣ ва таслиҳот ва иртибототи Ҳизбуллоҳи Лубнон[15] |
25. | Солиҳ ал-Орурӣ | 2 январи 2024м/Байрут | Аз мақомоти олии Ҳамос[16] |
26. | Муҳаммадризо Зоҳидӣ | 1 апрели 2024м/Димишқ | Аз фармондаҳои олии Нерӯи Қудси Сипоҳ ки дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба консулгарии Эрон ҳамроҳи шаш нафари дигар кушта шуд.[17] |
27. | Исмоил Ҳания | 31 июли 2024/Теҳрон | Аз мақомоти олии Ҳамос ҳамроҳ бо «Восим Абушаъбон» яке аз муҳофизонаш [18] |
28. | Фуод Шукр | 30 июли 2024 дар ҳамлаи Исроил ба биное дар ҷануби Лубнон | Аз фармондаҳои низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон [19] |
29. | Иброҳим Ақил | 20 сентябр 2024м, бо ҳамлаи мушакӣ ҳавопаймои исроилӣ | Аз сарварони низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон[20] |
30. | Сайид Ҳасан Насруллоҳ | 27 сентябри 2024м/ дар ҳамлаи Исроил ба бинои марказии Ҳизбуллоҳ дар Зоҳияи Байрут | Севумин дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон[21] |
31. | Сайид Аббос Нилфурӯшон | 27 сентябри 2024м дар ҳамлаи Исроил ба бинои марказии Ҳизбуллоҳ дар Зоҳияи Байрут | Аз фармондаҳои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ва мушовири Сипоҳ дар Лубнон[22] |
32. | Алӣ Каракӣ | 27 сентябри 2024м дар ҳамлаи Исроил ба бинои марказии Ҳизбуллоҳ дар Зоҳияи Байрут | Аз фармондаҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон[23] |
33. | Набил Қовуқ | Байрут/ 28 сентябри 2024м | Рӯҳонӣ ва аъзои Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳ[24] |
34. | Сайид Ҳошим Сафиуддин | Байрут /23 октябри 2024м эълон ва тасдиқи шаҳодат | Раиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон[25] |
35 | Муҳаммад Боқирӣ | Теҳрон/ 13 июни 2025м | Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон |
36 | Ҳусайн Саломӣ | Теҳрон/ 13 июни 2025м | Фармондеҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон |
37 | Ғуломалӣ Рашид | Теҳрон/ 13 июни 2025м | Фармондеҳи қароргоҳи Хотамуланбиёи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон |
38 | Амир Алӣ Ҳоҷизода | Теҳрон/13 июни 2025м | Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон |
Бар асоси санадҳо ва гузоришҳо, Созмони иттилоотии Исроил (Моссад) дар террори донишмандҳои ҳастаии Эрон чун Масъуд Алимуҳаммадӣ, Маҷид Шаҳриёрӣ, Мустафо Аҳмадӣ Равшан, Дориюш Ризоинажод ва Муҳсин Фахризода низ дахл доштааст.[26] Рӯзномаи англисӣ-забони The Independent Irish дар як гузориш навиштааст, ки Созмони иттилоотии Исроил (Моссад) дар террори донишмандҳои ҳастаии Эрон даст доштааст.[27] Бар асоси гузориши агентии хабарӣ NBC, мақомоти амрикоӣ низ даст доштани Моссад дар террори донишмандҳои ҳастаӣ ва таълим, таъминҳои молиявӣ ва таслиҳотии террористҳоро тасдиқ кардаанд.[28]
Ҷангҳои Исроил алайҳи мусулмонон
- Мақолаи аслӣ: Феҳристи ҷангҳои Исроил алайҳи мусулмонон
Исроил дар тӯли ишғоли Фаластин борҳо бо мусулмонони Фаластин ва кишварҳои ҳамсоя чун Миср, Сурия, Лубнон ва Урдун ҷанг ва хусуматҳо доштааст, ки боиси кушта ва оварда шудани шумораи зиёде гардидааст. Аз ҷумла, бар асоси оморҳо, дар тӯли ҷанги 1948м (Ҷанги Накбат), 15 ҳазор нафар,[29] дар ҷанги шашрӯзаи 1967м, беш аз 17 ҳазор нафар[30] ва дар ҷанги чорумини Исроил бо арабҳо дар 1973м низ 8 ҳазор нафар[31] кушта шуданд. Инчунин дар амалиёти "Саломати Ҷалил" дар 1982м алайҳи Лубнон низ беш аз 19 ҳазор[32] ва дар амалиёти "Шамшерҳои Оҳанӣ", ки Исроил онро дар пайи Тӯфони Ал-Ақсо дар октябри 2023м оғоз кард, то 18 январи 2025м беш аз 47 ҳазор[33] кушта шуданд.
Эзоҳ
- ↑ «تجاوز به زنان پیش چشم همسران در ملاعام/ قتل عام شهروندان یک روستا و مثله کردن جنازهها/کشتار کودکان با باتوم», Хабаргузории Машриқ; «دههها جنایت از بزرگترین جانی جهان», Хабаргузории Форс
- ↑ «سال از فاجعه نکبت (اشغال فلسطین) گذشت», Маркази иттилоърасонии Фаластин
- ↑ «The world's deadliest assassins», Irish independent.
- ↑ «آیا خدای واقعی رژیم کودککُش را میشناسید؟+فیلم و عکس», Хабаргузории Форс
- ↑ «آیا خدای واقعی رژیم کودککُش را میشناسید؟+فیلم و عکس», Хабаргузории Форс
- ↑ Ниг.: «نمایندگان پارلمان اروپا حملات اسرائیل علیه غزه را نسلکشی دانستند», Хабаргузории Анатоли; Ayyash, «A genocide is under way in Palestine», Al Jazeera Media Network.
- ↑ Adel and Gallagher, «Genocide in Gaza: A call to urgent global action», Al Jazeera Media Network.
- ↑ Барои намуна ниг.: «قتلعامهای اشغالگران تا سال ۱۹۴۸م», Росихун; «پرونده سنگین جنایتهای ارتش اسرائیل», Хбарагузории Меҳр; «تجاوز به زنان پیش چشم همسران در ملاعام/ قتل عام شهروندان یک روستا و مثله کردن جنازهها/کشتار کودکان با باتوم», Хабаргузории Машриқ; «سیاهه جنایتهای صهیونیستها-۱|از بالفور تا ترامپ», Хабаргузории Тасним
- ↑ Барои намуна нигаред ба: «پرونده سنگین جنایتهای ارتش اسرائیل», Хабаргузории Меҳр; «تجاوز به زنان پیش چشم همسران در ملاعام/ قتل عام شهروندان یک روستا و مثله کردن جنازهها/کشتار کودکان با باتوم», Хабаргузории Машриқ; «دههها جنایت از بزرگترین جانی جهان», Хабаргузории Фарс; «کارنامه سیاه صیهونیستها علیه مردم فلسطین: ۷۵ سال جنایت», Рӯзномаи Кайҳон; «سیاهه جنایتهای صهیونیستها-۲|کشتار صبرا و شتیلا و فاجعه قانا», Хабаргузории Тасним
- ↑ .What we know so far about the deadly strike on a Gaza hospital", AlJAZEERA"
- ↑ [1]«حزب الله: انفجار أجهزة “بايجر” كانت لدى عدد من العاملين في الحزب والأجهزة المختصة تقوم بالتحقيقات»، وبگاه المنار., Сомонаи Ал-Манор.
- ↑ «نگاهی بر جنایات رژیم صهیونیستی در ۸۶ سال گذشته», Хабаргузории Форс; «مهمترین ترورهای انجام شده توسط اسرائیل در سراسر جهان», Пойгоҳи хабарии Ҷаморон; «بیش از ۲۷۰۰ ترور هدفمند میراث شوم اسرائیل», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
- ↑ «نگاهی بر جنایات رژیم صهیونیستی در ۸۶ سال گذشته», Хабаргузории Форс
- ↑ «من شیخ راغب حرب هستم», Хабаргузории Форс.
- ↑ Барои намуна нигаред ба: «بیش از ۲۷۰۰ ترور هدفمند میراث شوم اسرائیل», Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ; «نگاهی بر جنایات رژیم صهیونیستی در ۸۶ سال گذشته», Хабаргузории Форс; «مهمترین ترورهای انجام شده توسط اسرائیل در سراسر جهان», Пойгоҳи хабарӣ Ҷаморан
- ↑ «شیخ صالح العاروری به شهادت رسید», Сайти Маркази иттилоотрасонии Фаластин.
- ↑ «خبرگزاری فرانسه: سردار سپاه که در حمله به کنسولگری ایران کشته شد از مشاوران عالی حزب الله بود», Euronews.
- ↑ «اسماعیل هنیه در تهران کشته شد», Хабаргузории Анотолӣ.
- ↑ «قاد جبهة الإسناد اللبنانية وناصر المسلمين في البوسنة والهرسك.. من هو الشهيد “السيد محسن شكر”؟», Ал-Манор.
- ↑ حزب الله ینعی قائدین و14 مقاتلا وإسرائیل اتخذت قرار الاغتیال بوقت قصیر», Ал-Ҷазира.
- ↑ «شهادة الأمين العام لحزب الله سماحة السيد حسن نصرالله», Сайти Ал-Манор.
- ↑ «سردار نیلفروشان در بیروت به شهادت رسید+بیوگرافی», Хабаргузории Ал-Олам.
- ↑ «حزبالله کشته شدن علی کرکی را تأیید کرد», Хабаргузории Анотолӣ.
- ↑ «تصویری از دیدار شهید شیخ نبیل قاووق با رهبر انقلاب», Сайти шабакаи Ал-Олам.
- ↑ «حزب الله يزف السيد هاشم صفي الدين شهيداً على طريق القدس», Вебгоҳи Ал-Манар.
- ↑ Ниг.: «نقش آمریکا در عملیات تروریستی در ایران بعد از پیروزی انقلاب اسلامی», Маркази Асноди Инқилоби исломӣ
- ↑ «The world's deadliest assassins", Irish independent.
- ↑ «Israel teams with terror group to kill Iran's nuclear scientists, U.S. officials tell NBC News", NBC news.
- ↑ «تظاهرات مردم فلسطین به مناسبت روز نکبت», Хабаргузории Анатоли
- ↑ Каффош ва дигарон, Донишномаи мусаввари таърихи Фаластин, 1392ҳ.ш., саҳ.222
- ↑ «جنگ سال ۱۹۷۳م یوم کیپور», Сомонаи Ҷанговарон
- ↑ از عملیات سلامت الجلیل و شکلگیری حزبالله تا خوشههای خشم», Хабаргузории Тасним
- ↑ «حملات ۱۵ ماهه اسرائیل به غزه: کشته شدن ۴۷ هزار فلسطینی و ویرانی زیرساختها», Хабаргузории Анатоли
Сарчашма
- «شیخ صالح العاروری به شهادت رسید», Сомонаи Маркази иттилоотрасонии Фаластин, санаи нашр: 12 дей 1402ҳ.ш., санаи дидан: 19 дей 1402ҳ.ш.
- «کارنامه سیاه صهیونیستها علیه مردم فلسطین: ۷۵ سال جنایت», Рӯзномаи Кайҳон, санаи нашр: 19 меҳр 1402ҳ.ш., санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- «خبرگزاری فرانسه: سردار سپاه که در حمله به کنسولگری ایران کشته شد از مشاوران عالی حزب الله بود», Юронюз, санаи нашр: 8 апрели 2024м, санаи дидан: 29 фарвардин 1403ҳ.ш.
- «قتلعامهای اشغالگران تا سال ۱۹۴۸م», Пойгоҳи Росехун, санаи нашр: 16 шаҳривар 1388ҳ.ш., санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- «دههها جنایت از بزرگترین جانی جهان», Хабаргузории Форс, санаи нашр: 27 шаҳривар 1393ҳ.ш., санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- «تجاوز به زنان پیش چشم همسران در ملاعام/ قتل عام شهروندان یک روستا و مثله کردن جنازهها/کشتار کودکان با باتوم», Хабаргузории Машреғ, санаи нашр: 27 шаҳривар 1393ҳ.ш., санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- «پرونده سنگین جنایتهای ارتش اسرائیل», Хабаргузории Меҳр, санаи нашр: 21 баҳман 1394ҳ.ш., санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- «سیاهه جنایتهای صهیونیستها-۱|از بالفور تا ترامپ», Хабаргузории Тасним, санаи нашр: 24 урдибиҳишт 1397ҳ.ш., санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- «سیاهه جنایتهای صهیونیستها-۲|کشتار صبرا و شتیلا و فاجعه قانا», Хабаргузории Тасним, санаи нашр: 25 урдибиҳишт 1397ҳ.ш., санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- Adel and Gallagher, «Genocide in Gaza: A call to urgent global action», Al Jazeera Media Network.
- Ayyash, «A genocide is under way in Palestine», Al Jazeera Media Network.
- What we know so far about the deadly strike on a Gaza hospital", AlJAZEERA", Published: Oct 18, 2023, Accessed: Dec 20, 2023.
- «۷۵ سال از فاجعه نکبت (اشغال فلسطین) گذشت», Маркази иттилоотрасонии Фаластин, санаи нашр: 15 майи 2023м, санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- «نقش آمریکا در عملیات تروریستی در ایران بعد از پیروزی انقلاب اسلامی», Маркази асноди инқилоби исломӣ, санаи нашр: 20 фарвардин 1398ҳ.ш., санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- «نمایندگان پارلمان اروپا حملات اسرائیل علیه غزه را نسلکشی دانستند», Хабаргузории Анотолӣ, санаи нашр: 19 ноябри 2023м, санаи дидан: 3 дей 1402ҳ.ш.
- «تظاهرات مردم فلسطین به مناسبت روز نکبت», Хабаргузории Анотолӣ, санаи нашр: 16 майи 2022м, санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- «إسرائيل دمرت أكثر من 305 آلاف منزل في غزة», Хабаргузории Ал-Ҷазира, санаи нашр: 11 декабри 2023м, санаи дидан: 25 озар 1402ҳ.ш.
- «آیا خدای واقعی رژیم کودککُش را میشناسید؟+فیلم و عکس», Хабаргузории Форс, санаи нашр: 23 меҳр 1402ҳ.ш., санаи дидан: 3 дей 1402ҳ.ш.
- «نگاهی بر جنایات رژیم صهیونیستی در ۸۶ سال گذشته», Хабаргузории Форс, санаи нашр: 22 обон 1402ҳ.ш., санаи дидан: 29 озар 1402ҳ.ш.
- «The world's deadliest assassins», Irish independent, Published: Dec 11, 2010, Accessed: Dec 20, 2023
- «بیش از ۲۷۰۰ ترور هدفمند میراث شوم اسرائیل», Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, санаи нашр: 27 обон 1402ҳ.ш., санаи дидан: 3 дей 1402ҳ.ш.
- «مهمترین ترورهای انجام شده توسط اسرائیل در سراسر جهان», Пойгоҳи хабарӣ Ҷаморан, санаи нашр: 10 озар 1399ҳ.ш., санаи дидан: 3 дей 1402ҳ.ш.
- «Israel teams with terror group to kill Iran's nuclear scientists, U.S. officials tell NBC News», NBC news, Published: Feb 9, 2012, Accessed: Dec 20, 2023
- Каффош, Ҳомид ва дигарон, Донишномаи мусаввари таърихи Фаластин, Теҳрон, Нашри Соён, чапи якум, 1392ҳ.ш.
- Торих, Абдулҳамид, «جنگ سال ۱۹۷۳م یوم کیپور», Сомонаи Ҷанговарон, санаи дидан: 22 озар 1402ҳ.ш.
- «از عملیات سلامت الجلیل و شکلگیری حزبالله تا خوشههای خشم», Хабаргузории Тасним, санаи нашр: 16 фарвардин 1396ҳ.ш., санаи дидан: 25 озар 1402ҳ.ш.